ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ТАШАББУСКОРИ ҶАҲОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

(дар ҳошияи қабул қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»  A/80/L.24 аз 12 декабри соли 2025)

        12 декабри соли 2025 дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи 61-уми пленарӣ баргузор гардид, ки дар он қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.

         Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии миллӣ аст, ки бо ташаббуси оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистони азизамонро ҳамчун кишвари пешбари сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.

         Воқеан дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо афзоиши низоъҳо, поймолшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва зарурати таҳкими сулҳу субот ҳамроҳ аст, ташаббусҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз 23 сентябри соли 2025, ки ба 80-умин солгарди таъсиси СММ бахшида шуда буд, пешниҳод намуда бунад, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад, то фарҳанги шаффофият, адолат ва риояи ҳуқуқро дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Ин пешниҳод дар заминаи таҷрибаи миллӣ Тоҷикистон, аз ҷумла эълони соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар кишвар сурат гирифта буд, ки ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои конститутсионӣ мусоидат намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки  "риояи қатъии ҳуқуқи байналмилалӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устувор мебошанд".

         Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмуи андешаҳо дар бораи қонун, татбиқи он ва ҳифзи ҳуқуқ фаҳмида мешавад, ки дар шаклҳои маҳдуд (муносибатҳои танзимшавандаи ҳуқуқӣ) ва васеъ (анбори донишҳои ҳуқуқӣ) зоҳир мегардад. Он асоси рафтори қонунӣ буда, ба коҳиши нигилизми ҳуқуқӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун мусоидат мекунад. Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ самти муҳим аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқӣ ва омӯзиши кадрҳо амалӣ мешавад. Таҳлили заминаи миллӣ нишон медиҳад, ки эълони соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон заминаи амалии ин пешниҳод аст. Дар ин сол, ҳадафҳои калидӣ муайян шуданд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани ҳуқуқҳои инсон, таъмини волоияти қонун, ташаккули рафтори ҳуқуқӣ, васеъ кардани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ва омӯзиши мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон. Ин ҳадафҳо тавассути чораҳо, аз қабили ҷоннок кардани тарғиби ҳуқуқӣ, таъмини дастрасии васеъ ба санадҳои ҳуқуқӣ ва таъсиси сомонаҳои ягонаи миллӣ, амалӣ шуданд. Аз ҷиҳати илмӣ, ин ҳадафҳо бо пажӯҳишҳо ҳамоҳанганд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими ҷомеаҳои демократӣ мусоидат мекунад, зеро он эҳтиром ба қонун ва масъулияти ҳуқуқиро ташаккул медиҳад.

         Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027 дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан Ҳадафи 4 (Таълими сифатнок) ва Ҳадафи 16 (Адолат ва институтҳои қавӣ) нақши калидӣ дорад, зеро он ба пешгирии поймолкуниҳо ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад. Ҳамчунин, ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун механизми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор эътироф шудааст, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ барои эҷоди муҳити мусоид барои рушди устувор зарур аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар эълони соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) намунаи амалӣ аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон нигаронида шуда буд.

        Таҳлил нишон медиҳад, ки ин эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” аз рӯи чанд заминаи илмӣ муҳим аст:

- Мубориза бо поймолкунии ҳуқуқҳо. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқӣ аст, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ амал мекунад.

- Рушди устувор. Мувофиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими давлатҳои ҳуқуқбунёд мусоидат намуда, ба расидан ба 17 ҳадаф то соли 20230 кӯмак мерасонад. Аз ҷумла, барҳам додани камбизоатӣ, барҳам додани гуруснагӣ, саломатии хуб ва некӯаҳволӣ, таълими сифатнок, баробарии гендерӣ, об ва беҳдошт, энергияи дастрас ва тоза, кории шоиста ва рушди иқтисодӣ, саноат, навоварӣ ва инфрасохтор, кам кардани нобаробарӣ, шаҳрҳо ва ҷамоатҳои устувор, истеъмол ва истеҳсоли масъулиятнок, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи ҳаёти зериобӣ, ҳифзи ҳаёти хушкигард, сулҳ, адолат ва институтҳои қавӣ, шарикӣ барои ҳадафҳо.

- Таҷрибаи байналмилалӣ. Солҳои байналмилалӣ, мисли Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), намунаҳои муваффақи таъсир ба сиёсатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

        Эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” ба самтҳои калидии ҷомеаи ҷаҳони таъсири мусбат мерасонад. Дар самти таълим ва тарбия имкониятҳои рушди барномаҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон ва занон метавонад бо ҳамкории ЮНЕСКО амалӣ шавад. Дар бахши ҳуқуқи инсон тақвияти мониторинги ҳуқуқвайронкунӣ тавассути ЮНИСЕФ ва Созмони Байналмилалии Меҳнат имконпазир аст, ки ба пешгирии зӯроварӣ мусоидат мекунад. Ниҳоят, дар самти сулҳу субот ҳамоҳангсозии низоъҳо тавассути дипломатияи ҳуқуқӣ мусоидат намуда, саҳми арзанда дар қабули қатъномаи навбатии СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мегузорад.

        Эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” на танҳо аксуламал ба вазъи кунунӣ, балки стратегияи дарозмуддат барои таҳкими низоми байналмилалӣ аст, ки бо пажӯҳишҳои илмӣ дар бораи нақши ҳуқуқ дар рушди устувор ҳамоҳанг мебошад. Таҷрибаи соли 2024 дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ мусоидат кунанд, ки ин барои сатҳи байналмилалӣ намунаи ибрат мебошад. Ин қатънома даъвати амалӣ барои таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Он метавонад ҳамчун пуле барои ҳамкории байнидавлатӣ хидмат кунад ва ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кулли ҷаҳон мусоидат намояд. Ин қатънома саҳми Тоҷикистон дар устувор намудани маърифати ҳуқуқии аҳолии кулли ҷаҳон ва намунаи эҳтироми қонун барои ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

        Дар қатънома дарҷ шудааст, ки давлатҳоро даъват менамоед, ки иқтидорҳои миллиро барои таълими ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ таҳким бахшанд, аз ҷумла тавассути таҳия ва амалӣ гардонидани нақшаҳо ва стратегияҳои миллӣ ва созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори низоми Созмони Милали Муттаҳидро даъват менамояд, ки ҳангоми дархост кӯмаки техникӣ ва сохтмони иқтидорҳо пешниҳод намоянд ва таҷрибаҳои миллӣ, таҷрибаҳои беҳтарин ва дарсҳои омӯхташударо дар бораи пешбурди маърифати ҳуқуқӣ мубодила кунанд ва дар ин замина таҷрибаи Тоҷикистонро дар эълон кардани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар барои мусоидат ба огоҳии ҳуқуқӣ миёни шаҳрвандонаш намунаи ибрат аст.

         Қабул қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»  A/80/L.24 аз 12 декабри соли 2025 эътирофи байналмилалии ташаббускори ҷаҳонии маърифати ҳуқуқии будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин дастовардҳо на танҳо саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд, балки далели равшани он аст, ки овози миллати мо дар Маҷмаи Умумии СММ шунида мешавад ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳи адолат, сулҳ ва рушди устувор ҳидоят мекунанд.

 

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад,

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи милии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

БОЗГАШТ