Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим
Ироқ яке аз кишварҳои арабии Ховари Миёна ва ҷанубу ғарбии Осиё буда, ҳаждаҳ вилоят дорад [7]. Пойтахташ шаҳри бостонии Бағдод мебошад. Ироқ мавқеи ҷуғрофии муҳим дошта, бо шаш кишвари бузурги Ховари Миёна Арабистони Саудӣ, Кувайт, Урдун, Сурия, Эрон ва Туркия ҳамсарҳад мебошад. Ироқ тамаддуни бузурги қадимӣ дошта, чанд империяро аз сар гузаронидааст. Бо вуҷуди марзи обии кӯтоҳ доштанаш бо Халиҷи Форс, аз мобайнаш ду руди машҳур - Даҷла ва Фурот ҷорӣ шуда, ба Халиҷи Форс мерезад, ки аз ин сабаб кишварро “Билод ан-наҳрайн” ё “Байн ан-наҳрайн” низ меноманд [6].
Бештари замини Ироқ пасту ҳамвор буда, масоҳати ками онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дорои ҳавои саҳроии гармро дорад. Ироқ яке аз кишварҳои бузургтарини дорои манобеи нафт буда, соли 1925 аввалин иктишофи нафтӣ [11] дар ин кишвар ба миён омад. Тибқи нишондодҳо соли 2015 кишвари Ироқ рӯзона 3,5 миллион баррел нафт ба хориҷи кишвар содир кардааст, ки ҳаштумин кишвари нафтии ҷаҳон ва даҳумин кишвари газтавлидкунанда ба ҳисоб меравад [6]. Даромад аз содироти нафти Ироқ, 95%-и иқтисоди кишварро ташкил медиҳад ва он [7] яке аз муассисони созмони истеҳсолкунандаи нафту газ - ОПЕК ба шумор меравад [7]. Аҳолии Ироқ тибқи омори соли 2016 ба 37 миллиён нафар расид [5], ки аз ҷумла қавмҳои араб 75%, курдҳо 15% ва боқимондаро ақаллияти форс, туркман, килдониён, мандоиён, ошуриён, язидиён, собииён ва ғайра ташкил медиҳанд [7]. Мусалмонони Ироқ 97% аҳолиро дар бар мегиранд [3].
Омехтагӣ ва рангорангии нажодӣ, қавмӣ, этникӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ бо изофаи ҳамсояҳои гуногун Ироқро дар маркази таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дода, ҳар лаҳза таъсирпазири ҳамсоякишварҳо намуд. Аммо он чи ки имрӯз дар Ироқ мегузарад, шабоҳати “Баҳори араб”-ро дорад, ки ба сабабҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнӣ ба ҳама қишрҳои ҷомеаи Ироқ таъсири манфӣ гузоштааст. Махсусан, вазъи иқтисодии кишвар сарчашмаи норозигиҳо гардида, ба талаби тағйироти сиёсӣ ва нооромии мардуми ин кишвар оварда расонд.
Доктор Форис ал-Хаттоб, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва мутахассиси масъалаҳои ироқӣ мулоҳизаҳои худро дар бораи ҳассосияти вазъи Ироқ ва давлатдоронаш баён намуда, роҳбарони расмии Ироқро дар саҳнаҳои сиёсӣ, раиси ҷумҳурӣ, сарвазир баъд аз он раиси парлумон медонад. Намояндагони сиёсии кишвар дар ҳама вокунишҳо ва суханрониҳои расмии худашон ба зарурати дурӣ ҷустан аз низои байналмилалӣ ва минтақавӣ саъй мекунанд ва барои дур нигоҳ доштани Ироқ аз мудохилоти хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд [12,2].
