ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ ИҚТИСОДИЮ ТИҶОРАТИИ ДУҶОНИБА ВА БИСЁРҶОНИБАИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Чуноне ки ба мо маълум аст ягон давлати дунё бе ҳамкории якдигар фаолият намуда наметавонанд. Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда, робитаҳои созандаю дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш дода истодааст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмхояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад». Робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик дар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар ба роҳ монда шуда, марҳила ба марҳила тавсеа меёбад. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба 7512,9 млн. доллар баробар гардид, ки нишондиҳандаи баландтарин дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад. Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2021-ум 1508,2 млн. доллар ё 25,1 фоиз зиёд гардидааст. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот 31 фоиз ва воридот 69 фоизро ташкил намуд.
  ҶумҳурииТоҷикистон дар соли 2022 бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣ дошта, шарикони асосии тиҷоратӣ Федератсияи Россия (22,3 фоиз), Қазоқистон (19,2 фоиз), Хитой (16,1 фоиз), Ӯзбекистон (7,4 фоиз), Швейтсария (5,3 фоиз), Туркия (4,7 фоиз), Эрон (3,2 фоиз), ИМА (2 фоиз), Ҳиндустон (1,7 фоиз), Белгия (1,6 фоиз), Олмон ва Афғонистон (1,5 фоизӣ), Ҷопон (1,4 фоиз) ва Беларус (1,2 фоиз) ба ҳисоб мераванд.



  Диаграмма № 1 Хаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ ва тарози он солҳои 2018 – 2022 (млн. доллар)
  Дар соли 2022-юм 52 фоизи гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ рост омада, ба 3870,4 млн. доллар баробар гардид. Аз ҷумла ҳаҷми содирот 2330 млн. доллар ё нисбат ба соли 2021-ум 543,1 млн. доллар ё 30,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми воридот бошад 5182,9 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба соли 2021-ум 965,1 млн. доллар ё 22,9 фоиз зиёд шудааст.
  Вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши маъдану консентратҳо (31,4 фоиз), металлҳои қимматбаҳо (30,8 фоиз), нахи пахта ва маҳсулот аз он (10,7 фоиз), алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он (7,5 фоиз), қувваи барқ (4,6 фоиз), дигар металлҳои нимқиматбаҳо (4,4 фоиз), меваю сабзавот (2,2 фоиз), семент (1,9 фоиз),металлҳои сиёҳ (1,1 фоиз) ва дигар маҳсулот 9,7 фоизро ташкил дод.
  Дар соли 2022 аз кишвар 3341,1 млн.кВт/с қувваи барқ бо арзиши 106,2 млн. доллар содирот гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 38,5 млн.кВт/с ё 10,2 млн. доллар зиёд мебошад.
  Дар соли 2022 аз ҷумҳурӣ 189,3 ҳазор тонна бо арзиши 51,5 млн. доллар меваю сабзавот содирот шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум аз рӯи миқдор 18,7 ҳазор тонна коҳиш ёфта бошад ҳам, вале арзиши маҳсулоти содирот гардида 15,5 млн. доллар ё 43,1 фоиз зиёд мебошад.
  Нархи миёнаи содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 272 доллар барои як тоннаро ташкил намуда, дар таносуб ба соли 2021-ум 99 доллар барои як тонна афзоиш ёфтааст.
  Ҳиссаи асосиро дар сохтори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳаҷм пиёз (35,3 фоиз), хушкмеваҳо (26,4 фоиз), ангур (22,2 фоиз), меваҳои тару тоза (6,5 фоиз), сабзӣ, шалғам ва карам (5,1 фоиз) ташкил медиҳад.
