Душанбе дар масири таърих

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

Халқи тоҷик дар тўли таърихи бисёрҳазорсолаи худ маданияти бойи маънавию моддӣ, афкори беназири фалсафиву иҷтимоӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ, наққоширо ба вуҷуд овард, ки дар ганҷинаи тамаддуни башар мақоми хосаро ишғол менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки созандагиву бунёдкорӣ, эҷодкориву офарандагӣ пешаи азалии ин мардуми бумӣ будааст. Санъати шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон ба қаъри қарнҳо мерасад. Шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Марву Ҳирот, Ҳисор,  Балху Нишопур, Панҷакенту Бунҷикат ва ёдгориҳои таърихии онҳо маҳсули заковат ва ҳунари волои аҷдодони мо маҳсуб мегарданд.

Ҳазору сад сол қабл Бухорои Сомонӣ тамоми тоҷиктаборони дунёро дар  қаламрави худ ба ҳам оварда давлати бузурге бунёд намуд ва тамаддуни ориёиро эҳё сохт.

Имрӯз Душанбе пойтахти давлати тоҷикон , хонаи умед, махвои ҳамаи тоҷикони дунё аст.

Душанбе чун шаҳр асосан дар нимаи аввали қарни ХХ рушду такомул ёфтааст. Вале чун маскани одамони буми таърихи тулонӣ дорад. Иқлими мусоид, мавқеи қулайи ҷуғрофӣ тавваҷўҳи одамонро ба худ мекашид ва дар тўли асрҳо барои онҳо бошишгоҳи маскунӣ ба ҳисоб мерафт, ки ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ҳудуди ҳозираи шаҳри Душанбе дар гузаштаи дури таърих одамони соҳиби маданияти бойи моддию маънавӣ мезистанд. Бостоншиносон дар натиҷаи кофтуковҳои архелогӣ қабатҳои фарҳангиеро пайдо карданд, ки ба асри неолит (ҳазорсолаи IV – III то милод) мутаалиқ буда, фарҳанги онро илми бостоншиноси «маданияти Ҳисор» номидааст. Аз ҷумла деҳае, ки дар ҷои ба ҳам омадани дарёҳои Лучоб ва Душанбе ҷойгир аст шоҳиди гуиё ин муддао мебошад. Махсусияти он нисбат ба дигар маданиятҳо дар асбобу олоти сангии ёфт шуда зоҳир мегардад. Машғулияти асосии онҳо шикор, моҳидорӣ, боғдорӣ будааст. Бо гузашти асрҳо одамон гудохтани мисро омўхтанд. Гўрхонаҳои давраи биринҷӣ дар нишебиҳои шарқии Душанбе ёфт шудаанд. Ин ёдгориҳо ба нимаи дуюми ҳазорсолаи дуюми то мелод таалуқ дорад. Ёдгории давраи асри оҳан бошад дар баландии соҳили чапи дарёи Душанбе ҷойгир аст.

Осори замони Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар,Кушониён Сосониён ва ҳуҷуми арабҳо низ аз қабатҳои мадании Душанбе ба даст омадаанд.

Дар арафа ва замони ҳуҷуми арабҳо асрҳои VI - VII милодӣ аз рўи тадқиқи академик Бобоҷон Ғафуров яке аз мулкҳои Осиёи Миёна Шумон ба ҳисоб мерафт, ки мавзеи Душанбе низ ба он шомил буд. Соли 710 Шумонро арабҳо забт карданд ва дини Ислом дар ин минтақа паҳн гардид. Истиқрори сулолаи Сомониён дар қатори манотиқи дигари Мовароуннаҳр водии Ҳисорро низ равнақу шукуфои бахшид ва амнияту субот боиси рушди бозоргонӣ, рифоҳи раият ва пешравии фарҳангии ин мулк гардид.

Нахустин маълумоти хаттиро роҷеъ ба Душанбе  олим ва муаррихи намоёни ибтидои асри VII Маҳмад ибни Валии Балхӣ дар асари худ  «Бахрал арафи манақиб ал-хайар», дода аст, ки дар он дар бораи олами наботот ва ҳайвоноти ин мулк сухан меравад.

