Густариши робитаҳои Тоҷикистону Чин

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Робитаҳо байни халқҳои тоҷику чин ба умқи қарнҳо расида, ҳанӯз дар замони сулолаи Хан (солҳои 206 то м.-220м.) аз сафорати Цзян Цзин ба Осиёи Миёна оғоз ёфта, ҳамчун Шоҳроҳи бузурги абрешим дар таърих ёд мешавад. Аз қадиммулайём халқҳои тоҷику чин байни якдигар робитаҳои тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ дошта, дар тули асрҳо бо ҳамдигар табодули дастовардҳои илмиву фарҳангӣ менамуданд.

   Дар муддати 150 соли охир Чин бо омадани Россияи подшоҳӣ ба Осиёи Миёна таваҷҷӯҳи худро аз ин минтақа бадар кард. Тӯли ин солҳо Осиёи Миёна таҳти тасарруфи Россияи подшоҳӣ, баъдан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

   Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вазъият дар Осиёи Марказӣ комилан дигар шуд. Дар Осиёи Марказӣ ҷумҳуриҳои нави соҳибистиқлол ба вуҷуд омаданд. Дар даврони навин робитаҳои байни Тоҷикистон ва Чин мазмун ва мундариҷа, характер ва самтҳои нав ба худ касб намуданд. Чунин вазъияти нави сиёсӣ ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чинро ба коркарди сиёсати нави хориҷӣ нисбати минтақаи Осиёи Марказӣ водор сохт.

   Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Чин дар охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI ба ҳисоб меравад. Чин яке аз аввалин давлатҳое буд, ки ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказиро оҷилан ба расмият шинохта, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд: Аз ҷумла бо Ӯзбекистон 2-январ, бо Қазоқистон 3-январ, бо Тоҷикистон 4-январ, бо Қирғизистон 5-уми январ, бо Туркманистон 6-январи соли 1992.

   Омилҳое, ки Чин оҷилан Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба расмият шинохт ва бо онҳо равобити дипломатӣ барқарор намуд:

   1. Омилҳои сиёсӣ - геополитикӣ. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна аз нигоҳи геополитикӣ вакууми сиёсӣ ба амал омад. Россияи нав дар ибтидо аз Осиёи Миёна рӯ метофт. Баръакси ин ҳолат, ҳар кадоме аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон (ИМА, Туркия, Эрон) талоши ба нуфузи худ даровардани Осиёи Марказиро мекарданд, Чин, ки ба Осиёи Миёна ҳамсоя ва ҳаммарз аст кӯшиш менамуд, ки дар ин талошҳои геополитикӣ дар канор намонад.

   2. Омилҳои амниятӣ. Оғози ҷанги шарҳвандӣ дар Тоҷикистон ва номусоид будани вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон ба амнияти қисми ғарбии Ҷумҳурии Халқии Чин таҳдиде ба бор меовард, ки дар қаламрави он халқҳои уйғур, тоҷик, қирғиз, қазоқ, дунган ба теъдоди 400 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд, ки дер боз дар талоши худмухторӣ мебошанд.

   3. Омилҳои сарҳадӣ. Ҷумҳурии мардумии Чин бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 3,2 ҳазор км хати сарҳадиро дорост, ки баъзе қисматҳои он то ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ инҷониб ҳалли худро наёфтаанд. Чин аз фурсати муносиб истифода карда, мекӯшид, ки қисматҳои баҳсноки хати сарҳадиро миёни Чин ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳал намояд.

   4. Омилҳои иқтисодӣ. Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла, захираҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Масалан, Тоҷикистон дорои захираҳои калони энергетикӣ мебошад, имконияти солонаи истеҳсоли қувваи барқ дар Тоҷикистон 500 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад ҳол он, ки барои эҳтиёҷоти дохила 27-30 млрд. кВт. соат кофист. Ё худ дороии нефту газро гирем, ки Чин ба он эҳтиёҷи зиёд дорад.

   5. Омилҳои тиҷоратӣ. Осиёи Марказӣ бозори мувофиқ барои, молҳои чинӣ аст. 6.Омилҳои ҳамлу нақл. Осиёи Марказӣ барои Чин метавонад роҳи интиқоли молҳои хитоӣ ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо гардад. Ин ва дигар омилҳо водор намуд, ки Чин ба Осиёи Марказӣ рӯ оварад.

   Омилҳое, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон рӯ ба Чин оварад:

   1. Чин ҳамсоя, ҳаммарз ва кишвари бузург аст.

   2. Чин аъзои Шӯрои амнияти СММ аст ва дар ҳолати зарурӣ метавонад аз мавқеи Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳии Осиёи Марказӣ дифоъ намояд. Масалан, Хитой аввалин шуда, ташаббуси Тоҷикистонро дар СММ оид ба барномаи даҳсолаи оби тоза барои солҳои 2005-2015 дастгирӣ намуд.

   3. Чин мамлакати бузурги тараққиёбанда аст ва иқтисодиёти он бо суръат пеш рафта истодааст, ки дорои захираҳои бузурги молиявӣ ва молу маҳсулот аст. Тоҷикистон, ки дар ҳолати баъдиҷанги қарор дошт, ба молу маҳсулот эҳтиёҷи зиёд дошт. Аз ин хотир Чин метавонад, яке аз кишварҳои донори пурқувват барои эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон гардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки Чин дар дунё аз сармоягузорони боэътимод аст. Он сармоягузорӣ карда, ягон шарту шароити сиёсӣ ба пеш намегузорад, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намекунад ва бо фоизи кам маблағгузорӣ менамояд. Масалан аз 900 млн долларе, ки Чин соли 2006 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд ҳамагӣ 2 фоизи солона талаб кард, ки ин хеле кам аст.

