ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТАМ Тафсири шеъри Ниҳонӣ таҳти унвони “Душанбе пойтахтам” дар китоби “Душанбе- қалби Тоҷикистон”, ҷилди 3.

Муаллиф: Ширин Қурбонова

Расм

Ҳар кишваре дар шаҳре ҷиҳати таҳия ва татбиқи стратегияҳо машғул мебошад ва беҳуда нест, ки қудратҳоро тавассути пойтахтҳояшон баррасӣ мекунанд. Масалан, силсилаи Ҳахоманиш, ки ниме аз ҷаҳонро дар ихтиёр доштанд, дар аҳди ҳукмронии Куруши Кабир шаҳри Тайсафунро бино сохтанд, ки дар сарчашмаҳои юнонӣ онро Персеполис (шаҳри шаҳрҳо) ва дар манобеи арабӣ Мадоинаш ном бурдаанд. Бегумон, чунин шаҳрҳои азим пойтахти давлатҳое ҳастанд ва шаҳри Душанбе низ чунонки шоир Ниҳонӣ  гуфтааст, “мақоми миллати тоҷик” аст. Дар воқеъ, интеллектҳои умумисоҳавӣ аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ба пойтахт омада, ин ҷо ошкор мегарданд, чунки шаҳри Душанбе ба ибораи маъмул, “хонаи уммед” барои кулли тоҷикон маҳсуб мешавад:

Душанбе-пойтахтам, хонаи уммеди ёронӣ,

Мақоми миллати тоҷик, мароми Тоҷикистонӣ.

Душанберо сокинонаш аз самими қалб дӯст медоранд ва онро бар ивази ҷон ҳифз мекунанд, зеро ин шаҳре, ки ховаршиносон ба ҳайси рустое муаррифӣ кардаанд, осори таърихии миллат аст ва онро ҳар як тоҷикистонӣ мисли гавҳараки чашм ҳимоя хоҳад кард. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеҳои гуногуни шаҳр таърихи бостонии шаҳри Душанберо исбот менамояд. Ба қавли бостоншиноси рус Ранов В.А. зимни ҳафриёте, ки дар шаҳри Душанбе ҳануз аз солҳои 50-уми садаи гузашта роҳандозӣ шудаанд, мавод ва осори таърихию олоти инсони ҷамъияти ибтидоӣ ёфт шудаанд. Ба ибораи дигар, дар мавзеи имрӯзаи шаҳри Душанбе дар аҳди бостон одамон мезистанд ва чун шаҳр он замон машҳур будааст. Дар ин маврид муроҷиат мешавад ба китоби “Душанбе-город древний, (Душанбе, “Дониш”, - 1993, 175 с.):

Бидорад дӯст ҳар як сокинат умре туро аз қалб,

Чу як осори таърихӣ, нишон аз насли инсонӣ.

Имрӯз зимни сайругашт дар шаҳр дар дилхоҳ минтақаи он шаҳрсозиро мушоҳида мекунем, бинои баландошёна намуди шаҳрро муосир месозад ва гулгаштҳои он бидуни шак фикрро ба сӯйи ободкорӣ раҳнамун мегардад. Обод будани шаҳр ва зам шудани тозагиву озодагӣ нишони он аст, ки сокинони пойтахт ҳаёти гувороро аз сар мегузаронанд:

Намои рушд ҳар як лаҳзаю ҳар соату ҳар вақт,

Зи баҳри мардумонат зиндагии хуб чандонӣ.      

Дар замони муосир анъана аст, ки пойтахтҳо дар робита бо ҳам бародаршаҳр гардида, ҷиҳати рушд ва тақвият ёфтани равобити дӯстона ҳаммаслак мешаванд. Айни ҳол, Душанбе бо чандин шаҳрҳои дигар бародаршаҳр гардида, бо онҳо дар алоқа ва муносибатҳои писандида қарор дорад. Ин масъаларо Ниҳонӣ зимни эҷод намудани шеъри “Душанбе пойтахтам” чунин ба қалам овардааст:

Бибаста дӯстӣ бо чанд кишварҳои ҳаммаслак,

Ки бо ҳар шаҳр пайвандӣ, басо боаҳду паймонӣ.

