Дар партави сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дар муддати кӯтоҳ тавонист равобити созанда ва судмандро бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик аз ҷумла, Ҷумҳурии Арабии Миср ба роҳ монад. Дар ин зимн, кишвар талош кард, ки аз тариқи эҳёи равобити суннатӣ ва фарҳангӣ бо тамоми мамолики ҷаҳон аз ҷумла, кишварҳои мусалмонтабор, мамолики араб ва дигар манотиқи дунё муносибатҳои хуб дошта бошад. Ҷумҳурии Арабии Миср дар шимоли Африка воқеъ буда, сиёсаташро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои шарқӣ тарҷеҳ медиҳад[16]. Дар ин бора хонум доктор Оёт ал-Ҳаддод - узви парламент ва комиссиюни робитаҳои хориҷии Миср - дар мақолаи худ таъкид менамояд, ки Вазорати корҳои хориҷии Миср ҷиҳати густариши равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба монанди Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар тӯли ҳафт соли гузашта аҳамияти хосса додааст[4]. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Арабии Миср муносибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми апрели соли 1993 барқарор намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро якуми январи 1992 ба расмият шинохт[10].

  Тоҷикистону Миср дар ҷаласаву конфронсҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои кишварҳо якдигарро дастгирӣ менамоянд. Инчунин ҳамкориҳои ҳар ду кишвари дӯст дар ҳошияи вохӯриҳои 7-умин ҷаласаи Сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ, моҳи декабри 1994 дар Дорулбайзо - бузургтарин шаҳри Марокаш ва пойтахти иқтисодии он - миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Ҳуснӣ Муборак доир гардид[10]. Дертар дар моҳи сентябри соли 2007 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср чун нахустин намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ифтитоҳ гардид[1,91].

  Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Миср дар соли 2007 марҳилаи нави ҳамкориро оғоз бахшид, ки ин сафар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак дар сатҳи хеле баланд истиқбол гирифта шуд[1,91-92]. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди муносибатҳои дӯстонаи миёни ҳар ду кишвари дӯстро муҳим арзёбӣ намуда, чунин изҳор дошт, ки «таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Арабии Миср, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, ки аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавию байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст»[9].

  Ба думболи ин сафар заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арабии Миср ба расмият даромада, самтҳои гуногунҷабҳаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ оғоз гардиданд[1,91-92].

  Дар ҷараёни сафар шаш санад ба имзо расида буд[9]:

  1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва техникию илмӣ;
  2. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди генералии палатаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Арабии Миср;
  3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
  4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ;
  5. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;
  6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф.

  Ҳадаф аз татбиқи ин созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум ба роҳ мондани барномаҳои ҳамкории гуногунпаҳлӯ, ҷиҳати таҳким бахшидани бештари ин робитаҳо ба манфаати тарафҳо мусоидат хоҳад намуд. Аммо баъди тезутунд шудани вазъи сиёсии кишварҳои шимоли Африка дар охири соли 2010 ва аввалҳои соли 2011, бо номи “Баҳори Араб” Ҷумҳурии Арабии Миср, муносибатҳояш бо дигар кишварҳо каме коҳиш ёфт. Табиист, ки бадшавии вазъи сиёсӣ, аз байн рафтани амнияту субот дар Миср ва табдили ду президент (Ҳуснӣ Муборак 1928-2020 ва Муҳаммад Мурсӣ 1951-2019) ба муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷонибаи ҳар ду кишвар бетаъсир намонда, гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Миср ҳам то ҷое коҳиш пайдо кард[1,92]. Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷории мутақобилан судманд ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ 23-27 январи 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд[10]. Аммо кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср, ки даври навбатии он бояд дар шаҳри Қоҳира баргузор мегашт, инчунин ба омадурафти соҳибкорону сайёҳон ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд[1,92]. Аммо ин раванд дере давом накарда, дубора аз 3-юми июни соли 2013 бо омадани президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба сари ҳокимият вазъи Миср рӯ ба эътидол ва беҳбудӣ овард[1,92].

  Пас дар рушди муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср нақши “Бунёди мисрӣ” оид ба ҳамкории техникӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ҳоло Агентии мисрии ҳамкорӣ барои рушд) муҳим аст. Зеро дар тӯли 25-соли фаъолияти муассисаи мазкур дар давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии он дар соҳаҳои мухталиф зиёда аз 2000 нафар мутахассисони тоҷик иштирок кардаанд[1,92].