Мушовири бахши иқтисодиёти ироқӣ Сабрӣ Зайир ас-Саъдӣ сабаби вазъияти пешомадаи имрӯзаро таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки вазъият аз оғози ҷанги Эрону Ироқ сарчашма мегирад. Махсусан, пас аз вуруди Амрико дар соли 2003 ба ин кишвар, тамоюли қудратҳо сабаби ба вуҷуд омадани ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ ба манфиати гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ гардид, ки дар натиҷа ба нобаробарии иҷтимоӣ анҷомид [14]. Ин мутахассиси иқтисодӣ ишора менамояд, ки ибтидо аз миёнаҳои соли 2014 Ироқ майдони рӯйдодҳои муҳимми молиявӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва низомӣ гардид, ки маъруфтаринашон, инҳоянд:
-коҳиши босуръати нархи нафт;
-маъракаи бузурги низомӣ дар мубориза алайҳи терроризм дар солҳои 2014-2018;
-тасарруфи шаҳри Мавсил аз ҷониби ДИИШ дар солҳои 2014-2017;
-таъсири аксуламалҳои сиёсиву иқтисодии раъйпурсӣ дар бораи ҷудо шудани минтақаи Курдистон дар 25 сентябри 2017 [14].
Дар корҳои давлатӣ бисёр вақтҳо кирдору амалҳои сиёсатмадорони кишварҳо пинҳон мемонанд ва танҳо ҳодисаҳо метавонанд паҳлуҳои он сиёсатро ошкор кунанд. Шояд авзои Ироқ, пас аз соли 2003 дар тӯли беш аз 16 соли таҷрибаи талхи мудирият, намунаҳои бесуботии сиёсиро инъикос намуда, зарурати муноқишаҳои вазъи дохилиро ба бор оварда, буҳрони дохилии он ба паҳншавии фасод, заъфи ниҳодҳои давлатӣ, марказҳои мутааддиди ҳокимият, нуфузи қувваҳои хориҷӣ ва таҳкими гурӯҳҳои мухталиф ба манфиати тарафҳо дар авзои сиёсиву амниятии Ироқ таъсири худро гузоштааст [12,3].
Тазоҳурот ва эътирозҳо дар Ироқ нав набуда, аммо такондиҳандатаринаш аз 1-уми октябри соли 2019 дар Бағдод сар зада, дар дигар вилоятҳои Ироқ мавҷи норозигиро вусъат дод. Бадшавии шароити иқтисодии кишвар, густариши фасоди идорӣ ва бекорӣ аз сабабҳои оғози ин тазоҳурот қаламдод карда мешавад [18].
Тазоҳургарон дар Ироқ аз бесуботии сиёсӣ, амниятӣ ва зулму беадолатии солҳои тӯлонӣ, ки ба қишри ҷомеа таъсир гузоштааст, ҷавононро ба умеди ояндаи кишвари осоишта, таҷассумгари орзӯҳои ватандорӣ мисли дигар кишварҳо ба кӯчаҳо бароварда, талаби тағйири низоми сиёсии кишварро карданд [10].
Бояд қайд намуд, ки ин тазоҳурот дар замоне сурат мегирад, ки авзои муташанниҷи Ховари Миёна сабаби танг шудани фазои танишҳои сиёсию иқтисодӣ миёни ИМА ва Эрон ҷиҳати тағйири муносибатҳояшон бо ҳамсояҳо, махсусан Ироқ, танг гардида, таъсири худро дар Ҷумҳурии Ироқ бештар гардонад.
Одил Абдулмаҳдӣ, сиёсатмадор ва иқтисодчии ироқӣ, ки дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор мекард, вазифаи вазири нафтро дар ҳукумати Ироқ аз соли 2014 бар душ дошт. Дар таърихи 2 октябри соли 2018 раиси навинтихобшудаи Ироқ Барҳам Салоҳ ӯро сарвазир таъйин намуда [16] ва ӯ бо супориши президенти кишвараш ҳайати ҳукуматро аз 18 вазир ташкил намуд ва парламенти Ироқ ба ҳайати ҳукуматаш раъйи эътимод дод [13].
