Муаллиф: Ашуров Ардамеҳр
Имрӯз гузориши сафари хизматии н.и.т., ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ашуров Ардамеҳр оид ба раванди таҳқиқоти илмӣ дар Франсия аз 01.09.то 28.11.2023 шунида шуд.
Ашуров Ардамеҳр дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар тадқиқоти муҳаққиқони муосири Франсия (охири асри XX - ибтидои асри XXI)”дар шаҳри Париж кори илмӣ таҳқиқотӣ намудааст.
Аз гузориши муҳаққиқи ҷавон шунида шуд, ки бо ташаббуси Хонаи илмҳои гуманитарии Франсия (FMSH) барои муҳаққиқони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки мехоҳанд дар зинаи постдокторӣ кори илмиашонро дар Франсия идома диҳанд ҳамасола ба муҳлати аз ду то се моҳ курсҳои таҳқиқотӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ дар қатори дигар кишварҳои минтақа аз Тоҷикистон ҳам як ё ду муҳаққиқ ҷиҳати таҳқиқоти илмӣ дар асоси ин барнома ба кишвари Франсия сафари илмӣ менамоянд.
Муҳаққиқ Ашуров А. қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои таҳқиқоти илмӣ дар Франсия аз маводи илмӣ ва маъхазҳои якчанд китобхонаҳо истифода намудааст. Возеҳан, ҷиҳати анҷом додани таҳқиқоти худ, аз маъхаз ва маводи бойгонии китобхонаи миллии Франсия (BNF), китобхонаи Институти омӯзиши забон ва тамаддуни Шарқ (BULAC), китобхонаи Хонаи илмҳои гуманитарӣ (FMSH), Китобхонаи Донишгоҳи Нантеғ (BUN), Китобхонаи Донишгоҳи Париж 1 Сорбон истифода бурдааст.
Муҳаққиқ Ашуров Ардамеҳр нуктаҳои асосии мақолаи илмиашро дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар таҳқиқоти муҳаққиқони муосири Франсия” ироа дошта, дар охир барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ бо ниҳодҳои илмӣ таҳқиқотии Франсия пешниҳодҳо намуд.