ФАРҲАНГЕ, КИ ИНСОНИ НЕКРО МЕСИТОЯД

Муаллиф: Беков Комилҷон

Расм

Эй бародар, ту ҳамин андешаӣ,

Мо бақо ту устухону решаӣ.

В-ар бувуд андешаат гул, гулшанӣ,

В-ар бувад хоре, ту ҳамчун гулханӣ!

Румӣ

Парвардигоро! Дарҳои ҳикмат ба рӯяшон боз кун!

                                                     Роҳ дар ҷаҳон яке аст,

                                                      Ва он роҳи ростист.

                                                                               «Авесто»

«Авесто»-и 21 – ҷилда дар тӯли таърих гӯё қомуси маърифати умумиинсонӣ буд, ки ҳамаи тамаддунҳои баъдинаро аз вуҷуди муҳимтарин ҳадаф ҳушдор медод. Дар таълимоти Зардушт «мақсуд аз офариниш ва натиҷа аз зиндагонӣ ин аст: то ҳар фарде дар ободии ҷаҳон ва шодмонии ҷаҳониён кӯшида, ё худро ба василаи пиндору кирдор ва гуфтори нек қобили болоравӣ ба олами рӯҳонӣ ва расидан ба авҷи камол ва саодати ҷовидонӣ намояд».

Зардушт дар «Ясно»-и 35, қитъаи 8 мефармояд, ки «наҷоти ҳар кас дар муборизаи доимӣ байни бадӣ ва некӣ аст. Мо бояд доим-ул-умр пуштибони ростӣ ва дурустӣ буда ва бар зидди бадӣ ва зиштӣ бистезем ва биҷангем».

Нажоди форсу тоҷик бо ростӣ шӯҳраи офоқ гардидааст. На танҳо пайғамбарон, ҳакимон ва донишмандони ин қавм, балки шоҳон низ аз ин ахлоқи ҳамида барӣ набуданд. Барои мисол метавон ин фақраро аз васиятномаи Дориюши Кабир ба наслҳои оянда ёдовар шуд:

«Ҳар кас мехоҳад бинои истиқлоли мамлакат ва саодати миллаташро бар асоси маҳкам қоим созад, бояд дурӯғро аз он марзу бум ронда ва ростиро дар он сарзамин устувор намояд».

Падидаҳои инсонпарварии тамаддуни авестоиро метавон ба шакли хеле фишурда дар ин чанд хулоса хотирнишон кард:

ЯКУМ: Рӯҳи эронӣ дар қадимтарин замонҳо худро аз табиат ва қувваҳои аҳриманӣ ҷудо карда буд ва аз мавқеи инсон ва инсонпарварӣ баромад мекард. Дар ҳар давру замоне қатъи назар аз фишорҳо ва таъқибҳо рӯҳи инсондӯстии тамаддуни эронӣ ҷилванамо будааст. Ба ин маънӣ Маликушшуарои Баҳор чи хуш гуфта:

 

Ҳаст Эрон чу гаронсангу ҳаводис чун сел,

Тай шавад сели хурӯшону ба ҷо монад санг.

 

Ин сухани шоири асри XX аст оид ба миллати хеш. Ҳоло бубинем, ки бузургони дигар мамолик чӣ мегӯянд.

Сулаймон ибни Абдумалики араб дар асрҳои миёна доир ба мардуми Эрон гуфтааст:

«Дар шигифт ва ҳайратам аз ин эрониён, ки ҳазор сол фармонравоӣ карданд ва ҳатто як соат ба мо арабҳо мӯҳтоҷ нашуданд. Ва мо сад сол ҳукумат кардем ва натавонистем худро ҳатто як соат аз эрониён бениёз гардонем».

Стефан Цвейги аврупроӣ мегӯяд:

«Қавмҳое, ки дар раъси (қутби) таърих қарор гирифтаанд, касоне ҳастанд, ки тавонистаанд бо шеваи шоиронатаре худро муаррифӣ карда ва ҳаёти худро ба иртифо ва баландии як афсонае боло баранд. Он чи барои муосирон ва ояндагон дорои аҳамият аст, адади як миллат ва саршумори сарбозоне нест, ки дар ҷанг кушта шудаанд, балки арзише аст, ки он миллат дар зарродхонаи (аслиҳахонаи) шеърии башарият доро аст».

Ба ин маънӣ мардуми форсу тоҷик аз ҳамаи миллатҳои дунё дида ба зарродхонаи башар бештар шеъру маъниҳои латифу гаронвазн ба мерос мондаанд.