  Экспорти маҳсулоти меваю сабзавот сол то сол вусъат меёбад. Мувофиқи маълумоти оморӣ содироти меваю сабзавот дар соли 2022 ба 20 кишвар сурат гирифта, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротгардида 83,8 фоиз ба Қазоқистон, 7 фоиз ба Федератсияи Россия, 5,7 фоиз ба Покистон, 0,9 фоиз ба Афғонистон, 0,7 фоиз ба Ироқ, 0,6 фоиз ба Ӯзбекистон, инчунин ба дигар давлатҳо рост меояд. Ҳамин тарик, солхои охир бори нахуст меваю сабзавот ва маҳсулоти онҳо ба чунин кишварҳо, аз кабили Булғористон, Шри-Ланка, Индонезия, Филиппин, Юнон, Катар, Хорватия ва Малта содир карда шуд. Ба Булғористон ва Шри-Ланка меваи ҳушк, ба Канада ҳарбуза, ба Муғулистон ангуру нок ва гелос содир шудааст.
  Дар соли 2022-юм 50 ҳазор тонна меваҳои хушк бо арзиши умумии 25,2 млн. доллар содирот гардид, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 8,6 ҳазор тонна ё 9,6 млн. доллар афзоиш ёфта, нархи миёнаи ин намуди маҳсулот 127 доллар барои 1 тонна зиёд гардидааст.
  Содироти семент дар соли 2022-юм 1380 ҳазор тонна бо арзиши умумии 44,4 млн. доллар сурат гирифтааст, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 143,6 ҳазор тонна афзоиш ёфта, аз рӯйи арзиш 1,7 млн. доллар кам мебошад. Дар ин давра семент асосан ба ҶумҳурииӮзбекистон 965,3 ҳазор тонна (69,9 фоиз) ва Афғонистон 413,7 ҳазор тонна (30,1 фоиз) содирот гардида, нархи миёнаи фурӯш ба Ӯзбекистон 31 доллар ва ба Афғонистон 35 доллар барои як тоннаро ташкил намудааст.
  Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ 21 фоиз (8,4 фоиз барои истеъмол ва 12,6 фоиз барои коркард), маҳсулоти нафтӣ 13,2 фоиз, воситаҳои нақлиёти заминӣ 7,9 фоиз,таҷҳизоти технологӣ 7,7 фоиз,металлҳои сиёҳ 6,5 фоиз, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот 4,2 фоиз, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,1 фоиз, гази моеъ 3,8 фоиз, маҳсулоти полимерӣ 3,4 фоиз, маҳсулоти фармасевтӣ 2,8 фоиз, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2,1 фоиз, нуриҳои минералӣ 1,6 фоиз, гилхок 1,4 фоиз, либос, пойафзол ва қисмҳои онҳо 1,2 фоиз, маҳсулоти керамикӣ 1 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.
  Дар соли 2022 воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ба маблағи 1089,8 млн. доллар сурат гирифтааст, ки аз он 642 млн. доллар ё 59 фоиз асосан ба мақсади коркарди саноатӣ ё истеҳсоли молҳои ватанӣ (гандум, шакар, тухмиҳои равғандиҳанда, тухми паранда, чой, қаҳва, маҳсулоти баҳрӣ ва дигарҳо) аз ҷониби ширкату корхонаҳо воридот карда шудааст.
  Инчунин дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҳиссаи гандум ва ғалладонагиҳо, равғани растанӣ, шакар, какао ва маҳсулот аз он, маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ ва меваҳои ситрусӣ бештар ба назар мерасад, ки иқтидорҳои ватанӣ барои таъмини бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот нокифоя аст.
  Дар натиҷаи татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар соли 2022 воситаҳои нақлиёти барқӣ бо арзиши 23,3 млн. доллар ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 3,3 маротиба ё 16,3 млн. доллар зиёд мебошад.
  Барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ дар соли 2022-юм 199,3 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 80,4 млн. доллар воридот шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 1,7 ҳазор тонна ё 38,3 млн. доллар зиёд мебошад. Нархи миёнаи воридотии ин намуди маҳсулот 404 доллар барои як тонна ё нисбат ба нархи миёнаи воридотии соли 2021-ум 191 доллар барои як тонна зиёд мебошад. Нуриҳои минералӣ асосан аз Ӯзбекистон (78,1 фоиз), Федератсия Россия (7,7 фоиз), Туркманистон (6,8 фоиз), Қазоқистон (5,1 фоиз), Афғонистон (1,8 фоиз), Хитой, Эрон ва Покистон воридот карда шуданд.
