Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари сулҳовару сулҳпарвар

Муаллиф: Салимов Акбар

Расм

        Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии кишвар ба шумор меравад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ замони эълон гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шароити хеле душвор қарор дошт, ки аз омилҳои асосии монеа эҷодкунанда, дар раванди ба  низоми муқарраргардидаи ҳуқуқӣ даровардани ҳаракату ҷунбишҳои ба вуҷудомадаи сиёсӣ ва тақдири муносибатҳои байниҳамдигарии ояндаи онҳо, иборат буд.

         Буҳрони сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ки гӯё баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бартараф карда шуда буд, бо нерӯи нав ва  ҷалби ҳизбу ҳаракатҳову ташкилотҳои мухталиф барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ зери таъсири омилҳои дохиливу берунӣ авҷ гирифт. Дар охири моҳи апрели соли 1992 вазъият дар шаҳри Душанбе ба ҳадди ниҳоӣ шиддат гирифт. Хатари бархурди гирдиҳамомадагони ду майдон афзуд. Қасри Президенти ҷумҳурии вақт аз ҷониби мухолифини зидди ҳукуматӣ иҳота карда шуда, кормандони он аз тарафи саркардагону иштирокчиёни майдони “Шаҳидон”, ки асосан аз аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  буданд, гаравгон гирифта шуданд.

         Дар моҳи майи соли 1992 мухолифин садди роҳи дастрасии маводи хӯрока, ки ба шаҳри  Душанбе аз манотиқи гуногуни кишвар барои гирдиҳамомадагони майдони “Озодӣ” ворид карда мешуд, мегирифтанд. Мухолифин, ки асосан аз саркардагону пайравони наҳзти исломӣ иборат буданд, барои дарёфти маводи хӯрока ба мағозаҳо ва барои дастрас намудани яроқу аслиҳа ба шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи ҳуҷум менамуданд.

         Оҳиста-оҳиста оташи ҷанг дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, хусусан дар қисмати ҷанубии кишвар доман паҳн намуд. Мардуми баъзе ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон хонаву дари худро партофта, ҳамчун гуреза ба кишвари Афғонистон тарки ватан намуданд.

          Баъд аз маҷбуран ба истеъфо равон кардани Президент Р. Набиев вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар боз ҳам мушкилтар гардид. Дар раванди авҷи рӯйдодҳо ва вазъияти муташанниҷ дар моҳи октябри соли 1992 садҳо нафар мусаллаҳони Фронти халқӣ бо сардории С. Кенҷаев аз самти ноҳияи Ҳисор вориди шаҳри Душанбе гардида, аз Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (моҳи майи соли 1992 таъсис дода шуда буд) ва аз Шурои Олӣ даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро  талаб намуданд.

          Пас аз созишномаҳову муҳокимаҳои бардавом бо гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ, мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо, даъвати иҷлосияи XVI ғайринавбатии Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президиуми Шурои Олии кишвар  санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд таъин намуд.

          Рӯзномаи асосии иҷлосияро асосан, хотима бахшидан ба хунрезӣ, ҷангӣ бародаркуш, барқарор кардани Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, инчунин интихоби роҳбари арзанда, ки метавонад мардумро ба ояндаи ободу дурахшони давлати тозаистиқлол роҳнамоӣ кунад, ташкил дод.

          Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар раванди иҷлосияи тақдирсоз қабулгардида, дар баробари он, ба интихоби дурусти роҳбари ояндасози кишвар барои ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда заминаи асосӣ гузошт. Намояндагони мардумӣ шахсиятеро сарвари давлат интихоб намуданд, ки садоқату адолат ва далериву шуъоъатро пешаи кори худ мепарварид ва бо лаҳни бурро, маҳорату далерӣ дар дили мардуми шуълаи умеду боварӣ аз ояндаи амн афрӯхт.

          Маҳз ибтикороти садоқатпеша ва сарҷамъкунандаи Сарвари тозаинтихоб ва сулҳофару сулпарвар буд, ки зимни амалӣ сохтани савганди хеш, миллати азияткашидаву аз ҷанги хонумонсӯз беҳолу беҷомондаро аз парокандагӣ наҷот дода, ҳазорон гурезагон ва мардуми ба ғурбат гирифторгардидаро сарҷамъ намуд.

         Маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари сулҳофар буд, ки пас аз 9 марҳилаи баргузории музокироти миёни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. 

         Воқеан, сулҳу салоҳи тоҷикон беназир аст, зеро он роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон аз намунаҳои камназири ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

         Боиси тазаккур аст, ки сиёсати сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маҷмуи мукаммали арзишҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ то ба имрӯз амалӣ гардидаистода, ҳадафи асосии он таъмини амният, устувории миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи куҳанбунёд, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва рушди инсонӣ мебошад.

         Бо мақсади тақким ва густариши ваҳдату ягонагии миллӣ ва амну суботи ҷомеа, санаи 27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳамасола дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки ифодакунандаи фарҳанги сулҳофариву ҳамдигарфаҳмӣ ва арзиши маънавии ҷомеаи кишвар мебошад.

         Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосаро дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва ғайраҳо ҳамчун давлати фаъол иштирок менамояд. Мисоли он, ибтикори ҷаҳонии сулҳофариву сулҳомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди қабули Қатънома оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 садо дод, аз он шаҳодат медиҳад. Чун манотиқи гуногуни ҷаҳони муосир дар гирдоби ҷангу низоъҳои мусаллаҳона қарор доранд, ибтикороти роҳбари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳат сулҳ ва хотима бахшидан ба ҷангу низоъ сари вақтӣ арзёбӣ мегардад.

         Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат заминаи идеологияи миллии давлатдорӣ гардида, дар илми тоҷик мафҳуми “сулҳи тоҷикон” дар баробари падидаи сиёсӣ буданаш, ҳамчун арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

         Дар воқеъ, метавон зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун Сарвари сулҳофару сулҳпарвар, меъмори ваҳдати миллӣ ва асосгузори давлатдории навин ҷойгоҳи арзанда доранд. Зеро сулҳе, ки ӯ дар солҳои 90-уми асри гузушта барои миллати тоҷик овард, натиҷаи иродаи устувор, хиради воло, пеш аз ҳама нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти таърихӣ мебошад.

        Имрӯз, парчами сулҳ, ки дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшонӣ дорад, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

 

Салимов А.Ҳ.

ходими калони илмии шуъбаи

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