ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Муаллиф: Шарипова Меҳринисо

Расм

Миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ медонанд. Сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меъмори давлати миллӣ ва ҳимояи истиқлолияти он, мавҷудият ва ҳифзи Тоҷикистон мавқеи мубориз доранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонистанд дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тӯлонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳанд. Маҳз фаъолияти оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки манфиатҳои миллӣ ва давлатиро ҳифз намуданд ва давлатро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд. Таҳлили раванди меъмори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳад, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муаззам аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари хирадманд тавонистанд дар ноил шудан ва таҳким бахшидани сулҳу ваҳдат, барқарорсозии низоми сиёсӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ муваффақ бошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон ва миллати тоҷик дастоварди бузург аст ва дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон нақши махсус дорад. Бузургии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, барои рушди Тоҷикистон умри хешро фидо карда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки на ҳама аз ӯҳдаи чунин қаҳрамониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромада метавонанд. Ба рӯйдодҳои солҳои 90-уми асри ХХ назар афканем, маҳз набудани пешвои сиёсӣ ҷомеаи моро буҳрони амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Дар натиҷа, ҷамъият дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифта, фоҷиаи миллиро ба бор овард. Аз ин рӯ, агар дар он марҳила шахсияти эътирофшудаи миллӣ вуҷуд дошта бошад, ки бо тамоми далерӣ ва иродаи қавӣ масъулияти миллатро ба дӯш гирифта, кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиро таъмин мекард, тамоми қувваҳои сиёсиро ҷамъ меовард, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Аз ин рӯ, дар баъзе марҳилаҳои таърихӣ пайдоиши пешвои сиесӣ, ҳамчун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва давлат масъалаи тақдирсоз мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукни муҳими давлатдорӣ ва сохтмони давлати миллӣ ба ҳисоб мераванд. На танҳо дар гузаштаи дур, балки дар ҷаҳони муосир мавҷудият ва ташаккули кишварҳои пешрафта ва демократии ҷаҳон бо номҳои шахсиятҳои бузург алоқаманд аст. Чунин шахсиятҳо дар марҳилаҳои душвортарини таърихӣ пайдо шудаанд ва рушди ояндаи кишвари худро муайян кардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд. Ба ҳама маълум аст, ки халқи тоҷик пас аз ҳазорсолаи бедавлатӣ соҳибдавлат гардид ва истиқлолият ба даст овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси сатҳи миллӣ буда, аввалин талошҳои худро барои ҳифзи истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон анҷом дода ба мардуми азизи Тоҷикистон сулҳ оаварданд.

Дар шароити муосир масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва хеле муҳим пайдо кардааст. Зеро дар солҳои охир дар ҷаҳон як қатор тамоюлҳои хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ, ки метавонанд ба сулҳу суботи минтақа ва кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ расонанд, афзоиш ёфтаанд. Пешвои миллат дар муқовимат бар зидди ифротгароӣ, терроризм ва сепаратизм дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мавқеъи мушаххас доранд ва густариши ҳамкориҳоро бо ҷомеаи ҷаҳон дар ин самт афзалиятнок мешуморанд. Муборизаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба некуаҳволӣ ва ҳаёти осоиштаи халқҳои ҷаҳон нигаронида шудааст.

Барои мо тоҷикон боиси ифтихору сарфарозист, ки кишвари биҳиштосои мо рӯз то рӯз зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гаштааст. Кишвари моро ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва онро яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон эътироф мекунанд. Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи сохтмони ҷомеаи пешрафта равона месозад. Суханрониҳо, маърӯзаҳо ва суҳбатҳои Пешвои миллат дар ҳақиқат мактаби олӣ барои сиёсатмадорон, олимон, аҳли илму фарҳанг, зиёиён ва ҷавонон мебошад ва бешубҳа дар қатори суханони беҳтарин нотиқони ҷаҳон абадӣ дар китобҳо ва расонаҳои гуногун боқӣ хоҳанд монд.

Вазъияти бениҳоят ҳассос ва ноороми ҷаҳон моро водор мекунад, ки нисбат ба дигар вақтҳо оқилтар ва ҳушёртар бошем, бепарво набошем, дар суханон ва амалҳои худ фоида ва зарари худро дуруст дарк кунем. Мо ҷавонон ҳаракат мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки фазои ороми Тоҷикистони азизамон халалдор гардад. Бузургтарин неъматҳо ва дастовардҳои истиқлолият озодӣ, сулҳ, оромӣ ва ваҳдати миллиамонро қадр кунем.

 

Шарипова М.Т.

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