Муаллиф: Қудратов Комрон
Гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ омилҳои зиёде дорад. Пеш аз ҳама омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ба тундгароӣ сабаб мегарданд ва дар шароити паст будани дониши сиёсӣ ва набудани имкониятҳои дигар ифротгароиро дар шакли исломгароӣ ба вуҷуд меоранд. Омили динӣ ба ифротиҳо ҷиҳати тақвият бахшидани барномаҳои худ кӯмак мекунад. Аммо он омили аслӣ нест, яъне исломгароӣ нисбат ба ифротгароӣ иртиботи ғайримустақим дорад.
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба қайд намудаанд “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Ин гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон миллат, давлат, дин ва аҳкоми он надоранд.
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза ҷавонони гумроҳе ҳастанд, ки ба сафи ифротгароён шомил шуда, обрӯи падару модар, миллату Ватани худро дар арсаи ҷаҳонӣ паст мезананд ва оқибатҳои сангину талх ба бор меоваранд.
Инҷо саволе ба миён меояд, киҳо аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд? Онҳое, ки саводу маърифати дурусти илмиву динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳо ва таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд, бехабар аз он, ки ҳимоятгару созмондиҳандагони ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро бо истифода аз ҷавонони гумроҳ ва мушкилоту ихтилофи иҷтимоӣ амалӣ мегардонанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, чунин таъкид намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд».
Имрӯз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттилоотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот намудааст, ки ягон кишвари дунё аз хатари терроризми байналмиллалӣ эмин нест.
Бо дарназардошти воқеъаҳои солҳои охир дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва Афғонистон изтироби махсусан ҷиддиро фаъолияти таҳрибкории чунин ташкилотҳои байналмилалии террористӣ, ба монанди, “Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат-ан-нусра”, ТЭТ ҲНИ ва “Давлати исломӣ” ба миён меорад. Зиёдтар аз ин, иштироки шаҳрвандони ИДМ дар сафҳои ин ва дигар ташкилотҳои дар ҳудуди Сурия, Ироқ ва Афғонистон амалкунанда дер боз инҷониб боиси ташвиши ҷиддии кишварҳои ИДМ гаштааст.
Сиёсатшиносон ва корбарон бар он ақидаанд, ки ин гурӯҳи шахсон ба амнияти миллии кишвар, ҳамчунин барои кишварҳои дигари ИДМ таҳдид ба миён меоранд. Аз озмоишҳо гузашта, барои ҷалби аъзои нав, паҳн кардани ғояҳои ҷиҳод ва тарғиботи бунёди давлати исломӣ фаъолона амал мекунанд. Дар ин маврид одамҷалбкунӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ доман густурдааст. Чунин ақидаҳо мавҷуданд, ки ин шаҳрвандон барои ташкили ҷанговарони гурӯҳҳои нави ифротгаро аз ҳисоби ҷавонони ҷалбшуда фоида низ ба даст меоранд.
Ояндаеро, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, сатҳи баланди зиндагӣ, таъмини баланди амният ва субот аст. Имкони таъмини ҳамаи инро дорем. Бояд якҷоя, дастаҷамъона мубориза барем, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда илм омӯзем.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои боэътимод аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм, хусусан дар тобиши динӣ ва сиёсии худ, имрӯз хусусияти трансмиллиро касб намудааст. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ аз арзишҳои умумиинсонии ислом ноогоҳ будани мардумро ҳамчун заминаи мусоид истифода карда, ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва экстремизму радикализми диниро ба роҳ монда, кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ғояҳои ба дину фарҳанги миллӣ бегонаи онҳоро ҳамчун ҳақиқати том қабул намояд.
Имрӯз зарурият пеш омадааст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуротҳои хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза баранд. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддас ва иҷрои қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқу тарғиби таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ мегардад.
Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллату давлат, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Бо дарназардошти ин ки ифротгароии ҷавонон ба ҳайси таҳдиди миёнамуҳлат ва дарозмуддат ба амнияти миллӣ ва минтақавии кишварҳои ИДМ боқӣ мемонад, зарурияти қотеъонаи таҳияи чорабиниҳои амалии ҳам хислати қудратӣ ва ҳам идеологӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дошта зарур аст.
Ҳалли масоили мазкур дар баланд бардоштани самаранокии механизмҳои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ, мустаҳкам кардани фаъолияти идораҳои дахлдори давлатӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналхалқӣ ва амсоли инҳо дида мешавад. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон низ муфассал ибрози назар кардаанд. Мо медонем, ки тамоми олам ва созмонҳо терроризми байналмиллалиро «вабои аср» унвон кардаанд, ки ин бесабаб нест, зеро он аллакай мақоми фаромилливу глобалиро ба худ касб кардааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қотеъона иброз намуданд, ки Тоҷикистон бо чунин падидаҳои номатлуб, ифротгароӣ ва тероризм мавқеи оштинопазир дорад ва омода аст дар ин ҷода ҳамкориҳои нафъоварро бо ҳамаи давлатҳои манфиатдор суръат бахшад.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамеаро ташкил медиҳанд мебояд ба ин афкори манфур фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории суботу амнияти минтақа ва ҷамеаи ҷаҳонӣ аст.
Қудратов К.А.,
н.и.т., мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