ФИДОКОРИҲОИ НОСИРИ ХУСРАВ

Муаллиф: Беков Комилҷон

Расм

Носири дунёи маънӣ, Хусрави озодагон,

Дар замири рӯзгорон инқилобе будаӣ!

Олами шеъри Носири Хусрав рангин аст ва номи ӯ тӯли қарнҳои зиёд дар байни аҳли илму адаб ба сифати як шоири ҳаким вирди забонҳо шудааст.

Ин ҷо як нукта таваҷҷӯҳангез аст. Марди пешвои як фирқаи динии маҳдуд буда, чӣ тавр метавонад шахсияти ҷаҳонӣ дошта бошад? Ҷавоб ин аст, ки ташхис ва табобати ҷамъияти дардманди он рӯзгор ба ӯҳдаи ҳамин фирқаи маҳдуд ва ҳаллу фасли ин масъулияти бузург ба дӯши пайравони Носири Хусрав ҳавола шуда буд.

Дар он замони мураккаб фирқаҳои динию сиёсии дигаре, аз қабили шиа, имомия, ботиния, қарматия, исмоилия, мӯътазила ва ғайра, қатъи назар аз баъзе ихтилофҳои зоҳирӣ, аз ҷиҳати моҳият ба фирқаи Носири Хусрав наздик буданд. Бидуни муболиға фирқаи носирия мағзи ҳамаи гурӯҳҳои мухолифи зидди хилофати аббосӣ, ҳокимияти салҷуқӣ ва ғазнавиро ташкил медод.

Табиист, ки ин шахсияти бузург ва файласуфи сиёсӣ то синни 43-солагӣ дар дарбори ғазнавиён ва салчуқиён дорои ному нишон буда ва агар мехост, то охири умр бо фароғат зиндагиашро давом медод. Вале замири нохудогоҳи ӯ, ки дар синни 43-солагӣ аз худ огоҳӣ ёфта буд, Носирро маҷоли зистан бар шеваи пешина надод. Пурсида мешавад, ки: Чаро? Эзоҳ ин аст, ки Носир ҳангоми дар вазифаи раиси хазина кор карданаш (ки ин муддати нисбатан дарозеро дар бар гирифта буд) вақти холӣ ёфта, мутолиаи осори файласуфони Юнони қадим, фалсафаи ислом, таърихи фирқаҳои исломӣ ва ғайри исломӣ, тиб, нуҷум, ҳисоб, мусиқа, шеъру адаб ва ғайра машғул шуда, бо мурури замон дар рӯҳияи ӯ таҳаввуле ҷавҳарӣ, ҳувайдо мегардад. Шарҳу таҳлили масъала аз ин иборат аст, ки мутолиаҳои амиқ ва бардавоми Носир ақидаи пешинаи Ӯро, ки бар мазҳаби суннӣ будааст, беэътибор карда, ӯро ба сӯи мазҳаби дигар во доштааст. Вале ин зоҳири масъала аст ва дар ҳаёти бисёр касон рӯй дода буд. Носир метавонист ба ҳамон оромӣ ба равияи файласуфҳо, мутакаллимон, мӯътазила, машшоиён, аҳли тасаввуф ва хулоса ба кадом фирқае, ки мехост бипайвандад. Зеро асри Носир асри изтироботи мазҳабӣ, асри шак, асри Абулалои Мааррӣ ва Умари Хайём буд.

Носири Хусрав гузариши мазҳабии худро дар ҳудуди расму оинҳои маъмули динӣ маҳдуд накарда, ба муқобили сохти мавҷудаи ҳокимияти динӣ ва дунявӣ ҷанги беамон эълон намуд.

Ин иқдоми ҳакими бузург доираи фаъолияти ӯро ҳамчун шахс аз ҳудуди дин ва фалсафа берун бурда, сарнавишти минбаъдаи ӯро ба олами пурпечутоби сиёсат, ҳавола кардааст.

Ин аст ки Носири Хусрав дар таърихи фикри фалсафии мардуми тоҷик аввалин файласуфи сиёсии бебадал ба шумор меояд, ки ин ихтисос барои асрҳои миёнаи давлатҳои мусулмон хеле нодир аст.

