ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба ифтихори 70 солагии олими маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, устод Мирзо Муллоаҳмад

   Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
   Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.
   Қарнҳо бояд, ки то аз пушти одам нутфае,
   Булвафои Курд гардад ё шавад Вайси Қаран.

   Ин байти машҳури Ҳаким Саноӣ дар васфи устод Мирзо Муллоаҳмад гуфта шудааст, гӯем ҳам иштибоҳ нахоҳем кард. Чунки устоди арҷманд Мирзо Муллоаҳмади мо воқеан сазовор ва арзандаи гуфтаҳои фавқуззикранд. 
Соли 1948 се сол пас баъди ба анҷом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҳанӯз ҳам доғҳои он аз дилҳо зудуда нашуда буд ва мардум рӯ ба зиндагии осоишта оварда, барои бартараф намудани оқибатҳои ҷанги хонумонсӯз камари ҳиммат баста буданд, дар рустои Дардари соҳили Зарафшонрӯд, дар зодгоҳи муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон,Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар Келдӣ, дар оилаи марди тақводору китобдор Муллоаҳмади дардарӣ тифли дӯстрӯе ба дунё омад, ки ӯро волидайн бо меҳру муҳаббати зиёд Мирзо ном ниҳоданду дар рӯзи гаҳворабандонаш мӯйсафедони солхӯрдаи деҳ барояш дуои нек доданд,ки хонаду одаму олими бузург шавад.

