Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону
Дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардидааст. Азбаски иқлими Тоҷикистон гарму хушк шуда истодааст дар минтақа Тоҷикистон талабот ба неруи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, даври гидрологӣ низ тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад. Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли неруи барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд. Ҳамзамон бо ин, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ ба камбуди об дучор гардиданд.
Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардидааст. Маркази мазкур тасмим гирфтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обиро гузаронида, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода намояд. Дар факултаҳои ҷуғрофиёи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд.
Бо дарназардошти пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.
Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд.[8]
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намуданд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ ба мақсади устувории экологии танҳо як кишвари алохида ноил шудан имконнопазир аст. Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон корҳои ташаббускор анҷом дода шавад. Мо ин вазъиятро дар ҳалли масъалаи обшавии пиряхҳои калонтарини минтақа ва ҷаҳон равшан мушоҳида мекунем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад давоми ду даҳсолаи охир як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорк пешниҳод намуданд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии об ва рафъи мушкилоти экологии марбут ба об соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шавад. Ин ташаббус дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқи худро ёфт. Бо ҳамин иқдомоти пайгирона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон пайи ҳам аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
Пешниҳоди навбатии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.[7]
Мувофиқи ин Қатънома пешниҳодҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд:
- Эълон гардидани 21 - март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.[9]
Мавриди ёдоварӣ аст, ки иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устувор барои суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд.[3]
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.
Соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи аъзои Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Мавриди таъкиди хос аст, ки қариб 133 ҳазор километри квадратӣ ҳудуди кӯҳҳои Тоҷикистон дорои ҷамъкунандаи захираҳои оби тозаи нӯшокӣ мебошанд. Истифодаи сарфакоронаи ин муъҷизаи бузурги табиат барои истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати истифодабарии кулли захираҳои об, шиносоии об ҳамчун манфиати иқтисодӣ, ба амал овардан ва таҳияи механизми самараноки пешгирии камшавии захираҳои обӣ, ҳалли мушкилот ва ба давлатҳои минтақа муаррифии ин захираҳои обӣ айни замон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.[10]
Мувофиқи оморҳои коршиносони соҳа дар мавриди зиёдшавии тағйирёбии иқлим то соли 2050 теъдоди аҳолии кураи Замин, ки аз норасогии оби ошомидани танқисӣ мекашад то 9 млрд. нафар мерасад ва вобаста ба идомаи тамоюли истифодаи об 30% аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонанд. Асоси масъала дар он аст, ки дар аввали асри XXI инсоният ба мушкилоти глобалии ифлосшавии муҳити зист ва ҷузъи муҳимтарини он-об рӯ ба рӯ гардид, ки он миқёсан ба ҳадди хатарнок расидааст. Захираҳои оби тозаи кишвари мо, ки дар мавзеъҳои барфҳои доимӣ ва пиряхӣ ҷой гирифтаанд, аз сабаби тағйир ёфтани иқлим ва равандҳои тезутунд шудани муҳити экологии минтақа коҳиш ёфта истодаанд.
Муввофиқи таҳлилҳои коршиносони ин соҳа дар мавриди зиёдшавии тағйирёбии иқлим то соли 2050 теъдоди аҳолии кураи Замин, ки аз норасогии оби ошомидани танқисӣ мекашад то 9 млрд. нафар мерасад ва вобаста ба идомаи тамоюли истифодаи об 30% аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонанд. Асоси масъала дар он аст, ки дар аввали асри XXI инсоният ба мушкилоти глобалии ифлосшавии муҳити зист ва ҷузъи муҳимтарини он-об рӯ ба рӯ гардид, ки он миқёсан ба ҳадди хатарнок расидааст. Захираҳои оби тозаи кишвари мо, ки дар мавзеъҳои барфҳои доимӣ ва пиряхӣ ҷой гирифтаанд, аз сабаби тағйир ёфтани иқлим ва равандҳои тезутунд шудани муҳити экологии минтақа коҳиш ёфта истодаанд.[11]
Зикр шудааст, ки пиряхҳо ва яхҳои абадӣ ҷузъи муҳими давраи гидрологӣ мебошанд ва обшавии босуръатҳо ва яхҳои абадӣ, ақибнишинии пиряхҳо онхо ба иқлим, баландшавии сатҳи баҳр, муҳити зист, некӯаҳволӣ ва саломатии одамон ва рушди устувор таъсири манфии назаррас доранд.