Носири Хусрав баъди сафари машҳури ҳафтсолаи худ (1048-1055) мазҳаби сунниро бо исмоилӣ иваз намуда, бо як шӯру шавқи фавқулодда барои тарғиби мазҳаби наваш фидокориҳо ва бурдбориҳо намуд. Вале ба назари мо чизи ҷолиб бояд ҷавоби ин савол бошад, ки чаро Носири Хусрав ҳамчун файласуф, ҳаким, шоир, табиб риёзидон, ягон мазҳаберо аз инҳо интихоб накарда, ҳаёти иҷтимоӣ ва фикрии минбаъдаи худро маҳз ба тарғиб ва ташвиқи фирқаи исмоилӣ бахшид? Чаро Носир дину фалсафаро василае барои сиёсат қарор додааст?

Дар давраи Носир ҳаёти сиёсии империяи исломӣ ба ҳолате дучор гардида буд, ки сарнавишти ояндаи дину мазҳаб ва ҳикмату фалсафаи ин ё он минтақа ба ҳалли сиёсии тамоми империя ва ё худ хилофоти исломӣ алоқаи ногусастанӣ пайдо карда буд. Носири Хусрав ҳам равнақи дину фалсафаро дар истиқрори давлати мутамаркази умумиисломие медид, ки пешвоёни ин давлат аз авлоди асосгузори дини ислом - яъне Муҳаммад бошанд. Чунин давлат ва чунин пешворо Носири Хусрав дар мисоли давлати Фотимиёни Миср ва халифаҳои он тасаввур мекард. Ба гумони ӯ он гоҳ илму фарҳанг, дину ҳикмат низ равнақу ривоҷи сазовор пайдо менамуданд. Ин буд, ки Носир ислоҳи сиёсатро сабабгори асосии ислоҳи соҳаҳои дигари ҳаёти маънавӣ ҳисоб менамуд. Ба ҳамин сабаб аз дину фалсафаи маъмулии он замон сарфи назар намуда, ихтисоси сиёсатмадори динӣ ва файласуфи сиёсиро ба худ муносиб донист. Ва чунин ихтисосро дар зиндагии амалии худ татбиқ намуд. Ҳоло бубинем, ки вазъи сиёсии даври Носир чӣ гуна буд, ки ӯро ба ин орзуҳо кашонидааст?

Якум: Ҳокимияти динӣ ва дунявии он замон бо номи хилофати аббосиён, ки пойтахти он шаҳри Бағдод буд, амалан иқтидори худро гум карда, дар дасти амирон ва султонҳои дохили хилофат ба бозичаи бе ҷисму ҷоне мубаддал гардида буд.

Дуюм: Минтақаи Эрон ва Хуросон, яъне зодгоҳи Носири Хусрав аз тарафи бодиянишинони салчуқӣ ва ғазнавӣ ишғол карда шуда буданд. Ҳокимияти Сомониён, ки Носир бо таърихи давлатдорӣ ва фарҳангии он меболид, аз дасти ин бодиянишинон сарнагун шуда буд. Носири Хусрав мегӯяд:

 

Номаи шоҳони Аҷам пеш хоҳ,

Якраҳу бар худ ба тааммул бихон.

 

Сеюм: Дар Миср, ки яке аз давлатҳои тавонои онрӯзаи мусулмонӣ буд, ҳокимият ба дасти халифаҳои Фотимӣ афтода, дар замони Носири Хусрав халифаи ҳаштуми ин силсила бо номи Ал-Мустансир Биллоҳ (1035-1094) ҳукмронӣ мекард. Хулафои Фотимӣ ҳокимияти марказии империяи исломӣ, яъне хилофати аббосӣ ва ҳукмронии бодияшинони суннимазҳабӣ ғазнавӣ ва салчуқиро низ боэътибор медонистанд.