  Кайд кардан зарур аст, ки дар охири асри ХХ, савдои хориҷӣ сифати нав пайдо кард, ки дар ташаккули шаклҳои байналҳалқии истеҳсолот, системаҳои савдо ва молиявӣ; дар фаъолияти ширкатҳо ва бонкҳои трансмиллӣ, ки як қисми зиёди молҳо, сармоя ва технологияҳои дар иқтисоди ҷаҳонӣ ташаккулёфтаро дар таҳия ва ҷорӣ намудани қоидаву меъёрҳои байналмилалӣ оид ба танзими муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ мутамарказ гардониданд. Муҳимтарин равандҳое, ки ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва фаъолияти иқтисодии берунӣ таъсир мерасонанд, ба равандҳои ҷаҳонигардонии истеҳсолот ва сармояи ҷаҳонӣ, намудҳои асосии савдо табдил ёфтанд. Дар баробари савдои анъанавии берунӣ дигар намудҳои фаъолияти иқтисодии берунӣ, аз ҷумла ҳамкории техникӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ, махсусгардонӣ ва кооператсияи истеҳсолот бо шарикони хориҷӣ, ҳамлу нақли транзити байналхалқии молҳои хориҷӣ, корхонаҳои муштарак, таъмин намудани бисёр намудҳои молҳои хориҷӣ пайдо шуданд.
  Афзоиши бемайлони вобастагии байниҳамдигарӣ ва бутунии системаи ҷаҳонӣ шакли асосии тараккиёти ҷаҳонӣ шуда истодааст. Дар баробари ин кисмҳои алоҳидаи ин система аз ҷиҳати ҳаҷм ва структура ба муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ бо роҳҳои гуногун доҳил мешаванд.
  Аҳамияти байналҳалкии мамлакат, маҷмӯи иқтисодии берунии он ба иктидори иқтисодии онҳо, мавкеи дар системаи ҷаҳонии истеҳсоли мол, теҳнология ва молия, динамикаи умумии иқтисодии онҳо вобаста аст. Мувофики акидахои коршиносон дар остонаи ду ҳазорсола ду иқтисоди ҷаҳонӣ ташаккул ёфт ва дар баробарӣ вуҷуд доранд.
  Яке аз онҳо дар зери таъсири равандҳои ҷаҳонигардонии истеҳсолот ва сармоя ҳамҷун иқтисодиёти ҳақиқии байналхалкӣ пайдо мешавад. Иқтисоди байналмилалӣ на танҳо ба соҳаи берунии иқтисоди ҷаҳонӣ табдил меёбад, балки ҳусусияти системаро пайдо мекунад. Вай ба асоси техникӣ-иқтисодии истеҳсолоти ҷаҳонӣ, ба режимҳои умумӣ, ки дар байни бисёр мамлакатҳо мувофиқ карда шудааст, ба режимҳои савдо ва валюта асос ёфтааст.
  Бахши дигари иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар баробарӣ вуҷуд дорад, ки аксаран аз иқтисоди ҷаҳонӣ комилан мустақил аст. Асосан ин иқтисодиёти пӯшида, ҳудкифоя, анъанавии мамлакатҳои рӯ ба тараққиёбанда мебошад, ки дар он қисми зиёди аҳолӣ зиндагӣ ва масоҳатҳои калонро ишғол мекунад, ки ба императивҳои инкишофи муносибатҳои байналхалқии ҳозираи иқтисодӣ ҳанӯз амалан таъсир нарасондааст. Намояндагони ҳарактерноки «дунёи якум»-и иқтисодиёти ҷаҳонӣ мамлакатҳои пешкадами саноатӣ, мамлакатҳои «марказ» мебошанд.
