ҲИНДУСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Муаллиф: Шарипова Меҳринисо

Расм

Истиқлол вожаест зебо, ки бо зикри он тасвири кишваре озоду мустақил дар зеҳни инсонҳо ҳувайдо мегардад. Бо зикри истиқлол доштани макону шараф, анъанаву фарҳанг ва забони ин ё он миллат таъкид мешавад.

Инак, боз фурсате даст додааст, ки дар бораи Ҳиндустони бемонанду афсонавӣ, гулфишону зебоманзар сухан ронем. 15 августи соли 1947 дар заминаи кишвари бостониву куҳантамаддуни Ҳиндустон, ки қариб дусад сол ҳамчун субъекти мустақил дар арсаи ҷаҳон фаъолияти худро мутаваққиф дида буд, кишварҳои нав пайдо шуданд – Покистон ва Ҳиндустон, ки таърихи сиёсии худро аз сифр оғоз карданд.

Дар марзи Покистону Ҳиндустон ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат рӯзи озодиву сулҳу оромиро, яъне иди Истиқлолияти хешро ҷашн мегиранд. Сайру тамошои ин тантанаҳо дар сарҳадди ду кишвари ба ҳам дӯст ба ҳама ройгон аст. Инчунин барои ҳамаи сайёҳон ва мардуми дохилу хориҷ дар ин Иди бошукуҳ таомҳои ройгон марҳамат мешавад.

Имсол Ҷумҳурии Ҳиндустон 76-умин солгарди озодӣ аз асорати мустамликавии Бритониёро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Истиқлолият, яъне озодии халқу миллат хурсандии ҳар як ҳиндустонӣ буда, бо ашкҳои шодӣ ва хотираҳои таърихӣ тавъам аст. Ба муносибати иди Истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустони зебоманзар 15 август дар тамоми мамлакат рӯзи истироҳат эълон карда шудааст.

15 августи соли 1947 маҳз дар нисфи шаб аввалин сарвазири Ҳиндустони мустақил Ҷавоҳирлол Неҳру дар фарози девори Калъаи Сурх дар Деҳлӣ байрақи серангаи миллиро барафрохт, ки ин рамзи тарки мустамликадорони Англия гардид. Бо шукуҳу шаҳомати хоса ва парафшонии Парчами миллӣ ва тантанаҳои фарҳангӣ маъракаҳои идонаи Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин санаи пуршараф дар давоми сол аллакай дар манотиқи гуногуни кишвар тантанаҳои густурда ҷараён доранд. Аммо таҷлили рӯзи 15 август авҷи онҳо хоҳад буд.

Сарвазир Нарендра Моди аз фарози девори Қалъаи Сурх паёми анъанавӣ мерасонад. Интизор меравад, ки вай ташаббусҳои нави ҳукуматро, ки ба беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандон ва таҳкими амнияти Ҷумхурии Ҳиндустони озод нигаронида шудаанд, эълон мекунад. Аз фарози деворҳои бинои таърихии Қалъаи Сурх, ки яке аз рамзҳои Ҳинд ба шумор меравад, даъват ба миллат садо медиҳад ва мардум онро бо кафкӯбӣ ва табъи болида қабул мекунанд. Дар суханронии сиёсатмадор дар бораи дастовардҳо ва тағйироти мусбате, ки дар давоми моҳҳои охир дар кишвар ба амал омадаанд, маълумот дода мешавад. Вай ба шаҳрвандону сиёсатмадорони кишвараш хотиррасон мекунад, ки озодӣ бо кадом баҳо ба даст омад, муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ дар замони худ чӣ кадар маънии хушбахтиҳоро дорост. Қадри ин миллату сарзамини осоиштаву сулҳпарварро бидонед.

Дар саросари Ҳиндустон маъракаи "Тиранга дар ҳар хона" оғоз шудааст. Тиранга - "серанга" - номи парчами давлатии Ҳиндустон аст, ки дорои се ранги уфуқӣ - заъфаронӣ, сафед ва сабзи зумуррад мебошад. Дар рӯзҳои ид ёдгориҳои машҳури вилоятҳову шаҳрҳои гуногуни кишвар бо ин рангҳо равшан мегарданд. Хонаҳо, пешгоҳҳо, автомобилҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ бо серанги давлатӣ оро дода мешаванд. Пас аз қабули қонуни махсус ҳиндуҳо имкон пайдо карданд, ки тирангаро бидуни маҳдудият ба намоиш гузоранд ва акнун шумо метавонед барои тайёр кардани парчамҳо аз ҳама намуди маводҳо - полиэстер, пахта, пашм, абрешим, ки қаблан манъ буд, истифода баред.