Соли 1676 хони Балх Субҳонқули Баҳодур дар шоҳи Рус Фёдор Алексеевич нома навишта аз маҳали аҳолинишини Душанбе ном мебарад.

Соли 1747 Душанбе ба ҳайати бекигарии Ҳисор ба хонигарии Бухорои таъсисёфта дохил гашт, вале бекигарии Ҳисор танҳо расман ба Бухоро тобеъ буду бас. Аз марказгурезиву канораҷўии Ҳисор истифода карда Душанбе чанд дафъа аз ҷониби беки Дарвоз Исмоилхон ва беки Балҷувон Мизробшоҳ дар нимаи аввали асри XIX мавриди  ҳуҷум ва ғорат қарор гирифт.

Истилои Осиёи Миёна аз  ҷониби Русия дар нимаи дуюми асри XIX ба кашмакашиҳои дохили хотима бахшид ва тавассути ёрии русҳо амири Бухоро тавонист ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистонро ба мулки худ ҳамроҳ созад, ки минбаъд Бухорои Шарқӣ ном бурда мешуд. Душанбе аз нав занда гашт, зеро минбаъд мисли пуле буд, ки шимолу ҷануб ва шарқу ғарби як давлатро ба ҳам мепайваст.

Инқилоби Октябр дар сарнавишти халқҳои кишвар дигаргунии куллӣ ба амал овард. Дар канораҳои собиқ империяи Русия дар Бухорои Шарқӣ шарафи озоди медамид. 1 сентябри 1920 дар Бухоро инқилоби халқӣ ғалаба кард. Охирин амири салтанати манғитӣ Саид Олимхон сарнагун гардид ва бо сесад нафар аҳли рикоби худ ба Бухорои Шарқӣ фирор карда дар Ҳисор паноҳгоҳ ҷуста Душанберо қароргоҳи худ интихоб намуд.

Саид Олимхон дар Душанбе нияти аз нав барқарор кардани салтанати худро намуда душманони инқилобро зери парчами худ ҷамъ овард.Вале ў ба зарбаи дандоншикани аскарони сурх тоб наоварда моҳи феврали соли 1921 Душанберо тарк намуда ва ба Афғонистон фирор кард. 21 феврали соли 1921 дар Душанбе Ҳукумати Шўравӣ пойдор гардид.

Пас аз озод кардани Душанбе аз навкарони амир моҳи марти соли 1921 намояндагони масъули ҳукумати халқии Бухоро ба Душанбе омада ба таъсис додани идораи нави ҳокимият машғул мешаванд. Аввалан дар ин ҷо кумитаи инқилобии тумани Душанбе таъсис дода шуд. Кумитаи инқилоби тамоми  ҳаёти сиёсиву иҷтимоии минтақаро идора мекард. Моҳи марти соли 1921 вилояти Душанбе таъсис дода шуд ва Душанбе маркази он гардид.

Бо барқарор гардидани Ҳокимияти Шўравӣ  ҳаёт аз нав ба маҷрои осоишта даромад ва обод намудани шаҳр оғоз меёбад. Ҳамон сол нахустин кўчаи Шўравӣ, сохтмони бинои почтаву телеграф, нуқтаҳои барқии дизелӣ, мактаб-интернат сар шуд. Барои толибилмон ва курсҳои маҳви бесаводӣ аз Қаршӣ ба Душанбе се ҳазор китоб оварда мешавад. Моҳи декабри соли 1923 дар дастгоҳи чопии шаҳр аввалин рўзнома, бо номи «По босмачу» чоп мегардид, ки ба аскарони сурх таалуқ дошт.

Бо тақвияти ҳукумати нав моҳи сентябри соли 1924 дар Душанбе анҷумани якуми шўрои вакилони халқи Бухорои Шарқӣ барпо гардид.

Дар анҷуман масъалаи тақсимоти миллию ҳудудии халқҳои Осиёи Миёна ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шудаанд.

