ДОНИСТАН ТАВОНИСТАН АСТ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   (Дар ҳошияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»)
  Инсон  дар дарозои зиндагии хеш пайвандҳои бешумори мустаҳкаме бо ҷомеа дорад. Барои танзим ва истифодаи дурусту огоҳона аз чунин пайванду вобастагиҳо ӯро лозим аст аз донишу таҷрибаҳои гузаштагон, ки дар саҳифаҳои китобу рисолаҳо дарҷ гардидаанд, истифода намояд ва ба ин восита бар тавоноиҳои зистӣ ва огоҳиҳои маърифатии хеш бияфзояд. Пайваста бо роҳи хонишу донишандӯзӣ ба ҳадди баланду некӯ бардоштани тавонмандиҳои хеш ба инсон муяссар мешавад, ки дар азму ирода ва гуфтору кирдораш ба каљравию лағзиш ё ғалаткорию иштибоҳе  роҳ надиҳад.  Китоб, ки анбӯҳаву гирдоварде аз донишу таҷрибаи инсон аст, ёру ёвари беғарази мо дар созмон додани зиндагии шоиста дар ҷомеа аст. Аз ин рӯ хондан ва донистан кирдору рафтори касро судманд ва муњимтар аз њама њадафманд месозад. Ҳар кор, ки бар донишу маърифат бунёд наёфтааст, инсонро ба мақсад намерасонад. Амале, ки заминааш дониш ва маърифати дуруст аст, самари хуб хоҳад дод. Дониш рӯҳи амал аст, дониши бештар амалро судматдтар мекунад. Аз ин рӯ тавони андешидан, ки аз хондану донистан бармеояд, инсонро саодатманд мекунад. Роҳи расидан ба фардои муборак танҳо бо истифода аз андешаи дурусту созанда, ки реша дар маърифат дорад, имконпазир аст.
   Аммо, ҳазорон дареғ, ки бо мақоми баландтар касб кардани арзишҳои сармоядорӣ ва ҷойи донишро танг кардани молу қудрат имрӯз ҳеч касе ба арзиши китоб ҳамчун абзори муҳим дар баланд бурдани сатҳи зиндагонии мардум бовар надорад. Шигифто, ки ҷои ифтихор аз китобро фахр аз хонаҳои бисёрошёна гирифтааст: хонае барои намоиши сарвату дороӣ, на барои зиндагӣ; хонае, ки соҳибаш қабати дуюму сеюму андумашро солҳо намебинад. Ба ҷои дониши хуб ва хондани китоб мошинҳои гаронқимати охирин модел барои ҳар узви оилаи ин қишри мардум мояи ифтихор шудааст.  Китоб дар рӯзгори бештари сармоядорони навкиса аз рафи ҷевонҳо рахт барбаста, ба таҳхонаҳо кӯчид. Китобхонӣ ба мақсади баланд бардоштани донишҳои касбӣ, огоҳӣ пайдо кардан дар бораи навгониҳои соҳа мадди назари ҳеч касе нест. Китобхонӣ ниёзи ботинии гурӯҳи хурди мардум шудааст, ки аз рӯи одат ва ниёзҳои шахсии хеш китоб мехонад. Ин навъи мутолеа то андозае ҳадафмандона нест. Қишри ночизи дигаре, ки ба китобхонӣ рӯй овардааст, аксаран китобро ҳамчун манбаи дарсию таълимӣ истифода мекунад. Аз ин рӯ донишҳои насли имрӯзи мо дар доираи низоми таълимӣ мечархад ва дар муҳити илмии муосир рақобатпазир нест. Он гароишоти ночизе ба донишҳои ҷиддии муосир, ки дар байни ҷавонон аҳёнан мушоҳида мешавад, хеле камранганд.
   Бо дарки аҳамияти китоб ва дониш дар сохтани миллат ва давлати тавоно  озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардид, то шаҳрвандони кишвар барои андӯхтани донишу маърифат талоши бештар варзанд, зеро ба ҳар андоза, ки шинохти инсон аз олам ва қонунҳои табиию ҷамъиятии он афзоиш ёбад, ба ҳамон андоза зиндагонӣ  беҳтар мегардад.
