Муаллиф: Каримова Шоҳона
Мусаллам аст, ки қазияи Исроил ва Фаластин рӯзҳои охир аҳли ҷомеаи башарро ба ташвиш овардааст. Зиёда аз 75 сол мешавад, ки дар сарзамини Фаластин хунрезиву нооромӣ ҳукмфармост. Моҳи октябри соли ҷорӣ ин ҷангҳо аз нав ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар натиҷа, аз ҳарду ҷониб талафоти зиёд шуд, ҳазорҳо нафар қурбони ин задухӯрд шуданд, ҳамчунин, қисми зиёди мардум ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Мутаассифона, дар байни ин захмдидагону қурбониён шумораи занҳо, калонсолон ва хусусан кӯдакон хеле зиёданд.
Вобаста ба ин воқеаҳо санаи 31 – октябри соли ҷорӣ дар Институти Осиё ва Аврупои АМИТ семинари илмӣ зери унвони “Қазияи навбатии Исроил ва Фаластин” баргузор гардид, ки нахуст, ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики институт, номзади илмҳои филологӣ Каримова Шоҳона роҷеъ ба мавзӯи мазкур гузориш дод. Баъдан, қисмати суолу ҷавоб шуд ва кормандон ба гузоришгар суолҳои хешро доданд. Дар навбати худ, коршиносон роҷеъ ба масоили мазкур фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Нахуст, директори Институт доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик Ниёзӣ Ёрмаҳмад баромад намуда, зикр намуд, ки ҷангҳои мазкур ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон намудааст ва умед ба он мебандем, ки масъала роҳи ҳалли худро тавассути сулҳ меёбад. Баъдан, сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико, доктори илмҳои сиёсӣ Шамсиддин Каримов низ перомуни қазияи Исроил ва Фаластин суханронӣ намуда, фикрҳои бикр ва дурандешонаи худро роҷеъ ба ин масоил иброз намуданд. Ҳамчунин, сарходими илмии шуъбаи Осиёи Марказии Институт, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Мамадазимов Абдуғанӣ низ дар ин росто гузориши муфассал дод. Сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт, доктори илмҳои филологӣ, Комил Бекзода низ оид ба масъалаи мазкур фикру ақидаҳои худро баён намуд. Чандин устодони варзидаи дигари Институт низ доир ба ин масъала мубодилаи афкор намуданд.
Дар доираи нишасти мазкур чандин ҷанбаҳои ин масоили мубрам аз ҷониби коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, кормандони илмӣ дар ин росто бо ҳам мубодилаи афкор намуданд ва пешниҳоду ақоиди худро иброз намуданд.
Каримова Ш.
ходими илмии ШШМН