Одил Абдулмаҳдӣ кӯшиш мекард дар авзои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии кишвараш бетарафиро миёни ду қувваи асосии пурнуфузи минтақа, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон, ихтиёр намояд, зеро тамоюл ба яке аз тарафҳо дар вазъияти Ироқи муосир таъсири манфии мустақими тарафи дигарро ба вуҷуд меовард. Махсусан, дар вазъи ҳассоси сиёсӣ ва низомии минтақа сабаби он гардид, ки манфиатхоҳон дигар ба сифати қудрати бозингар дар доираи муҳимми ҳаётӣ ва стратегии худ бе зери чатрҳои Вашингтон ё Теҳрон ворид шуданд [12,5].
Одил Абдулмаҳдӣ узви эътилофи иттиҳодияи «Давлат-қонуни Ироқ» мебошад. Ин як эътилофи сиёсии интихоботиест, ки нахуствазири Ироқ ва раиси ҳизби «ад-Даъва» Нурӣ ал-Моликӣ дар соли 2009 онро барои ширкат дар интихоботи вилоятҳо ташкил дод ва шиори ҳизбашро чунин номид: «Амният, хидматрасонӣ ва ҳукумати марказии муқтадир» [20]. Ва пас аз ин ҳизб ба корҳои сиёсӣ шурӯъ кард.
Баъди шиддат гирифтани тазоҳурот алайҳи низоми давлати Ироқ Одил Абдулмаҳдӣ бо назардошти шароити вазнини кишвар ва бо назардошти манфиати Ироқ эълом дошт, ки ба таври расмӣ Маҷлиси Намояндагонро ба истеъфо фиристод. Ин эълон пас аз саркӯб шудани беш аз 40 нафар муътаризон аз рӯзҳои оғози эътирозҳои зиддиҳукуматӣ паҳн карда шуд [19]. Тибқи маълумоти бахши Би-Би-Сии (BBC) арабӣ, ки рӯзи 29.11.2019 ироа гардид, аз оғози тазоҳуроти зиддидавлатӣ аз аввали моҳи октябр дар муддати ду моҳ қариб 400 нафар мансабдорон ва мутахассисони соҳаи тибб кушта шуданд [19].
Ин вазъияти тезу тунди сиёсӣ ва тавсеаи роҳпаймоии мардумӣ дар Ироқ Одил Абдулмаҳдиро маҷбур кард, ки ҷиҳати пешгирӣ аз тезутунд шудани вазъият, рӯзи якшанбеи 29-уми ноябри соли ҷорӣ истеъфои хешро эълон намояд. Ӯ гуфт, ки ин истеъфо бо назардошти шароити душвори кишвар, фароҳам овардани шароити беҳтар, пеш аз ҳама барои ором кардани вазъ ва фароҳам овардани роҳҳо барои баррасии вариантҳои нав мебошад [8] ва парлумони Ироқ истеъфои ӯ аз нахуствазириро пазируфт.
Аҳмад Ҷумъа, хабарнигори рӯзномаи “ал-Явму-с-собиъ”-и мисрӣ, истеъфои сарвазири Ироқ - Одил Абдулмаҳдиро ба сабаби эътирозҳое, ки беш аз ҳашт ҳафта идома дошт, хуб намешуморад, зеро ин амал Ироқро ба бӯҳрону чолишҳои навин ворид менамояд. Ба андешаи ин хабарнигор ташкили ҳукумати тавофуқие, ки таҷассумгарии хоҳишу умедҳои тазоҳургарони хашмгин мебошад, дар ин марҳила душвор мебошад. Ҳамзамон тазоҳургарон иқдоми истеъфоро барои ҳалли буҳрони кишвар кофӣ намешуморанд ва талаботашонро яку якбора ба сатҳи бесобиқа баланд бардошта аз эҷоди ҷойҳои корӣ, ислоҳоти хадамоти иҷтимоӣ ва мубориза бо фасод ба рафтани ҳукумат ва нухбагони сиёсии ба фасоди молӣ айбдоршуда бурда мерасонанд [1].