«Авесто» ягона китоби диниест, ки дар шакли шеърӣ таълиф шуда. Донишманди румӣ Плиний менависад, ки: «Зардушт - пайғамбари эрониён ду миллион байт шеър тасниф кардааст».

Ҳатто номи китоби Зардушт «Авесто» олимона ва шоирона аст. Ба ақидаи муҳаққиқони авестошинос маънии вожаи авесто чунин аст: бунёд, илм, китоб ва қонун.

Адабиёти авестоӣ аз боби арзишӣ чуноне се ҳазор сол пеш буд, имрӯз ҳам дар ченакҳои инсонӣ дорои аҳамияти фаровон аст. Аҷаб ин аст, ки асри мо ҳам бо ин ҳама лофу газофи фаровон то имрӯз натавонистааст гуфторро бо кирдор як созад. Чуноне ки шоир фармуда:

 

Ҳарчи мегӯем акси он зи мо cap мезанад,

Қавли мо ҳаргиз мувофиқ нест бо кирдори мо.

               Зеро:

Бас биноҳои баланд имрӯз мебинӣ, вале,

Ҳеҷ якро бар асоси ростӣ бунёд нест!

 

ДУЮМ: Барои Зардушт ва адабиёту фалсафаи зардуштӣ дунё арсаи ҷанги ду қувва аст: якум, қувваи офаринанда - спинтоминю, яъне рӯшноӣ. Дуюм, қувваи харобиовар - анграмино, яъне торикӣ. Гоҳ фатҳ ва ғалаба ба рӯшноӣ аст ва гоҳ ба торикӣ барои пирӯзии ниҳоӣ ва охирини рӯшноӣ мо одамон бояд бар рағми торикӣ ва ёрони ӯ (дурӯғ, зиштӣ, нопокӣ ва табоҳкорӣ) мубориза барем. Ҳеҷ кас то Зардушт бо ин возеҳӣ ва сароҳат нагуфта буд, ки гуноҳ ва маъсият дар фикр аст. Ҳар касе ки доир ба гуноҳ, ҷиноят ва маъсият фикр мекунад, мумкин аст ҷиноятро ҳам содир кунад. Агар ба ин фикри зардуштӣ дурусттар таваҷҷӯҳ кунем, дармеёбем, ки ин масъала яке аз амиқтарин кашфиёти равоншиносии асри мост. Андешаи некро дар аввали шиори машҳури худ «Андешаӣ нек, гуфтори нек, кирдори нек» қарор додани Зардушт тасодуфӣ нест. Пайғамбари Эрон кӯшиш кардааст, ки гуноҳ ва ҷинояту шарро дар ҳолати ҷанинияш бикушад ва сарчашмаи гуноҳ ва табаҳкориро аз байн бибарад.

СЕЮМ: Инсондӯстии фалсафаи Зардушт дар он зоҳир аст, ки пайваста таъкид мекунад: мо бояд иродаи озод дошта, бинои некбахтии хешро бо дасти худ созем ва масъули сарнавишти хеш бошем.

ЧАҲОРУМ: Мавқеи инсонпарварии оини Зардушт боз дар он зоҳир мегардад, ки танбалиро сифати аҳриманӣ хондааст. Зардушт пайравонашро огоҳ сохт, ки ҳифзи сиҳатии ҷисм нахустин шарти ҳифзи сиҳатии рӯҳ аст. Амал ва кор дар оини Зардушт мақоми воло дорад. Чуноне Саъдӣ гуфта:

 

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,

Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.

 

ПАНҶУМ: Ба саволи чаро қабилаҳои араби Оду Самуд нобуд шуданду форсҳо не? Муҳаммад пайғамбар чунин ҷавоб додааст:

«Барои он ки форсҳо ободкор ва додгустаранд миёни бандагони худо» (Алӣ Сомӣ, «Порс дар аҳли бостонӣ», с.37).

ШАШУМ: Равнақи башардӯстӣ ба андозае буд, ки эрониён 2500 сол пеш ғуломӣ ва бардагиро қатъиян рад мекарданд. Ксенофан ҳукумати Ҳахоманиширо сохти намунавии давлатдорӣ донистааст. Урфу одати ғуломӣ дар ҳеҷ сурате дар Эрон вуҷуд надошт. Аксари қитъаҳои олам ин одати зиштро асрҳо идома доданд.

