Дастовардҳои илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико дар соли 2023

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Соли сипаришуда кормандони шуъбаи Аврупо ва Амрико барои фаъолияти пурсамар ва як қатор дастовардҳои назаррас дар самти татқиқоти илмӣ бо ифтихорнома ва сипоснома аз ҷониби Раёсати Институт қадрдонӣ гардиданд.

Дар раванди таҳқиқоти илмӣ шуъбаи Аврупо ва Амрико аз ҷониби кормандони шуъба 7 (ҳафт) китоб, 27 (бисту ҳафт) мақолаҳои КАО (ВАК), 8 (ҳашт) мақолаи байналмилалӣ 59 (панҷоҳу нуҳ) мақолаҳои илмӣ лоиҳавӣ, 49 (чилу нуҳ), мақолаҳои оммавӣ публитсистӣ, 32 (сиву ду) мақолаҳои берун аз нақша 53 (панҷову се) мақолаҳои оммавӣ дар умум 239 (дусаду сиву нӯҳ) мақолаи илмиву оммавӣ дар маҷаллаҳои КАО, рӯзномаву сомонаи Институт дар давраи ҳисоботии солонаи 2023 ба нашр расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки муаллифони монографияҳо сарходими илмӣ, профессор Воҳидова Санавбарбону, сарходими илмӣ, профессор Шамсиддин Каримов, ходими пешбари илмӣ Раҳмонзода Азимҷон, ходими пешбари илмӣ Ардамеҳр Ашуров мебошанд.

Ҳамзамон кормандони шуъба тавонистанд, барои такмили ихтисос ва идома додани корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон ба хориҷи кишвар сафар намоянд. Аз ҷумла ходими пешбари илмӣ Ашуров Ардамеҳр ба Фаронса сафар намуда, маводи илмӣ ҷамъоварӣ намуд.

Ходими пешбари илмӣ Раҳммонзода Азимҷон ва ходими калони илмӣ Мирвайсов Маъмурҷон ҷиҳати иштирок дар Конфронси илмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда, бо маърӯза баромад намудаанд.

Ходими хурди илмӣ Фарзона Юсуфӣ ба Федератсияи Россия сафар намуда, дар кори конфронси байналмилалии олимони ҷавон ширкат варзидааст.

Илова бар ин бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико як қатор олимон аз Аврупо ба Институт ташриф оварданд: профессор аз Академияи илмҳои Австрия Флориан Швартс, профессор Ева Ортман аз Донишгоҳи Карл Август Готинген бо Институти Макс Планк (Олмон) созишномаҳо ба имзо расид. Аз ҷумла, бо Маркази Россия, Қафқоз ва Осиёи Марказии Мактаби олии илмҳои ҷамъиятшиносӣ (Фаронса) як Меморандум ба имзо расонида шуд.

 

Воҳидова Санавбарбону д.и.т.,

профессор мудири шуъбаи Аврупо

БОЗГАШТ