Фасод аз нигоҳи таҳлилгарони сиёсии Судон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Фасод (коррупсия) чист?

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ягон сохторе нест, ки аз  фасод эмин бошад. Ягон давлате ёфт намешавад ё тамаддуне дар гузашта ё имрўз, ки онро ҳамин вабои палиди фасод таъсир накарда бошад. Магар ин ки нисбати фасод аз ҳамдигар тибқи кўшишҳои анҷомшуда, барои мубориза зидди он фарқ мекунад. Монанди қонунҳои ба тасвибрасидаи маънкунанда бар зидди фасодкорон ва таъмини фарҳанги шафофият ва бозпурсӣ, ки аз ин паҳншавии фасод боз медорад:
Пас фасод чист? Муҳимтарин падидаи он чӣ аст? Муҳимтарин падидаи фасод ин ғоратгарӣ, мубоҳ шуморидани моли умумӣ, интишори падидаи пора, суиистифода аз мансаб, суқути арзишҳои ахлоқӣ, фурупошӣ ва парокандагии иҷтимоӣ мебошад. Ва ин падидаҳоро ба як сурати намоён дар миёни қавонини имрўзаи паҳншуда, мушоҳида мекунем. Ва ин падида зиёд шуда ба шакли пай дар пай аз рўзе, ки онҳо қудратро ба даст гирифтанд то ин ки фасод аз як падида ба як ҳолати вабо табдил меёбад ва наҷот ёфтан аз он ба як муъҷиза зарурат дорад.
 
Таърифи фасод

Таърифи фасод зиёд аст. Шомилтарин таърифи фасод таърифи муассисаи шаффофияти давлатӣ аст, ки чунин мегўяд: “Фасод амалест, ки вазифадори умумӣ сӯиистифодаи мансабашро барои таҳқиқи фоидаҳои хусусии худ ё гурӯҳи худ дар бар мегирад”.
Яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии фасод дар шакли умумӣ заиф будани дастгоҳи назоратӣ ва набудани фурсати баробарӣ хоҳ дар касбу кори тиҷоратӣ ё дар таъини вазифа ё таълим. Ва адами риоят ва арзиши ҷудоӣ миёни се қудрат.
  1. Ҳокимияти иҷроия;
  2. Конун;
  3. Суд.
Дар системаи сиёсӣ ва нотавон будани дастгоҳи прокуратурӣ ва озод аз фасод, поксозии он ва маҳдуд кардани озодии фикр. Дастдарозии ҳокимияти иҷроия ба болои қонун, чуноне, ки дар вазъи сиёсии имрўзаи Судон роҳандозӣ шудааст.
 
Фасод дар Судон

Бо вуҷуди таърифи гузаштаи мо дар бораи фасод, ки он сӯиистифода бурдани мансаби умумӣ барои ноил шудан ба манфиатҳои хусусии фард ё гурӯҳи афрод мебошад. Магар он чи ки гузашт ва мегузарад аз  анвоъи фасодкорӣ ва ҳаҷми фасод дар Судон инро дар зери банди  рафтори фардӣ ба кадом ҳоле, ки набошад шуморида намешавад. Ва инро ҳамчун амали фардӣ, ки онро ҳамчун мағрурӣ ба манфиати шахсӣ ба ҳисоб бурда намешавад, балки ин фасод натиҷаи ҳатмӣ барои сабабҳои сохтории вуҷуддошта дар лоиҳаи исломӣ, ки пок будани худро аз хато гумон мекунад ва шиори (Ин барои Худост на барои қудрат ва вазифа) баланд мебардорад, то ин ки аъзои худро аз шубҳаҳо нигаҳ дорад ва дар муқобили ҷустуҷўӣ ҳимоят мекунад. Ин омилҳо фасодкориро дар Судон ба як фасоди ташкилӣ, тадбиршуда гардонд. Ва онро ба идеологияи худкома замина гузошт. Ва як иқлими муносиб барои фасодкорӣ омода кард, то ин ки фасод зиёд шавад ва паҳн шавад ва кишварро чуноне, ки таҷриба инро нишон додааст ба ин ҳолати имрўза оварда расонд, ки фасод доимо бо худкома муносиб мебошад.
Вақте ки ҷабҳаи миллии исломӣ қудратро дар моҳи июни соли 1989 ба даст гирифт ва пеш аз ошкор кардани барномааш ва фикри он дар бораи ҳукмронӣ барои бақудрат расонидани афродаш дар дастгоҳҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, идорӣ ва фарҳангии давлат шурўъ кард. Ин сиёсатест, ки ба тавонмандсозӣ шинохта шудааст. Ин аз самими методикаи (Ихвонулмуслимин) аст, ки ба тамаркузи сарват ба дасти касоне, ки кўшиш накарданд барои пайдо кардани он, оварда расонид. Ин як табақаи муфтхўри беҳосилро пайдо кард. Ин табақае аст, ки хеҷ гоҳ сер намешавад ва дар сояи фасодкорӣ ва сохтани мушкилиҳо ва буҳронҳо зиёд мешаванд. Инчунин барои аз байн рафтани хизматҳои шаҳрвандӣ ба фоидаи як гурӯҳи фурсатталабонаи технократия, ки самаранок нест ва бетаҷриба дар соҳаи танзим ва идора таҷрибаи кофӣ надорад. Вақте ки онҳо ба қудрат расиданд, фасодкорӣ ва хешутаборбозӣ ва порадиҳӣ паҳн шуда, ҳазорон кормандро аз вазифа озод менамоянд, ки сабаби тангии роҳҳои касби ҳалол барои бисёриҳо мешаванд ва бисёриҳоро маҷбур мекунанд, ки виҷдони хешро бифурӯшанд. Ва занҳо танфурӯшӣ кунанд, то ин ки зиндагии хешро пеш баранд. Ва хатарноктаринаш аз ҷиҳати иқтисодӣ ва идорӣ ин аст, ки тавонмандсозии фарҳангист (бартарии фарҳангӣ), ки бисёри ҷинсиятҳои ғайриарабиро ба маҳрумият ва таҳмил маҷбур кард. Сабаби амиқ рафтани фасодкорӣ ҳувияти мардумро кам кард ва ба сўи тақсимшавӣ дар равобити иҷтимоии судонӣ расонд. Инчунин  хавфи сарзадани ҷанги шаҳрвандиро зиёдтар кард, ки мардумро дар рў ба рўи ҷанг гузорад ва вазъияти имрўзаро барои дубора зиёд шудани фасод, омода созад.
Инчунин сиёсати иқтисоди озод (ҳамчун ҷузъе аз идеологияи ҳукмронист) бисёртарини мардумро аз ҳуқуқи таълими ройгон ва илоҷи ройгон маҳрум кард. Инчунин кафолатҳои иҷтимоиро бидуни ироаи ҷойгузини муносиб барои мардуме, ки бисёртари онҳо дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, танг кард, ки ин сабаби паҳншавии доираи фасод гардид.
 
