Эҳдо ба Раҳмон Озода Эмомалӣ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

Эҳдо ба Раҳмон Озода Эмомалӣ

Зане, ки раҳбару оқилу доно,
Сиришта рӯзгоронаш тавоно.
Чу дӯхте аз падар некӯ расида,
Ливои раҳматаш нерӯ расида.
Нигоҳаш як нигоҳи орифона,
Вуҷудаш бебаҳову отифона.
Чу Таҳмина назокатро сиришта,
Чу Рудоба латофатро сиришта.
Саропо дар адолат раҳнамоӣ,
Барои ҳар садоқат раҳнамоӣ.
Падарвор аз башорат раҳ гирифтӣ,
Чӣ зебо аз тароват маҳ гирифтӣ.
Бигӯяд Дониёр аз номаи дил,
Фурӯғи зиндагӣ бошиву маҳфил.
                               Дониёр Сангинӣ

БОЗГАШТ