ҲАФТУМ: Рӯҳи инсонпарварӣ табақаи болоӣ ва ҳукмронро низ фаро гирифта буд. Хизматҳои шоҳони Эрон дар асоси инсондӯстӣ ва аз назари таърихӣ хеле баланд қадр шудаанд. Барои мисол миллатҳои ҷаҳон шоҳи Эрон Куруши Кабирро чунин баҳо додаанд:

Эрониён: Куруш баргузидаи Ҳурмузд аст.

Яҳудиён: Куруш наҷотдиҳанда ва Масеҳи мавъуд аст.

Юнониён: Куруш ҳимоятгари заъифон ва подшоҳи одил аст.

Бобулиён: Куруш фарзанди Моррух аст.

Мисриён: Куруш фарзанди худои мо Тит аст.

Вале Куруш ҳамчун шахсият чунин ақида дошт, ки бузургии шахсҳо дар кирдор ва пиндор аст, на дар аслу насаб. Ҳатто аз ин назар метавон аз мақоми фарҳангии Куруш огоҳ гардид.

ҲАШТУМ: Рӯҳи башардӯстиро дар муносибати шоҳони Эрон нисбат ба дини Зардушт ва динҳои дигар мушоҳида метавон кард. Мисол: мубадон ба яке аз шоҳони Сосонӣ фишор меоварданд, то ки ӯ ба масеҳиён фишор оварад. Шоҳ гуфтааст: «Кафи ин даст (яъне дасти шоҳ) дини поки Зардушт аст. Аммо аз кафи беангушт коре сохта нест. Ангуштон динҳои дигари Эронанд». Яъне шоҳи Эрон ҳеҷ таассубе ба худ раво намедида ва ба дигар динҳо ва мақоми онҳоро бо дидаи воқеъбин менигаристааст.

НУҲУМ: Аввалин бор дар таърих Зардушт бодагусориро ҳаром эълон кардааст. Зеро аз назари Зардушт ҳар чизе, ки ба андеша халал ворид мекунад, аз пайравони Аҳриман аст. Май ба ақл зиён меоварад. Аз ин ҷиҳат май ҳамкор ва пайрави Аҳриман аст. (Дар Готҳо омадааст, ки «Кай эй Маздо, палидии ин майро хоҳӣ барандохт? Шароби сукровари (мадҳушкунандаи) касиф чӣ гуна метавонад ба некӣ кӯмак кунад».

ДАҲУМ. Суҳравардӣ - файласуфи эронӣ дар китоби худ «Ҳикмат-ул-ишроқ» -менависад: «Устод, пешво ва роҳбари юнониён дар улуми ҳикмат ду ҳаким ва ду файласуфи бузурги порс: Ҷомосб ва Бузургмеҳр буданд».

Падари таърих Ҳеродот навиштааст: «Нахустин миллате, ки донишмандонаш пеш аз мисриҳо ва бинобар ин хеле пештар аз юнониён ба таълими фалсафа пардохтаанд ва мадрасаҳое барои омӯхтани фалсафа доштанд, эрониён буданд».

ЁЗДАҲУМ: Тасаввуф чист? Тасаввуф ҳамон ҳикмати завқӣ ва ишроқии мардуми форс аст. Ҳикмати Эрон ё худ фалсафаи форс - Хусравонӣ ба Юнон рафт ва дар шахсияти Афлотун тарафдори барҷастаеро пайдо кард. Вале юнониён, ки сахт мутаассиб буданд, аз ҳасад ва бахилӣ ин фалсафаро фалсафаи афлотунӣ ном гузоштанд. Худи Афлотун баъди ошноӣ бо фалсафаи шарқиён китобҳои шеъру адаби худро сӯхта, барои тасаллои виҷдон ин шеъри юнониро тараннум мекард: «Эй оташ, ба Афлотун наздик шав, ки ҳам акнун ӯ ба ту бас эҳтиёҷ дорад ва ниёзманд мебошад».

Тасаввуфи исломӣ ғояҳои инсонпарварии худро аз ҳикмати бостонии Эрон гирифта, мақоми инсонро ба дараҷаи худо расондааст. Сӯфиён дар боби инсон гуфта: «Туро вақти дафтар хондан нест, вақт аст, ки сардафтари ҷаҳон шавӣ». Шайх Баҳоӣ мегӯяд:

 

Дар ҳақиқат дигаре нест, худоем ҳама,

Лек дар фаҳмиши як нукта ҷудоем ҳама.