  Инчунин вохӯриҳо дар сатҳи баланди ду кишвари дӯст идома ёфта, дар соли 2017 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ду мулоқоти судманд баргузор гардид, яке 20-уми май дар шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) дар остонаи Иҷлоси сарони кишварҳои арабию мусалмонӣ бо ИМА, дувумӣ 5-уми сентябр дар шаҳри Сямэн (Чин) дар ҳошияи “Муколамаи кишварҳои рушдёбанда” ва давлатҳои аъзои БРИКС доир гардид[9]. Дар ин мулоқотҳо сарони ду кишвар сатҳу муҳтавои муносибатҳо ва муштаракоти фарҳангиву таърихии байни ду кишварро сутуда, таъкид намуданд, ки ба густариши бештари муносибатҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногун, ки ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад, идома медиҳанд[9].

  Пасон дар асоси заминаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, бо истифода аз бурсияҳои давлатӣ табодули муҳассилин ба роҳ монда шуда, даҳҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қоҳира ва Айни Шамс дар Миср ва теъдоди зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои мисрӣ дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд[10].

  Инчунин дар партави муаррифии таърихи фарҳангию тамаддуни ду кишвар мусоҳибаҳо анҷом меёфтанд. Бо истифода аз намояндагони дипломатии Тоҷикистон барои шиносоии муносибатҳои кишварҳо ва фарҳангу тамаддуни тарафҳо мақолаҳо бо забонҳои тарафайн сурат мегирифтанд ва инчунин гуфтугӯҳои мустақими телевизионӣ сурат мегирифт. Аз ҷумла дар мусоҳибаи телевизионии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Заробиддин Қосимӣ дар барномаи “Ҷаноби Сафир”-и мисрӣ самтҳои ҳамкории муҳимми ду кишвар муфассал баён гардид. Зеро дар ин мусоҳиба доир ба робитаҳои Тоҷикистону Миср дар соҳаҳои сиёсат, фарҳанг, иқтисоду тиҷорат, мубориза бо чолишҳои замони муосир ва таҳкими амну суботи минтақавӣ суҳбати ҷолиб сурат гирифт. Ҳамзамон ин мусоҳиба муаррифии имкониятҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо истифода аз таҷрибаи ғании ҷониби мисрӣ ва захираҳои табиию инсонии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат доир гардид[11].

  Шояд натиҷаи чунин талошҳо буд, ки ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистон ва Миср дар соли 2021 ба 773,4 ҳазор доллар баробар шуда, дар муқоиса бо соли 2020 гардиши мол миёни кишварҳо 25,5% афзоиш ёфта буд. Содирот 18 ҳазор доллар ва воридот 755,4 ҳазор долларро ташкил додааст[17]. Ин раванди ҳамкорӣ, инчунин гардиши дигар соҳаҳои муҳимро низ миёни тарафҳо рӯз ба рӯз зиёд мегардонад.

  Бо дарназардошти тақвият бахшидани муносибатҳои неки дӯстӣ ва дурнамои уфуқҳои нави ҳамкорӣ, миёни Тоҷикистону Миср, 9-уми марти соли ҷорӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ворид шуд[12]. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд[13].

  Дар доираи сафари расмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи ал-Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари миёна ва яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии доруи рақобатпазир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, боздид намуданд. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии мисрӣ оид ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар суҳбати созанда доир карданд[2]. Дар ин асно ба фаъолияти корхонаи “Тӣ энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) ширкати муштараки саноатӣ доир ба истеҳсоли матоъ ва духти сару либосҳои ҷинс шинос шуданд. Дар ҳамин ҷо пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва иқтидори истеҳсолии он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти корхона оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат суҳбати самимӣ доир намуданд[2].

  Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз осорхонаи миллии тамаддуни мисрӣ, ки дорои панҷоҳ ҳазор нигораҳо, осори таърихӣ мавҷуд аст, ки дар бораи тамаддуни Миср аз давраҳои фиръавнӣ, юнонӣ, румӣ, қибтӣ, исломӣ ва замони муосир ба тамошобин маълумоти васеъ фароҳам мекунад, зиёрат намуда, дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек ҷиҳати рушду пешрафти кишвари дӯсти Ҷумҳурии Арабии Миср соядаст гузоштанд[3].

  Рӯзи чоршанбе, 10-уми март, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, тамаддун ва фарзандони баруманди ин кишвар дар шаҳри Қоҳира назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ Президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот (1918-1981) гулчанбар гузошта, эҳтиром ба ҷо оварданд. Пас дар маросими гулчанбаргузорӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд[5].

  Инчунин дар ҳамин рӯз, маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср, муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ гарму самимӣ истиқбол гирифт. Чорабинӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Миср анҷом ёфт[7]. Баъд аз он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср шурӯъ шуда, баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Дар ин музокирот масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор дода шуд[8].

  Таъкид гардид, ки мувофиқаҳои имрӯз бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоиди ҳамкорӣ фароҳам хоҳанд овард. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро оид ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иброз доштанд[8].

