ИЛМ - ТАКЯГОҲИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

ИЛМ - ТАКЯГОҲИ  МИЛЛАТУ ДАВЛАТ  

Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 

30 майи 2024, Душанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии хеш ба яке аз аъзои мустақил ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашта, дар асари сиёсати дуруст ва сулҳофарини худ дар арсаи байналмилалӣ мақом ва аҳамияти махсусро касб кардааст. Нақш ва мақоми Тоҷикистон махсусан дар таъмини сулҳу амният ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас аст. Чунин ҳолат ба сиёсати “дарҳои боз” ва сиёсати хориҷии гуногунҷабҳаи роҳбарияти сиёсии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фармудаву нишондодҳо ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, барои таҳкими обрӯву эътибор ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат менамояд.  Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи хешро ба даст оварда, ҳамчун кишвари ташаббускор дар раванди ташаккул ва инкишофи низоми давлатдории худ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва татбиқи муваффақона ва пурсамари он пайваста таваҷҷуҳ менамояд. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар аз хавфу хатарҳои низоми нави ҷаҳонӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир моро зарур меояд, ки ба шинохти манфиатҳои миллӣ ва раванди ташаккулу такомул ва татбиқи муваффақонаи он муносибати хосса дошта бошем. Чунин муносибат ва чунин сиёсат танҳо дар асари истифодаи дуруст аз дастовардҳои технологияҳои ҷадид ва натиҷаҳои илми пешқадам муяссар мегардад. Президенти кишвар зимни Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,  30 майи 2024  барҳақ қайд мекунанд,ки дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад.Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.

Воқеан ҳам, дар ин раванд нақш ва мақоми илм ва марказҳои илмӣ махсус аст. Илми муосир ҷаҳонбинии одамро ташаккул медихад, бо такя ба прогресси техникй ва технологияи навин барои пешгӯиҳои илмӣ, ташхиси дурнамо ва тараққиёти ҷамъият ва таҳияи барномаҳои тақдирсоз, ҳалли пурсамар ва натиҷабахши мушкилиҳо ва чолишҳое, ки имрӯз дар назди инсоният қарор доранд, мусоидат мекунад. Имрӯз доираи васеи марказҳои илмӣ дар саросари кишвар ба ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур машғул буда, дар ин замина саҳми босазо доранд. Академиия миллии илмҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо аз ҷумла дар ин қарина мақоми калидӣ дорад.  

Дар мавридҳои алоҳида чунин ҳолат бархӯрд ва муносибатҳои махсусро тақозо менамояд, ки, мутаассифона, шакли дуруст ва қобили қабули он дар фазои илмии кишвар то ҳанӯз ба таври мукаммал вуҷуд надорад. Масалан, Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) ҳамчун кишвари абарқудрат дар сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мақоми махсус дорад. Омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи амиқи равандҳои асосии ин давлат аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ на фақат заминаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи байни Тоҷикистон ва ШМА-ро густурдатар ва ғанитар месозад, балки барои таъмини рушду такомули дуруст ва солими кишварамон мусоидат хоҳад намуд. Мутааассифона, то дирӯз дар Тоҷикистон ягон маркази махсусе, ки ба омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи ин кишвари абарқудрат тахассус ёфта бошад, вуҷуд надошт. Ҳоло он ки мавҷудияти чунин як маркази илмӣ дар омӯзиш ва таҳлили сиёсат, иқтисодиёт ва идеологияи ШМА нақши муҳим бозида, метавонад на танҳо дар бобати таъйини стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ШМА (ва ҷаҳони Ғарб), балки инкишофи сиёсати хориҷии кишварамон дар умум саҳми назаррас гузорад.

Хушбахтона, аз январи соли 2024 дар таркиби Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (ИОМДОА) чунин як сохтори нав – шуъбаи ШМА ва Канада (Отдел США и Канады; Department for US and Canadian Studies) таъсис дода шуда, ба кори худ оғоз намуд. Шуъбаи навтаъсиси ШМА ва Канада дар самтҳои зерин фаъолияти худро ба роҳ мондааст:

  • тадқиқотҳои марбут ба сиёсати хориҷии ШМА ва Канада (механизмҳои муассири сиёсати хориҷӣ, проблемаҳои минтақавӣ, ташаккул ва инкишофи муносибатҳо бо Тоҷикистон);
  • тадқиқотҳои марбут ба сиёсати дохилии ШМА ва Канада (сиёсати дохилии ШМА ва Канада дар соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва дин);
  • тадқиқотҳои марбут ба фаъолиятҳои сиёсиву низомии ШМА ва Канада;
  • тадқиқотҳои марбут ба низоми иттилоот ва инноватсияи ШМА ва Канада ва ғайра.

Ҳамзамон аз тариқи анҷоми тадқиқотҳои якҷоя ва ташкилу пешбурди конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин дар қаринаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои ШМА ва Канада бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд:

  • тадқиқ ва таҳлили масъалаҳои марбут ба сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, тамаддун ва фарҳанг;
  • омӯзиши масъалаҳои марбут ба дурнамои иҷтимоию сиёсӣ, сохтори давлатӣ, сиёсати инноватсионии ШМА ва Канада;
  • таъмини тадқиқоти масъалаҳои иштироки ШМА ва Канада дар муноқишаҳои дохилӣ ва минтақавӣ;
  • омӯзиши низоми иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳалли проблемаҳои маҳаллӣ ва мухолифати байни минтақаҳо ва қавмҳо.