Анҷуман ҳайати роҳбарикунандаи Бухорои Шарқӣ ва вакилонро ба анҷумани умуммибухороии шўроҳо интихоб намуд. Моҳи октябри соли 1924 иҷлосияи навбатии КИМ-и умумироссиягӣ роҷеъ ба тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Марказӣ қарор қабул намуд ва дар асоси он Ҷумҳурии мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС) дар ҳайати Узбекистон таъсис ёфт. Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. 15-уми марти соли 1925 дар Душанбе ҷамъомади аҳолии Бухорои Шарқӣ баргузор гардид ва деклоратсия оиди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон эълон гардид ба Душанбе мақоми шаҳр дода шуд. Тоҷикистон баъди ҳазорсол аз нав соҳиби диёри худ, воҳиди маъмуриву давлатии худ гардид.

Мутобиқи мақоми нави Душанбе тарҳи нави шаҳрсозӣ бояд омода мешуд. Бо ҳамин мақсад моҳи сентябри соли 1926 гурўҳи архитекторон бо сардории П.И.Ваулин ба Душанбе омаданд. 2 –юми ноябри соли 1926 маҷлиси раёсати Ревкоми Ҷумҳурии мухтори сотсиалистии Тоҷикистон тарҳи нави шаҳрро баррасӣ намуд. Аввалин кўчаҳои Душанбе  ба ин тартиб номгузорӣ шуданд: Коммунистӣ, Комсомол, Совет, К.Маркс, Деҳқон ва ғайра.

Соли 1926 аҳолии Душанбе ба 5 – 6 ҳазор расид. 27 апрели соли 1927 Комиссарони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе қабул намуд, ки он ба сохтмони бузург ибтидо гузошт. Ҳамин сол аз рўи лоиҳаи архитектор П.И. Ваулин дар Душанбе аввалин бинои замонавӣ сохта шуд, ки маҷлисгоҳи ҳукумат ба ҳисоб мерафт ва ҳоло он бинои театри ба номи В.Маяковский мебошад. Сохтмони шаҳр ба мушкилоти зиёд рў ба рў мегардид, кадрҳо , роҳ, масолеҳи сохтмон намерасиданд. Сарфи назар аз мушкилоти, аҳолӣ бо рўҳбаландии зиёд меҳнат карда, симои пойтахтро сол то сол дигаргун менамуданд. Дар ин кор саҳми мутахассисони рус хеле калон аст. Соли 1926 нахустин техникуми омўзгорӣ, соли 1927 нахустин боғи шаҳр, боғчаи бачаҳо, соли 1928 нуқтаи телефонӣ, сохта шуданд.

Апрели соли 1929 ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон округи Хуҷанд ҳамроҳ карда шуд. Дар асоси муроҷиату дархостҳои аҳолии Тоҷикистон ва талошҳои фарзандони содиқи халқи тоҷик А.Муҳиддинов , Ш.Шотемур, инчунин В.Топиго, А.Дйаков Ҷумҳурии Шўравии Сутсиёлистии Тоҷикистон табдил дода шуд ва 19 октябри соли 1929 номи шаҳри Душанбе ба шаҳри Сталинобод иваз кадра шуд ва то соли 1961 пойтахти Тоҷикистон ҳамин номро дошт.

Таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон барои халқи тоҷик воқеаи басо сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта барои рушду такомули кишвар заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Баъди эълон гардидани ҷумҳурии сотсиалистӣ суръати сохтмон ва бунёдкориҳо дар тамоми кишвар аз ҷумла дар пойтахт чандин маротиба афзуд. Инқилоби фарҳангӣ таҳоввулоти илмиву маърифатӣ тамоми кишварро фарогир буданд. 7 – уми ноябри соли 1929 аввалин театри касбӣ – театри академи драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, аввалин филми ҳуҷҷати бо номи « Омадани поезди аввалин ба Душанбе», 1930 аввалин гуфторҳои радиои Тоҷикистон, аввалин мактаби даҳсолаи русӣ, аввалин қубури обгузар ва аввалин муассисаи илмӣ – кумитаи тоҷикшиносӣ, соли 1932 базаи Тоҷикистонии АИ СССР, соли 1932 аввалин кинотетри тобистона, аввалин варзишгоҳ, соли 1932 расадхонаи астрономӣ, соли 1933 осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзод, соли 1933 китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, соли 1934 боғи ботаникӣ, соли 1934 аввалин комбинати полиграфӣ бунёд ёфтанд. Дар солҳои 30-юм корҳои созандагӣ бо суръат ҷараён мегирифт. Пойтахти ҷумҳурӣ ба майдони сохтмончиён шабоҳат дошт. Ҷабҳаи бунёдкорӣ  хеле фарох доман густурда тамоми соҳаҳои ҳаёти шаҳрро фаро мегирифт.