Бо он ки насабномаи онҳо то ба духтари пайғамбар, яъне Фотима мерасид, бо худ меболиданд ва ҳокимияти худро дар он рӯзгор ягонаю шаръӣ, ҳисоб мекарданд. Дар ин замина нақшаҳои ҷаҳонгирӣ ва кишваркушоӣ тартиб дода, пеш аз ҳуҷуми амалӣ ба Бағдоду Хуросон, ҳуҷуми идеявии худро дар шакли фиристодани доъиёни исмоилӣ ба гӯшаю канори олами исломӣ шурӯъ намуданд: Носири Хусрав яке аз он таблиғгарони хулафои Фотимӣ гардид ва баъдҳо ба мартабаи «ҳуҷҷат» ҳам расид. Вале бояд пурсид, ки чаро Носири Хусрав аз хилофати аббосии Бағдоду султонҳои салчуқии Хуросон пуштибонӣ накарда, ба ёрии хулафои Фотимии Миср шитофтааст?

Якум- Носири Хусрав хилофати аббосии Бағдодро нафрин мекард. Зеро ба ақидаи мутафаккир хилофати аббосиён ғайри шаръӣ буд. Ғайри шаръӣ будани ҳукм барои асрҳои миёна албатта масъалаи ҷузъӣ нест. Ин ҷо ба фикри Носир ду омили таърихӣ таъсир кардааст. Яке, ашрофпарастии эронӣ, ки дар империяи Сосониён (242-651) ба авҷи аъло расида буд. Дигаре, пуштибонӣ аз ҳамин ақидаи миллии худ дар мисоли миллати араб, яъне қабилапарастист, ки дар хонадони Муҳаммад зоҳир мегардад. Дар ҳамин масъала хилофи ҷавҳарии байни мазҳаби шиа бо мазҳабҳои ғайри шиа сap мешавад. Миллатпарастӣ ва миллатситезӣ.

Дувум: Дар асоси он, ки Носири Хусрав хилофати аббосиро инкор мекунад, ҳокимияти султонҳои салчуқӣ ва ғазнавиро низ ғайри шаръӣ ва роҳзанона ҳисоб менамояд.

Савум: Ба назари Носири Хусрав ягона давлате, ки дар он рӯзгop сазовори пешвои мусулмонон бошад, давлати Фотимиёни Миср буд. Зеро халифаҳои фотимӣ аз авлоди Муҳаммад буда, аз ин ҷиҳат ба ақидаи мазҳабии Носири Хусрав муносиб буданд. Дар ин замина ӯ мекӯшид, ки хилофати фотимиёнро илман ва амалан пуштибонӣ намуда, ба ин васила амали ба сари хилофати Бағдод омадани онҳоро тезонад. Бо як олам шӯру шавқ халифаи Фотимӣ - Мустансирро мухотаб қарор дода, менависад, ки чаро ӯ забт кардани Бағдодро ба таъхир мегузорад?

Аз хилофати аббосӣ дида салотини салчуқию ғазнавӣ бештар мояи кинаву ғазаби Носири Хусрав қарор мегирад.

Носир ин султонҳои нохондаро дар китоби «Ваҷҳи дин - мояи ҷаҳлу бадгавҳарӣ» (саҳ. 26) ҳисобида, дар «Девон»-аш мегӯяд, ки:

 

Наботи пурбало ғуз асту қипчоқ,

Ки рустастанд бар атрофи Ҷайҳун.

 

Акнун ба ин натиҷа расидем, ки Носири Хусрав мехоҳад бо фаъолияти сиёсӣ ва адабии худ халифаи Фотимии Миср - Мустансирро барангезад ва ӯро ба муқобили хилофати аббосӣ ва султонҳои ғазнавию салчуқӣ равона кунад. Зоҳиран тантанаи хилофати Фотимӣ дар империяи исломии онрӯза идеяи сиёсии Носири Хусрав будааст.