Ҳамзамон тазоҳургарон ҳизбу ҳаракатҳои дар сари қудрат бударо қабул надоранд. Чунон ки таҳлилгари ироқӣ доктор Насиф ал-Ҷабурӣ пирӯзии тазоҳуротро ба лағви қонуни асосӣ, мунҳал намудани парлумон, роҳи дурусти алоқа бо Курдистони Ироқ ва иҷрои интихоботи озоди бетарафона, ки дар он ҳизбҳо ширкат намеварзанд, бо замонати байналмилалӣ мебинад [9].
Аммо пажӯҳишгар ва рӯзноманигори дигари ироқӣ -Абдулхолиқ ал-Фаллоҳ -чунин назар дорад, ки имрӯз мардуми Ироқ бедор шудаанд ва намехоҳанд дар зери ким-кадом қудрати хориҷӣ боқӣ бимонанд. Ӯ нокомии тазоҳуротро ба дахолату фишорҳои абарқудратҳо нисбат медиҳад, то ин тазоҳурот аз роҳи пешгирифтааш бахушунат ва беназмӣ баргашта, қудрати худро аз тариқи нухбагони сиёсии тарафдоронаш дар Ироқ нигоҳ дорад. Далели ин гуфтаҳо тағйир ёфтани талаботи ҳаррӯзаи тазоҳургарон ва ворид кардани ҷангу хушунат дар вазъи ноороми Ироқ мебошад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъзе таҷҳизоти низомияшро аз Сурия ба Ироқ интиқол додааст ва ба андешаи хабарнигори ироқӣ ин таҷҳизоти ҷангӣ шояд ба хотири ҳадаф қарор додани Эрон дар оянда интиқол дода шуда бошад [17] ва эҳтимоли онро дорад, ки бар зидди тазоҳургарон низ равона карда шавад.
Шояд ин мавқеъгирии тазоҳургарон аз сиёсатмадорони кишвар, раиси эътилофи иттиҳодияи «Давлат-қонуни Ироқ» баъди истеъфои узви ин иттиҳод аз нахуствазирӣ ба чунин натиҷа расидааст, ки ҳеҷ номзади мушаххасеро аз сӯи ин иттиҳодияи мазкур барои нахуствазирӣ пешбинӣ накардааст. Бо такя ба гузориши сомонаи «Машриқ», Нурӣ ал-Моликӣ - Раиси иттиҳодияи «Давлат-қонун» таъкид кард, ки ин эътилоф ҳеҷ номзади мушаххасе барои нахуствазирӣ надорад. Моликӣ барои тасдиқи ин андеша дар саҳифаи шахсии худ «Твиттер» чунин навишт: «Бори дигар таъкид мекунем, ки ҳеҷ номзади мушаххасе аз сӯи мо - марҷаияти олии динӣ ва гурӯҳҳои сиёсӣ барои ҷойгузинии вазифаи нахуствазирӣ вуҷуд надорад». Ӯ афзуд: «Ҳар номзаде, ки вижагиҳои мушаххасшуда аз сӯи марҷаъияти динӣ ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро доро бошад ва аз тариқи чорчӯбаҳои мавриди таъйиди қонуни асосӣ сурат гирад, ҳимоят мекунанд».
Ин дар ҳолест, ки тазоҳурот барои ислоҳоти сиёсӣ дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқ идома дорад. Ҳамзамон ихтилоф миёни қувваҳои сиёсӣ барои ному шахсияти номзади эҳтимолӣ барои сарварӣ ва ташкили ҳукумати навбатӣ авҷ мегирад. Дар майдони Озодӣ парчами бузурге бардошта шуд, ки дар он номҳои як қатор сиёсатмадорони имрӯза барои мансаби сарвазирӣ пешбарӣ шудаанд ва дар зери онҳо «Не.. намехоҳем» навишта шуда буд. Вакили парлумони Ироқ Муҳаммад ал-Холидӣ баъди бо Президенти Ироқ Барҳам Солеҳ ва чанде аз аъзои палатаи намояндагон мулоқот карданаш таъкид кард, ки рӯзи панҷшанбе 26.12.2019 шояд Асъад ал-Айдонӣ ба ҳайси сарвазир таъйин карда шавад [15]. Асъад ал-Айдонӣ узви “Иттиҳоди ал-бино” буда, мири шаҳри ал-Басра мебошад, ки мавсуф сеюмин номзади расмии қабулнашуда баъди Муҳаммад Шиёоъ ас-Судонӣ ва Вазири таълим Қусай ал-Суҳайлӣ мебошад, ки ба сабаби аз тарафи тазоҳуркунандагону сиёсатмадорон қабул нагардиданашон ҳарду номзадии худро пас гирифтанд. Аммо тазоҳургарон талаб карданд, ки онҳо худашон ҳукуматро ташкил кунанд, на ҳизбу ҳаракатҳо [2].
