Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону
Дирӯз (11.03.22), бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ семинар-нишаст дар мавзӯи “Эроншиносӣ ва тоҷикшиносӣ дар кишварҳои аврупоӣ: Олмону Австрия” баргузор шуд.
Сухани ифтитоҳиро ноиби директори ҳамин Институт Раҳмонзода А.Ш. оғоз намуд. Модератори ин семинар-нишаст доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ буданд. Дар семинари мазкур мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико, доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова суханронӣ намуданд.
Марказҳои тадқиқотии Эроншиносии Олмон яке аз қадимтарин мактабҳо дар Аврупо ба ҳисоб мераванд. Вай дорои анъанаҳои қадимии илмӣ мебошад, ки дар давраҳои академикии шарқшиносии Аврупо аз эҳтиромоти хосе бархурдор аст. Мактаби эроншиносии Олмон бо тадқиқотҳои бунёдии худ дар соҳаи филологияи классикӣ ва инчунин бо асарҳои худ дар бораи таърихи тамаддуни бостон ва қуруни устоии мардуми эронинажод машҳур аст. Корҳои илмии мактаби Олмон дар соҳаҳои авестошиносӣ ва исломишиносӣ махсусан хеле машҳур мебошанд.
Аз соли 1875 дар Штутгард ҷамъияти адабии олмонӣ-эронӣ таъсис ёфтааст, ки яке аз вазифаҳояш тарҷумаи асарҳои шоирон ва нависандагони адабиёти форс-тоҷик ба забони олмонӣ буд. Дар Олмон марказҳои эроншиносӣ амсоли Ҳумболди Берлин, Институти шарқшиносии Ҳамбург, Донишгоҳи Рейнише Вилҳелм Бонн, Донишгоҳи Карл-Август Готтинген ва Донишгоҳи Отто Фридрихи Бамберг ҷойгир ҳастанд.
Вақте ки ба оинаи таърих назар меандозем, Австрия яке аз марказҳои қавии илми шарқшиносӣ ба ҳисоб меравад. Рушд ва шукуфоии илми шарқшиносӣ дар Австрия аз қарни XV оғоз меёбад. Ногуфта намонад, ки ба масоили эронишиносӣ дар Донишгоҳи Австрия, Институти эронишиносӣ дар Академияи улуми Австрия, Донишгоҳи Оксфорд дар Академияи Британияи Кабир, Институти Шарқшиносии Кембриҷ, Донишгоҳи Риму Неапол дар Италия, Институти эроншиносӣ дар Варшававу Краково Лаҳистон, Донишгоҳи Гарвард, Донишгоҳи Колумбия дар Ню-Йорк, Институти шарқшиносӣ дар Чикаго ва ғайраҳо машғуланд. Ин марказҳо албатта ҳамдигарро такрор накарда, балки дар соҳаҳои гуногуни эроншиносӣ фаъолият менамоянд.
Вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро ба даст овард, марказҳои эроншиносии аврупоӣ ба мавзӯъҳои тоҷикшиносӣ шурӯъ кардаанд. Як қатор асарҳои нависандагону шоирони тоҷикро амсоли С.Айнӣ “Одина” “Ёддоштҳо”, “Марги Судхӯр”, Р.Ҷалил “Пулод ва Гулрӯ”, М.Миршакар “Қишлоқи тиллоӣ”-ро ба олмонӣ табъу нашр кардаанд. Аз шоирони маҳбуби мо устод М.Турсунзода, Ш.Лоиқ, Б.Собир, А.Ҳаким, Фарзона ба олмонӣ табъу нашр шудааст.
Соли 1810 донишгоҳи Hymboldt таъсис ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи осори таърихшинос, бостоншинос ва тоҷикшинос Бурҳард Брентес буда, осори ӯ фарҳанги мукаммал мебошад. Бурҳард Брентес яке аз созмондиҳандагони конференсия бахшида ба 100 -солагии С. Айнӣ ва 1000-солагии Ибни Сино дар Ҳалле-Виттенберг мебошад. Ӯ муаллифи китоби “Шоҳи табибон” аз Бухоро бо ҳамроҳии духтараш Соня Брентес, ки бо омӯхтани таърихи Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад, рӯи чоп овардааст. Инчунин бахшида ба ҷашни ҳазораи Ибни Сино ӯ китоби панҷҷилдаи нашри факсимилии “Ал-қонун” - ро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тақдим намудааст.
Бо шарофати собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ боз як китоб - албом роҷеъ ба ҳунарҳои зебои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Ин китоб аз 980 саҳифа иборат буда, натиҷаҳои сафари Б. Брентесро аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон дидан намуда, аз нақшу нигорҳои ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла кандакорӣ, заргарӣ, атласбофӣ ва қолинбофӣ бо рангу нафосати зебои тоҷикона таҷассум кардааст. Панҷ ҳазор нусхаи ин китоб дар шаҳри Вена дар муддати се рӯз ба фурӯш рафтааст.
Оё ин боиси ифтихор нест, ки тоҷикшиноси олмонӣ дар асарҳояш ҳунарҳои мардуми тоҷикро таҷассум кардааст!!!
Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се нафар аз олимони машҳури тоҷикшинос – профессор Манфред Лоренс, профессори Донишгоҳи А.В. Ҳумболди Берлин Лутс Жеҳак ва устоди забони форсии Донишгоҳи озоди Берлин Ғулом Ҷелонии Доварӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон – “Ордени Дӯстӣ” сарфароз гардонда шуданд.
Қобили қайд аст, ки кормандони Институт маърӯзаи муаллима д.и.т. профессор Санавбарбону Воҳидоваро хеле хуб қабул карда, ба суолҳояшон посух гирифтанд.
Ҳозирин бо намояндагони ин Донишгоҳҳо бо аксҳои ҷолиб тавассути компютер ошноӣ пайдо карданд.
Ногуфта намонад, ки саҳми олимони Аврупоӣ аз ҷумла Олмону Австрия, И.В.Гёте, Ф.Рюккерт, Ҳаммер Фон Пургштал, Теодор Нолдеке, Карл Брокелманн, Валтер Ҳенинг, Бабтист Йохан, Подеста, Йоҳан Некрепс, Берт Фрагнер, Анна Марии Шиммел, Бурҳард Брентес, Вернер Зундерманн дар шинохти таърих ва фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон беназир аст.
Санавбарбону Воҳидова
мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико,
доктори илмҳои таърих, профессор