   Аслан дар луғатҳо маънои мирзо-шакли кӯтоҳшудаи амирзода, котиб, муншӣ буда, дар охири номи шаҳзодагони сайиднасаб ифода меёфт. Масалан, Иброҳим -Мирзо ва дар аввали номи одамони босаводи зиёӣ ҳамчун МирзоИброҳим, Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар Ҳиндустон -лақаби авлоди сардори лашкар ва қабила ба ҳисоб меравад, зикр меёфт. 
Шояд волидайни ӯ ба умеди олими соҳибхирад ва донишманди шинохта шудани ҷигарбандашон барояш чунин номро интихоб карда бошанд. 70 сол қабл аз ин онҳо ба пиндори мо иштибоҳ накардаанд. Воқеан ҳам Мирзо Муллоаҳмад имрӯз олим, профессор, муҳаққиқ, доктори илмҳои филология, нависанда, рӯзноманигор ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки боиси ифтихори пайвандону ҳамдиёрон ва пеш аз ҳама илми тоҷик аст. 
   Мирзо Муллоаҳмад овони наврасию навҷавонии худро бо ҳамсоя ва рафиқи ҳаммактабаш Гулназар гузаронида, ҳарду дар мактаби миёна мусобиқакунон бо баҳои хубу аъло таҳсил менамуданд. Он солҳо аз деҳаи онҳо бародарони Гулназар-Умедҷон ва Имомназар Келдиевҳо дар пойтахт кору фаъолият мекарданду тобистонҳо бештар ба назди пайвандонашон ба зодгоҳашон барои фароғат мерафтанд. Гулназару хурдаку Мирзои наврас бо ҳавас ба онҳо менигаристанду мехостанд,ки чун эшон онҳо ҳам бояд нағз хонанду дар оянда олимони номдор гарданд. Ҳарду бо ҳамин гуна орзуҳои бачагӣ ва қавӣ дабистони зодгоҳашонро бомуваффақият хатм намуда, роҳи пойтахт ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро пеш гирифтанд. Бо қувваи худашон шомили факултаи суханшиносӣ гардиданд. Аз устодони муътабар Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ, Баҳриддин Камолиддинов, Мукаррама Қосимова, Маҳмуд Давлатов ва дигарон сабақ омӯхта, аввалӣ феълан то ба дараҷаҳои баланди профессор, доктори илмҳои филология, адабиётшинос ва эроншиносу фарҳангшиноси барҷастаю узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарӣ чун шоири маҳбубу маъруф машҳур гардиданд.
   Мирзо Муллоаҳмад зиёда аз ним аср инҷониб дар як ҷой-дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. 50 сол дар як ҷой кор кардан на ба ҳар кас муяссар мегардад. ӯро борҳо ба дигар ҷойҳои сердаромад ба кор даъват карда буданд, аммо ӯ розӣ нашуд ва кори худро идома дод. Маҳз сабурӣ ва таҳаммулпазирӣ ӯро ба ин мартабаҳои баланд мушарраф гардидан оварда расонд. ӯ имрӯз аз бахти худ меболад ва худро хушбахти олам мешуморад.
   Фаъолияти корию илмии ӯ дар ин боргоҳи бонуфузи илми тоҷик аз вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири бахш, мудири шуъба ва муовини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан сардори Шуъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ гардидааст. 
   Ба ғайр аз вазифаи асосиаш ба зиммаи ӯ инчунин вазифаҳои ҷамъиятии зиёд, аз қабили раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва аз соли 1993 инҷониб аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Мавсуф ҳамзамон барандаи ҷоизаҳои ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, «Бунёди Манучеҳрии Фарҳангӣ» ва академик Дмитрий Сергеевич Лихачёв маҳсуб меёбад. Бар замми ин узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмию академии «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ»,маҷаллаи «Суханшиносӣ» -и Институти забон,адабиёт,шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷаллаи «Дӯстӣ», маҷаллаи илмӣ – оммавии «Илм ва ҳаёт», маҷаллаи илмии «Рӯдакӣ» (Теҳрон), фаслномаи илмӣ-таҳқиқотии «Пажӯҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд (Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО (Теҳрон), узви ҳайати илмии «Доиратулмаорифи инсоншиносӣ» (Теҳрон) ва масъули чопи солномаи «Донишномаи Рӯдакӣ» (Тоҷикистон) мебошад. Таҳти сарварии ӯ аз соли 2008 инҷониб аллакай ду ҷилди донишномаи мазкур ба табъ расида, дастраси алоқамандони илм ва адаб гардидааст. 
   Илова бар ин Мирзо Муллоаҳмад донишманди серкору шинохта ва дақиқназар буда, ба қалами ӯ беш аз 550 асари илмӣ оммавӣ, 23 монографияю маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, зиёда аз 30 номгӯй маҷмӯаҳои мухталиф аз осори уламову удабои гузаштаву муосири форсизабон бо эҳтимоми ӯ интишор шудаанд. 
   Асарҳои илмии ӯ аз қабили «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (соли 2008), «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг» (соли 1993), «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (соли 2003), «Дар олами эроншиносӣ» (соли 2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (соли 2011), «Бузургдошти инсони нек» (соли 2011), «Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносӣ» (соли 2012) дар нашриётҳои гуногуни кишварамон интишор шуда, мақбули хонандагони сершумор гардидаанд. 
