Кишвари дӯст ва ҳамсояи мо Афғонистон, ки дар қаламрави Хуросони таърихӣ ҷойгир мебошад, суннатҳои машҳури фарҳангӣ ва адабии ин сарзамини бостониро нигоҳ дошта меояд. Ҳавзаҳои машҳури адабии Балху Бадахшон, Кобулу Ҳирот ва Кандаҳору Ғазнаи он, ки зодгоҳу парваришгоҳи садҳо суханварони тарзи аввали забони дарӣ (форсӣ, тоҷикӣ) буда аст, имрӯз ҳам мактабу дабистоне мебошанд барои тарбияи шоирони ҷавон минбаре барои муаррифӣ ва таблиғи навиштаҳои онҳо.
Ин анъанаи қадимӣ дар Афғонистон то ҷое ровоҷ дорад, ки натанҳо ҳавзавҳои номбурдаи таърихӣ, балки ҳар шаҳри калон ва вилоёти кишвар чун Панҷшеру дигарон ҳам маҳфилу анҷуманҳои адабии маҳаллии худро доранд.
Панҷшери кунунӣ вилоятест иборат аз шаш ноҳия,дар 120 километрии Кобул, дар “дили” силсилакӯҳҳои Ҳиндикуш воқеъ буда, марказаш шаҳраки Бозорак мебошад.
Мардуми Панҷшер аксарият тоҷиконанд ва аслу насаби худро аз Даҳбеди Самарқанд медонанд. Зимнан бояд гуфт, ки ба ғайр аз Панҷшериён бисёр хонаводаҳои дигаре ҳастанд дар Балху Бадахшон ва Кобулу дигар ҷойҳо, ки хостгоҳи аҷдодии худ Даҳбедро мешуморанд.
Масалан шоири машҳури мардумӣ Сӯфӣ Ашқарӣ чунин мегӯяд:
Шуҳратам бошад агарчи Ашқарии Кобулӣ,
Аз Бухорои Шариф обову аҷдодии ман аст.
Ё:
Туро маълум бошад ҷогаҳи ман,
Зи Даҳбеди Самарқандам Худоё.
Вале ҳеҷ кадоми ин Даҳбедиёни пароканда дар бораи сабабҳо ва чигуна омадани аҷдодони худро ба сарзаминҳои нав хабари дурусте надоданд.
Мувофиқи маълумоти дақиқу мустанади муаллифони рисолаи “Панҷшер – сарзамини мардхез” Ҳаким Қурбонов (Бохтарӣ) ва Ғолиби Ғоиб оворагӣ ва муҳоҷирати сокинони Даҳбед ба кӯҳистонҳои Ҳисору Бадахшон ва Хатлону Панҷшер бо омадани Шайбониён ба Осиёи Миёна шуруъ шуда, дар замони Аштархониён ва баъди онҳо шиддати бештар гирифтааст. Хулоса дар тӯли тақрибан 250 сол (1501-1745) Даҳбедиён се1 бор маҷбуран, ба таври оммавӣ ватану заминҳо ва хонаву дари худро ба қабилаҳои ишғолгари навомад дода , худ дар як минтақаи васеъ муҳоҷир шуданд.
Даҳбедиён чун тоҷик буданд, асосан дар сарзаминҳои тоҷикнишин пароканда шудаанд. Вале қобили ёдоварист, ки ҳар куҷо, ки рафтанд урфу одат ва расму оини аҷдодӣ ва маҳалли худро ҳифз карданд.
Яке аз чунин хислатҳои меросии мардуми Панҷшер, ки то имруз идома дорад,ин фарҳангу адабдӯстии онҳо мебошад. Гувоҳи равшану барҷастаи ин гуфта дилбастагии амиқи Аҳмадшоҳи Масъуд, ин ҷанговари далеру сипаҳсолори пирӯз ба адабиёт мебошад.
Тавре медонем, Аҳмадшоҳ дар оилаи низомӣ ба воя расида, хатмкардаи институти политехникии Кобул ва аз рӯи ихтисос инженер буд. Илова бар он бештари умеди кӯтоҳи ӯ дар ҷабҳаи мубориза ва майдонҳои ҷангу набард гузашта аст. Вале бо вуҷуди ин ҳамнишинонаш ҳикоят мекунанд, ки ӯ адабиётро дӯст медошт ва дар андакфурсатҳои фароғат базми шеър барпо мекард.
