Иқтисодиёти Чехия дар соли 2023

Муаллиф: Юсуфӣ Фарзона

Расм

Иқтисодиёти Чехия бештар аз буҳрони Аврупо зарар мебинад. Тибқи пешгӯиҳои Комиссияи Аврупо, мо мебинем, ки Ҷумҳурии Чехия то ҳол наметавонад оқибатҳои пандемияро ҷуброн кунад. Ҳамзамон таҳлилгарони Брюссел изҳор мекунанд, ки мизони солонаи таваррум дар Ҷумҳурии Чехия ба 11,7% мерасад, ки ин баландтарин нишондод пас аз Булғористон ва Литва мебошад.

Вазорати молияи Чехия ба барқароршавии иқтисодиёт дар соли 2023 умед надорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, маълумоти Шуъбаи эҳсоияи Чехия ягон душвории ҷиддиро дар ин замина нишон намедиҳанд.

Сектори асосии Чехия саноат мебошад, ки он то андозае мақом ва мавқеи худро аз даст надодааст. Ҳоло бошад нишонаи ба куллӣ тағйирёбии вазъият ба назар намерасад. “Корхонаҳои саноатӣ фармоишҳои кофӣ доранд ва ҳатто аксарияташон ҳам аз набудани масолеҳ душворӣ намекашанд”, — гуфта мешавад дар омор, аз ҷумла бо истинод ба заводҳои металлгудозӣ.

Пешгирии беқурбшавии пули миллӣ дар Ҷумҳурии Чехия омили боздоштани таваррум мебошад. Тибқи пешгӯиҳо, кронаи чехӣ (асъори миллии Чехия) дар соли оянда то 24,4 крон барои як евро мустаҳкам мешавад ва қурби миёнаи асъор барои соли 2024 аллакай 23,6 крон барои як евро хоҳад буд.

Вазифаи асосие, ки дар лоиҳаи буҷети давлатии соли 2023 ба назар гирифта шудааст, ин кӯмак ба шаҳрвандон ва соҳибкорон барои бартараф кардани буҳрони энергетикӣ мебошад. Ҳукумат зиёда аз 200 миллиард кронро барои ёрии маблағҳои буҷетӣ пешбинӣ кардааст. Аз ин маблағ бештар аз 100 миллиард крон барои маҳдуд кардани нархҳои энергия ва бештар аз 50 миллиард крон барои муайян кардани нафақа сарф карда мешавад.

Иқтисодиёти Чехия аз назари соҳибкорон

Дар моҳи декабри соли 2022 эътимоди соҳибкорон дар Ҷумҳурии Чехия нисбат ба моҳи қаблӣ 0,5 банд поин рафта, ба 92,5 расид, ки аз моҳи марти соли қаблӣ сатҳи пасттаринро нишон медиҳад, зеро фазои эътимод дар байни коргарони сохтмон (107,7 нисбат ба 115, 6) ва фурӯшандагон (92,7 нисбат ба 99) коҳиш ёфт. Аз тарафи дигар, авзоъ дар байни истеҳсолкунандагон беҳтар шуд (91 нисбат ба 90,4), дар ҳоле ки он дар байни таъминкунандагон хидматрасонӣ бетағйир монд (92,4).

Дар Ҷумҳурии Чехия омӯзиши эътимоди соҳибкорӣ сатҳи некбинии мардум ва роҳбариятро муайян мекунад, ки назари онҳо нисбат ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ чӣ гуна аст ва онҳо дурнамои созмонҳои худро чӣ гуна арзёбӣ мекунанд. Индекси эътимоди соҳибкории Идораи омори Чехия як нишондиҳандаи миёнавазни дараҷаи эътимод бо назардошти тағйироти мавсимӣ барои саноат, сохтмон, савдо ва хидматрасонии интихобшуда маҳсуб мешавад.

 

Юсуфӣ Ф.Ш.

ходими хурди илмии

шуъбаи Аврупо ва Амрико

 

Манбаъ: Идораи омории Чехия

https://biteffect.net/ru/jekonomika-chehii-v-2023-godu/

 

 

БОЗГАШТ