Муаллиф: Соҳиби Баҳруло
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ доир гардид, фарогири самтҳои гуногун ва аз ҳар ҷиҳат муассир ва муҳим буд.
Агар чи самти сиёсати хориҷӣ дар паёмҳои ҳарсолаи Президент ҷойгоҳи хосса дорад, имсол вобаста ба ташаннуҷи вазъи ҷаҳон ин масъала аз аҳаммияти вежае бархурдор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муноқишаҳои хунину мудҳише, ки дар нуқоти гуногуни олам рух медиҳанд, махсусан вазъи Фаластин, нигаронии худро аз минбарҳои гуногун баён карда буд. Дар Паём низ Президенти кишвар нисбати ин масъала мавқеи кишвари моро равшан баён намуд, аз ҷумла таъкид карданд: ”Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд. Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин, хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем”.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат таваҷуҳии ҷомеаи ҷаҳониро ба нооромӣ ва бесуботии вазъи ҷаҳон, аз ҷумла ба вазъи Фаластин, ҷалб намуда, иброз намуданд: “Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд. Мо ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ аҳаммияти тақвияти нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро таъкид мекунем.”
Бояд хотиррасон кард, ки 11 ноябри соли 2023 Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ дар Арабистони Саудӣ нигоҳи сиёсати хориҷии кишварро нисбати вазъи Фаластин иброз намуда, тарафҳои даргир ва кишварҳои зидахлро ба ҳалли сиёсии низоъ даъват намуда, аз мавқеи духӯраи ҷонибҳои алоҳида интиқод карда, масъалаҳои мазкурро чунин баррасӣ намуда буданд:
Вазъи буҳронӣ дар ин бахши Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст. Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.
Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳҳалли низомӣ надорад. Кишвари мо ҳанӯз аз оғози даргириҳои охир аз ҷонибҳо даъват ба амал овард, ки ба амалҳои зӯроварӣ ва хушунатомез хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ сари мизи музокира нишинанд.
Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад. Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад. Ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд. Мову шумо медонем, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли 1947 дар бораи дар сарзамини Фаластин таъсис додани ду давлати мустақил қатънома (№181) қабул карда буд. Аммо то имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати худ амалӣ нагардидааст. Бо дарназардошти ин ҳолат, кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро лозим меояд, ки ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал саъй намоянд. Дар ин замина, таъмини ҳимояи байналмилалии мардуми Фаластин ва дастгирии талошҳо барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим дониста мешавад.
Ҳоло зиёда аз ду миллион нафар аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи комил аз камбуди озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд. Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои қатъиро интизоранд, то ба фоҷиа ва ранҷу азияташон хотима бахшида шавад. Дар ҳоле ки даргириву хунрезӣ дар ин минтақаи Ховари Миёна ба нуқтаи авҷи худ расидааст, ҳанӯз иқдомоти ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ва манфиатдор ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ба мушоҳида намерасад.
Гузашта аз ин, ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд. Созмони ҳамкории исломиро зарур аст, ки ҷиҳати хотимаи ҳарчи зудтари муноқишаву даргириҳо дар ин минтақа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иқдом намояд. Дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмонро лозим аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона ҷиҳати расонидани кӯмакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои амалӣ андешанд. Буҳронҳо ва хатару таҳдидҳои ҷиддие, ки имрӯзҳо дар паҳнои ҷаҳони ислом ҷараён доранд, моро ба ваҳдату ҳамраъйӣ, муттаҳидиву сарҷамъии беш аз пеш водор месозанд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки омилҳои мазкур суботи минтақаҳои мухталифи олами исломро ҷиддан халалдор карда, оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии манфии дарозмуддатро ба бор овардаанд. Миллионҳо нафар баҳри дарёфти ҳаёти осоиштаву хубтар иҷборан гуреза ва муҳоҷир шудаанд. Чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона роҳҳои муассири таъмини рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии уммати мусулмонро, ки ҳақуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад, пайдо намоем. Қаблан ман дар суханрониҳои худ аз минбарҳои мухталифи Созмон борҳо зарурати таъсиси фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро барои дастгирии молиявию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳони ислом зикр карда будам.
Бори дигар таъкид карданиам, ки дар ин раванд кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳони ислом, ки имкониятҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ доранд, метавонанд нақши муассир дошта бошанд. Тоҷикистон, ки дар таърихи муосири худ ҷанги харобиовари таҳмилии дохилиро паси сар намудааст, ҷонибдори иқдомоти сулҳофарӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези ҳама гуна мушкилоту мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ин замина, мо бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунем, ки иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳимояи тартиботи байналмилалиро дар робита бо Фаластин таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Дар фарҷом мехоҳам изҳори умед намоям, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба роҳандозии раванди музокирот ва ҳаллу фасли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард. Тоҷикистон ҳамеша омода аст дар ин раванд ба андозаи имкон саҳми хешро гузорад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз18 октябри соли 2023, яъне чанд рӯз пас аз оғози даргирҳои хунин Вазорати корҳои хориҷӣ ба бомбаборони беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластин, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум намуд. Дар изҳорот таъкид гардидааст, ки иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба пайвандони кушташудагон ва таманнои шифои комил ба захмиён, амалҳои зӯровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.
Айни замон дар минтақаи Ховари Миёна зиёда аз 20 ҳазор нафар дар натиҷаи бомбаборони ҳарбиён ба Фаластин кушта шудаанд ва ин куштор то ҳол идома дорад ва вазъи баамаломада нишонаи духӯрагии ба ном ҳимоятгарони демократияро нишон дод. Аз ин рӯ, масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ, ки имсол дар Паёми Пешвои миллат садо доданд, на танҳо дар тарҳрезӣ ва самтгирии сиёсати хориҷии давлат, балки дар ташаккули афкори шаҳрвандии фард-фарди кишвар низ муҳиманд.
Соҳиби Баҳруло,
пажӯҳишгари Институт