Рӯзе дар хонае базми шеър ороста ва бо дӯстдорони Ҳофиз баҳс мекард. Дар ин ҳангом яке аз фармондеҳонаш ворид шуда мебинад, ки сипаҳсолор хеле гарму самимона ғазале аз Ҳофизро шарҳ медиҳад.
Ба суоли Аҳмадшоҳ, ки “ чӣ мехоҳӣ?” фармондеҳаш гилаомез мегуяд:
“Шумо инҷо баҳси адабиёт доред”, душман ба минтақаи Фарҳор ҳамла дорад.
Аҳмадшоҳ каме андеша карда мегуяд: “Фаромӯш накун, ки ҷанги мо ҳам ба хатори наҷоти ҳамин адабиёт аст!”2
Гузашта аз чунин шеъру адабдӯстиҳои анъанавӣ парвардагон ва фарзандони ин диёр чун Фурӯзии Панҷшерӣ, Дастгири Панҷшерӣ, Ҳайдарии Вуҷудӣ (Панҷшерӣ), аз ҷавонтарҳо Абдулқаҳҳори Осӣ, Абдулфаҳим Фаранд, Холида Фурӯғ ва амсоли он аз шоирони шинохта ва машҳури шеъри имрӯзи дарӣ ба шумор мераванд.
Чанд намуна аз ашъори шоирони муосири Панҷшерӣ:
Фурӯзии Панҷшерӣ ( 1932 – 1999)
Тоҷикистон
Сарзамини хубрӯён Тоҷикистон буду ҳаст,
Маъдни ёқуту марҷон Тоҷикистон буду ҳаст.
Ҳамҷавори Термизу Балху Бухорои қадим,
Дилнишини мулки Турон Тоҷикистон буду ҳаст...
Дӯстони Тоҷикистон , бахтатон бодо баланд,
Ҷанноби дунёи хубон Тоҷикистон буду ҳаст.
Дилшикор аз сайри дарё Зарафшон буду Вахш,
Фаррух аз Вахшу Зарафшон Тоҷикистон буду ҳаст.
Сабзу хуш аз дараи Варзобу Кулобу Хуҷанд,
Лаъли роҳ кӯҳи Бадахшон, Тоҷикистон буду ҳаст.
Муддате гар офтобаш буд пинҳон зери меғ,1
Партави хуршеди тобон Тоҷикистон буду ҳаст...
Широни хуб чун Айнию Турсунзода дошт,
Маҳди шеру илму ирфон Тоҷикистон буду ҳаст.
Ҳол ҳам дорад сухандонони хубу номдор,
Ҷойи мардони сухандон Тоҷикистон буду ҳаст.
Аз бади даврон амон бодаш зи волоҳимматӣ,
Барканор 3 осеби даврон Тоҷикистон буду ҳаст
Майманат2 бодаш, ки он кишвар ба озодӣ расид,
Маъамни озодагон, Тоҷикистон буду ҳаст.3
Дастгири Панҷшерӣ (1933)
Сулҳи ҷаҳон
Сулҳи ҷаҳону меҳри дурахшонам орзуст,
Пайкори гарму сангари ҷӯшонам орзуст.
Сарбози инқилобаму дар ҷабҳаи набард,
Ҷӯшу хурӯшу ғурриши тӯфонам орзуст...
Найранги посдори сиёҳиву маргро,
Ифшогарӣ ба рағми рақибонам орзуст.
Аз зиндагии сарду хомӯш гаштанам малул,
Дунёи гарму оташи сӯзонам орзуст.
Бо кӯдакони мардуми овораи ватан,
Дилсӯзиву вафои фаровонам орзуст .
Шодиву бесаводии инсони миҳинам,
Ишқи бузург ба мардуми афғонам орзуст.
Рӯзе, ки сулҳ ояду оромиши баҳор,
Шодобии мазори шоҳидонам орзуст.4
Насими баҳорон
Аз ин гиёҳи туфайлӣ умеди тозае надорам,
Ба интизори шукуфтани меваҳои баҳорам.
