Муаллиф: ИОМДОА
Дар Ҷумҳурии Ҳиндустон аз санаи 22.01.2024 то 09.02.2024 дар доираи барномаи ITEC (Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон) курси омӯзишии “Густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занон тавассути рушди соҳибкорӣ” (Empowering Women through Entrepreneurship Development) татбиқ шуд. Курси мазкур дар Донишгоҳи Рушди Соҳибкории Ҳиндустон (Entrepreneurship Development Institute of India (EDII)), дар шаҳри Аҳмадобод ба роҳ монда шуд. Дар курси бозомӯзӣ намояндагони 11 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дар умум 22 нафарро ташкил медод. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин барнома кормандони илмии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Давлатова Фарида ва Файзуллаева Нигора муаррифӣ намуданд.
Дар доираи барнома устодон ва профессорони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳ ба шунавандагон маъруза намуданд. Маърузаҳо доир ба ноил шудан ба тиҷорати шахсӣ ва омилҳои рушди он буда, зимни дарсҳо шунавандагон бо якчанд занони соҳибкори муваффақи Ҳиндустон вохӯрӣ намуда, аз таҷрибаи фаъолияти онҳо бархӯрдор шуданд. Ҳамчунин дар доираи ин барнома шунавандагон ба якчанд шаҳрҳо ва маконҳои таърихии Ҳиндустон (Осорхонаи Маҳатма Гандӣ дар шаҳри Аҳмадобод, Қасри Шоҳи Удайпур, Тоҷмаҳал дар шаҳри Агра, Муҷассамаи Ваҳдат ва ғ.) сафарбар карда шуданд.