   Дар мулоқоту суханрониҳояшон Президент ҳамеша таъкид мекунанд, ки китоб бозгӯкунандаи андешаҳо ва сарчашмаи маърифати инсон аст. Донишҳое, ки инсон дар натиҷаи таҷрибаҳои зиндагияш ҳосил кардааст, дар китоб гирд оварда шудаанд. Ба воситаи китоб пайванди наслҳо таъмин мегардад,  таҷрибаву дониш тавассути китоб ба ояндагон  вогузор мешавад. Китоб таҷрибаи инсонро танзим мекунад, инсонро аз такрори донишҳои гузашта бозмедорад, заминае ба вуҷуд меоварад, ки ӯ қадаме баландтар ва фаротар аз гузаштагон бигзорад.
   Барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол хондан ва донистан бояд заминаи асосии комёбию пирӯзияш бошад. Хондану донистани мудовиму рӯзафзун доираи ваҳму пиндошти хому беасосеро, ки сарчашмаи ҳама гуна нокомиҳову ношоистагиҳост, маҳдуд мекунад ва роҳро ба сӯйи фардои беҳтару босаъодат боз менамояд. Агар ба таърихи кӯшишиҳои ҳамешагии инсон дар роҳи шинохти хеш ва олами перомунаш як назари сатҳӣ андозем, хоҳем дид, ки ӯ аз оғоз ба арзиши донистану андешидан пай бурдааст.
   Бояд тадбирҳое андешид, ки дар пояи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» заминаи фарогиру густарда барои муносибати огоҳонаву бомаром бо китоб дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бахусус дар байни насли хурдсолу ҷавон парваронида шавад, зеро китоб ва дониш дар шинохти ҷаҳони муосири технологияҳои ҳушманд ва иттилооти фарогир абзори асосӣ маҳсуб мешаванд.
   Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҳамчун падидаи фарҳангию иҷтимоӣ беназир аст, зеро бо дар назар гирифтани анъанаҳои чандҳазорсолаи фарҳанги миллии тоҷикон огоҳона созмон дода шудааст. Дар дунё камтар миллатеро метавон ёфт, ки таъриху фарҳанги бузургу сутургаш сарчашмаи пайдоишу инкишофи фарҳангу адабиётњои дигаре қарор гирифта бошад. Аксарияти кулли адабиётҳои кишварҳои мусулмонӣ таҳти андешаи тобнок ва рӯҳи халлоқи адабиёти порсии тоҷикӣ қарор гирифтаанд; осори ҷовидонаи садҳо адибони порсии тоҷикӣ манбаи пайравию истифодаи ҷомеаи башарӣ гаштааст; мероси адибони абадзиндаи адабиёти тоҷикӣ, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Мавлоно, Ҳофиз ва ҳазорони дигар то имрӯз вирди забони мардумони олам гаштааст. Ба баҳонаи озмун чангу ғубор аз рӯйи махзани бузурги хирад ва зебоӣ бардошта, рӯҳашонро мумтоз намоем.
   Вуруди китоб ба рӯзгори инсон падидаи бузурге буд, ки зиндагии воқеӣ ва фарҳангии ӯро сифатан тағйир дод. Мо, тоҷикон ҳанӯз аз даврони қадим ба китоб ҳамчун чизи муқаддас муносибат мекардем ва бар ин ақида будем, ки ҳар он чи дар китобҳо навишта шудааст, ҳақиқат аст. Дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон бозорҳои махсуси китобфурӯшӣ мунтазам фаъолият мекарданд. Абӯалӣ ибни Сино маҳз дар бозори китоб, ки ҳар ҳафта доир мегардид, китобҳои мавриди ниёзашро пайдо мекард ва мехарид. Дар даврони шуравӣ мардум барои хариди китоб дар пеши мағозаҳои китоб навбат мегирифт.    Бозори китоб дар шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ батадриҷ эҳё шуда истодааст, ки аз беҳтар шудани зиндагонии мардум далолат мекунад. Ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон ба донишандӯзию маърифатҷӯӣ рўй оварда истодаанд, мағозаҳои китоб зиёд шуда истодаанд. Китобҳои каммояву зараровар низ зиёд шудааст, ки хондани онҳо ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро метавонад ба бероҳа бибарад ва дар андешааш афкори зараровареро тавлид кунад. Дар телевизиони «Тоҷикистон» барномаи махсусе таҳти унвони «Тозанашр» пахш мешавад, ки мухлисони зиёде дорад ва масъулин аз минбари он истифода намуда, шаҳрвандонро роҳнамоиҳои созандаву муфиде мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммият ва зарурати китобхонӣ Пешвои миллат дар суханронии хеш дар рӯзи ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ гуфта буд: «Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд.»