  «Ҷаҳони дуюм» — мамлакатҳои тараққиёбанда, пеш аз ҳама қисми қафомондатарини онҳо, мамлакатҳои «периферия». Дар 10-15 соли охир, дар натиҷаи либерализатсияи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, бисёре аз соҳибкорони Тоҷикистон дар бозори хориҷӣ пайдо шуданд. Бо вуҷуди ин, ворид кардани онҳо ба тиҷорати ҷаҳонӣ бо дастгирии дурусти иттилоотӣ ҳамроҳ набуд. Қоидаҳои муайяни рафтор дар бозори ҷаҳонӣ таҳия шудаанд, ки онҳоро тоҷирони тамоми кишварҳо эътироф мекунанд, вале баъзан аз ҷониби соҳибкорони тоқик нодида гирифта мешаванд. Савдои берунӣ кори мураккаби ташкилию идоракунӣ буда, кори бомуваффакият дар бозори хориҷӣ дониши чуқури касбиро талаб мекунад.
  Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо мамлакатҳои пешқадами саноатӣ тарққикардаи ҷаҳон алоқаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва маданӣ барқарор карда шудаанд. Муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафаи ба ҳамдигар фоидабахш инкишоф меёбанд.
  Дар ин шароит иқтидори иқтисодии хориҷии кишварро мавҷудияти захираҳои табиӣ, нерӯи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ, инфрасохтор, хизматрасонии иҷтимоӣ, содироти молу хизматрасонӣ ба ташкилотҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ва ватанӣ, инчунин ба он муайян мекунад.
  Мо, пеш аз ҳама, аз савдои берунӣ чӣ мефаҳмем?
  Савдои беруна ин раванди савдои байни мамлакатҳо мебошад.
  Тиҷорати хориҷӣ аз содирот ва воридоти молу хизматрасониҳо иборат аст. Дар навбати худ, гардиши савдои берунии кишвар аз содирот ва воридот иборат аст. Инкишофи савдои байни мамлакатҳо ба онҳо фоидаи тарафайн оварда метавонад.
  Савдои берунӣ соддатарин ва қадимтарин шакли муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ мебошад. Роҳи абрешим, ки кишварҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайвандад, бори аввал дар таърихи инсоният савдои байниқитъавӣ ба вуҷуд овард. Ин роҳ боиси вусъати васеи савдои байни шаҳрҳое гардид, ки дар ҳудуди сарзаминҳои қадим воқеъ гардидаанд. Мафҳуми ҳозираи содирот ва воридот дар савдои хориҷӣ чӣ гуна аст?
  Экспорт (англисӣ export, лат. exporto) ба бозорҳои хориҷӣ содироти мол, ҳизматрасонӣ, сармоягузорӣ, коғазҳои қиматнок, технология ва ғайра мебошад.
  Таркиби содироти мол дар зери таъсири комёбиҳои илму теҳника ва тезу тунд шудани тақсимоти байналхалқии меҳнат гуногун мешавад. Дар айни замон дар сохтори савдои байналмилалӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ бартарӣ дорад, ки 3/4 ҳиссаи муомилоти моли ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ҳиссаи озуқаворӣ, ашёи ҳом ва сӯзишворӣ ҳамагӣ чоряки тамоми муомилоти молро ташкил медиҳад.
  Содироти хизматрасонӣ аз содироти молҳо фарқ мекунад. Хидматрасонӣ ба мизоҷони хориҷӣ бо хариди асъори хориҷӣ дар сарҳади миллӣ (масалан, алоқаи почта, телеграф ба ширкатҳои хориҷӣ, хизматрасонии сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ғ.) алоқаманд аст.
  Содироти саҳмияҳо (капитал) низ ҳусусиятҳои хос дорад. Содироти сармоя дар шакли қарз ё саҳмияҳои мақсадноки сармояи корхонаи хориҷӣ сурат мегирад, дар ҳоле ки хуруҷи сармоя ҷараёни маблағро аз кишвар тақозо мекунад ва ба ин васила ҳаҷми захираҳои мавҷударо коҳиш медиҳад.
