Дурнамои ҳамкории кишварҳои узви СААД дар чаҳорчӯби мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

6 октябри соли 2021 Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ  бо Донишгоҳи  Славянии Россия  ва Тоҷикистон конфронси байналмилалиро дар  мавзӯи «Дурнамои  ҳамкории кишварҳои  узви  СААД  дар чаҳорчӯби  мубориза  бо  таҳдиду  хатарҳои  муосир»,  доир намуд.
Дар кори конфронс  намояндагони ҷомеаи  васеи коршиносон,  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Шӯрои  амнияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Кумитаи давлатии  амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Агентии  мубориза  бо  маводи нашъаоври  назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Вазорати  мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Академияи идоракунии  давлатии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дипломатҳои сафоратхонаҳои   Федератсияи  Россия, Ҷумҳурии  Қазоқистон  ва Ҷумҳурии  Қирғизистон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  иштирок доштанд.
 Дар рафти конфронс масъалаҳои зерин мавриди муҳокима  ва баррасӣ  қарор  гирифтанд:
1.Сиёсати СААД дар мубориза  бо таҳдиду  хатарҳои  амниятӣ дар фазои  масъулияти  Созмон.
2.Натиҷаҳои  раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар СААД.
3.Ҷойгоҳ ва нақши Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  таъмини  амнияти  минтақавӣ.
4.Вазъи  ҳарбӣ – сиёсӣ  дар  Афғонистон  ва  таъсири он  ба  амнияти  минтақавӣ:  воқеъият, таҳдидҳои  асосӣ  дурнамои  геополитикӣ.
5.Ҷанбаи  иттилоотии  таъмини  устуворӣ  дар  фазои  масъулияти СААД.
6.Сиёсати  СААД  дар  самти  муқовимат ба  хатарҳои «гибридӣ».
7.Дурнамои ҳамкории кишварҳои  узви  СААД дар  таъмини устуворӣ  дар фазои  масъулияти  Созмон: самтҳои  ҳамкорӣ  ва  механизмҳои  таъсиррасонӣ  ба  вазъияти  геополитикӣ.
Дар  кори  конфронси  байналмилалии  мазкур мудири шуъбаи  Осиёи  Марказии  Институти омӯзиши  масъалаҳои  давлатҳои  Осиё ва Аврупои  Академияи  миллии  илмҳои  Тоҷикистон,  н.и.с.  Сангинов  Н.Н.  ширкат  ва  дар мавзӯи «Сиёсати  СААД  дар  самти  муқовимат ба   «ҷангҳои  гибридӣ»  суханронӣ  намуд. Зимни суханронии  худ  мавсуф  таъкид  кард, ки дар  даврони  муосир  абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ  барои  татбиқи  нақшаҳои  геополитикии  худ дар  кишвар  ё  минтақаи  мавриди  назар, аз  технологияҳои гуногуни «ҷангҳои  омехта»  (гибридӣ),  истифода  менамоянд.  Хусусияти  хоси  «ҷангҳои  омехта»  дар  он  зоҳир  мегардад, ки  онҳо бе  эълони  ҷанг,  дар  қаламрави  кишвари  сеюм – объекти  чунин  ҷангҳо,  сурат  мегиранд. Субъекти «ҷангҳои  омехта» ҳеҷ  вақт ба  он  иқрор намешавад, ки аз  чунин  технологияҳо  истифода  мекунад. Дар  рафти  «ҷангҳои  омехта»  аз  нерӯи  ғайринизомӣ  ва низомӣ  дар як вақту  замон, ба таври омехта   истифода  бурда  мешавад  ва  ғайра.    
Дар атрофи  масъалаҳои  баррасишуда мубоҳисаҳои  илмӣ сурат  гирифтанд. Чорабинии  мазкур  дар  сатҳи  баланди  илмӣ  гузаронида  шуд.
 
Ғафуров С. ходими
хурди илмии  шуъбаи
ОМ  ИОМДОА  АМИТ
 

БОЗГАШТ