Криосфера, аз ҷумла пиряхҳо, қабати барф, ва яхбандии абадӣ дар нигоҳдории экосистемаҳо нақши муҳим доранд, ки заминаи рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният, махсусан беҳдошти қишри осебпазири аҳолӣ кумак мерасонад.
Вақте, ки сухан дар бораи кишварҳои Аврупо меравад, ҳифзи прияхҳо низ ташвишовар аст. Вакте ки яххо об мешаванд вазъияти ях-донхо ташвишовар аст. Обшавии минбаъда барои инсоният ва муҳити зист оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.
Пиряхҳо дар саросари ҷаҳон миқдори зиёди яхро аз даст медиҳанд, ки боиси болоравии сатҳи баҳр ва хатари захираҳои оби ошомиданӣ мегардад.
Обшавии ях ба иқлим, тавозуни об ва гуногунии биологӣ таъсир мерасонад ва барои инсонҳо ҳам оқибатҳои номатлуб дорад.
Ҳифзи иқлим, истифодаи устувори об ва ҳамкории байналмилалӣ барои маҳдуд кардани таъсири манфӣ зарур аст.
Танҳо пиряхҳои Швейтсария дар се соли охир беш аз дувоздаҳ дарсади ҳаҷми яхи худро аз даст додаанд. Агар ҳарорати ҳаво ҳамон тавре ки интизор мерафт, идома ёбад, пешгӯиҳо тахмин мезананд, ки то охири аср тақрибан тамоми пиряхҳо дар ин кишвар об мешаванд
Ахамияти пиряххо барои одамон ва мухити зистро аз хад зиёд бахо додан мумкин нест: бузургони яххо холо 70 фоизи оби тозаи Заминро нигох медоранд ва дар сайёраи мо пас аз укьёнусхо калонтарин обанборхо мебошанд. Онхо баланси оби системахои сершумори дарьёхоро ба тартиб андохта, миллионхо одамонро бо оби нушокй таъмин мекунанд. Онҳо инчунин ба иқлими ҷаҳонӣ таъсири ҳалкунанда доранд.[1]
Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария нишон медиҳад, талафоти пиряхҳо дар солҳои 2012 ва 2023 нисбат ба даҳ соли қаблӣ тақрибан 36 дарсад бештар будааст. Сабаби асосӣ партовҳои сунъии газҳои гулхонаӣ мебошад, ки иқлимро гарм мекунанд.[4]
Ба хулоса омадан мумкин, ки дар ҳамаи кишварҳои муттамадини ҷаҳонӣ ин мушкилот вуҷуд дорад. Оқибатҳои обшавии пиряхҳои ҷаҳонӣ аз чанд ҷиҳат нигаронкунандаанд: обшавии пиряхҳо ба болоравии сатҳи ҷаҳонии баҳр мусоидат мекунанд. Агар таҳаввулот идома ёбад, рӯзе ба зудӣ ҷазираҳо ва минтақаҳои наздисоҳилӣ зери об монда, маҳалҳои истиқоматӣ бесамар ва заминҳои корам хароб мешаванд.
Дар бисёре аз минтақаҳо, “яхҳои абадӣ” -и пиряхҳо дар асри XXI боқӣ намемонанд чун,ки ин оқибатҳои марговар барои миллионҳо аҳолии башарият мебошад.[5]
Мо бояд саривақтӣ дар бораи ҳифзи инсоният дар ҷаҳони мутамаддин аз обшудани пиряхҳо бо пешгуйи коршиносон дар ҳамаи кишварҳо мубодилаи афкор карда, рушди инсониятро ҳифз намоем.
ВОҲИДОВА САНАВБАРБОНУ
мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих, профессор,