  Импорт (англисӣ import — «import», «овард», «introduce») — воридоти молҳо, корҳо, хизматрасониҳои натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва ғ. ба ҳудуди гумрукии мамлакат аз хориҷа бе уҳдадории реэкспорт.
  Воридот боҷҳои гумрукӣ, маҳдудиятҳои миқдорӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва дигар имконоти ғайритарифӣ муқаррар карда мешавад.
  Потенсиали содиротӣ (имкониятҳои содиротӣ) қисми маҳсулоте мебошад, ки бидуни таъсир ба манфиатҳои иқтисодиёт дар бозори ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад.
  Реэкспорт вақте ба амал меояд, ки корхонаи истеҳсолии кишвар аз истеъмолкунанда маҳсулот мегирад, яъне, на барои истеъмоли он, балки барои аз нав фурӯхтан ба мамлакати сеюм, реимпорт маънои онро дорад, ки истеъмолкунанда моли реэкспортиро аз мамлакати худ мехарад.
  Агар ҳаҷми содирот дар кишвар аз ҳаҷми воридот зиёд бошад, пас ин чӣ таъсир мерасонад?
  Пеш аз ҳама, он таъсир мерасонад: дар миқдори захираҳои тиллою валюта. Азбаски мо содиротро бо асъори хориҷӣ мефурӯшем, барои он воридот ҳам мехарем ва аз ин рӯ, зиёда аз воридот воридоти холиси асъори хориҷӣ ба кишвар аст.
  Сониян, ин воридшавии софи асъори хориҷӣ ба қурби пули миллӣ таъсир мерасонад, ки нақшаи он чунин аст:
  Афзоиши воридоти асъори хориҷӣ (содироти соф > 0) => Афзоиши асъори хориҷӣ дар БОЗОРИ Хориҷӣ => мустаҳкам шудани пули миллӣ, асъор (мувофиқи қонуни талабот ва пешниҳод).
  Сеюм, он ба таваррум дар кишвар, ки дар натиҷаи муҳити мусоиди иқтисодии берунӣ ба вуҷуд омадааст, таъсир мерасонад, яъне фароҳам овардани шароит барои инфрасохтори байналмилалии иқтисодӣ ба таваррум дар кишвар ҷунин таъсир мерасонад:
  Афзоиши нархи маҳсулоти содиротӣ => Афзоиши даромади асъорӣ (содироти соф > 0) => Афзоиши талабот ба сомонӣ дар дохили кишвар (азбаски содиркунандагон ба сомонӣ ниёз доранд - андоз, маош ва ғайра дар дохили кишвар, тибқи қонун бояд пардохта шавад. сомонӣ) = > Бонки миллӣ маҷбур аст, ки ин талаботро - аз ҳисоби муомилоти сомонӣ (барориши пул) қонеъ гардонад => Тамоюлҳои таваррум дар иқтисодиёт.
  Чорум, ба ҳаҷми қарзи давлатӣ таъсир мерасонад (бо тавозуни мусбӣ кишвар метавонад ба осонӣ аз бозорҳои хориҷӣ қарз гирифта, қарзи берунии давлатиашро бо асъори хориҷӣ пардохт намояд).
  Панҷум, ҳамаи ин ба фазои сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонад (сармоягузорон ба ин вазъият хеле мусбат менигаранд).
  Чаро кишварҳо ба тавсеаи савдои хориҷӣ ё тиҷорати байналмилалӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳанд?
  Аҳамияти ҳар як мубодила бо самаранокии он, аз ҷумла таъсире, ки тарафҳо аз иштироки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда ба даст меоранд, чен карда мешаванд. Ба ибораи дигар гӯем, хоҳ муомилот шавад ё не, ҳар як кишвари иштирокчӣ аз чунин табодул баҳра хоҳад бурд ва аз ин рӯ, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он баҳра хоҳад бурд.