 

Анъанаи башардӯстӣ ва ҳақбинӣ дар мероси зардуштӣ бо мисоле зоҳир мегардад, ки шоҳи Сосонӣ Ардашери Бобакон дар васиятномаи худ ба писараш Шопур чунин навишт: «Дину мулк ду хоҳар ҳастанд, ҳамзод ва дар ҳаёт ва зиндагӣ ба якдигар вобаста шудаанд. Дин дар бунёди мулк қарор гирифта ва мулк нигоҳдорандаи дин аст». (Ҷемс Дорместетер, «Тафсири Авесто ва тарҷимаи Готҳо», Теҳрон, 1348-1970, с. 129).

ДУВОЗДАҲУМ: Искандари Мақдунӣ ҳамеша бими онро дошт, ки баъди маргаш эрониён салтанати ӯро пора хоҳанд кард. Аз Арасту маслиҳат пурсид. Арасту ба Искандар гуфт: - аҳли Форс бо шуҷоат, далерӣ ва фарҳанг фарқ мекунанд ва агар ту онҳоро ҳалок кунӣ, бузургтарин рукне аз аркони фазилатро аз ҷаҳон бардошта бошӣ. Ақидаи ман ин аст, ки мамлакати Форсро байни шоҳони маҳаллӣ ба таври баробар тақсим кунем... ин аст роҳи наҷот». Асли ин нақл дар номаи Тансир - вазири Ардашери Бобакон омадааст, ки ба забонҳои паҳлавӣ, арабӣ ва форсӣ низ тарҷума шудааст.

ЧАҲОРДАҲУМ: Сарчашмаи зинда ва ҳаётии оини Зардушт ақидаи духудоии ӯст, ки то абадулобод ин оинро зинда хоҳад дошт. Ҳурмузд офаридгори некӣ ва ашёҳои нек аст. На холиқи шарр ва бадӣ. Аҳуромаздо ҳамеша бо Аҳриман дар муборизаи беамон аст. Аҳриман офаринандаи бадӣ, дев ва ифритҳост. На холиқи некӣ ва хушӣ...

ПОНЗДАҲУМ: Кӯмак барои модарони серфарзанд гӯё аз кашфиёти асри мост. Вале ба Ҳеродот гӯш диҳед, ки аз хусуси эрониён чӣ мегӯяд: «Ҳар эронӣ кӯдакони зиёд тарбият менамуд. Подош ва ёрӣ аз шоҳаншоҳ дарёфт мекарданд».

ШОНЗДАҲУМ: Моҳияти дини Зардушт сабурист. Ба ақидаи Зардушт муборизаи Ҳурмузд ва Аҳриман 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сол давом мекунад. Оқибат Ҳурмузд ғолиб меояд. Ва рӯзи қиёмат фаро мерасад.

ҲАБДАҲУМ: Зардушт инсонро ба кору амали хайр даъват мекунад. Дар Хоти 10 «Аҳунаватӣ» омада. «Касе, ки аз кор кардан гурезон аст, аз баракати ту, эй Маздо, бархурдор нахоҳад буд». Ин ақида дар даврони мо ҳам мавриди таваҷҷӯҳ аст. Кор ва амал гуфта, дар китоби муқаддаси Зардушт кору амали нек дар назар дошта мешавад. Кӯшиши инсони «Готҳо»-и Авесто ҳам ин буд, ки «то битвонад ба макони Аҳуро роҳ ёбад». Дар хоти 43 омада: «Ҳар кас ба дигаре некӣ намояд, дар воқеъ ба худ некӣ кардааст».

ҲАЖДАҲУМ: Ба мазҳаби Зардушт пайравонаш на аз рӯи эътиқоди кӯр-кӯрона, балки аз рӯи хирад ва дониш рӯй меоваранд. Дар хоти 46 омада: «Эй Маздо, яқин доред, ки пайравӣ аз майлу дастури Шуморо ба воситаи хирад ва андешаи нек баргузидаанд».

НУЗДАҲУМ: Дар анъанаи зардуштӣ макоми инсон хеле воло ва арҷманд аст. Хосатан инсони доно, порсо ва ростин. Дар хоти 48 омада: «Бояд аз таълимоти марди доно ва порсо пайравӣ кунед. Марде, ки бо Аҳуро шабоҳат дорад. Одамон барои нобуд кардани ҷабру ситам офарида шудаанд!».

БИСТУМ: Адабиёти оламшумули форсу тоҷик, ки саршор аз ақидаҳои инсонпарварӣ мебошад, шарҳу тафсири гуногуни ин ҳикмати Зардушт аст: «Андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек».

 

Комил Бекзода

доктори илмҳои фалсафа

БОЗГАШТ