Сомонаи “ал-Ҷазира” бо такя ба манбаъҳои раисиҷумҳур нақл мекунад, ки президент Барҳам Солеҳ таҳдид кардааст, ки агар баъзе ҳизбҳо барои номзадии мушаххасе фишор оваранд, истеъфои худро пешниҳод хоҳад кард [4].
Инчунин, пешвои шиаҳои Ироқ, Муқтадо ас-Садр рӯзи 16 сентябри соли 2019 аз Теҳрон чунин ҳушдор дод: «Агар ҷанг миёни Эрон ва Амрико сар занад Ироқ аз байн меравад. Мо намехоҳем, ки кишварамонро ба ин ҷанг шомил карда, Ироқро майдони ҷанг қарор диҳем. Мо, калонсоли хирадманд, ба истодагарии ҷиддӣ ниёз дорем, то Ироқро аз ин ҷангу бесарусомоние, ки сабзу хушкро нобуд менамояд, боздорем»[12,2].
Омӯзиши масоили сиёсии Ироқ дар баробари проблемаҳои минтақаҳое мебошад, ки чанд даҳсолаҳо таҳти таъсири абарқудратҳои бузурги хориҷӣ боқӣ монда, ташкилотҳои гуногуни дохилии нооромкунанда ин давлатро аз расидан ба суботи сиёсӣ солҳо боз ақиб партофтааст.
Барои ҳар як пажӯҳишгари минтақавӣ муҳим ба назар мерасад, ки ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия марзҳои кишварҳоро гузашта ҳамаро ба шакли як деҳа гардонидааст, ки ба шакли мустақим ба ҳар фарди ҷомеа таъсири худро мерасонад. Инчунин, ҳар кишвар дорои рангорангии фирқаӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ мебошад, ки бояд барои пешгирии чунин ҳолатҳои пешомада, монанди вазъияти Ироқ чораҳо андешанд. Саъю кӯшиши худро ҷиҳати омода намудани барномаҳои шумулӣ, ки тамоми қишри ҷомеъаро дар бар мегирад, дар роҳи давлатдорӣ қадам гузоранд. Зеро нооромии сиёсии ҳар кишвар ҳамаро ба ташвиш оварда, пояҳои иқтисодиро заиф менамояд ва бесару сомониро ҳоким гардонида, устувории давлатро бо хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ месозад.
Одинаев Абдуҳалим ва
Зиёев Субҳиддин,
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АИ ҶТ
Сарчашмаҳо:
Бо истеъфои ҳукумати Абдулмаҳдӣ Ироқ ба нафақи торик ворид мешавад. Аҳмад Ҷумъа. Рӯзномаи “Рӯзи ҳафтуми” мисрӣ. 01.12.2019. (www.youm7.com) استقالة حكومة عبد المهدى تدخل العراق النفق المظلم ..
Интизор меравад имрӯз ном номзадашро эълон кунанд. Манбаъ: Ал-Ҷазира, агентиҳо. 26.12.2019. (https://www.aljazeera.net/) توقعات بإعلان اسمه اليوم..
ал-Ироқ. (www.wikipedia.org).