Зи файзи хоки заррини хазону оби зимистон,
Шукуфа мекунад охир ниҳоли бе бару борам.
Ҳазор бор бигуфтам, макун тамасхуру бозӣ,
Ба сарнавишту мардуму думи шери диёрам.
Зи ҳарфи беамали ҳамроҳони сусту дупаҳлу
Хиҷил ба пеш рафиқону қавму хешу таборам.
Сапеда гар дамаду офтоби сулҳ дурахшад,
Равад сиёҳии шаб бешиору шӯру шарорам.
Бирав, ба гӯши шоҳидон бигӯ насими баҳор,
Ки ҷузъ ба халқу ватан дил ба ҳеҷ кас насупорам.5
Ҳайдарии Вуҷудӣ (Панҷшерӣ, 1939)
Кишварам, эй модарам, эй модари бемори ман,
Нола меҷӯшад ба ҳолат аз тани табдори ман.
Ту дили бедори Шарқӣ, ман дили бедори ту,
Эй вуҷуди нозанинат, матлаи анвори ман.
Аз забонам шуъла мерезад, ки дар ин рӯзгор,
Ҷои гул оташ гирифта домани гулзори ман...
Ҷои дил меҳри ту ҳардам метапад дар синаам,
Эй ҳавову оби покат дилбару дилдори ман.
Миҳан
Кишваро, шодобу сарсабзу шукуфо бинамат,
Чун пари товуси зебо ҷилваафшон бинамат.
Гулшан аз гулҳои симиникавокаб доманат,
Офтоби гарму ҳастӣ дар гиребон бинамат.
Бишканад чандин чаман гул ҳар нафас дар доманат,
Сарви озоди равони андалебон бинамат.
Дар дили вайронаҳои ту бувад ганҷинаҳо,
Миҳано, доман пур аз лаъли Бадахшон бинамат.
Бештар хоҳам ба олам ҳусни маънии туро,
Эй ватан, дар рӯзу шаб оинабандон бинамат.
Дар ҷаҳони бостонӣ маҳду фарҳанги ҳунар,
Коргоҳи беназири илму ирфон бинамат.6
***
Шеъри нигоҳи ту ба куҷо мекашад маро,
Дар кӯчабоғи отифаҳо мекашад маро.
Ёди қади расои ту дар лаҳзаҳои шавқ,
Сӯи ту бо умеди расо мекашад маро.
Амвоҷи пурталотуми дарёи чашми ту,
Бар дӯши ишқ, бе ману мо мекашад маро.
Дил донаду Худои, ки сӯи ту ҳар нафас,
Эй Каъбаи умед, чиҳо мекашад маро
Аз чоҳи тан, ки зиллату хории одамист,
Нури умеду дасти Худо мекашад маро.
Дар ишқи ишқ гар дили ман болу пар кашад,
Аз банди норавову раво мекашад маро.
Дар тору пуди шеъри тарам ҷуз ту ҳеҷ нест,
Оне, ки туӣ ту ба наво мекашад маро.
Ишқам агар кашид ба ҷое, ки тустӣ,
Дар гӯши гӯши ту чу садо мекашад маро.
Наққош гар ба маънии ишқи ту ошност,
Охир чигуна аз ту ҷудо мекашад маро.7
Қаҳҳори Осӣ (1956)
Нишаста лашкари пойиз рӯи шонаи боғ,
Варақ – варақ шуда девони ошиқонаи боғ,
Ту гӯӣ аз дили ман рангрези пири фусул,
Замина сохта бар гӯшаву канораи боғ.
Туро ба кулбаи ушшоқи номурод кашад,
Лиқои мағриби заррини остонаи боғ.
Зи шохсори сапедор булбули зоре,
Видоъ мекунад аз боғ бо таронаи боғ.
Кунун зи ваҳшати тароҷи бодҳои ҳариф,
Насиби зоғу заған гашта обу донаи боғ.
Дареғ шавкати дарвешҳои сабзқабо,
Дареғ равнақи рӯҳониёни хонаи боғ.
Магар ки қофилаи ошиқон фитода ба роҳ,
Садо садои ҷудоист дар миёнаи боғ.
