Қисми - 2
Исломгароён бештар байни ду қутб гирифтор шудаанд: нигаҳбонӣ аз анъанаҳо ё суннатҳо ё пештози тағйир. Аксари онҳо тасдиқ мекунанд, ки таҳаввулот дар ҷомеаи исломӣ зарурӣ аст. Аммо кушиш ба нақши ислоҳотталабона онҳоро ба ҳамкорӣ ё ҳатто рақобат бо либералҳои дунявият талаб дорад. Аз назари фалсафӣ созиш комилан қобили дастёбӣ аст, аммо дар дунёи сиёсатҳои ноҳамвори амалӣ ҳар ҳизб барои бахше аз раъйдиҳандагон меҷангад. Исломгароён наметавонанд аз ҳаросат ба ҳавзаи интихобияи муҳофизакори иҷтимоӣ ғофил шаванд, аммо ба таври худкор мумкин аст, муҳокима кардани мавзеъҳои бисёр муҳофизакоронаи онҳо ва ҳатто ҳимоят аз вазъи мавҷуди иҷтимоӣ бошад. Ихвонулмуслимин дар Қувайт қаблан дар мавриди ҳимоят аз ҳаққи раъйи занон ихтилофи назар доштанд. Ин баҳс ниҳоятан ба ташкили ҳадди ақал ду ҷунбиши мухталиф дар байни исломгароён, яке усулгароён (Ваҳдатӣ) дигаре ихвонмеҳвар ва муътадилтар шудааст.
Ин тавр исломгароён бояд бо либералҳои муомила сару кор дошта бошанд? Агар онҳо муҳиммоти ҷангии худро барои ҳама ба либералҳо сарф кунанд, ҳамон тавре, ки бештар дар масоили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Миср ва Кувайт анҷом медиҳанд, онҳо дар воқеъ аз барномаҳои давлатӣ ҳимоят мекунанд, яъне заиф кардани ислоҳталабони либерал ва ҷилавгарӣ аз тағйиру таҳаввул. Исломгароён дар воқеъ нерӯҳои тағйирро тазъиф мекунанд, ки аз тариқи боз будани сиёсии бештар ба нафъи исломгароён хоҳад буд тарсу бим, онҳо барои тамаркуз бар сиёсат, ин аст ки ногузир ба дунболи дастёбӣ ба манфиати тактикӣ бо ҳазинаи нуфузи идеологӣ ё роҳбурдии дар муддати тӯлонитар мешавад. Дар мавқеъҳои душвор ҳар ҷомеа ё идеология ба дунболи бозгашт ба асосҳои, идеалҳои ихлосманди худ аст. Бинобар ин исломгароён мумкин аст дар бозгашт ба тафсирҳои мушкилу сахти ислом ба вижа дар мавриди масоили иҷтимоӣ ақибнишинӣ кунанд: мисли маҳдуд кардани ширкати занон дар ҷомеа, хостори сахти қоидаҳои либоспӯшӣ, хостори ташдиди сонсури адабиёт ва манъи ҳунар, исрор бар омӯзиши ҷудогонаи зану мард ва мухолифат ба озодсозии қонуни хонавода.
Бахши муҳофизакорон ва либералҳо (озодихоҳон) дар байни исломгароён
Бо густариши ҷунбишҳои исломгароёна, саранҷом исломгароёни либерал маҷбур хоҳанд шуд ба шиддат бо исломгароёни муҳофизакор ва усулгароён ба ҳам бархӯрд намоянд. Кадом гурӯҳ беҳтар зиндагӣ хоҳад кард? Бастагӣ ба забон, кишвар ва шароити маҳаллӣ дорад. Ба унвони мисол дар Покистон шоҳиди тамошои парешон кардани сиёсати сахти нигаронишуда асосан ба ташкилоти исломии “Ҷамоати исломӣ” зери фишори шадид аз ҷониби гурӯҳҳои исломии хӯрд ва бисёр радикалие ҳастанд, ки бештар ҳадафи оштинопазирӣ дар муносибат дар кашмир, фирқагароёна (сектанство) ва мушкилоти иҷтимоӣ доранд. Авзоъи бад ва рӯ ба завол дар Покистон ба афзоиши бештари гурӯҳҳои ифротии исломӣ дар он ҷо кумак мекунад. Аммо дар Туркия, ҷое, ки (нисбатан) муваффақияту комёбӣ (исломистон) ҳаст, эҳсоси хавфу хатари аз дохил хароб шудани давлат ва ҷомеа нест.
Ҳизби асосии исломӣ (Рифоҳ / Фазилат / АК) пурқувват аст, исломиҳои радикал кам ҳастанд ва ҳаракату ҷунбишҳо танҳо дар сатҳи иҷтимоӣ, ҳатто бештари модернистон ва ҳаракати ғайрисиёсии Фатҳулло Гулен – Нури ислом дар рақобат ҳастанд.
Аммо ин хатҳои иштибоҳ мумкин аст ба осонӣ барои ҷудоандозӣ роҳ надиҳанд. Исломгароён аз назари таърихӣ ба иттиҳоди умумӣ нисбат ба дигар ҷунбишҳои исломгароёна таваҷҷуҳ доштанд, ба вижа ҳангоме, ки ҳамаи онҳо худро зери султаи режимҳои маҳаллӣ ва ҳамчунин давлатҳои хасмонаи ғарбӣ эҳсос мекунанд. Аммо баъд аз 11 - уми сентябр, мо шоҳиди падидор шудани ихтилофи возеҳтаре дар байни усулгароён ва исломгароёни модернист (муътадил) мешавем.
Чунин мубоҳисот бо мулоҳиза интиқодҳои умумӣ, асосан дар воқеъ барои нумуъ кардан таҳаввули комили муҳити фикрӣ ва ақидавии ҷунбишҳо зарур аст.
Идома дорад...
Аз китоби “The Future of Political Islam”-и
Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,
нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ
(санаи тав. 28 ноябри 1937).
Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,
Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.