Идеологияи фасодкорӣ

Фасоде, ки ҳар рўз дар рўзномаҳо ва барномаҳои телевизионӣ ва интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки рў мезанад инсонро ба тааҷҷуб меорад, зеро ки ин як кори фардӣ набуда, баъзеҳо дар пинҳонӣ ва танҳоӣ анҷом медиҳанд набуда, балки як амали ошкоро мебошад, ки дар пушти ин шахсиятҳои исломгаро меистанд, ки эътиқод ба он доранд, ки Худованд онҳоро барои анҷом додани рисолаи (муқаддасот), ки баландтар ва муҳимтар аз Ватан аст. Ва ин рисола болои тамоми қонунҳо ва иттифоқҳо мебошад ва болои тамоми арзишҳо буда ва дар ин роҳ ҳамаи чиз ҷоиз аст ва ҳамаи корҳо мубоҳ аст. Ва ин марҷаъияти онҳост ва на қонуне, ки барои ҳимояти он ва кор кардан ба он қасам ёд мекунанд. Аз ин лиҳоз ҷои тааҷҷуб нест, ки соҳибҳои мансабҳои қонуниро, ки аввалин касоне, ки қонунро поймол мекунанд, пас ба руҷӯъ кардани қавонини соли 2005, ки  он то имрўз амал карда мешаванд ва моддаи 75, банди 2 чунин омадааст: «Барои раиси Ҷумҳурият ё яке ноиби ў, ё кумак кунандагони ў, ё машваратчиён, ё вазирон ё кадом аз касе, ки дар мансаби қонунист ва иҷроияи он мебошанд, истифода бурдани корҳои шахсӣ ё амали тиҷорӣ ё ҳирфаӣ ё молӣ дар вақти дар сари мансаб буданашон иҷозат дода намешавад...». Лекин бо вуҷуди ин мебинем, ки як нафаре аз ҳаракати инқоз (ҳаракати наҷотдиҳанда) доктор Алӣ Нофеъ аз шахсони раисиҷумҳури Судон аст ва забондарозӣ карда, ба болои бисёре аз нависандагон тамасхур мекунад. Он чи ки ду қонун мегўяд онро инкор мекунад ва мегўяд: “Ман корманди давлатиям (қонуниям) ҳақ надорам, ки рамаи гуспандбонӣ кунам. Пас барои худаш ба ҷои як рамаи гусфанд (боигарии чорворо) сохтааст, ки онро қувваҳои низомии мусаллаҳ ҳимоят мекунад.
Фасодкорӣ натиҷаи камбизоатӣ ва ақибмондагӣ нест, балки фасодкорӣ як амали тарҳрезишудааст аз тарафи қудрати барҷомонда. Пас қудрате, ки аркони он дар бозори сиёҳ (контробанда) ва банкҳояш барои мухаддарот кумакпулӣ медиҳад ва  қонунро эҳтиром намекунад ин худи фасод аст.
Шакке нест, ки фурў рафтани раҳбарони сиёсӣ дар фасод ба сабаби заиф будани идораи ҳақиқии мубориза бар зидди коррупсия мебошад ва нагирифтани ягон иҷроияи ҳимоявӣ чораҳои пешгиранда, ҷаримаву ҷазоҳои ҷиддӣ бар зидди шахсони фасодкунанда, ба ин ҳол моро расонд. Чуноне, ки Аҳмад Матор мегўяд:
Сел дар баландиҳо расид,
Огоҳ бош мо ва мурдаҳо баробарем.
Пас эй хулафо, наметарсад мурда аз марг
Ва наметарсад мусибатҳоро.
Пас бигиред оташи нобудиро.
Бар зарари мо ва бар зарари шумо
Пас вақте ки зиндагӣ гардад ҳамроҳи маргҳо.
Пас мардум метарканд, мисли таркандае
Ва шумо мегардед пора-пора...
 
Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
 

БОЗГАШТ