   Иқдоми наҷибу таҳсинбарангези Пешвои миллат барои дар сартосари кишвар баргузор кардани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» боиси дастгирии ҳамаҷонибаи тамоми мардуми кишвар аст. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат бояд ба як ҳаракати маърифатӣ ва ҷашнвораи миллӣ табдил ёбад. Сарвари давлат ҳамвора дар боло бурдани фарҳанги ҷомеа талош варзидаанд. «Фурӯғи субҳи доноӣ» иқдоми хеле муҳимм аст. Дар партави ин сиёсати давлати Тоҷикистон мо кӯшиш бикунем, одамонро бо китоб оштӣ диҳем. Ин озмун воситаи хеле муассирест барои муваффақ шудан ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҷомеа. Мусаллам аст, ки ин иқдом таваҷҷуҳи бештари қишрҳои гуногуни мардумро ба китоб ва дониш ҷалб хоҳад кард. Бояд ниҳодҳои фарҳангӣ маросими озмунро ҳадафмандона ба як ҷашн табдил диҳанд, то аз тарафи мардум хуб истиқбол шавад. Мо бояд ҳама корро кунем, то ин ташаббуси созанда ба як ҳаракати иҷтимоӣ табдил гардад  ва ҳамасола ин иќдом пайгирї ёбад. Зеро бо ин гуна ташаббусњои саодатофаранда, мо метавонем шавқу хоҳиши китобхонии аҳолии кишварро бедор намоем ва гоми пурсамаре дар роҳи сохтани миллати дорои ҳуввият ва ҳисси баланди меҳанпарастию ватандорӣ нињем.
   Ин иқдом амалӣ гардидани орзуи як гурӯҳи бузурге аз равшанфикрони кишвар аст, ки ҳамарӯза шиорҳои гуногуне дар бораи китоб ва фоидаи китобхонию донишандӯзӣ дар саҳифаҳои ахбори омма пахш мекунанд. Бо истифода аз шароити фароҳамшуда қишрҳои фаъоли ҷомеаро лозим аст, ки барои густариш бештари анъанаи китобхонӣ онро бештар ба маорифи башардӯстию инсонпарастӣ васеъ кунем, то мардум аз андешаҳои маҳдуди маҳаллию мазҳабӣ берун оянд ва ҷаҳонӣ фикр кунанд.
   Бо назардошти сатҳи китобхонии ҷомеа ва саронаи хониш дар кишвар, ки мизони он хеле пойин аст, амри Пешвои миллат барои баргузории мусобиқаи китобхонӣ кори арзишманду муҳиммест. Бо истифода аз ин фурсати муносиб воситаҳои ахбори омма аз қабили телевизион, радио, нашрияҳо бояд саъйу талош варзанд, то ин ташаббуси созанда  мубаддал ба як наҳзати  умумимиллӣ ва ба як ҳаракати муҳташами маърифатию фарҳангӣ чи аз назари ҷуғрофиёи густариш ва чи аз лиҳози дараҷаи таъсиргузорӣ бар ҷомеа шавад.
   Баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» иқдоми бисёр хубест, ки ба чопу нашри ҳарчи бештари китоб ва тавсеа бахшидан ба китобхона ҳамчун макони донишу омӯзиш  мусоидат намуда, дар ҷалби мардум ба донишу омӯзиш ва рушду инкишофи сатҳи маърифати ҷомеаи Тоҷикистон заминаҳои хубе фароҳам хоҳад овард.
    Баргузории ин озмун метавонад таъсири мусбате дар тарбияи насли нави илму адаб дошта бошад. Мо бояд барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон аз ин ташаббус истифодаи дуруст бикунем. Дар заминаи ҳамин озмун метавон таваҷҷуҳи мардумро ба китобхонию донишандӯзӣ афзуд. Тақвият бахшидан ба чорабиниҳои фарҳангӣ бо назардошти завқу тамоили одамон дар партави озмуни мазкур бояд вазифаи асосии ниҳодҳои марбута шавад.
