ФАРОНСАВИЁН МАҚОМИ ЭММАНУЭЛ МАКРОНРО АФЗАЛ ДОНИСТАНД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Эммануэл Макрон дар даври дувуми интихоботи президентӣ бар зидди Марин Ле Пен дубора Президенти Ҷумҳурии Фаронса интихоб шуд. Дар маъракаи интихоботӣ сарвари давлат 58,54% овозҳоро ба даст овард. Дар синни 44-солагӣ ӯ аввалин Президенти Ҷумҳурии панҷум аст, ки пас аз ҷорӣ гардидани ҳуқуқи интихоботи умумии мустақим дубора ҳамчун Президент интихоб гардид.
  Интихоботи мазкур дар муҳити шаффоф ва демократӣ анҷом ёфт. Натиҷаи ниҳоии он шаҳодат аз он дод, ки мардуми Фаронса ба сиёсатмадори ҷавон Эммануэл Макрон боварии устувор доранду пешрафт ва рушди ояндаи миллату давлатро дар чаҳорчӯби барнома ва равиши корбурди ин шахсият дида метавонанд.
  Метавон гуфт, ки Эммануэл Макрон солҳои охир ба яке аз чеҳраҳои воқеии на танҳо Фаронса, балки тамоми Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтааст. Зеро Президенти ҷавон кордонӣ ва сиёсати муваффақро дар ҷомеаи Аврупо нишон дода тавонист.
  Бо ба даст овардани мақоми президентӣ, Эммануэл Макрон чунин ваъда дод, ки талошҳои худро барои таҳким ва рушди боз ҳам назарраси Иттиҳодияи Аврупо - бузургтарин иттиҳоди сиёсии ҷаҳон бо аҳолии анқариб ним миллиард нафар ва дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон пас аз ИМА идома хоҳад дод.

                                                                                                   

  Дар мавриди интихоби Макрон ба вазифаи президентӣ бори дувум чандин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ақидаҳои худро баён намуданд. Масалан, сарвазири Итолиё Марио Драгӣ натиҷаи интихоботро “Пайғоми бузург барои тамоми Аврупо” номид, ё ин ки садри аъзами Олмон Олаф Шолс бошад, ин интихоботро “Овози боварибахш дар Аврупо” унвон дод. Ба гуфтаи нахуствазири Испания Педро Санчес “Фаронсаҳо аз интихоботи озод, қавӣ ва одилона пуштибонӣ кардаанд”. Ҷо Байден Президенти ИМА, Фаронсаро “Қадимтарин иттифоқчӣ ва шарики калидии ИМА” номид ва чунин афзуд, ки омода аст ҳамкориҳои муштаракро дар солҳои минбаъда бо Фаронса идома диҳад.
  Ба назари мо, бо назардошти вазъи тағйирпазири ҷаҳони имрӯза пешбинӣ ва натиҷагирии фаъолияти Президент Эммануэл Макрон чӣ барои Фаронса ва чӣ барои Иттиҳоди Аврупо шояд мушкил ҳам бошад. Аммо аз тариқи кордонии роҳбари ҷавон ва итминони мардуми Фаронса нисбат ба он метавон хулосагирӣ намуд, ки Макрон барои фаронсавиён як навъ сиёсати муваффақонаро нишон дода тавонист ва бо боварӣ иброз дошт, ки барои Фаронса ва мардуми ин сарзамини соҳибтамаддун софдилонаву одилона ва озодонаву бародарона хизмат хоҳад намуд.
 
Ардамеҳр Ашуров
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико
 

БОЗГАШТ