Мурод аз таълифи осори назмӣ ва насриаш ин аст: Ҳукумати мутамарказ барои оромии Хуросон аз ҳама чизи зарурист. Далелаш ин буд, ки дар давраи устувор будани хилофати аббосӣ сокинони Эрону Хуросон аз оромӣ ва ободӣ бархурдор буданд. Дар натиҷа ҳокимияти мустақили миллӣ дар симои Сомониён дар ин минтақа ба вуҷуд омад ва пирӯз шуд. Вале шикасти ҳукумати мутамарказ сабаби он шуд, ки дар гӯшаю канорҳои империяи исломӣ султонҳо ва амирони нохонда ва бе ному насаб (аз қабили салчуқӣ ва ғазнавиҳо) ҳукуматҳои шаръӣ ва аслиро забт карданд. Мантиқи фикри Носир ба ин меоварад, ки агар давлати шаръӣ (ки ба ақидаи Носир хилофати Фотимиён аст) дар ҳама ҷо ҳукмрон гардад, боз аз нав барои мардумони Эрону Хуросон имконияте фароҳам меояд, то ин ки мисли пештара давлати мустақил ва миллии худро ташкил диҳанд. Инак, мутафаккири равшанзамир аз гузаштаи пурифтихори шоҳони Аҷам бо ҳисси ифтихор ёд мекунад, вале идеали сиёсии ояндаи ӯ давлате, аз қабили давлати Сомониён, ки асосашро мазҳаби исмоилия ташкил диҳад, иборат буд.

Саволе ба миён меояд, ки Носири Хусрав ҳамчун файласуфи сиёсӣ нисбат ба фаъолиятҳои пайравони дини аҷдоди худ - зардуштиён чӣ назаре дошт? Яқинан, ӯ зардуштиёни замони худро дар масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии рӯзгор ба кундӣ ва карахтӣ айбдор намуда, ба онҳо ба тамасхур хитоб мекунад: 

 

 

Эй хонда китоби Занду Позанд!

3-ин хондани Занд то каю чанд?/

Лаб пур зи фузулу Занд бар лаб,

Зардушт чунин навишта дар Занд??

 

Метавон пурсид, ки чӣ тавр марде, ки тақдири ватани худро ба дасти бегонагон (Фотимиён) супориданӣ аст, онро ватанпараст номид? Савол ба таври умумӣ дуруст ва мантиқист. Далелҳои таърихӣ зиёданд. Ба илова мардуми ба ин миқдори кам амалан наметавонистанд дар муқобили ҳуҷуми моддӣ ва маънавии бодиянишинони арабӣ, салҷуқӣ ва ғазнавӣ муддати дуру дароз истиқлолияти сиёсии худро нигоҳ доранд.

Маҳз тақозои ҳамин мантиқи воқеияти таърихии рӯзгор буд, ки Носири Хусрав шоир, файласуф, табиб ва риёзидон ихтисосҳои дӯстдоштаи худро тарк накарда, шартан хештанро дар нақшаи файласуфи сиёсӣ вориди маърака гаронид. Ин корро танҳо марде метавонист, ки ба моҳияти аслии шеъру ҳикмат, тибу риёзиёт, дину фалсафа расида бошад.

Фидокориҳои илмӣ ва амалии ӯ барои хушбахтии инсон ва инсоният номи ӯро дар олами тамаддун ба сифати яке аз шахсиятҳои ҷаҳонӣ сабт кард.

 

Эй ки сайри корвонеро шитобе будаӣ,

Маҳфилу базми хамӯшонро хитобе будаӣ.

Метаровад ҳарфи огоҳӣ зи лабҳоят мудом,

Пешвойи ростини шайху шобе будаӣ,

Хирасарҳои замона аз ту доим дар ҳарос,

З-он ки дар изҳори ҳақ айни савобе будаӣ.

Ғофиле аз ҷаҳлу ғафлат аз куҷо донад, ки ту:

Баҳри Инсон ин ҳама дар печу тобе будаӣ.

Асрҳо боист то ёбӣ мақоми хешро,

Гар чи шоми миллатеро офтобе будаӣ.

Эй забармарди далеру в-эй-хирадманди ҷаҳон,

Аҳли оламро ту ганҷи беҳисобе будаӣ.

Эй ки асрори худиро дар худоӣ ёфтӣ,

Пурсиши мушкилписандонро ҷавобе будаӣ.

Носири дунёи маънӣ, Хусрави озодагон,

Дар замири рӯзгорон инқилобе будаӣ!

            Инқилобе будаӣ!!!

 

Комил Бекзода

доктори илмҳои фалсафа

БОЗГАШТ