   Анъанаҳои гузаштаи мутолиаи китобро бояд зинда кунем. Дар давраҳои таҳсил дар мактаби олӣ яке аз афзалиятҳои ҷавонон ташрифи онон ба китобхонаи Донишгоҳ ва бештар ба Китобхонаи Фирдавсӣ буд. Сад дареғ, ки ин одат қариб, ки аз байн рафтааст. Китобхонаҳои ноҳиявию шаҳрию вилоятии кишвар, ки марказҳои баргузории ин озмунњо мегарданд, бояд дар ҷалби қишрҳои ҳарчи бештари аҳолӣ новобаста аз синну сол имконияти иштирокашонро фароҳам созанд.
   Дар бораи аҳаммияти озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ояндагон хоҳанд навишт, зеро самареро, ки он ба бор меоварад, дар фосилаи хеле кӯтоҳ хоҳем дид, зеро хондани як китоб метавонад зиндагии шахсро ба куллӣ тағйир диҳад. Тӯли як соли баргузории озмун шахсони китобдӯсту болаёқате пайдо хоҳанд шуд. Бояд барномаҳои самаровар ва ҳирфаиеро дар иртиботи ин ашхос созмон бидиҳем, то минбаъд тавоноиҳои зеҳнию маърифатии онҳоро битавонем пайгирона тақвият бахшем.
   Аз чунин фурсати муносиб китобхонаҳои кишвар ва марказҳои фарҳангӣ низ истифода бибаранд. Вазифаи асосии китобхонаҳо хидмат ба мардум аст. Фурӯғу шукуфоии доноӣ аз китоб бармехезад. Бар иловаи ниёзҳои китобхононро баровардан, китобдор бояд худаш китобхон бошад ва тарзу усулҳои китобхониро ба дигарон биёмӯзонад. Фоидаи китобхонӣ на танҳо ба худи хонанда мерасад, балки ҷамъиятро ба тараққию камоли воқеӣ, ба фарҳанги хуби ахлоқию инсонӣ хоҳад расонд. Каммутолеа будан муҷиби маҳдудияти доираи вожагони мавриди истифода мешавад. Сабки навиштан, баёни равшану фаҳмои матлаб, ки ҳамвора Пешвои миллат бар он таъкид меварзанд, бо пайваста хондани китоб сайқал меёбад. Китобхонӣ бояд ба зурӣ ё маҷбурӣ набошад, баръакс бояд ниёзи ботинии шахс бошад, аз хондан одам бояд лаззат бибарад. Зиндагии хубу огоҳонаи ахлоқмадор дар асоси маърифати баланди шахс, ки аз хондану донистан ба вуҷуд меояд, муяссар мешавад.
   Дар ҷаҳони сиёсат марзу девор аст, аммо дар дунёи адабу ҳунар ҳеҷ сарҳаде нест. Адабиёту ҳунар марзҳои замону маконро мешикананд. Дар дунёи адабиёт бовару эътиқоди ҳар кас ба худаш пайванд дорад: дидгоҳи муаллиф метавонад мухолифи боварҳои ман бошад, аммо барои хонанда бояд шарафи инсонии адиб муҳимм бошад. Дар ҷое хонда будам, андешаманде аз забони Зартушт ин ҷумлаи зебоеро оварда буд: «Ман барои аз миёни бурдан торикиҳо шамшер намекашам, шамъе равшан мекунам». «Шамъ равшан кардан» – рӯй овардан ба маърифату дониш аст, зеро танҳо маърифат қодир аст решаи нодорию ҷаҳолат, ҷабру ситам, ҷаҳлу ғазабро хушк кунад.
  Дар ҷаҳони дорои сарҳадҳои шафоф иттилоот бештар аз одамон дар ҳаракат аст. Зиндагии мардуми тоҷик дар чунин муҳити фарох, ба сабаби ночиз будани иртиботаш бо инсонҳои дигар, то андозае дучори мушкилоти маърифатӣ шудааст. Дар чунин вазъият ҳаст, ки ҳамлаву шабехунҳои пайвастаи фикрӣ ба идеологояи советӣ насли аз низоми Иттиҳоди шуравӣ берун омада ва ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаи тоҷикро дучори саргардонию таваҳҳумоти зиёд намуд. Андешаҳои мустаҳкаму аниқи қаблии ӯ таҳти таъсири анбӯҳе аз дидгоҳҳову идеологияҳои мухталифи ҷадид қарор гирифт. Ба вуҷуд омадани муҳити бесобиқаи иттилоотӣ, ки ҳар лаҳза садҳо назарияву дидгоҳ ва ахбору огоҳиҳо падид меоянд, ӯро дар ҳолати фурӯмондагию саргардонӣ қарор дод. Бояд дониста бошем, ки тамоми падидаҳои ҷомеа ҳамвора байни ҳамдигар дар робита буда, ба якдигар таъсир мегузоранд ва аз якдигар таъсир мепазиранд. Ҳамин муносибатҳост, ки бар вусъати маърифат ва жарфои дониши мо афзӯда, дар шинохти моҳияти аслии падидаҳои зиндагӣ ба мо ёрӣ медиҳанд.  