Баҳорро ба гулӯгоҳ бад мешиканад,
Тағаззули ғаму дилтангии занонаи боғ.
Куҷост хомаи ҷодугари Манучеҳрӣ,
Ки аз чакома кашад тарҳи ғамгинонаи боғ.8
***
Биё ки гиря кунем,
Ба талхкомии душизагони овора,
Ба безабонии дарвозаҳоибаста,
Шикаста.
Ба хотири ғами бисёру шодмонии кам,
Ба хотири шабу рӯзи сиёҳи бе ҳунарӣ,
Бешеърӣ.
Биё ки гиря кунем.9
Наҷиб Растгор (1958)
Туро дидам
Туро дидам,
Ки меоӣ,
Ба ҷонам ларзаҳои шавқ мерақсид
Ва қалбам бо тапишҳояш туро мехост.
Туро дидам,
Ки чун як хирмани сабзи баҳорон
Ба саҳрое, ки ман хушкида дар онам
Хиромон карда меоӣ.
Маро дидӣ,
Ки чун барги хазон ҳар лаҳза мерезам?
Ҳариқи тундбоди ишқи афзунгар маро пажмурд,
Маро хушконд ва танҳо кард.
Ту меоӣ
Ва танҳо барги ҷони ман фидои мақдамат бодо.
Тани хушкидаи ман, қимати ранҷида аз дардам,
Фурӯтан чашм ба роҳат.
Туро дидам!
Ба мисли гул шукуфта
Аз тароват борвар будӣ.
Садои ту ба гӯши ман
Чу гулбонги саҳар омад,
Вале, оё
Чакиданҳои ашкамро ба рухсорам,
Туҳам эҳсос мекардӣ?10
Абдуфаҳим Фаранд (1968)
Шаб
Шаб асту нолаи чуғду кулоғ дар гӯш аст,
Арӯси деҳкадаи мо зи ғам сияҳпӯш вст.
Сараш бараҳна, гиребон дарида фиръунӣ,1
Шароби хуни дили мо ба ханда дар нӯш аст.
Ба сӯи водии хуршедихуфтагони шаҳид,
Ба ҳар тараф падареро писар дар оғӯш аст.
Садои навҳа, ки аз сӯи дашт меояд,
Садои раҳгузари пири хонабардӯш аст.
Худои хайр, ки зи ғам кӯч карда бо мурда,
Чароғи беваи шабзиндадор хмӯш аст .
Зи сахра – сахраи2 хунин, эй мазоробод,
Ғирев сар зада ва хуни ҳамла дар ҷӯш аст.
Зи хотироти пур аз гургу меши ин мардум,
Ҳадиси шому бало гӯё фаромӯш аст.
Дари қадимии деҳ бишкананд дуздоне,
Ялон ба хоби хуш афтода дузд дар кӯш аст.
Зи Каҳкашони саодат, Фаранди мискинро,
Суруди ғуссаву доғи диле дар оғӯш аст
***
Шом расиду ошиқон қуфл заданд ба хонаҳо,
Пур зи нигори кӯза шуд соҳили рудхонаҳо.
Боғи баланди соҳиле ишқ самар гирифтааст,
Чун ки лиқои ёри ман сар зада аз миёнаҳо.
Домани рудхонаҳо пур шуда аз гулу гуҳар,
То ки ба духтарон диҳад бо садафу таронаҳо.
Духтари шодмони бед гесӯи сабзи хешро,
Дода ба дасти мавҷҳо то бизананд шонаҳо.
Ҷуфти парандае ба ҳам қиссаи ишқ мекунанд,
Гаҳ ба сурдхонаву гаҳ ба бекаронаҳо.
Мавҷ ба мавҷ моҳие арзи салом мекунад,
Санг ба санг булбуле ҳадя кунад таронаҳо.
Гаҳ ба замини соҳилу гаҳ ба диёри моҳиён,
Нағмаи руд мебарад ҷону дилам шабонаҳо.
Чашмаи ишқ ҷӯш шуд, ғулғулаву хурӯш шуд,
Аз лаби рудхона то синаи осмонаҳо.