Ҷое, ки шаҳр сохта шудааст, табиати басе мусоид ба шаҳрсозӣ буда, ин мавзеъ бо доштани руди Варзоб ва иқлими нарм ба меъёрҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯст ва ҳанӯз дар садаи XIX масъулини сиёсати кишваркушоии имперотурии Русияи подшоҳӣ мавзеи кунунии пойтахти тоҷиконро Бохорои Шарқӣ ном бурда, хостаанд, ки минтақаро маркази имперотурии хеш дар Ховари Миёна гардонанд. Гузашта аз ин, он айём яҳудиёни Бухоро расман ба амири Бухоро ҷиҳати интихоби макони иқомат муроҷиат намуда, Душанберо мавзеи будубоши худ интихоб кардаанд. Бинобар ин, дар нимаи дувуми садаи зикршуда дар Душанбеи ҳозира ғайри мусалмонон боз масеҳиён ва яҳудиён иқомат мекарданд. Шояд суол низ пайдо шавад, ки чаро яҳудиёни Бухоро Душанберо ҷои истиқомати худ интихоб намудаанд? Чунки мавзеи имрӯзаи Душанбе барои таҳияи обу коррезӣ ва бунёди биноҳои муосири аврупоӣ мусоид буд ва шоир ин бартариҳоро чунин васф мекунад:

Фазоят бас тароватбору поку тозаву зебо,

Канорат ҳаст дарёҳо равон аз абри найсонӣ.

Хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар замони муосир сохта шуда, санъати меъмории он низ хеле муосир мебошад. Аммо биноҳои бисёрқабата ва иншооти диққатҷалбкунанда чун Қасри миллат айни ҳол шаҳрро зебову озода гардонидааст. Сайёҳ зимни сайри шаҳри мо фикр мекунад, ки дар аҳди Сомонӣ ва дар шаҳри Сомонӣ афтодааст:

Биҷӯйӣ нақши меъморӣ чӣ зебо дар хиёбонҳо,

Биёбӣ чанд коху Қасри миллат, арки Сомонӣ.

Агар имрӯзи шаҳро бингаред, аз як сӯ парафшонии парчам ва муҳтавои нишони давлатӣ аз сӯи дигар чун рамзҳои миллӣ пойтахти тоҷиконро боз ҳам ҷолибу диданӣ мегардонад:

Нигар дар пойтахт акнун ба рамзи миллати тоҷик,

Нишон аз як тараф, парчам кунад сӯе парафшонӣ.

Ҳамаи ин ободиҳо, меъмориҳо ва манзараҳои ҷолибтарин, ки мо алъон дар шаҳрамон мебинем, натиҷаи заҳматҳоест, ки Раиси ҷавони шаҳр шабонарӯзӣ аз паси ҳалли мушкилот асту чунин дастовардро ноил шудан низ ба қавли шоир Ниҳонӣ ба осонӣ ба даст намеояд:

Ҳама аз меҳнати рӯзу шабони шаҳрдорӣ ҳаст,

Ҳақиқат гуфт бояд, к-ин ҳама н-омад ба осонӣ.

Фақат дар як сурат шаҳрамон рушди ногуфтанӣ дорад, чунки Сарвари мо меъмори ҳаёти шаҳриёна гардид. Маҳз бо дарназардошти робитаи хирадмандонаи Пешвои миллат мо айни замон имконҳои сатҳи ҷаҳониро дар шаҳри Душанбе пайдо намудем:

Чу меъмори ҳаёти шаҳр зеҳни Сарвари мо гашт,

Муҳайё гашта баҳри зист афзалҳои имконӣ.

Бинобар ин, ба зебоиҳояш шак надорем ва агар касе дар ин маврид андак шубҳае дошта бошад, пас акс аз кайҳон бигирад:

Ба зебоии шаҳр асло, Ниҳониё, надорам шак,

Касеро нест гар бовар, бубинад акси кайҳонӣ.

 

 Ширин ҚУРБОНОВА,

 сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии 

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

 доктори илмҳои таърих

БОЗГАШТ