Муаллиф: Юсуфӣ Фарзона
Ҷавонони Тоҷикистон дар рушду такомули кишвар саҳми беандоза доранд, ки ин табиист. Беҳуда Тоҷикистонро кишвари ҷавонон намегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан, ин гуфтаҳо дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти мо ҷавонон аст. Ба ибораи дигар, ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд.
Бояд зикр намуд, ки Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон пайваста таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба онҳо боварии зиёд доранд ва дилпурона дар ҳама суханрониҳои худ қайд менамоянд, ки «Шумо ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, офаранда ва созандаи ин фарҳанг ҳастед». Пас, биеёд, ин гуфтаҳоро дар амал иҷро намоем, чун мо, ҷавонон, кору фаъолияти хешро дар муассисаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ пеш мебарем.
Аз ин лиҳоз, эҳтироми фикри якдигар муҳим аст, новобаста аз оне ки шахс чӣ маълумотро қаблан ба шунавандагон мерасонад. Муҳим нест, ки ӯ ҷавон аст ё калонсол, муҳим он аст, ки ӯ чӣ мегӯяд, чун ҳама дар ибрози назар ва озодии сухан баробаранд. Албатта, маълумот ва ё сухан бояд ҷойи худро дошта бошад ва дуруст шарҳ дода шавад. Вақте ки як ҷавон ба минбар мебарояд, ӯ дар рисолат ва ироаи паёми хеш бо дигарон баробар аст. Аммо, баъзан, гоҳо ба чашм мерасад, ки сухани ҷавононро то охир гӯш накарда, нисбати онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Чунин ҳолатҳо бештар дар муассисаҳои таълимии олӣ миёни устодон ва донишҷӯён дида мешавад. Яъне, чӣ тавр? Масалан, вақте донишҷӯ мавзуи мавриди назарро аз диди худ баён мекунад, бо хатои кӯчактарин аз ҷониби устод дар пеши ҳамсабақонаш эроди дурушт мегирад. Ин рафтори устод боиси он мешавад, ки дар маротиби дигар донишҷӯ барои баромад намудан дар пеши ҳамсабақонаш дудила шавад. Ҳамин тавр тарс пеши роҳи муваффақиятҳои ӯро мегирад ва дар зиндагӣ ноком мешавад. Бигузор донишҷӯ ё муҳаққиқи ҷавон хато кунад, вале ислоҳи он набояд дурушт ва таҳқиромез бошад, балки бо роҳи нарм ва он ҳам баъди ба итмом расонидани андешааш бошад. Аз назари мо, чунин муомила ва бархурд, махсусан аз тарафи устодон ва шахсони соҳибтаҷриба, қобили қабул нест. Маҳз чунин амалҳо ҷавононро мешиканад, рӯҳафтодаву ноумед менамояд, ба инкишоф ва рушду такомули онҳо рахна мезанад ва дар натиҷа онҳо пеш намераванд. Дар чунин ҳолатҳо ниҳоят зарур аст, ки насли калонсол ва соҳибтаҷриба дар мавриди ҷавонон эҳтиёткор буда, назокати муомилот ва муносибатро фаромӯш накунанд ва ҳамеша дастгири онҳо бошанд. Фаромӯш набояд кард, ки махсусан барои ҷавонон ба минбар баромадан ва ақидаи хешро озодона баён намудан кори осон нест.
Аз ин сабаб, бояд ба ҷавонон имкони озодии сухан, фазои солими гуфтушунид ва ибрози назарро бештар бояд фароҳам сохт, то онҳо тавонанд ҷасурона фикру ақидаҳои хешро баён кунанд.
Дар замони муосир ҷавонон дар тамоми соҳаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд ва ақидаи онҳоро бояд ба эътибор гирифт, новобаста аз он ки онҳо кадом вазифаро ба дӯш доранд. Назар мекунем ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон: дар ин кишварҳо одатан ҷавононро ҳавасманд менамоянд, ба корҳояшон кӯмак мерасонанд. Зеро онҳо давомдиҳандаи кори миллат ва муаррифгари давлати худ дар рӯи ҷаҳон мебошанд.
Савол ба миён меояд, ки озодии сухан чист ва ҳудуди он то куҷост?
Аз назари мо, озодии сухан танҳо мафҳуми идеологӣ нест. Ин як ҳуқуқи мушаххаси қонунист, ки конститутсияҳои мамлакатҳои Осиёи Миёна низ онро муқаррар кардаанд ва шартномаҳои байналхалқиро ба имзо расондааанд. Ҳар як шахс ҳуқуқи озодона баён кардани фикри худро дорад, ки иборат аст аз озодии эътиқод, қабул ва паҳн кардани маълумот ва ғояҳои қонунӣ бе дахолати давлат, мақомот ва сарфи назар аз сарҳад.
Дар охир бояд гуфт, ки мо набояд усули аслӣ ва арзишманди на фақат миллии худ, балки умумиинсониро, ки дар саросари ҷаҳон эътироф шудааст, фаромӯш кунем. Ин принсипи “Эҳтироми фикри якдигар” аст, ки ҳар инсони соҳибмаърифат ва соҳибзавқ бояд ҳамеша тибқи он кору фаъолит намояд.
Юсуфӣ Ф.Ш.
ходими хурди илмии шуъбаи
Аврупо ва Америка