   Мирзо Муллоаҳмад дар соҳаи матншиносӣ ва нашри осори ниёгон низ саҳми бориз гузошта, то ба имрӯз бо хатти настаълиқ асарҳои зиёде аз қабили «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус (1979,2007), «Рубоиёт»-и Умари Хайёми Нишопурӣ (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (бо ҳамроҳӣ,1984,2006),«Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон (бо ҳамроҳӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» -и Абдураҳмони Мустаҷир (бо ҳамроҳӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Абулқоси Лоҳутӣ (бо ҳамроҳӣ,1991),«Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ (1992,1992), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993), «Андарзнома»-и ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2003), «Дахунома» (2003),«Гулчини девони Ҳофиз»(2006),«Андарзҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), «Дар партави хуршед» (2011), «Ҳикматнома»-и Носири Хусрав (2013),«Ҳафт суфраи Наврӯз»(2014) маҳз бо кӯшиш ва ибтикори бевоситаи ӯ ба табъ расидаанд.
   Ҳамзамон як идда китобу мақолаҳои зиёдаш дар нашрияҳои гуногуни Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла аз тариқи интишороти шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Исфаҳон мунташир гардида, маъруфияти ӯро афзудаанд. Мавсуф танҳо дар нашрияҳои «Донишномаи адаби форсӣ» ва «Доиратулмаорифи бузурги исломӣ» беш аз 150 мақолаи илмӣ чоп кардааст,ки аз кишвари мо ин гуна олим ангуштшумор аст. 
   Ахиран маҷмӯаи мақолоти номбурда зери унвони «Ҷанбаҳои устувори башардӯстӣ. Ҷусторҳои илмӣ дар таърихи фарҳанги эронӣ» аз тариқи нашриёти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ба табъ расиданд, ки дар он перомуни муҳимтарин масоили таърихи фарҳанг ва тамаддуни мардумони форсизабон сухан меравад. Ҳамин тариқ, доираи фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад фарохдоман буда, таърихи пайдоиш ва рушди адабиёти форсу тоҷикро аз замонҳои атиқа то ба имрӯз, таърихи адабиёти муосири Эрон ва мамолики Шарқ, робитаҳои илмию фарҳангӣ, масоили забоншиносии кишварҳои хориҷиро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор додаанд. Асарҳои сершумори илмӣ – тадқиқотиаш дар шаҳрҳои бонуфузи Маскав, Теҳрон, Вашингтон, Боку, Машҳад ва Исфаҳон ба табъ расидаанд. 
   Ба қалами ин пажӯҳишгари пурмаҳсул ва заҳматпеша оид ба масоили муҳими таърихи адабиёти тоҷику форс чанд пешниҳодҳои ҷадиду амиқ мутааллиқанд, ки боиси ифтихори миллати мост. Мирзо Муллоаҳмад яке аз муаллифони доимӣ ва фаъоли нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои XIX – XX (Маскав, «Наука», 1999, 535 саҳифа) мебошад. Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон, 2001, 845 саҳ.), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003) , «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) хонандагони муосири эрониро бо ашъори шоирони маъруфи тоҷик шинос менамоянд. 
   Инчунин тавассути нашриётҳои муътабари Ҷумҳурии исломии Эрон асарҳои илмии ӯ аз ҷумлаи «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008,бо ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (2010), «Перомуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2014), «Сайре дар олами эроншиносӣ» (2014) нашр шуда, дастраси хонандагони сершумор гардидаанд. 
   Лозим ба тазаккур аст, ки олими маъруфи тоҷик Мирзо Муллоаҳмад бо мақсади муайян кардани рубоиёти асили Умари Хайём равиши ҷадиди ҷомеъро пешниҳод намудааст, ки барои ҳалли ин масоили мубрам кӯмаки амалӣ мерасонад. ӯ нахустин шуда таваҷҷуҳи аҳли адабу фарҳангро ба як навъи тозаи ашъор, ки маҳсули рӯйдодҳои таърихии охири асри XX-Эрон мебошад, ба хубӣ ошно намуд. Аз ҷумла, ӯ дар якчанд мақолаи худ воқеан ҳам собит кардааст, ки қитъа бар хилофи ақидаи муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва бархе аз муҳаққиқин порае аз қасида набуда, балки як навъ шакли мухтасари шеър аст, ки маншаъи худро аз сурудҳои бостонии тоҷику форс фаро мегирад. Дар рисолаҳои хеш таҳти унвонҳои «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» ва «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» мавсуф ба хубӣ далел пеш овард, ки сабаби асосии бузургӣ ва дар таърих мондагории «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсии Тӯсӣ маҳз ҷанбаҳои ахлоқии он аст. Мисоли он гуфтаҳои шоир:

   Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
   Агар зан бувад қаҳрамонӣ кунад. 
буда метавонад.
   Мирзо Муллоаҳмад яке аз рӯдакишиносони маъруф ба шумор рафта, рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ маҳсуб меёбад. Мавсуф баъд аз тадқиқоти бисёрсолаи худ бо далелу санадҳои муътамад кӯри модарзод набудани устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ба чашми ӯ нил накашидану кӯр накардани ҳасудонро илман ва воқеан исбот карда, иброз медорад, ки ӯ на кӯри модарзод буду на ба чашмаш нил кашидаанд. Балки бар асари пирию беморӣ ва бузургсолорию мутолиаи зиёди осори ниёгон чашмонаш дар охири умр нобино гаштаанд. Ин гуна тозакориҳо дар осори илмии ӯ бештар ба назар мерасанд, ки гувоҳ аз муҳаққиқи воқеъбин будани ӯ дарак медиҳанд.Дар ин хусус шоир барҳақ гуфтааст:

   Зи шоир зинда мемонад, ба олам ном шоҳонро, 
   Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.

   Бояд қайд кард, ки Мирзо Муллоаҳмад ҳамчун котиби масъул ва узви Кумитаи тадорукотии чандин ҳамоишу конфронсҳои илмию адабӣ аз қабили «Ҳазораи Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ (1994), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996),«Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), «Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс» (2006), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) ба ҳисоб меравад. ӯ бо суханрониҳои пурмуҳтавои илмӣ дар зиёда аз 40 конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, маърӯзаҳои зиёди илмӣ кардааст. ӯ аз тоифаи олимонест, ки 18-уми июни соли 2008 аз тариқи минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Нию-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавзӯи «Рӯдакӣ-шоири бузурги башардӯст» суханронии пурмуҳтавои илмӣ кардааст. 
    Олими пуркор ва пухтакор Мирзо Муллоаҳмад ҳамчун эроншиноси маъруф шинохта шуда, дар таҳқиқу ҷанбаҳои нав ба нави адабиёту фарҳанги халқҳои эронӣ,таҳқиқу таҳлили адабиёти ду халқи ҳамзабон ва ҳамҷавор машғул буда, дар ин роҳ ба комёбиҳои беназири илмӣ муваффақ гаштааст.
   Ба ақидаи устод Мирзо Муллоаҳмад яке аз масъалаҳои умдаи адабиётшиносии тоҷику эронӣ ин дар ду ва сегонагии истилоҳоти он мебошад,ки дар се кишвари маъмули форсизабон роиҷанд. Аз ин лиҳоз, муаллиф хеле ба маврид дар мақолаи худ зери унвони «Ҳамгунсозии истилоҳоти адабиётшиносӣ» масъалаи яксон сохтани ин истилоҳотро ба миён мегузорад. 
   Дар мақолаи дигари ин қисмат таҳти унвони «Шинохти нусхаҳои хаттӣ» бошад оид ба феҳристнигории китобҳои хаттии форсӣ дар китобхонаҳо,осорхонаҳо(музейҳо) ва ганҷинаҳои дунё бахшида шуда бошад муаллиф роҷеъ ба феҳристҳои мухталифи мавҷудаи форсии дунё ёдовар шуда, низ чанд пешниҳоди муфиду судмандро барои ҳифозат, муаррифӣ ва шинохту тавсифи онҳо зарур мешуморад.
   Ба таври мухтасар бояд қайд кард,ки мавсуф чун олими пурмаҳсул, заҳматпеша,инсони некному марди хирад дар байни шахсиятҳои бузурги қарнҳои ХХ ва ХХ1- тоҷик ҷойгоҳи хосаи худро дорад. Мо ба устоди гиромиқадр ва олими равшанзамиру бофарҳанг барори кору комёбиҳои беназир таманно намуда, аз номи шоир мегӯем:
   Илмат ба амал чу ёр гардад,
   Қадри ту яке ҳазор гардад.

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
журналист

 

БОЗГАШТ