Ифтитоҳи намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменТИ Сингапур (MDIS) дар Душанбе

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

1 июли соли 2020 Санади ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум оид ба ифтитоҳи Намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар Душанбе ба имзо расид. Дар ин бора аз Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ ифтитоҳи филиали Донишкадаи мазкур дар пойтахт тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввал дар филиали Донишкада таълим аз рӯи се ихтисос - мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ (ҳифз аз ҳуҷуми кибернетикӣ дар самти идоракунии давлатӣ, низоми бонкӣ), ки бевосита аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он бармеояд, ба роҳ монда мешавад.
Оянда дар сурати ба миён омадани зарурат ва ниёзмандиҳои дигар ихтисосҳои нави таълимӣ роҳандозӣ мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) соли 1956 таъсис ёфта, тӯли беш аз 60 соли фаъолият намояндагиҳои худро дар аксар давлатҳои ҷаҳон таьсис додаааст ва яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб меёбад.
Шарикони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) муассисаҳои олии таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба амсоли Фаронса, Британияи Кабир, Австралия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, хатмкунандагони он бо дипломи дараҷаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби шӯроҳои илмии мактабҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарфароз гардонида мешаванд.
Айни замон дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) беш аз 15 000 муҳассилин аз рӯи 26 - ихтисос таълим мегиранд, ки аз ин шумора беш аз 4000 нафарашон намояндагони 62 давлати ҷаҳон мебошанд.
Ҷараёни тадрис дар асоси барномаҳои таълимии Донишгоҳҳои Синдерланд ва Бангори Британия Кабир, ки ба сифати стандарти байналмилалӣ эътироф гардидаанд, ба забони англисӣ, ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати устодону омӯзгорони таълимгоҳ низ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисоси Сингапур, донишгоҳҳои Синдерланд, Бангор ва Станфорди Британияи Кабир ва дигар мутахассисони варзидаи марказҳои муосири илмомӯзии ҷаҳон пурра гардида, дар раванди таълим усулҳои ҳозиразамон ва муштараки таҳсил фаъолона истифода бурда мешаванд.
Барои довталабон дар Донишкада курсҳои 6 моҳа ва 10 моҳаи омӯзиши забони англисӣ амал мекунад.
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур имрӯзҳо дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Чин ва ғайра кампусҳои таълимии худро бунёд намуда, тасмим гирифтааст, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои менеҷменти саноатӣ, сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва технологияи иттилоотӣ кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи замони муосирро омода намояд.
 
 
 
 Умед Пудинаев,
масъули торнамои Институт

БОЗГАШТ