  Мамлакатҳо дар муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ дар бораи аҳамияти ҷаҳонишавӣ дар савдои байналхалқй сухан ронда, аз рӯи анъана сарватҳои моддиро дар шакли маҳсулоти тайёр ва ресурсҳои гуногун мубодила мекунанд. Зимнан, ҳаҷми муомилоти мол бештар ба дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва зиёд шудани маҳсулоти мол вобаста аст. Афзоиши истеҳсолот, аз як тараф, ба вусъати муносибатҳои иқтисодии байни ҳар ду мамлакат мусоидат кунад, аз тарафи дигар, зиёд шудани талабот ба ашёи хоми гуногун ва дигар ресурсҳо талаботи зарурист.
  Ташаккули ҷаҳонишавӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ боиси рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳо гардид.
  Марҳилаи якуми ҷаҳонишавӣ дар солҳои 1870-1913 ташаккул ёфта, дар давоми он гардиши мол то 20 маротиба ё 33% ҳаҷми умумии истеҳсоли ҷаҳониро ташкил дод.
  Марҳилаи дуюми ҷаҳонишавӣ ба солҳои 1950-1973 даҳл дорад ва давраи тиллоӣ дар истеҳсолот ва тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад.
  Марҳилаи сеюми ҷаҳонишавӣ аз соли 1983 инҷониб идома дорад, ки ҳадафи асосии он ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути истеҳсоли молҳои рақобатпазир мебошад, ки дар ин замина чунин минтақаҳои бузурги ҳамгироӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз қабили НАФТА, Иттиҳоди Аврупо, АСЕАН ба вуҷуд омадаанд, АТС, МЕРКОСУР ва блоки Япония пайдо мешаванд. Дар навбати худ, рушди савдои байналмилалӣ натиҷаи танзими он аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ), Созишномаи генералӣ оид ба тарифҳо ва савдо ё аз байн бурдани табъиз нисбати якчанд кишварҳо мебошад. Дар мамлакати мо муносибатҳои байналхалқии тиҷоратию иқтисодӣ аз асрҳои миёна оғоз ёфтаанд, ки ҳанӯз дар ҷараёни интегратсия қарор доранд.
  Хусусан баъди ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон узвият дар созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ва фаъол шудани равандҳо дар дохили ин созмонҳо омили муҳими либерализатсияи тиҷорати байналмилалӣ гардид. Имрӯз Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ), Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд (БТТ), Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Корпоратсияи Байналмилалии Молия (IFC), Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, ЮНЕСКО ва ғайра, инҷунин узви он мебошад. Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ).
  Дар ҳамгироии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) нақши муҳим дорад. Сиёсати беруние, ки давлати мо дар ҳама бобат пеш мебарад, дар ҷаҳон мавқеи худро дорад ва намунаи ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ мебошад.
  Ҳамин тарик, дар ҳоле ки ба талаботи қонуну меъёрҳои тиҷорати байналмилалӣ ҷавобгӯ аст, иқтисоди Тоҷикистон тавассути рушди содироту воридот чӣ имкониятҳоро пайдо карда метавонад?
  Аввалан, истеҳсолкунандагоне, ки бо маҳсулоти тайёри худ ба бозори хориҷӣ ворид мешаванд, аз ҳисоби ба даст овардани захираҳои устувори асъор ҳавасманд мегарданд. Ин маънои онро дорад, ки бо содироти маҳсулот онҳо дорои захираи асъор мешаванд.
  Сониян, ҳоло истеҳсолкунандагон имконият доранд, ки таҷҳизоту теҳнология харанд, то ки истеҳсоли маҳсулотро аз рӯи эҳтиёҷоти худ зиёд кунанд.
  Сеюм, мониторинги бозорҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳои наве, ки ба истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва содирот нигаронида шудаанд, таъсис дода шуда, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
  Чорум, азнавсозии технологии хоҷагии халқ ба амал бароварда, дар истеҳсолоти саноатии миллӣ таҷҳизоти нави замонавӣ гузошта мешавад, ки дар ниҳояти кор маҳсулоти миллӣ истеҳсол карда мешавад, ки дар бозори ҷаҳонӣ қобили рақобат карда метавонад.
