Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ - мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат таҷлили рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил падидаи беамсоли замони муосири соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Боиси сарфарозист, ки мардуми шарафманди тоҷик ва тоҷикистониён амиқ дарк намудаанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ поквиҷдонона ба нафъи халқу ватан кору фаъолият намудан, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва қарзи ҷонию имонии ҳар як фарди бо нангу ори ватандӯсту меҳанпарвар мебошад. Дар ҳамин замина бояд зикр намуд, ки ҳамчун анъана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябр чун рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи пурсаодат аввалин маротиба ҳазорон нафар толибилмон ба даргоҳи илму маърифат бо ҳазорон орзую умед қадам ниҳода, ба синфи якум шомил мегарданд. Ва дарси сулҳ оғоз мешавад, ки ин нишон аз сулҳу субот, оромии сиёсии ҷомеа, хушбахтии толибилмони тамоми сатҳи таҳсилоти кишвар - насли бунёдкору ояндасозӣ миллати тоҷик мебошад. Моҳияти баргузор намудани дарси сулҳ ташвиқу тарғиби сулҳу субот дар ҷомеа, дӯст доштани ҳаёт бо ҳама ширинию талхӣ ва пасту баландии рӯзгор, омӯзиши илмҳои тараққикардаи замони муосир, эҳтиром ба арзишҳои нави фарҳангию сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба таълиму тарбияи насли наврас мебошад, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар сархати сиёсати давлату ҳукумат қарор дорад.
Мусаллам аст, ки ҳангоми дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд. Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад[1].
Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи дониш ҳамчун иди илму дониш ва маърифат таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони муосир илм ва дониш ҳамчун яке аз манбаъҳои пешрафти ҷомеаи мутамаддин аҳамияти беназир касб намудааст. Аз ин лиҳоз, зиндагӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир аз ҳар як инсон донишу касбу ҳунарро тақозо мекунад. Дар ҳамин замина ёдовар шудан ба маврид аст, ки “мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд”[1]. Метавон иброз намуд, ки дар ҳар давру замон илму дониш дар байни халқи тоҷик ҳамеша мавқеи хоса дорад. Бинобар ин эҳтиром ба анъанаҳои неки ниёгон, истифода аз тарзу усулҳои муосиртарини таълиму тарбия, дар рӯҳияи дарки худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ахлоқу одоби ҳамидаро дар замири наврасон парваридан ба манфиати давлат ва ояндаи ободи Ватан мебошад. Ҳамин аст, ки “дар маркази тамоми низоми таълиму тарбияи кишвари мо бояд мафкураи истиқлолият, қадршиносии ин неъмати бебаҳо, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, анъанот, расму ойини мардум ва дигар арзишҳои миллию умумибашарӣ қарор дошта бошанд”[2,44-45]. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми тоҷик давраи озмоиши сахту сангини таърих буд[3,3]. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд мардуми тоҷику тоҷикистониро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсию касбиро аз даст надиҳанд, аз ҷумла: “Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем. Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Аз ин рӯ, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Ҳамзамон бо ин, аз ақлу хирад ва сабру таҳаммули миллати куҳанбунёдамон ифтихору шукрона мекунем, ки маҳз ба шарофати иродаи қавии мардуми шарифи кишвар давлати ҷавони тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидем. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раванди миллатсозиву давлатсозиро дар мамлакат тавсеа бахшид”[1]. Мусаллам аст, ки таҷлилу гиромӣ доштани Рӯзи дониш, Дарси сулҳ падидаи нотакрору нодир, меваи замони соҳибистиқлолии Ватан буда, имкондиҳандаи таҳкими нақши муҳимми сулҳу субот дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа дар шароити рӯзафзуни вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мебошад. Дар воқеъ “имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудааст, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад[2,89]. Ҳамзамон, оғоз гардидани соли нави таҳсили 2023 бо Дарси сулҳ нақши илму донишро дар ояндаи давлату миллат, таҳкими сулҳу субот муайян намуда, ҳамагонро ба ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои волои миллӣ даъват менамояд. Гузаронидани дарсҳои сулҳ ба ҳар тарзу усул ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсир расонда, барои дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодӣ тарбия намудани онҳо мусоидат мекунад, чунки ояндаи ободу дурахшони Тоҷикистон пеш аз ҳама аз тарбияи имрӯзаи наврасону ҷавонон вобаста аст. Дар воқеъ Сулҳ яке аз масъалаҳои муҳимтарин буда, махсусан дар шароити душвори ҷаҳони муосир, ҳифзи он шарти асосии пойдории давлат, амният ва оромии ҷомеа мебошад. Ҷавонони тоҷик дарк намудаанд, ки омӯхтани илму дониш, соҳиби касбу ҳунар, зиндагии осоишта ва фаъолияти пурсамари ояндаи онҳо бевосита ба ҳамин омили ҳаётӣ - сулҳу субот дар кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобаста аст.
Бояд тазаккур дод, ки насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад[3,29]. Ва муҳимтар аз ҳама пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад[4,35]. Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор ба маротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд[1]. Таърих гувоҳ аст, ки тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт[2,72-73]. Дар ҳамин замина ёдовар шудан ба маврид аст, ки “дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2022 - 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад[5].
Ҳамин тариқ метавон хулоса намуд, ки ташвиқ ва гиромидошти дониш ва пешбурди дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил ҳамасола ба як анъанаи нек мубаддал гашта, таваҷҷуҳи махсус ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат ба он шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшад, балки қадру қиммат ва манзалати онро ба маротиб боло мебарад. Чунин анъанаи нек ва бархӯрди махсус ба мақом ва нақши дониш ва сулҳу субот дар Тоҷикистон ба тарбияи солим ва камолоти дурусти махсусан насли ҷавони кишвар ба таври васеъ мусоидат менамояд, ки шоистаи тақдир ва дастгирист.
Сарчашма:
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