   Барои дар ҷараёни ҳамаи навгониҳо будан барои инсони муосир ҳатто бисту чаҳор соат дар як шабонарӯз кофӣ нест. Селаи иттилоот имкони андешидан намедиҳад, то шахс тавонад иттилооти андӯхтаи хешро ба низом дароварда, натиҷаи мантиқие аз он баргирад. Дар чунин ҳолат яке аз роҳҳои халос шудан аз асорати иттилоотӣ маҳдуд кардани доираи алоқамандиҳо ва гароишҳои шинохтӣ ва зеҳнии инсон аст.  Барои фоида гирифтан аз анбӯҳи иттилоот бояд танҳо ба мавзӯи мавриди алоқаи хеш машғул гардид, вагарна дар уқёнуси бакаронаи иттилоот ғарқ хоҳед шуд.
   Ба гумони ин ҷониб, яке аз роҳҳои ба низом даровардани афкору андешаи парешон, фикр карданро ёд гирифтан ва васеъу жарф кардани густараи донишу иттилоот китобхонии мақсаднок аст. Вақте ангеза ва марому ҳадафи устуворе барои хондани китоб вуҷуд надошта бошад кори шумо ба ҷуз куштани вақт самараи хубе нахоҳад дод. Ҳангоме китобхонӣ абзор ё воситае барои ғанӣ гардонидани андеша ва ё донишпарешию худнамоишдиҳӣ дар анҷуману минбар ва маҷлисҳову маҳфилҳо бошад наметавонад фоидаи зиёде ба бор оварад, зеро маъмулан чунин типе аз дониш бар эҳсости гӯяндаи он бунёд гардида, бештар намоишӣ мебошад, на андешаӣ. Китобхонӣ  набояд ба як раванди беқоидаву бенизом табдил шавад. Ин амал бояд, алорағми кӯчаку маҳдуд будани пайравонаш, бо ҳар роҳ тамҷиду таблиғ шавад, то мо аз бурҳони китобгурезӣ, ки аз он ҷомеа бемор аст, раҳо ёбем. Яъне китоб моҳиятан бояд маҷмӯаи дониши мавриди ниёзи ҷомеа бошад. Бовар дорам, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҳатман такон, ангеза  ё сабабе ба вуҷуд хоҳад овард, то рағбату гароиши ҷомеаро, ки ҳеч гоҳ дар фикри китобхонӣ набуда, ба ҷониби китобхонию донишандӯзӣ бештар аз пештар равона созад.  
   Бояд чунин фазоеро ба вуҷуд овард ва парвариш кард, то ҳар шаҳрванди Тоҷикистон  ва фазои сиёсӣ ватани азизамон аз ҳар гуна фишорҳои пинҳону маккорона, ки танҳо ҳиси шашум онро дарк менамояд, огоҳӣ дошта бошанд ва фирефтаи таблиғи бардурӯғу зиёновари ҳар гуна гурӯҳҳои ба зоҳир одамдӯсту дар асл одамкуш нагарданд.. Бояд чунин фазоеро ба вуҷуд овард, ки ҳар қаламбадаст ва равшанфикри ҷомеа, бештар аз ин, ҳар шаҳрванди кишвар дарёбад ва пай бибарад, ки ӯ рисолату вазифае дар баробари беҳтар намудани вазъу ҳолу рӯзгори  кунунии ҷомеа дорад. Чунин фазо боиси ба вуҷуд омадани талошу кӯшиши мудовим барои дарку фаҳми воқеият хоҳад шуд.
   Дар ҳошияи ҳамин озмун имкониятҳои фаровоне барои танзим кардани одобу русум ва тарзу равиши китобхонӣ ба вуҷуд хоҳанд омад, ки масъулони соҳаи фарҳанг ва китобдорӣ бояд аз ин фурсати муғтанам истифода бибаранд.
Шодмуҳаммад СӮФИЗОДА
директори Китобхонаи марказии
илмии ба номи И. Гандии Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илми филология
 

БОЗГАШТ