Масалан, чанде пештар яке аз санадҳои калидии сиёсати дохиливу хориҷии ШМА таҳти унвони "Стратегияи нави амнияти миллии ШМА” мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шуд. Тадқиқот нишон дод, ки стратегияи нави амнияти миллии ШМА аз ҷумлаи асноди дараҷаи олии роҳбарияти сиёсии  ШМА ба ҳисоб рафта, мазмун ва мундариҷаи дигар асноди марбут ба стратегияи давлатиро дар доираи сиёсати дохиливу хориҷии ин кишвар муайян месозад. Стратегияи мазкур аз нигоҳи консептуалӣ ва ҳадафҳои сиёсии ШМА диди нав нест. Дар он ҳамоно идеяи давлати абарқудрати яккатоз боқӣ мондани ШМА дар арсаи ҷаҳонӣ такроран таъкид гаштааст. Яъне, ҳадафҳо ва интизориҳои ШМА аз нигоҳи стратегия ва муҳтавои сиёсӣ тағйир наёфтааст. Он чӣ тағйир ёфтааст, шаклу восита ва роҳҳалҳои амалӣ сохтани идеяи мазкур мебошад, ки он комилан ба назар ва бархӯрди неолибералӣ асос ёфтааст. Моҳияти онро барпо намудани ҷомеаи либералии демократӣ бо рохи тағйири низомҳо ва давлатдории миллии кишварҳо ташкил медиҳад, ки дар он нақши асосиро ШМА бояд ба уҳда дошта бошад. Таваҷҷуҳ ба созмонҳои байналмилалӣ, мусоидат ба равандҳои ҳамгироии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо шарикони рушд, истифодаи васеъ аз имконот ва тавонмандии “нерӯи нарм” аз рукнҳои асосии стртагеия мазкур ба ҳисоб мераванд. Аз стратегия мазкур чунин бармеояд, ки ШМА сиёсати солҳои ахири худро, ки дар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гашт, идома хоҳад дод: ҳамчун абарқудрати яккатоз ба доираи сиёсати хориҷии худ бештар ҷалб намудани кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором, дар ҳоле ки минтақаи дуюм дар ин радда ба маркази муомулот ва сиёсати нобасомони арсаи байналмилалӣ табдил дода хоҳад шуд.  Дар стратегияи мазкур ҷойгоҳи муносиб ба кишварҳои нотараққӣ ва рӯ ба инкишоф пешбинӣ нашудааст, яъне ин кишварҳо тибқи муқаррароти маъмул ҳамчун манбаи захираҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ҳамин замина кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ тарафи таваҷҷуҳ ва алоқамандии зиёди ШМА қарор нагирифтаанд. Аз тарафи дигар, санади мазкурро ҳамчун намунаи хуби таҳияи асноди стратегӣ дар низоми давлатдорӣ ва татбиқи манфиатҳои миллӣ метавон арзёбӣ кард. Санади мазкур аз нигоҳи сохтдор, банду баст ва гузориши масъалаҳо мантиқан пурқувват ва аз нигоҳи муҳтаво ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии идора (менеҷмент) ва роҳбарии пурсамари давлатӣ (Good Governance/идоракунии пурсамар) мебошад. Дар назар аст, ки дар ҳамин қарина таҷрибаи хуби ШМА ва Канада дар бобати муҳоҷират ва масъалаҳои муҳими марбут ба ин раванди сиёсию иҷтимоии замони муосир, ҳифзи табиат ва муҳити зист, иқтисод ва иҷтимоиёт, таносуби мутавозини байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири таъмини сулҳу субот ва амният ва ғайра  низ мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи дигар, танҳо дар сурати доштани кадрҳои миллии баландихтисос ва содиқ ба марзу буми кишвари худ метавонад амният, суботи сиёсӣ ва рушди бардавоми устувори худро таъмин намояд.

 Президенти кишвар зимни Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,   барҳақ қайд мекунанд,ки “бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.”

Дар ин қарина тарбияи насли ҷавони илму фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиҷлол аҳамияти махсусро касб менамояд. Бо назардошти ҳамин матлаб имрӯз шуъбаи навтаъсиси ШМА ва Канада дар баробари анҷоми тадқиқотҳои фундаменталӣ ба масъалаҳои марбут ба тарбияи кадрҳои ҷавон инз таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳайати кормандони шуъбаи мазкур дар доираи лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва барномаҳои таълимӣ аз ҷумлаи докторантҳо ва аспиранту магистрҳо як миқдор ҷавонони донишманду боистеъдодро ба раванди таҳия ва татбиқи тадқиқотҳои нақшавию берун аз нақша ҷалб намуда, дар тарбияи солим ва ташаккули ҷаҳонбиниву малакаи илмиву тадқоқотии онҳо саҳми чашмрас мегузоранд.  Дар маҷмӯъ, 10 нафар унвонҷӯён (5 нафар докторони Ph.D. ва 5 нафар магистрон) имрӯз таҳти роҳбарии ходимони илмии шуъба ба тадқиқот ва пажӯҳишҳои илмии худ машғул мебошанд.

Хулоса, дар раванди ташаккул ва такомули давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол марказҳои илмӣ ва анҷоми тадқиқотҳои бунёдӣ ҷойгоҳ ва нақши арзанда дошта, ба ташаккул ва татбиқи муваффақонаи сиёсати солиму муассир ва боло бурдани обрӯву эътибор ва мақоми шоистаи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. 

Каримов Шамсиддин

доктори илмҳои сиёсӣ,

сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои

 давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