   4. Чин бо аҳолии анқариб 1,5 млрд. метавонад, барои Тоҷикистон майдони фурӯши маҳсулот ва дигар сарватҳои Тоҷикистон (барқ, канданиҳои фоиданок ва ғ.) гардад. Мавқеи ҷуғрофӣ барои ин хеле мувофиқ аст.

   5. Менталитети мардумони тоҷику чин як аст, рӯҳи коллективизм, ҷамоатпарастӣ хоси мардумони тоҷику чин аст, дар муқобил индивидуализми ғарбӣ.

   Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриҳои Халқии Чинро шартан метавон ба се марҳила тақсим намуд:

   Марҳилаи 1. Аз оғози солҳои 90-ум то миёнаҳои солҳои 90. Ин марҳилаи муқаддамоти, озмоишӣ ва омӯзишӣ, марҳилаи барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ, бунёди таҳкурсии ҳукуқи-шартномавӣ барои минбаъд ривоҷи робитаҳо буд. Хеле рамзӣ аст, ки сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон моҳи марти соли 1993 ба Ҷумҳурии Халқии Чин сурат гирифт. Дар ин замина якчанд созишномаҳо ба имзо расиданд, ки барои густариши равобити дуҷониба шароити мусоиди ҳуқуқӣ ба миён омад.

   Марҳилаи 2. Нимаи дуюми солҳои 90 то оғози асри XXI, яъне тақрибан то ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001-ро дарбар мегирад. Ин марҳилаест, ки дар он механизм ва институтҳои минтақавии ҳамкориҳои мутақобила ба миён омада, ҳузури иқтисодии Чин дар ҳудуди Осиёи Марказӣ васеъ гардид.

   Марҳилаи 3. Аз воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад. Ин марҳила марҳилаи афзоиши нуфуз ва ҳамкориҳои Чин дар ҳама соҳаҳо буд, ки ҳадафи он вусъат бахшидан ба раванди ҳамкориҳо миёни Чин ва Тоҷикистон ва ба ин васила монеъ шудан ба вуруди кишварҳои номатлуб ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон аст.

   Дар марҳилаи якум ва дуюм робитаҳои байни Тоҷикистон ва Чин чандон назаррас набуд. Сабабҳои он чунин буданд:

    - ҷанги шаҳрвандӣ ва ноустувории вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон

   - қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди андозбандиҳо мукаммал

   - набуд, масъалаи баҳсноки сарҳадӣ ҳал нашуда буд.

   -самти сиёсии хориҷии Тоҷикистон бештар ба ҷониби Россия равона гардида буд.

   - Тоҷикистон чун кишвари исломӣ бештар ба кишварҳои ҳаммазҳаб ва ҳамзабони худ таваҷҷуҳ мекард, ва то андозае хатаре аз Хитой ҳис карда мешуд.

   Фақат аз ибтидои солҳои 2000-ум кор ранги дигар гирифт. Вақте, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сиёсати «дарҳои кушод»-ро эълон карда, бо ҳамаи кишварҳои хориҷӣ алоқаҳои мутақобилан судмандро пеш гирифт, муносибат бо Чин ранги дигар гирифт. Чунин сиёсат дурустии худро исбот намуд. Мо шоҳиди онем, ки робитаҳои хориҷии Тоҷикистон бо Чин босуръат инкишоф меёбанд.

   Имрӯз, робитаҳои Тоҷикистон бо Чинхусусияти рӯзафзояндаро касб намуда, самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро дар бар мегиранд.

   Дар даҳсолаи асри ХХ1 бо ҳамкории Чумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон бузургтарин иншоотҳои иқтисодӣ муассисаҳои илмиву фарҳангӣ бунёд карда шудаанд, ки барои ҳалли масъалаҳои стратегии ҷумҳурӣ- баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ва ҳалли масъалаи истиқлолияти энергетикӣ саҳми арзанда мегузорад. Зикри якчанд корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳо ва иншоотҳои бузург- нақбҳои Шар-шар ва Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқӣ Ҷануб-Шимол, таҷдид ва азнавсозии роҳҳо ва пулҳо натиҷаи самарабахши ҳамкориҳо байни ду кишвар ба ҳисоб рафта, аз сатҳи баланди равобити ду кишвар башорат медиҳанд.

   Дар густариши робитаҳои ду кишвар саҳми тоҷикони Чин низ кам нест. Дар чини сернуфуз теъдоди тоҷикон беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аҷдодони тоҷикони Чин дар ободонӣ ва инкишофи он саҳми арзанда гузоштанд. Дар соҳаи илм, иқтисод ва саноат нақши тоҷикони Чин хеле калон аст. Якчанд кашфиётҳои бузурги илмӣ, ки Чинро ба ҷаҳониён машҳур кардааст ба қалами тоҷикон муттааллиқ аст. Имрӯз, дар соҳаи сиёсат, илм, адабиёти он нақши тоҷикон хеле барҷаста аст. Бо дарёфти истиқлолияти Тоҷикистон байни тоҷикони Чин ва Тоҷикистон робитаҳои ҳасана побарҷо аст ва ба нафъи инкишофи робитаҳои ҳарду кишвар равона карда шудаанд.

Ҳ. МИРЗОЕВ

корманди Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

БОЗГАШТ