Мушкилии норасоии об яке аз мушкилоти назарраси ҷаҳон мебошад. Об манбаи барқароршаванда аст, аммо бино бар нобаробар тақсим шудани захираҳои об дар сайёра ва афзоиши аҳолӣ норасоии он ба вуҷуд меояд. Афзоиши босуръати аҳолии сайёра боиси афзоиши талабот ба истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ ва, умуман, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон гаштааст.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард сокини он аз камбуди об азият мекашанд ва беш аз 2 миллиард нафар оби нӯшокии ғайрисанитариро истеъмол мекунанд. Тағйирёбии глобалии иқлим ба равандҳое, ки дар муҳити зист ба амал меоянд, таъсири жарф расонида, боиси тағйирёбии сохтори фаъолияти тамоми системаи экологӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки тағйирёбии иқлим таъсири манфии худро ба захираҳои оби минтақа расонида, пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд, бо суръати баланд об шуда истодаанд. Ҳолати кунунӣ нишон медиҳад, ки мушкилоти вобаста ба об аз қисмҳои таркибӣ иборат буда, он дар давлатҳо ва минтақаҳои гуногун дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Инҳо мушкилоти миқдори об, сифати об, коҳишёбии захираҳои оби тозаи нӯшокӣ, идораи об, нобаробар ҷойгиршавии захираҳои об дар сатҳи ҷаҳон ва ғайра мебошанд.
Қисмҳои таркибии дигари мушкилоти вобаста ба об ин мушкилоти соҳавии вобаста ба об мебошад, ки инҳоянд: афзоиши босуръати демографӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардидани майдони заминҳои кишти обёришаванда, рушди босуръати ҳамаи бахшҳои саноат, рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика, мураккабшавии вазъи экологӣ ва густариш пайдо кардани мушкилоти гидроэкологӣ ва ғайра.
Маҷмуи мушкилоти болозикри соҳаи об дар Осиёи Марказӣ ҷой дошта, онҳо таъсири бевоситаи худро ба тамоми равандҳои ҳаётӣ дар минтақа мерасонанд ва таҳқиқи он хеле муҳим аст.
Пӯшида нест, ки об дар ҷомеаи инсонӣ аз сарвати одитарин ва дастрастарини табиӣ ба сарвати сиёсӣ табдил ёфта, мураккабтарин мавзуи матраҳшавандаи сатҳи олии сиёсӣ дар ҷаҳони муосир гардидааст[4].