(Дар ҳошияиқабулиқатъномаи МаҷмаиУмумииСозмониМилалиМуттаҳид«НақшизеҳнисунъӣдарфароҳамоварданиимконотинавинбароирушдиустувордарОсиёиМарказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025)
Дар шароити тезонидани ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, меъёрҳои ҳуқуқӣ барои пешгирии паёмадҳои манфӣ ва пешбурди рушди ҳамоҳанг аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунанд. Зеҳни сунъӣ манзараи соҳаҳо аз тандурустӣ то молияро куллан тағйир медиҳад, ҳалҳои инноватсионӣ пешниҳод мекунад, аммо ҳамзамон мушкилоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла эҳтимоли поймолкунии ҳуқуқҳо, афзоиши нобаробарӣ ва набудани масъулиятро ба вуҷуд меоварад. Таърихи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар зеҳни сунъӣ аз солҳои 1950 бо корҳои Алан Тюринг пайдо шуданд, аммо дар солҳои 2010 бо рушди омӯзиши мошинаҳо актуалӣ гардиданд. Мувофиқи Тавсияҳои ЮНЕСКО оид ба этикаи зеҳни сунъӣ технологияҳо бояд ба арзишҳои инсонӣ равона карда шаванд, то зарарро ҳадди ақал ва ба некӯаҳволии ҳама мусоидат кунанд.
Ин принсипҳо кафолат медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ қобилиятҳои инсонро афзоиш медиҳад, на ҷойгузини у мегардад. Инсонмеҳварӣ, адолат ва шаффофият ҳамчун принсипҳои асосии истифодаи зеҳни сунъӣ баромад намуда, ба санадҳои зерини байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ асос ёфтааст:
Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри 1948, № 217 A (III). Ин санад аз 30 модда иборат аст, ки ҳуқуқҳои асосӣ ба монанди ҳаёт, озодӣ, амният, озодии баён, таълим ва ғайраро муайян мекунад. Он ҳуқуқҳои универсалиро барои ҳифзи ҳамаҷониба муқаррар мекунад ва аз ҷониби намояндагони ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон таҳия шудааст.
Эъломияи принсипҳо, бунёди ҷомеаи иттилоотӣ, чолиши ҷаҳонӣ дар ҳазорсолаи нав аз 12 декабри 2003. Ин эъломия ҳамкории муштаракро барои бунёди ҷомеаи иттилоотии Инсонмеҳварӣ, фарогир ва ба рушд нигаронидашударо муайян мекунад. Он нақши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро дар пешбурди рушди устувор, коҳиши фақр ва ҳифзи ҳуқуқҳои башар таъкид мекунад.
Нақшаи амал аз 12 декабри 2003. Ин нақша чаҳорчӯбаи мушаххасро барои пешбурди ҷомеаи иттилоотӣ муайян мекунад. Он ҳадафҳои то соли 2015-ро дар бар мегирад, ба монанди пайваст кардани деҳаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмӣ ба ТИК, пешбурди гуногунии забонҳо ва дастрасӣ ба дониш.
Уҳдадории Тунис аз 18 ноябри 2005. Ин уҳдадорӣ уҳдадориҳои Женеваро тасдиқ мекунад ва ба бунёди ҷомеаи иттилоотии Инсонмеҳварӣ ва инклюзивӣ тамаркуз мекунад. Он ҳуқуқҳои башар, озодии баён, ҳамкорӣ байни ҳукуматҳо, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъкид мекунад ва чолишҳои фарқияти рақамиро ҳал мекунад.
Рӯзномаи Тунис барои ҷомеаи иттилоотӣ аз 18 ноябри 2005. Ин рӯзнома механизмҳои молиявиро барои коҳиши фарқияти рақамӣ, идоракунии интернет ва амалисозии қарорҳои Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS)-ро муайян мекунад. Он ба ҳамкорӣ байналмилалӣ, қобилиятсозӣ, амният ва идоракунии шаффофи интернет тамаркуз мекунад.
Рӯзномаи амали Аддис-Абебаи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд аз 27 июли 2015, № 69/313. Ин рӯзнома чаҳорчӯбаи ҷаҳониро барои маблағгузории рушди устувор муайян мекунад. Он соҳаҳои манбаъҳои дохилӣ, ҳамкории байналмилалӣ, савдо, қарз, илм ва технологияро дар бар мегирад ва ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад.
Тағйири ҷаҳони мо: Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 аз 25 сентябри 2015, № 70/1. Ин қатънома Рӯзномаи 2030-ро бо 17 Ҳадафҳои рушди устувор ва 169 ҳадафҳои мушаххас қабул мекунад. Он ба коҳиши камбизоатӣ, ҳифзи муҳити зист, баробарӣ ва некӯаҳволии ҳама равона шудааст.
Илм, технология ва инноватсия барои рушди устувор аз 19 декабри 2023, № 78/160. Ин қатънома илм, технология ва инноватсияро барои рушди устувор пешбарӣ мекунад, ба ҳамкории мустаҳкам, қобилиятсозӣ ва ҳамгироӣ ба стратегияҳои миллӣ даъват мекунад.
Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои башар вобаста ба технологияҳои рақамӣ аз 19 декабри 2023, № 78/213. Ин қатънома ҳуқуқҳои башарро дар алоқамандии рақамӣ баррасӣ мекунад, ҳифзро аз сӯиистифодаҳо, ҳаҷм, озодии баён ва ғайридискриминатсияро дар технологияҳои рақамӣ таъкид мекунад.
Истифодаи имкониятҳои системаҳои зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод барои рушди устувор аз 21 марти 2024, № 78/265. Ин қатъномаи муҳим зеҳни сунъии бехатар ва боэътимодро барои рушди устувор пешбарӣ мекунад, ба идоракунӣ, қобилиятсозӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои ҳадди ақал кардани хатарҳо даъват мекунад.
Дар тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд адолат бо эҳтиром ба ҳуқуқҳо ва пешгирии нобаробарӣ алоқаманд аст. Аҳамияти он аз он иборат аст, ки таасубҳои маълумотҳо ба табъиз дар иҷора, қарз ва адолати судӣ оварда мерасонад.