Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - КАФИЛИ ХУШБАХТИИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКОН
Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вақте ки мо ба давраи нави таърихи Тоҷикистон назар меандозем, мебинем, ки сулҳу суботи дар кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта то ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд. Дар давраи ҷангу нооромиҳо беш аз саду панҷоҳ ҳазор кушта ва шумораи зиёди шаҳрвандон ба дигар кишварҳо фирор намуда буданд.
Вобаста ба ин, Ваҳдати миллиро набояд фаромӯш кард ва ба қадри шахсоне, ки дар ин ҷода нақш доштанд, бояд расид. Онҳоро гиромӣ бояд дошт.
Он замон бо вуҷуди мушкилиҳо, мо ба ҳеҷ куҷо фирор накардем, бо тамоми мардуми Тоҷикистон азият кашидем. Яке аз воқеаҳои фаромӯшнашаванда он аст, ки дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе он замон 30 нафар силоҳдорони ниқобпӯш, моро мавриди озору фишор қарор дода буданд…
Ман ва шавҳарам даъватнома барои кор дар дигар кишварҳо доштем. Ман ба Донишгоҳи Александри Ҳумболди Олмон ва шаҳварам Тоҳиров Фозил Тоҳирович ба Донишгоҳи Михаил Ломоносови шаҳри Маскави Федератсияи Россия. Аммо нарафтем.
Даст ёфтан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин кори осон набуд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда 150 ҳазор инсонҳо ҷони худро аз даст додаанд. Кӯдакон бе сарпараст монданд. Дар лаҳзаҳои ҳассос ва солҳои мушкил шахсе лозим буд, ки пеши ин бенизомию қонуншиканиро гирад. Таъсири фалокатбори ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон солиёни дароз боқӣ монда, дарду доғи он дар ҳар як хонадон эҳсос карда мешавад.
Ба бахти миллати тоҷик ҷавони ватандӯсту дурандеш ва меъмори сулҳу субот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни мардум барои хомӯш кардани оташи ҷанг ба саҳнаи сиёсии давлатдории навини тоҷикон ҳамчун чеҳраи мондагори миллат омаданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI сухани таърихии худро иброз доштанд, “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Пешвои миллат зербинои давлатеро гузошт, ки аҳдофаш сулҳу амонӣ ва ваҳдату якдилии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Барои он ки мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кунем, чи қадар гуфтушунидҳо дар кишварҳои дигар шуда гузаштанд. Дар охир 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ин санади муҳими таърихӣ ва фаромӯшнашуданӣ дар кишвари маҳбуби мо моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод. Воқеан ин ҳуҷҷат, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият пайваст, яъне дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ хотима гузошта шуд ва сулҳи бебозгашт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Дар сарҷамъ кардани миллат ва иттиҳоду ягонагӣ Пешвои миллат нақши мондагор ва пурарзиш гузоштанд. Саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезагон ниҳоят назаррас ва тақдирсоз мебошад.
Дар натиҷаи фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд, оташи ҷанг дар кишварамон аланга зад. Мухолифати шадиди мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҷорӣ поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.
Дар ин муддат бештар аз бист вохӯрӣ байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид. Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт вохӯрӣ бевосита иштирок намуда, бо роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик масъалаҳои мухталифи вобаста ба Созишномаи сулҳро муҳокима намудаанд.
Имрӯз давлати соҳибистиқлоли азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.
Вале дар хусуси нақши як санади муҳими ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус бояд қайд кард. Маҳз дар асоси Қонуни зикршуда иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар маводи таъқибӣ доир ба онҳо қатъ карда шуданд. Дигар ин, ки бо назардошти аҳамияти масъалаҳои ҳуқуқӣ дар музокироти байни тоҷикон дар сохтори Комиссияи оштии миллӣ бахши махсус – зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он таҳияи механизмҳои амалӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқии Созишномаи умумӣ буд.
Тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешуданд, таҳия ва мувофиқа гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, тавассути парламенти кишвар ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуданд. Дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, ҳамзамон интихоботи Президенти мамлакат дар шароити сифатан нав баргузор гардид.
Мувофиқи низоми муосири интихобот, моҳи феврали соли 2000-ум парламенти нави касбӣ интихоб гардид ва ба фаъолият пардохт. Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад, зеро он яке аз мавзуъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшиносон ва умуман сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад. Ва чунон, ки эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад. Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем.
Имрӯз фурсате расидааст, ки барои дар замири ҳар фарди кишвар ҷой додани эҳтиром ва ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллӣ корҳои воқеиву доимӣ дар сатҳи арзишманд ба роҳ монда шаванд ва набояд, ки ин амал характери маъракавӣ касб намуда, танҳо дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Хулоса, сулҳи ба дастомада бояд ҳамеша дастури амал барои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад. Имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки Тоҷикистон бо зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд, ки ин бозгӯи татбиқи сиёсати “Дарҳои боз” мебошад.
Стратегияи дастгирии самти илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир ва саривақтӣ аст. Дар ин росто иқдомҳои наҷибу муҳим дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон пеш гирифта шудаанд.
Санавбарбону Воҳидова,
мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои таърих
Бознашр: https://amit.tj/tj/istikloli-davlati-kafili-khushbakhtii-imruzu-fardoi-durakhshoni-tochikon