“Дурнамои саудӣ – 2030” марҳилаи нав барои пешрафт

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Муваффақияти “Дурнамои саудӣ – 2030” дар сатҳи дохилӣ дар амалисозии дастовардҳои фавқулоддаи солҳои ахир ифода мешавад, зеро Шоҳигарӣ маблағҳои Бунёди давлатии сармоягузориро дучанд то ба ҳадди 2,3 триллион риёли саудӣ дар соли 2022 афзоиш дод, то бо қадамҳои устувор барномаҳои сармоягузориро то соли 2025 ба 4 триллион риёли саудӣ расонида, ба ин минвол яке аз бузургтарин бунёдҳои молиявии ҷаҳон гардад ва саҳми худро дар ибрози чеҳраи ояндаи иқтисоди ҷаҳон гузорад.
  Тибқи маълумоти Вазорати молияи Арабистони Саудӣ қисми даромади буҷа дар нимаи аввали соли ҷорӣ 39 % афзоиш ёфта, 452,87 млрд риёл (120,76 млрд долл.ИМА)-ро ташкил кард.
  Шоҳигарӣ дар доираи “Дурнамои саудӣ - 2030” дастовардҳои бештарро амалӣ хоҳад кард, ки он ба рушди бемайлони иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо ва поя гузоштан ба гуногунии манбаъҳои даромад равона карда шудааст.
 
  Лоиҳаҳои бузург ва дастовардҳои назаррас
  Ҳувияти Рӯзи миллӣ ифодагари фарҳанги талошварзӣ аст, ки лоиҳаҳои бузурги кишвар инъикосгари он мебошад ва Шоҳигарӣ бар “Дурнамои саудӣ – 2030” ва дар сархати он лоиҳаҳои “Баҳри Сурх”, “Неюм” ва “Зо Лайн”, ташаббуси “Арабистони сабз”, метрои ар-Риёз, Барномаи миллии энергетикаи таҷдидшаванда, лоиҳаи “Қиддия”, моҳвораи сунъии “ШоҳинСат” ва Барномаи рушди “Диръия”-и фарҳангию таърихӣ ба таври возеҳ такя мекунад.
  Дастовардҳои пай дар пай дар доираи маъракаи рушди ҳамаҷониба таҳти сарварии Ходими Ҳарамайни Шарифайн Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз ва дар иҷрои Валиаҳд Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон, ки дар аркони давлат бо афкору ибтикороту сиёсатҳои худ рӯҳи тоза дамида, Шоҳигариро имрӯз ҳамчун “Саудии нав” зимни “Дурнамои саудӣ - 2030”, ки Харитаи роҳи он ба шумор меравад, амалӣ мегарданд.
 
  Дастовардҳои солҳои ахири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
  1. Ҷои сеюм дар ҷаҳон байни давлатҳои бузурги донор дар тақдими кӯмакҳои башардӯстона ба давлатҳои ҷаҳон;
  2. Ҷои якум дар рақобати рақамикунонӣ дар сатҳи кишварҳои “Гурӯҳи 20” дар давоми се соли охир;
  3. Афзоиши ҳаҷми иштироки занони саудӣ дар бозори меҳнат аз 19,4 % то 35,6 % бо 80 нишондод аз асли 100 нишондоди маҷмӯаи нишондодҳои Гузориши Банки умумиҷаҳонӣ “Зан, соҳибкорӣ ва қонун, барои соли 2022”;
  4. Дар варзиш, 6 маротиба ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта, мунтахаби миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷоми ҷаҳони имсола, ки моҳи ноябр Давлати Қатар онро мизбонӣ мекунад, ширкат хоҳад намуд;
  5. Шоҳигарӣ талош дорад, то дар танзими чорабиниҳои фароғатӣ яке аз давлатҳои пешсафи ҷаҳон қарор гирад;
  6. Шоҳигарӣ дар ҷаҳон дар масъалаи дастгирии ҳукумату соҳибкорон дар шароити вабои фарогири “Ковид-19” мартабаи якумро ишғол намуд;
  7. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои байналхалқии варзишию фароғатии гуногун бо иштироки беш аз 46 млн тамошобин аз хориҷи кишвар.
 
  Охирон дастовардҳо дар муносибатҳои байни ду кишвар:
  1. Баргузории мулоқоти маҷозӣ байни Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ ва Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2022 ҷиҳати густариши сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ байни ду кишвар;
  2. Ба истифода додани клиникаҳои тиббии сайёр дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Муассисаи кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Абдуллоҳи Арабистони Саудӣ бо маблағи умумии 20 миллион доллар роҳандозӣ гардид;
  3. Боздиди муҳтарам Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар моҳи сентябри 2022 ва мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар моҳи сентябри 2022;
  4. Боздиди муҳтарам Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар моҳи августи 2022 ва имзои ёддошти тафоҳум бо Прокуратураи генералии Арабистони Саудӣ;
  5. Боздид ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии лоиҳаҳои “Сарпарастии ятимон” ва “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” (ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии рушд амалӣ мегардад);
  6. Баргузории Форуми нахустини сайёҳӣ байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли 2022 дар шаҳри Душанбе;
  7. Боздиди ҳайати сайёҳии Тоҷикистон ба Арабистон барои ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сафари “ар-Риёз” , ки дар моҳи майи соли 2022 баргузор гардид.
 
  Муносибатҳои барҷастаи байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони бародарро 9 сентябри 1991 ба расмият шинохта, моҳи феврали соли 1992 Шоҳзода Сауд ал-Файсал, собиқ Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои имзои протокол оид ба барқарорсозии муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар ба Душанбе ташриф овард. Зимнан қайд намудан лозим аст, ки имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар сӣ сол мешавад. Пас аз он:
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ соли 2008 ифттитоҳ шуд;
  • Ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳайси аввалин сафорати кишварҳои араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2010 ифтитоҳ гардид.
Шаҳлохон Муродалӣ
ходими хурди илмии шуъбаи 
Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