  Панҷум, ин боз ҳам мустаҳкам намудани интегратсияи ҳоҷагии халқ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо роҳи инкишоф додани муносибатҳои байналхалқии тиҷоратию иқтисодӣ дар мамлакати мо мебошад.
  Ба ибораи дигар, аҳамияти содирот барои иқтисодиёти кишвар ҷунин ифода ёфтааст:
  1. Ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат намуда, барои корхонаю ташкилотҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Ҳаҷми содирот ҳар қадар зиёд бошад, ба буҷаи давлат ҳамон қадар бештар маблаг дохил мешавад. Он инҷунин зарурати бештари истеҳсолотро ба вуҷуд меорад, ки ҷалби назаррасро талаб мекунад. Бинобар ин, содирот на танҳо роҳи беҳтар кардани иқтисод, балки роҳи муҳими муборизаи зидди бекорӣ мебошад.
  2. Ин вазъият ба афзоиши гардиши асъори хориҷӣ ба кишвар мусоидат мекунад. Ширкат ва корхонаҳои Тоҷикистон аз фурӯши мол ба хориҷа доллар ё евро ба даст меоранд. Аз ин рӯ, содирот манбаи муҳими ҷалби асъори хориҷӣ ба кишвар мебошад. Афзоиши содирот имкон медиҳад, ки пули миллӣ мустаҳкам шавад ва муносибатҳои тиҷорӣ мувозинат гардад. Вале бояд гуфт, ки якбора зиёд шудани содирот метавонад ба мувозинати савдо таъсири манфӣ расонад. Агар қурби пули миллӣ пай дар пай боло равад, пас дар натиҷаи боло рафтани нархи молу хизматрасонӣ талабот ва рақобатпазирии онҳо дар бозори берунӣ коҳиш ёфта, боиси коҳиши содирот мегардад. Аз ин рӯ, кишварҳо кӯшиш мекунанд, ки тавозуни содирот ва воридотро нигоҳ доранд.
  Чи тавре ки натиҷаҳои таҳлил нишон дод, барои минбаъд содирот кардани маҳсулоти мамлакати мо имкониятҳои хеле ояндадору манфиатнок мавҷуданд. Ин:
  - суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар;
  - мавҷуд будани инфрасохтор дар мамлакати мо, ки ба инкишофи савдо пурра ҷавоб медиҳад;
  - сарфи назар аз он ки дар кишвар роҳи мустақими баҳрӣ вуҷуд надорад, ин мавқеи судманди ҷуғрофӣ роҳи Абрешим мебошад, ки Шарқу Ғарбро мепайвандад;
  - ҳосилнокии баланди кишоварзӣ ва саноати коркард, инҷунин захираҳои гуногуни маъданӣ дар ҷумҳурӣ;
  - додани имтиёзу преференсияҳои иловагӣ ба корхонаҳои содиркунанда;
  - диверсификатсияи ҷуғрофияи содирот аз бозорҳои анъанавӣ, фаъолсозии корхонаҳои саноатӣ, пешбурди брендҳои маҳаллӣ;
  - маҳалликунонии маҳсулоти тайёр, маснуот, масолеҳ ва гайра.
  Умуман, ҳар як кишвар барои ноил шудан ба муносибатҳои устувори иқтисодии байналмилалӣ кӯшиш мекунад, зеро онҳо дар сатҳи байналхалқӣ афзоиши маҳсулот ва даромади миллиро таъмин менамоянд ба самаранок истифода бурдани захираҳои мавҷуда дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозор мусоидат намуда, ба муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ таъсири рӯзафзуни истеҳсолкунандагони ватаниро мерасонанд. Умуман, инкишофи муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ба афзоиши устувори иқтисодии содироту воридот дар савдои берунии мамлакат ва дар ниҳояти кор ба пешрафти ҷумҳурии мо ва баланд шудани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Киёмидинов Ҳ
ходими пебари илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