Чашмаи ишқ рафтаам, кӯза пуроб кардаам,
Оби ҳаёт хӯрдаам аз кафи ҷовидонаҳо.11
Холида Фурӯғ
Миллати ман дар ишқ ҷавонмарг аст
Гулӯгоҳи дарахти озодӣ қатра – қатра хун мешавад
Намегирям.
Машъале медурахшонам аз ангуштонам, ки гушуда ҳастанд,
То гесӯвони шарқро
Осуда кунанд.
Миллати ман фаромӯш намешавад ҳаргиз
Ва чашмҳои сиёҳаш
Дар қалби фарҳангҳои сапед ҷо мегирад.
Бар намегардам,
Ҳазорон ҳазор ситораро дарменавардам,
Аммо, эй зодгоҳи оворагони замин,
Туро бо худ овора месозам.
***
Духтарон! Шабонаҳои беумед,
Духтарон! Шикастаҳои бесадо,
Эй чароғҳои осмони сӯхта,
Бо ман аз сапедаҳои гумшуда
Ишқ сар кунед.
Духтарон! Шиносномаҳоятон,
Шиносномаи адоват аст.
Инчунин агар ғуруби чашмаҳоятон идома ёфт,
Инчунин агар вафоятон ба ҷӯйҳои кӯчаки ҳақир
Пуст дод.
Инчунин агар яқинатон сиёҳ монд,
Сангфарш мешавад.12
***
Муҳаммадисо Суҳайл(1971)
Тоҷикон – рӯҳи боазамати Шарқ
Боҳиммату ғуруру сипаҳдор тоҷик аст,
Сарлашкари далеру вафодор тоҷик аст.
Кохи баланду пояш исломи Осиё,
Фахри Аҷам, салобати ағёр тоҷик аст.
Дорад нажоди миллати Ҷамшед, Ориё,
Аз Марв то ба Порс амалдор тоҷик аст.
Тоҷаш Имоми Аъзаму рӯҳаш Бухорӣ аст
Дину лиқои Аҳмади мухтор тоҷик аст.
Сартоҷи шоирони сарафроз Рӯдакӣ,
Чун Мавлавӣ адиби қаламдор тоҷик аст.
Балхи барину давлати Гуштосп ёд бод,
Фарзанди боҳашамат, Масъуди ӯ куҷост?
Ӯ аз табари миллати саршори тоҷик аст.
Исмоил, ки рӯҳи Хуросон бикард ҷавон,
Ҷуду сахову суруду сардор тоҷик аст.
Хоҳам зи ҳақ, ки ҳамдилу якҷо шавем, Суҳайл,
Гӯянд зи Форс то ҳадди Фархор тоҷик аст.13
Адабиёти иқтибосшуда:
- Ҳаким Қурбонов (Бохтарӣ), Ғолиби Ғоиб / Панҷшер сарзамини мардхез, Кобул, 2011, - с. 86.
- Ҳамон ҷо, - с. 53
- Мунтахаби ашъори шоирони муосири Панҷшер (Мураттиб Ҳаким Бохтарӣ). Душанбе, 2014, - с. 8 – 9.
- Дастгири Панҷшерӣ. Пайки дӯстӣ, Кобул, 1363, ғ. 102 – 103.
- Дастгири Панҷшерӣ. Баҳори ҷовидон, Кобул, 1363, - с. 98 – 99.
- Ҳайдарии Вуҷудӣ (Панҷшерӣ). Бо лаҳзаҳои сабзи баҳор, Кобул, 1364, - с 95 – 96.
- Холида Фурӯғ. Гоми бе таваққуф (шеъри муосири порсии дарӣ), Кобул, 1390, - с.87-88.
- Ҳамон ҷо, - с. 126 – 127.
- Доктор Қавим. Муруре бар адабиёти муосири дарӣ, 1393, - с. 155.
- Садо (Маҷмӯаи шеър), Кобул, 1364, - с. 97.
- Доктор Қавим. Муруре бар адабиёти муосири дарӣ, 1393, - с. 277 – 280
- Ҳамон ҷо, - с. 179.
- Мунтахаби ашъори шоирони муосири ПанҷшерМураттиб Ҳаким Бохтарӣ). Душанбе, 2014, - с. 58 – 59.
Ғиёсиддин Қодиров, номзади илмҳои филология