Ироқ . Парлумон натавонист ҷаласаро доир ба қонуни интихобот баргузор кунад. ал-ҷазира. 23.12.2019. (www.aljazeera.net) العراق.. البرلمان يفشل بعقد جلسة للتصويت على قانون الانتخابات
Ироқ .. Гуногун мазҳабҳо, фирқаҳо ва миллатҳо. Роид ал-Ҳомид. Истамбул- Анозул, Туркия. 08.11.2019. (www.aa.com.tr/ar/) العراق.. فسيفساء الديانات والطوائف والقوميات
Ироқ, таърих. Энсклопедияи ҷаҳони араб, чопи соли 2004. العراق، التاريخ
Ироқ. (www.wikipedia.org).
Матни истеъфои Абдулмаҳдӣ, ки онро ба парлумон пешниҳод карда буд, ахбори As-sumaria news нашр кардааст. 2019.12.01. (www.alsumaria.tv/) السومرية نيوز تنشر نص استقالة عبد المهدي التي قدمها للبرلمان
Мушкилии шуриши ироқӣ ва роҳҳои пирӯзии он. Доктор Насиф ал-Ҷабурӣ. 04.12.2019. (www.alquds.co.uk) إشكالية الانتفاضة العراقية وسبل انتصارها
Намоишгарони Ироқ чӣ мехоҳанд? 06.11.2019 (aljazeera.net) ماذا يريد المتظاهرون العراقيون؟
Нафт. Энсклопедияи ҷаҳони араб, чопи соли 2004. العراق، التاريخ
Низоъи Эрону Амрико ва таъсири он ба вазъи сиёсии Ироқ. Гузориши Форис ал-Хаттоб. 26.09.2019. маркази омӯзиши ал-ҷазира. Як муҷаллад дар 7 саҳифа. Саҳ (http://studies.aljazeera.net) الصراع الإيراني-الأميركي وآثاره على الوضع السياسي في العراق
Одил Абдулмаҳдӣ. ( https://ar.wikipedia.org)
Сарвати нафтӣ ва лоиҳаи иқтисодии миллӣ дар Ироқ: ҷойгузини иқтисоди сиёсии фоидаи нафт. Сабрӣ Зайир ас-Саъдӣ. Маркази таҳқиқоти ваҳдати араб. Инчунин ин тадқиқот дар маҷаллаи “Мустақбали араб”, зери рақами № 480 дар моҳи феврали соли 2019 нашр шудааст. (https://caus.org.lb/ar/) الثروة النفطية والمشروع الاقتصادي الوطني في العراق: بديل الاقتصاد السياسي للريع النفطي
Сарчашмаҳо: Президенти Ироқ рӯзи панҷшанбе ал-Айдиро ба ташкил намудани ҳукумат вазифадор мекунад. 26.12.2019. Манбаъ: Дубай- ахбори ал-арабия. (https://www.alarabiya.net) مصادر: رئيس العراق يكلف العيداني بتشكيل الحكومة الخميس
Таклифи Одил Абдулмаҳдӣ барои ташкили ҳукумати нави Ироқ. Яъқуб Баҳдаҳ. 03.10.2018. Абузаби. (Sky News Arabia- www.skynewsarabia.com) تكليف عادل عبد المهدي بتشكيل الحكومة العراقية
Фишорҳои америка ва иродаи ироқиҳо. Абдулхолиқ ал-Фаллоҳ. 18.12.2019. (www.raialyoum.com) الضغوطات الامريكية والارادة العراقية
Эътирози Ироқ. 2019. (https://ar.wikipedia.org/wiki/) الاحتجاجات العراقية 2019
Эътирозҳои Ироқ: Сарвазир Одил Абдулмаҳдӣ мегӯяд, ки истеъфои худро ба парлумон пешниҳод хоҳад кард. 29.11.2019.( www.bbc.com/arabic/middleeast) مظاهرات العراق: رئيس الوزراء عادل عبد المهدي يقول إنه سيقدم استقالته إلى البرلمان
Эътилофи давлат-қонун, (https://fa.wikipedia.org/wiki/)