Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё
Дар Норвегия соли 2025 мошинҳое, ки бо бензин ҳаракат мекунанд, дигар фурӯхта намешаванд. Аллакай аз чор се ҳиссаи тамоми мошинҳои нави фурӯхташуда дар ин кишвар барқӣ мебошанд. Ин иқдом ба хотири ҳифзи муҳити зист ва солимии ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Мақомоти Норвегия ба таблиғи мошинҳои дорои муҳаррикҳои барқӣ ҳанӯз дар солҳои 90-ум шуруъ карданд. Сипас, ширкати машҳури америкоии “Форд”, ки ба истеҳсоли мотори мошинҳо машғул аст, стартапи норвегӣ “Think”(Тинк)-ро харид ва ҳукумат низ ширкатро ҳамаҷониба дастгирӣ кард. Мошинҳои барқӣ аз андоз, арзиши иловашуда ва андозҳои воридотӣ озод мебошанд. Илова бар ин, соҳибонашон метавонанд дар роҳҳои пулакӣ ройгон мошин ронанд.
Сохтмони пойгоҳҳои барқӣ дар мамлакат аз ноҳияе, ки аз ҷиҳати қаламрав хеле бузург ва аҳолиаш 5,5 миллион нафар аст, оғоз ёфт.
Мамлакатҳои Скандинавия аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 10 сол пеш рушд кардаанд. Маъмурияти президент Байден низ ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2030 фурӯши мошинҳои барқиро ба 50 дарсад расонад. Норвегия ин тасмимро аллакай дар соли 2019 амалӣ кард.
Дар Федератсияи Россия бошад, ҳиссаи мошинҳои барқӣ дар байни ҳамаи мошинҳои нави фурӯхташуда дар соли 2023 ба 1% расид.
Азбаски дар пойтахти Норвегия - шаҳри Осло мошинҳои барқии бештар пайдо шуданд, овозҳои гӯшхарош дар роҳҳо кам ба мушоҳида мерасанд ва тозагии ҳаво ба таври назаррас беҳтар шуд. Миқдори оксиди нитроген. яке аз маҳсулоти сӯзишвории бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ки боиси пайдошавии дуд дар шаҳрҳо ва нафастангӣ дар одамон мегардад, якбора коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, дар ҳаво то ҳол миқдори зиёди микроғуборҳо мавҷуд аст, ки ҳангоми ба асфалт бархӯрдани чархҳои мошин ба вуҷуд меоянд. Сухан дар бораи он меравад, ки мошинҳои барқӣ одатан нисбат ба мошинҳои муқаррарӣ вазнинтаранд, бинобар ин, таъсири абразивӣ баландтар мушоҳида мешавад.
Тавре ки маълум шуд, дар ибтидои кор камбуди барқ дар роҳҳои Норвегия бузургтарин мушкилӣ - пуркунии қувваи электрикии мошинҳои барқӣ буд. Барои пур кардани батарея ҷойҳои кофӣ набуданд. Соҳибони тарабхонаҳо ва дӯконҳо хидмати худро пешниҳод мекунанд, аммо барои ин аз мақомоти шаҳр гирифтани иҷозатнома лозим меомад. Мутахассисон бар он назаранд, ки чӣ қадаре ки мошинҳои барқӣ зиёд бошанд, пуркунии барқ ҳамон қадар мушкилтар мешавад. Гузашта аз ин, мақомоти Осло тасмим гирифтааст, ки партобҳои дуоксиди нитрогенро дар соли 2030 ба сифр расонад. Тамоми нақлиёти шаҳр аллакай ба қувваи барқӣ гузаронида шудааст. Ҳоло ҳукуматдорони шаҳр бинокоронро таҳти назорати худ гирифтанд, чун ташкилотҳои бинокорӣ 25 дарсади гази карбонро ба атмосфера мебароранд. Аз ин рӯ, мақомот ба онҳое, ки аз техникаи сохтмонӣ, неруи барқ ё сӯзишвории биологӣ истифода мебаранд, иҷозатнома медиҳад. Дар хиёбонҳои шаҳр аллакай экскваторҳо ва мошинҳои барқӣ кор мекунанд. Дар Норвегия кӯдакон дар боғчаҳо дар ҳавои кушод хоб мекунанд, аз ин рӯ, қаблан корҳои сохтмонӣ аз 12 то 15 соат манъ карда мешуд. Акнун чунин зарурат аз байн рафтааст, чунки истифода шудани мошинҳои барқӣ дар корҳои сохтмонӣ боиси хеле паст гаштани дараҷаи садонокӣ ҳангоми кор шудааст.
Норвегия яке аз кишварҳои тавлидкунандаи газ ва нафт маҳсуб меёбад. Соли гузашта аз тиҷорати карбогидрид ба буҷаи ин кишвар 180 миллиард доллар ворид шуд. Норвегиҳо иқрор мешаванд, ки баъд аз он ки Аврупо аз харидории гази Россия даст кашид, маҳз скандинавияҳо ба ҳамсояҳои аврупоии худ кӯмак расониданд.
Бар хилофи тарси он, ки бо гузаштан ба мошинҳои барқӣ бисёр ҷойҳои корӣ аз байн хоҳанд рафт, шумораи механикҳои автомобилӣ кам нашудааст. Мошинҳо шояд иваз кардани филтрҳои равған ё таъмири муҳаррикро талаб накунанд, аммо онҳо ба ҳар ҳол зуд вайрон ва корношоям мешаванд. Ҳамон сехҳо аккумуляторҳои электромобилҳоро иваз мекунанд ва ҳоло ба ҷойи фабрикаҳои пӯлод марказҳои коркарди батарея ифтитоҳ меёбанд.
Аммо дар фурӯши мошинҳо тағйироти бузург ба амал омад. Қаблан намоишгоҳҳо тамоми тамғаҳои “Фолксваген” (Volkswagen)-ро мефурӯхтанд, аммо ҳоло онҳо танҳо ID.4 ва ID.Buzz-ро захира мекунанд. Бозори Норвегияро Тесла, ки 30% тамоми мошинҳои барқиро мефурӯшад, забт кард. “Фолксваген” дуюмин ширкати автомобилсозӣ дар ҷаҳон бо тамоми “Голф”, “Шкода” ва “Ауди” танҳо 19 дарсади бозорро ишғол мекунад.
Чиниҳо ба бозори кишварҳои Скандинавия роҳ ёфтаанд ва фурӯши мошинҳои ширкати БЯД (BYD) ва Експенг (Xpeng) низ тадриҷан меафзояд. Агар ин тамоюл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо идома ёбад, саноати автомобилсозии Олмон бояд аз тақдири ояндаи худ нигарон бошад.
Гулҳаё Мадимарова,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико