Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҳамкориҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 1992 аз табодули нотаҳои вербалӣ байни вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар барқарор гардид. Баъди як сол ҳамкорӣ, моҳи июни соли 1993, Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аввалин шуда, сафорати худро дар Душанбе боз кард.
Инчунин моҳи июни соли 1995 ду санади муҳимми ҳамкорӣ - “Дар бораи ҳамкории фарҳангӣ” ва “Дар бораиташкили бунёди таҳқиқот ва омодаи мутахассисон” ба имзо расид. Худи ҳамон сол санади замимаи ҳамкорӣ дар шаҳри Бонн ба муоҳида омад, ки дар бораи Фонди таҳқиқот ва мутахассисон ба имзо расид, кибарои татбиқи он 10 миллион евро ҷудо гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкории фарҳангии тарафайн аз он сарчашма мегирад, ки ховаршиносони олмонизабони Аврупо нисбати фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳи хосе доранд, аз ҷумла дар омӯзиши асари бузурги Абулқосим Фирдавсӣ саҳми беандоза гузоштанд. Танҳо дар кишвари Олмон 50 тафсири тарҷумаи “Шоҳнома” мавҷуд аст.
Инчунин ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратманди ҷаҳон ба шумор меравад, барои Тоҷикистон муҳим мебошад. Муносибат бо кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла муносибатҳои иқтисодӣ, қисми таркибии сиёсати хориҷии ҶФО ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баъд аз расидан ба ризоияти миллӣ, яъне пас аз соли 1997, рӯ ба рушд ниҳод. Дар ин раванд яке аз лоиҳаҳои муҳимми робитаҳои Тоҷикистону Олмон ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи EXPO (Намоишглҳи байналмилалӣ) дар Ганновер буд, ки Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бузургтарини ҷаҳонӣ бо дастгирии ҳукумати федеративии Олмон гӯшаи хоси худро ба оламиён пешниҳод карда ба кишварҳои Аврупо худро шарики муҳим нишон дод. Ва ҳамкориро бо кишварҳои ғарбӣ густурдатар намуд
Дар баробар, захираҳои иқтисодии Тоҷикистон соли 1998 мавриди таваҷҷуҳи ширкатҳои олмонии «Мерседес», «Люфтганза», «Сименс» и «Берлинер Банк» қарор гирифт.
Дар ин давра дар ҳудуди Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Олмон «Макс Хуросон», «Мюллер ва Шелл», «Сименс-Шивас ЛТД», “Дружба” ҷалб шуда, фаъолият доштанд. Соҳаи асосии фаъолияти онҳоро истеҳсоли маводи сохтмон, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ворид кардани техникаву технологияи пешрафта ташкил медод.
Пас аз он, равобити тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон дар дигар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ вусъат ёфтанд. Аз Тоҷикистон ба ҶФО асосан нахи пахта, алюминий, маҳсулоти чорво ва ғайра содирот карда мешавад. Маҳсулоте, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ворид мегарданд, асосан аз маводи рангу бор, коғаз, маводи табъу нашр, асбобҳои барқӣ, дастгоҳҳо, воситаҳои автомобилӣ, аккулумяторҳо, трансформаторҳо ва ғайра иборатанд.
Соли 2008 ҷониби Олмон барои таҷдиди дастгоҳи барқ тақсимкунии Неругоҳи Барқии Обӣ-и Норак 25 млн. евро ҷудо кард, ки 18 млн қарз ба муддати 40 сол ва 8 млн. қарзи грантӣ мебошад. Ҳамчунин ба ҳамин ҳадаф Олмон барои таҷдиди Неругоҳи Барқии Обӣ-и Мурғоб муоҳида ба имзо расонд.
Дар ин раванд, муносибатҳои судманд байни ҳокимияти қонунгузории ҳар ду кишвар барқарор гашта ва татбиқи он  идома ёфтанд. Моҳи ноябри соли 1997 бо даъвати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Бундестаг ба Душанбе ташриф оварданд, ки  худи ҳамон сол ду нафар намояндаи Маҷлиси Олӣ бо даъвати Бундестаг барои ширкат дар семинари солона ба Олмон сафари корӣ анҷом доданд. Чунин ҳамкориҳо минбаъд низ идома ёфтанд, ки солҳои 2009, 2013, ва 2017 вохӯриҳои судманд байни намояндагони мақомоти қонунгузори ҳарду кишвар сурат гирифта, ҳамкориҳои тарафайн дар сатҳи баланд расида, мақомоти баланди ҳарду кишвар 30-уми октябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохурии намояндагони Ҳукумати федералии Олмон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар натиҷаи он 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла Муоҳида дар бораи дӯстӣ, табодули иттилооти ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи экспертизаи судӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гумрук, ва ғайра мебошад. Бояд таъкид кард, ки Олмон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои пайвастаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бехалал давом медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо Олмон нисбат ба дигар кишварҳои ИА таъдоди зиёди санадҳои ҳамкориро ба имзо расонида аст. То имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки 30-тои он шартномаҳои байниҳукуматӣ, 9 – байнисоҳавӣ ва 1- изҳороти муштарак мебошанд. Ин санадҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро гирифта, барои ҳамуориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё мекунанд.
Яке аз омилҳои татбиқи муҳими ҳамкорӣ ва пайравии он рафту омади сатҳи баланди давлатӣ буда, дар он сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶФО соли 2003 мебошад, ки  марҳилаи нави ҳамкориҳорор оғоз бахшид. Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон ва ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ як қатор вохуриҳои судманд баргузор намуд.
Инчунин 7 октябри соли 2014 байни Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С. Аслов ва собиқ Сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грэн шартнома дар шакли табодули нотаҳо барои аз нав барқарор намудани маблағгузории лоиҳаи таҷдиди НБО Мурғоб имзо гардид.
Бояд таъкид кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон асосан хусусияти лоиҳавӣ доранд ва ҳамаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз тариқи муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ татбиқ мегарданд. Ин муассисаҳо асосан «Агроаксияи Олмон», «Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои техникӣ», «Хадамоти олмонии рушд» мебошанд. Ҳамчунин Сафорати Олмон дар Душанбе, аксаран басифати донор амал мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамкориҳои молию техникии тарафҳо низ хело ҳам назаррас мебошанд. Масалан, танҳо дар соли 2002 Олмон дар тоҷикистон 40 млн. евро харҷ кард, киаз ин 8. млн. ба маблағгузории ҳамкориҳо сарф гардидааст.
Пас доираи ҳамкориҳои техникӣ  дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон коршиносони Ҷамъияти GTZ (Ҷамъияти олмонии ҳамкории техникӣ), DED (Хадамоти олмонии рушд), CIM (Маркази муҳоҷират ва рушди ҷаҳонӣ) фаъолият доранд. Фаъолияти чандинсолаи Агроаксияи Олмон (DWHH). Дар ҷумҳурӣ шӯҳрати ҳамагонӣ ба худ касб намуда аст.
Инчунин 14 майи 2009 шартномаи навбатӣ дар бораи ҳамкории техникӣ байни ҳукумати ҶТ ва ҶФО барои солҳои 2008-2009 дар шаҳри Бонн ба имзо расид. Дар доираи ин шартнома ба Тоҷикистон ҷудо кардани 37 млн. евро пешбинӣ шуда буд.
Бино ба маълумотҳои Оҷонсии давлатии ОМОР, дар давоми нуҳ моҳи аввали соли 2017 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон 67727,0 ҳазор долларро ташкил дод (содирот – 198,6 ва воридот 67528,4 ҳазор доллари ИМА,), дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2016 ин нишондиҳанда мутаносибан ба 59387,0 (содирот 1049,4 ва воридот 58337,6 доллари ИМА) баробар буд. Яъне дар равобити иқтисодию тиҷоратӣ рушди ин соҳа ба назар мерсад. Чунин рушд баъд аз Сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶФО дар соли 2011 суръат ёфт. Дар он сафар Президенти муҳтарами кишвар бо доираи васеи мақомоти ҳукумати федералӣ ва ниҳодҳои иқтисодӣ, молӣ ва фарҳангӣ вохӯрда, барои рушди ҳамкориҳои нав замина гузошт, ки дар натиҷа солҳои минбаъда чандин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Яке аз он ҳамкориӣ дар соҳаи ҳарбӣ мебошад, ки Тоҷикистон бо Олмон равобит барқарор кардааст. 7-8 октябри соли 2014 дар шаҳри Берлин вохурии намояндагони Вазорати мудофеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундесвер баргузор гардид. Дар вохурӣ масъалаҳои ташкили курсҳои омӯзиши барои мутахассисон ва курсантҳои Вазорати мудофеаи Тоҷикистон, ба роҳ мондани ташрифоти дуҷонибаи намояндагони ҳарду вазорат, кумаки башардӯстонаи Бундесвер барои тақвияти имконоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баррасӣ гардида  шартнома ба имзо расид, инчунин нақшаи кор барои соли 2015 тартиб додашуд.
Соли 2015 бошад дар Бундесвер дар доираи ҳамкориҳои низомӣ барои соли 2016, 6 ҷой барои курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси аскарон ва оафсарони Тоҷикистон ҷудо карда шуд.
Пас аз он, 10 майи соли 2017 вохӯрии навбатии намояндагони вазоратҳои мудофеаи ҳарду кишвар баругзор гардид, ки дар он ҳамкориҳои низомии дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамкориҳои илмӣ низ аз оғози муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон барарор гардида, пурсамар идома дорад.
Махсусан соли 1995, ки аз тарафи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «Дарҳои боз» зълон гардид. Ин сиёсат барои гуногунсамт гардидани равобити илмӣ низ имкон фароҳам овард. Баъдтар, яъне соли 1998 бомақсади рушди соҳаи илм аз тарафи  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Маркази илмии ҷумҳурӣ эълон гардид. Имрӯз муассисаҳои тадқиқотии АМИТ бо аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, равобитаи хуби илмӣ доранд, олимони тоҷик бо ҳамтоёни олмонии худ таҳқиқотҳои муштарак анҷом медиҳанд, ҳамоишҳову ҳамандешиҳои илмӣ баргузор менамоянд.
 
Ёдовар мешавем, ки Душанбе ва Берлин соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд. Олмон яке аз шарикони калидии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор ба шумор меравад. Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои иқтисод, илму маориф, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин дар бахши бонкӣ ҳамкорӣ мекунанд. Моҳи ноябри соли 2019 Тоҷикистону Олмон Созишномаи ҳамкории техникӣ барои рушд байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Олмонро ба маблағи 17,5 миллион евро ба имзо расониданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо 9 январи 2019 аз устони Шлезвиг-Ҳолштайни Олмони шимолӣ боздид намуд, ки худи ҳамон рӯз дар Палатаи тиҷорат ва саноати шаҳрҳои Любек ва Киел муаррифии зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон доир гардид.
Бо дарназардошти қувваи барқи арзон, зарурати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мавҷудияти қувваи кории кофӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷонибҳо роҷеъ ба имкони ҷалби дастовардҳои фаннии ширкатҳои олмонӣ ба равандҳои саноатикунонӣ, имкони истифодаи зерсохторҳои мавҷуда ва такмили ихтисос мубодилаи афкор намуданд.
18 октябри 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии соҳаи тандурустӣ шартномаи дахлдор ба имзо расид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, шартномаи маблағгузории Барномаи «Солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ, марҳилаи VI» миёни Бонки Олмонии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, маблағи умумии он 9 миллион евроро ташкил медиҳад. Шартномаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбари Дафтари Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон Андресес Шнейдер ба имзо расониданд.
Дар замони душвори пандемӣ бошад Олмон ба як қатор кишварҳои рӯ ба рушд кӯмакҳои башардӯстона намуд, ки ба Тоҷикистон 100800 ваксина расид.
Робитаҳои илмӣ,  фарҳангӣ, иқтисодии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди  ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора наззарас рушд намуда истодааст. Дар муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Федеративии Олмон, дар навбати аввал барќарор гардидани робитањои илмию фарњангї, ки онро натиҷаи таърихи тулонии давомдиҳандаи мантиќии марњилањои пешина ба њисоб меравад. Ва бо барқарор ёфтани робитаҳои илмӣ махсусан бо институтҳои пажуҳишии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон қадамҳои муҳим ва   яке аз омилњои рушду тавсеаи он мебошад. 
Адабиёт
  1. Дипломатия Таджикистан, т. 1. Душанбе, 2009, 296 с.
  2. Дипломатия Таджикистан, т. 2. Душанбе, 2011, 296 с.
  3. Итог визита президента Республики Таджикистан Э. Рахмон в ФРГ // Народная газета №5 (19812). 21 декабря 2011. Душанбе, 2011 г, С.2.
  4. Комилова Х.Г., История взаимоотношений между Республикой Таджикистан и Федеративной Республикой Германия: дис... канд. ист. наук. /X. Г.Комилова. -Душанбе, 2010 -142с
  5. Кайхусрави Субҳонзод “Таърихи робитањои фарњангии Тољикистону Олмон” маҷаллаиПАЁМ-и Донишгоҳиомӯзгорӣ. №1(84),2020
  6. АМИТ Ховар: Дурнамои ҳамкорииТоҷикистонбоШлезвиг-ҲолштайниОлмонбаррасӣгардид. https://khovar.tj/2020/01/durnamoi-amkorii-to-ikiston-bo-shlezvig-olshtajni-olmon-barras-gardid/
 
Кайхусрави Субҳонзод
ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