Душанбе – маркази рушди равобити байналмилалӣ

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

Бо дарёфти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳо ва муносибатҳои ҳасанаву дӯстонаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ба сатҳи баланди робитаҳо расид. Дар солҳои охир, ҷойгоҳи шаҳри Душанбе дар робитаҳои байналмилалӣ бо суръат рушд карда, пойтахти Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муҳим дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин раванди ҳамкорӣ, на танҳо дар сатҳи давлатдорӣ, балки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ низ ба назар мерасад.

Бо ҳузуру таъсиси дафтару идораҳои сафоратҳои сершумори хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ЮНИСЕФ ва Салиби Сурх дар Душанбе ин шаҳри зебоманзар на танҳо ҳамчун як маркази дипломатӣ ва сиёсӣ маъруф аст, балки мизбони конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ низ шудааст. Аз ҷумлаи ин конфронсҳо Форуми оби Созмони Милали Муттаҳид (2022) ва нишастҳои амнияти минтақавӣ ҳастанд, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардаанд. Аз ин рӯ, Душанбе ҳамчунин пойгоҳе барои музокироти дипломатӣ ва музокироти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои марказии Осиёи Марказӣ, ки дар бахшҳои амният, об, энергетика ва ҳамлу нақл бо кишварҳои ҳамсоя нақши фаъол дорад, тамоми чорабиниҳои байналмилалиро дар пойтахт баргузор мекунад. Душанбе дар муносибатҳои байналхалқӣ мақеъи намоёнро касб намуда, дар ин раванд, иқдомоти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таъмини амният, мубориза бо ифротгароӣ ва ҳамкориҳои фаромарзӣ дар баробари масоили марбут ба обу пиряхҳо кишварро ба шарики боэътимоди барномаҳои минтақавӣ табдил дода, ба маркази чунин мулоқотҳо табдил ёфтааст.

Шаҳри Душанбе бо симои навини замонавӣ, ҳамчун маркази пайвандгари ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти шаҳр ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Русия, Эрон, Туркия, ҷаҳони араб ва ғарб ба ҳам мепайвандад. Инчунин, Душанбе дар доираи ташаббусҳои "Як камарбанд – як роҳ" ва роҳи нави абрешим, имкониятҳои логистикӣ ва сармоягузориро фароҳам меорад, ки ба рушди иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои минтақа ва ҷаҳон кумак мерасонад.

Қобили зикр аст, ки Душанбе яке аз шаҳрҳои муҳим ба шумор рафта, бо доштани марказҳои дӯстии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва идораи  Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) робитаҳояшро бо кишварҳои дигар дар пайванди дӯстӣ нигоҳ медорад. Инчунин бояд таъкид кард, ки дар Душанбе донишгоҳҳо ва марказҳои илмии зиёде мавҷуданд, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин, Эрон, Туркия, Олмон, кишварҳои арабӣ, ғарбӣ ва ғайра мусоидат мекунанд. Бояд таъкид кард, ки шаҳри Душанбе дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маркази илму фарҳанг табдил ёфтааст.

Ҳамоиши Душанбе, ки рӯзҳои 14-15-уми июни соли 2019 баргузор шуд, идомаи талошҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) мебошад. Ҳамоиши Душанбе маркази сиёсиву фарҳангӣ барои ҳалли мушкилоти амалкунанда мебошад, ки минтақаи Осиё бо масоили мубрами он рӯбарӯ ҳастанд. Тоҷикистон замоне давраи раёсати Машваратро ба ӯҳда дошт, ки тавонист ҳамкориҳояшро бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Машваратӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки тавассути абзорҳои гуногун чиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариш ба роҳ монад. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид доштанд, ки “Ин қитъа бояд дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузургеро амалӣ намояд ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли он омода аст, дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад”.

Давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Машваратӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё,  Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Исроил, Ироқ, Камбоҷа, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Миср, Муғулистон, Озарбойҷон, Покистон, Россия, Тайланд, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Урдун, Фаластин, Хитой, Ҳиндустон, Шри Ланка, Корея, Эрон ва давлатҳои нозир Белорус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва созмонҳои Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, Лигаи Давлатҳои Араб, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парлумони Кишварҳо ва Созмони Милали Муттаҳид узв мебошанд, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон ба роҳ монда, равобитро миёни ҳам меафзоянд.

Профессор Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон - мудири шуъбаи забонҳои шарқии Донишгоҳи Канали Сувейси Ҷумҳурии Арабии Миср баъди зиёрати Тоҷикистон мегӯяд, ки “Қобили зикр аст, ки мардуми ин кишвар (Тоҷикистон) табиати волои меҳмоннавозӣ дошта, соҳиби анъанаву фарҳанги фарогири тамаддуни ориёӣ дар Хуросони бузург буда, мардуми Мисрро ҳамчун рамзи ал-Азҳари шариф дӯст медоранд. Мардуми тоҷик мардуми меҳнатдӯст буда, мардуми бофарҳанг ва таҳсилкарда мебошанд”.

Пас натиҷаи талошҳои бардавом, бо доштани фарҳанги ғанӣ ва таърихи тамаддунофар буд, ки ҳамкориҳои гуногунсамта ва равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, бахусус ҷаҳони араб ба сатҳи баланд расидааст. Барои таҷассумгардонидани чунин ҳамкорӣ кишварҳои араб бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста, дар ин раванд робитаашро идома мебахшад.

Дар айни замон Душанбе дар баробари иттифоқномаи дӯстӣ бо беш аз 22 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо, ИДМ ва мамолики Шарқи Наздик бародаршаҳр мебошад.

Давҳа – Душанбе

Душанбе – Давҳа (Давлати Қатар), 8 июни соли 2023, дар шаҳри Душанбе «Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар оид ба истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ» ба имзо расидааст.

Санъо – Душанбе

Душанбе – Санъо (Ҷумҳурии Яман) Шартнома дар бораи бародаршаҳрӣ барқарор гардидааст. Санаи 7 апрели соли 1988 дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санъо ба имзо расидааст.

Ҳамин тариқ, мавқеъи пойтахт Душанбе дар равобити ҷаҳонӣ, бахусус бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик густариш меёбад. Ин шаҳр тадриҷан ба маркази муҳими сиёсӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Мавқеи ҷуғрофӣ, сиёсати фаъоли хориҷии шаҳрдори ҷавон раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва равобити бисёрҷонибаи ӯ имкон медиҳад, ки Душанбе дар оянда дар муносибатҳои байналмилалӣ нақши муассиртар бозад.

 

Одинаев Абдуҳалим,

ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Неъматова Шавкия,

магистранти курси 2-юми шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