Дар суханронии идона Президенти нави Ҳиндустон Драупади Мурму, ки аввалин сарвари давлат гардид, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти мамлакаташ таваллуд ёфтааст, изҳор намуд, ки: «Ҳиндустон 15 августи соли 1947 занҷирҳои ҳукмронии мустамликадоронро кушода партофт ва қарор дод, ки тақдирашро дигар кунад. Вақте ки мо 76-умин солгарди Истиқлолиятро ҷашн мегирем, ба ҳама муборизони озодӣ дуруд мефиристем. Онҳо ҳама чизро қурбон карданд, то ки мо ҳама дар Ҳиндустони озод зиндагӣ кунем".

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму аз ҷумла чунин гуфт: - "Мо исбот кардем, ки скептикҳо иштибоҳ кардаанд. Демократия дар хоки мо на танҳо реша гирифтааст, балки дар замини мо ғанитар гашт. Барои Ҳиндустон имрӯз ҳамдардӣ вожаи калидист: ҳамдардӣ ба одитарин шахсон, ба ниёзмандон ва ба онҳое, ки дар ҳошия ҳастанд. Нобаробарии гендерӣ коҳиш меёбад ва занон кӯшиш мекунанд, ки баҳри бақо ва солимии миллат ва халқ ҷонисорӣ кунанду, фарзандони далеру солим ба дунё оваранд. Пешрафти ҷомеаи имрӯзаи Ҳиндустон акнун аз занҳои солим ва пурқувват вобастагии калон дорад. Танҳо ба пеш бояд рафт на ба ақиб, ба саргузашти он даврае, ки пеш аз Истиқлоляти Ҳиндустон дида мешуд”.

Раиси Ҷумҳури Ҳиндустон Драупади Мурму изҳори итминон кард, ки: "То соли 2047, яъне садсолагии истиқлолият, орзуҳои муборизони роҳи озодии ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ комилан амалӣ хоҳанд шуд. Дар солҳои охир ҷаҳон шоҳиди болоравии Ҳиндустони нав гардид. Ислоҳоти иқтисодӣ бо ташаббусҳои инноватсионии некӯаҳволӣ ҳамроҳ аст ва муваффақияти иқтисодӣ боиси ҳамоҳангӣ дар зиндагӣ мегардад".

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму қайд намудааст, ки таҷлили ҷашн таҳти чораҳои пурзӯри амниятӣ ҷараён дорад. Мақомоти Ҳиндустон хатари ҳамлаҳои террористиро истисно намекунанд. Тавре маҷаллаи “Outlook” қаблан хабар дода буд, бюрои истихбороти Ҳиндустон аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротии «Лашкари Таййиба», “Ҷайши Муҳаммад” ва ғайра ҳушдор додааст.

Ҳиндустониҳо имрӯз ҳама барои ширкат дар маъракаҳои гуногун – маҷлисҳои оммавӣ, сайру гаштҳо имконият пайдо мекунанд. Маросим бо карнавали рангоранг идома дорад, ки ба кӯчаҳои шаҳр фазои шодиву фараҳ эҳдо мекунад. Ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам сайёҳони меҳмон тасмим гирифтанд, ки таассуроти нотакрор ва эҳсоси хушбахтӣ муяссарашон гардад. Метавонанд дар намоишҳои зебо бо рақсу мусиқӣ ширкат кунанд.

Рӯзи истиқлолият дар кишвар дар миқёси хосса таҷлил мешавад. Дар тантанаҳо иштироки намояндагони табақаҳои гуногун, инчунин аъзои ҳукумат ҳатмист. Маросимҳои асосӣ дар қаламрави Деҳлии Нав баргузор мешавад, аммо дар минтақаҳои дурдаст низ чорабиниҳои гуногуни идона баргузор мешаванд.

Ҳамин тариқ, ин кишвари афсонавии таърихӣ тавонист дар тӯли 76-соли Истиқлолият ба дастовардҳо, пешрафтҳои техникӣ ва технологии муосир ноил гардад ва фарҳангу тамаддуни қадимии нотакрорашро ба тамоми кишварҳо муаррифӣ намояд. Истиқлол барои шарафёб шудан ба пешрафту тараққӣ замина ва асос маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, насли наврас бояд қадри ин неъмати бебаҳоро донад ва дар волотарин сатҳ нигоҳ бидорад. Шукуфоии ҳар кишвар асосан аз худи миллат вобастагии калон дорад. Бигзор, ҳама миллатҳо сазовори озодӣ, сулҳ ва ободии ҳар хонадон бошанд.

Дар интиҳо дӯстони ҳиндустонии худро ба муносибати 76-умин солгарди истиқлолият самимона табрик гуфта, ба мардуми Ҳиндустони дӯст дастовардҳои нави дурахшон ва шукуфоӣ таманно дорем.

 

Шарипова Меҳринисо

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