  Таъкид гардид, ки таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ нақши муҳим хоҳад дошт. Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ду кишвар дониста шуд. Ҳар ду ҷониб дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ роҳандозии робитаҳои судманд ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистону Миср ба мувофиқа расиданд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз самтҳои судовар дар муносиботи мамлакатҳо номида шуд[8].

  Ду ҷониб аз идомаи муносибатҳои шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштарак иброз намуданд. Тоҷикистон ва Миср барои ҳамкориҳои судманд омодагии худро эълон доштанд. Дар робита ба масъалаҳои амниятӣ атрофи роҳҳои ҳарчӣ зудтар поён ёфтани низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва инчунин, Афғонистон табодули афкори муфассал сурат гирифт[8].

  Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср 5 санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо расид[6]:

  1. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  2. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср;
  3. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Арабии Миср;
  4. Созишномаи бародарӣ ва дустӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷануби Синои Ҷумҳурии Арабии Миср;
  5. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхона ва Бойгонии милии Миср.

  Сарвари кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш дар нишасти матбуотӣ аз мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ дар нишасти матбуотӣ хушбин буда, аз пазироии кишвари мизбон изҳори миннатдорӣ намуд[15].

  Ҳамдигарфаҳмӣ ва мавқеи муштараки ҳар ду кишвар, кӯшишҳои тарафайн дар самти ҳамкориҳои муфид, Тоҷикистон ва тоҷиконро дар миёни мардуми Миср муаррифӣ намуда аст. Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос ба Шӯрои илмиву таълимии Донишгоҳи Қоҳира барои қадрдониашон ба унвони “Доктори фахрӣ” самимона изҳори сипос намуда, бо устодону омӯзгорон ва донишҷӯён мулоқот ва суханронӣ намуданд[14].

  Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср, ки бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷаноби Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ анҷом ёфта буд, уфуқу заминаҳои нави ҳамкориро миёни ҳар ду кишвар оғоз бахшида, саҳифаҳои муносибатҳои ҳаётан муҳимми ҳарду кишварро мекушояд.

  Итминон дорем, ки самараи вохӯрии роҳбарони ҳар ду кишвар дар сарзамини бостонии Миср умедбахш буда, татбиқи аҳду паймони ҳосилшудаи кишварҳои дӯст, оғози накӯи марҳалаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар хоҳад гардид.

 

Одинаев Абдуҳалим

ходими пешбари илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

  1. 25 қадам дар паҳнои олам. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зери назари Сироҷидин Аслов. Душанбе: Ирфон, 2016, - 220с.
  2. Боздид аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “T&C Garments” дар шаҳри Ал – Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10.03.2022. (www.mfa.tj.)
  3. Боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. 09.03.2022. (http://www.president.tj/node/27874)
  4. Комёбиҳои сиёсати хориҷии Миср дар давоми ҳафт соли гузашта. Доктор Оёт ал-Ҳаддод. Рӯзномаи электронии “Баввобат ул-Аҳром”-и Мисрӣ. 13.06.2021 (https://gate.ahram.org.eg) نجاح السياسة الخارجية لمصر على مدار السبعة أعوام. دكتورة آيات الحداد
  5. Маросими гулчанбаргузорӣ. (http://www.president.tj/node/27878).
  6. Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Миср. 10.03.2022. (http://www.president.tj/node/27881).
  7. Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср. 10.03.2022. (www.president.tj/node/27879).
  8. Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср. 10.03.2022. (http://www.president.tj/node/27880).
  9. Муносибатҳои дуҷониба. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср. 28.01.2021. (www.mfa.tj.)
  10. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арабии Миср. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 01.03.2013. (www.mfa.tj.)
  11. Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ дар барномаи “Ҷаноби Сафир”. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср. 15.12.2020. (www.mfa.tj/tg/cairo/view/6873/)
  12. Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср. 09.03.2022 (http://www.president.tj/node/27870).
  13. Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10.03.2022. (www.mfa.tj.)
  14. Суханронӣ дар Донишгоҳи Қоҳира. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. 10.03.2022. (http://www.president.tj/node/27888)
  15. Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ. 10.03.2022. (http://www.president.tj/node/27885)
  16. Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон мизбони нишасти ҷашнии сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хоҳад шуд. Рӯзномаи “Баввобату-ш-шуруқ”. 07.07.2021. (https://gate.ahram.org.eg/News//2859468) طاجيكستان تستضيف قمة اليوبيل لقادة دول منظمة شنغهاي للتعاون في سبتمبر المقبل
  17. Эмомалӣ Раҳмон ба Миср расид. Ҷузъиёти сафар ҳанӯз маълум нест. Мазҳаб Ҷумъа. Гурӯҳи расонаҳои «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон). 09.03.2022. (www.asiaplustj.info/tj/)

 

БОЗГАШТ