Фарқан аз дигар шаҳрҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар Душанбе аксари иншоотҳо бори аввал бунёд мегардиданд  ва дар  фосилаи хеле кўтоҳ. Дуюм хусусияти дигари тарҳи шаҳрсозии Душанбе дар солҳои 30-юм ин нигоҳ доштан ва боз ҳам вусъат додани кабудизоркунӣ ва сабзакорӣ буд. Бо назардошти иқлими минтақа вақти сохтмон ба кабудизоркунӣ аҳамиять махсус дода мешуд. Чунин тадбирҳо боиси он гардиданд, ки дар солҳои  30-юм дар баробари иншоотҳои муҳими давлативу иҷтимоӣ боғҳои истироҳатӣ, гулгаштҳо дар шаҳр доман мегустурданд.

Бо сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохтмони шаҳр муваққатан боз дошта шуд. Тамоми  қувва ба фронт баҳри ғалаба бар фашизм дар солҳои 50 – ум сохтмони шаҳр аз нав оғоз ёфт.

Дар солҳои 50 – ум дар шаҳрсозии Душанбе тарҳи навро ба кор андохтанд. Акнун дар домони шаҳр биноҳои баландошёнаву, боҳашамат қомат меафрохтанд. Дар ҳамин давра бинои китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ (с. 1952), бинои қасри Президент (с. 1956), Осорхонаи Миллии ба номи Беҳзод (с. 1956), театри ба номи А.Лоҳутӣ (с. 1956), чойхонаи Роҳат (с. 1958)  сохта шудаанд, ки симои шаҳрро хеле ҷаззоб менамуданд. Чунин майлонҳои бунёдкорӣ дар солҳои 60 – 80-уми асри гузашта идома меёфтанд.

Дар зарфи солҳои Ҳокимияти Шўравӣ Душанбе ба маркази бузурги маъмуриву сиёсӣ, илмиву фарҳангӣ ва саноати ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Душанберо барҳақ шаҳри донишҷўён ва ҷавонон меноманд. Дар Душанбе 19 мактаби олӣ, 84 мактаби миёна, 15 литсей ва гимназия мавҷуданд, ки миқдори зиёди толибилмон ва донишҷўёнро ба таҳсил фаро гирифтанд.

9-уми  сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи XII Шўрои Олии ҷумҳурӣ дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор қабул намуд ва Тоҷикистонро давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Душанбе чун пойтахти давлати тозабунёд рисолати азими таърихиро имрўз ба дўш дорад. Дар сарнавишти Душанбе чун тамоми халқи тоҷик марҳилаи сифатан нав оғоз ёфт. Сарнавишти халқро ҳамин шаҳр муайян месозад, рифоҳу саодати кулли тоҷикон имрўз ва фардо аз ҳамин шаҳр вобастагӣ дорад. Бошад, ки Душанбе шаҳри азими илму ирфон, фарҳангу ҳунар, саноату саодати Тоҷикистон ва боиси ифтихори шаҳриён ва шаҳрдорон ҳамеша бимонад.

Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир туфайли фаъолияти пурсамар ва созандаи Раиси муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони азиз шаҳри Душанбеи биҳиштосо симои худро ба куллӣ тағйир дод ва бо иморатҳои ҳозиразамони осмонбус, хиёбонҳои мусоир, муассисаҳои фароғатӣ ва  боғу гулгаштҳои сарсабзу хуррам байни пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон ва минтақа  мавқеи арзандаро соҳиб шуд.  Таърих гувоҳ аст, ки ягон шаҳрдори минтақа  дар ин муддати кутоҳ ба чунин натиҷаи назаррас ноил нагардидааст. Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

 Ҳоло вақти он расидааст, ки мо – сокинони пойтахт ва умуман кулли шаҳрвандони кишвари азизамон аз як гиребон сар бароварда, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари кишварро дастгирӣ намоем ва дар ободии аз ин ҳам бештари Душанбе саҳим бошем. Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

Ҳабиб  Мирзоев ,

ходими илмии  Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масълаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих

БОЗГАШТ