Бештар аз ду моҳ мешавад, ки яке аз шахсиятҳои барҷастаи илму адаби Афғонистон Асадулло Ҳабиб ин оламро дар ғарибӣ тарк кард. Ин хабари шум қалби ҳазорон дӯстдорони каломи бадеӣ ва алалхусус онҳоеро, ки шоирро хуб мешинохтанд ғамгин намуд. 25 ноябри соли 2022 нависанда, шоир ва олими барҷастаи Афғонистон Асадулло Ҳабиб дар синни 81-солагӣ дар Ҳамбурги кишвари Олмон даргузашт.
Асадулло Ҳабиб соли 1942 дар маҳаллаи Ошиқону орифони назди шаҳри Кобул дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Вай таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар шаҳри Маймана ба итмом расонида, пас дар омӯзишгоҳи дорулмуаллимии шаҳри Кобул таҳсил кардааст. Соли 1961 ба шуъбаи дарии донишкадаи донишгоҳи Кобул дохил шуда, онро соли 1964 бо баҳои аъло тамом кардааст. Худи ҳамон сол дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси устоди забону адабиёти дарӣ ба кор даромадааст. Пас аз чор сол соли 1968 ба Маскав омада дар Институти мамлакатҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дохил мешавад. Дар ин ҷо зери роҳбарии олими шарқшинос Никитина Вера Борисовна соли 1974 дар мавзӯи “Бедил ва “Чор унсури ӯ” рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Пас дар муддати чанд сол дар Донишгоҳи Кобул иҷрои вазифа кардааст.
Асадулло Ҳабиб соли 1980 раиси Анҷумани адибони Афғонистон интихоб мешавад. Соли 1982 ӯро ректори Донишгоҳи Кобул таъин мекунанд. Дар Донишгоҳ ба ҳайси ректор кор карда, ҳамчун шахсияти барҷастаи илму фарҳанг шуҳрат пайдо мекунад. Вай аз соли 1988 то соли 1991 узви Академияи улуми Афғонистон интихоб мешавад. Дар солҳои 1991-1992 ҳамчун аъзои парлумони Афғонистон фаъолият кардааст. Бадбахтона, вазъи номусоид ва барои Асадулло Ҳабиб барин шахсиятҳо огоҳ ва ҳақиқатгӯ хатарнок, боиси ба хориҷа кӯч бастани онҳо мешавад. Асадулло Ҳабиб маҷбур мешавад ба Олмон биравад. Адиб боқимонда умри худро дар шаҳри Ҳамбурги Олмон гузаронидааст. Ӯ бисёр мехост ба ватани азизаш баргардад, вале нооромӣ дар Афғонистон ва муносибати носолим ба зиёиёни пешқадам ба ин ҳавас монеа мешавад. Азбаски вай хамчунин аъзои Ҳизби демократии халки Афгонистон буд, ин ҳам монеаи ба ватан баргаштани шоир шудааст. Бо дарду алами зиёд дар ёди ватан Асадулло Ҳабиб дар ғарибӣ тарки ин олам кардааст.
Асадулло Ҳабиб бо олимону адибони тоҷик дӯстӣ ва ҳамкориҳо дошт, ки ин амал то охири умри ӯ идома ёфтааст. Адиб ба Тоҷикистон омада буд. Вай бо шодравон профессор Худойназар Асозода дер боз ошноӣ дошт. Профессор Асозода дар рисолаҳои худ ҳангоми аз насли муосири адибони даризабони Афғонистон сухан гуфтан ба бисёр паҳлӯҳои эҷодиёти Асадулло Ҳабиб аз назари муҳаққиқи адабиётшинос эътибор ва баҳо додааст. Адабиётшиноси маъруф устод Соҳиб Табаров низ ба асарҳои Асадулло Ҳабиб баҳои баланд додааст. Асадулло Ҳабиб ҳамчун шоир, нависанда ва олим ном баровардааст. Роҷеъ ба фаъолияти шоирӣ ва нависандагии адиб дар Тоҷикистон ду монографияи илмӣ бо номҳои “Асадулло Ҳабиб - нависанда” соли 2018 ва “Асадулло Ҳабиб – шоир” соли 2022 ва як силсила мақолаҳо аз чоп баромадаанд. Дар ин рисолаҳо илова бар маълумотҳои тарҷумаиҳолӣ боз асарҳои манзуму мансури адиб ба таври кофӣ таҳлил шуда баҳо гирифтаанд.
Асадулло Ҳабиб муаллифи як қатор асарҳо мебошад, ки баъзе аз онҳоро дар поён номбар мекунем:
Асарҳои мансур:
- Сапедандом. (Повест, Кобул, 1965. Чопи дувум бо номи “Ойдин” дар Булғория соли 2011 сурат гирифтааст).
- Се муздур. (Даҳ ҳикоя. Кобул, 1967, Нашри дувум соли 1988).
- Досҳо ва дастҳо. (Повест, Кобул, 1984.
- Охирин орзу. (13 ҳикоя, як намоишнома ва як филмнома. Кобул, 1985).
- Назри гул. (Повест. Кобул, 1987).
- Дар савоҳили Ганг. (Романи таърихӣ аз зиндагии Абдулқодири Бедил. Булғория, 2010).
- Инфиҷор. (Роман. Булғория, 2011).
- Шабҳо арвоҳҳо меоянд. (Роман. Булғория, 2011).
Асарҳои манзум:
- Хати сурх. (Маҷмӯаи шеърҳо. Кобул, 1984).
- Видоъ бо торикӣ. (Кобул, 1987).
- Оташ дар норинҷзор. (Кулан, 2001).
- Қандили маҳтоб. (Булғория, 2010).
Намоишномаҳо:
- Шабу шалоқ. (Соли 1979 бори аввал дар театри Кобул ба намоиш гузошта шудааст).
- Хашми халқ. (Соли 1980 дар маҷаллаи “Живандун” чоп шудааст ва худи ҳамон сол бори аввал дар театри Кобул ба намоиш гузошта шудааст).
Асарҳои илмӣ:
- Бедил шоири замонаҳо. (Кобул, 1985).
- Роҳи Горкий дар зиндагӣ ва ҳунар. (Кобул, 1985).
- Адабиёти дарӣ дар нимаи нахустини садаи бистум. (Кобул, 1987. Чопи дувум Пешовар, 2002).
- Дидор бо сапеда. (Маҷмӯаи мақолаҳои пажӯҳишӣ роҷеъ ба адабиёт ва ҳунар. (Кобул, 1982).
- Вижагиҳои достонии “Шоҳнома”. (Кобул, 1989).
- Бедил ва “Чаҳор унсур”. (Кобул, 1989). Чопи дувум Булғория, 2011).
- Давраи амонӣ. (Рисолаи илмӣ оид ба вазъи фарҳангиву иҷтимоии замони Амир Амонуллоҳ, Кобул, 1990).
- Дастури забони форсии дарӣ. (Булғория, 2010).
- Вожаномаи шеъри Бедил. (Гамбург, 2005).
- Даре ба хонаи хуршед. (Роҷеъ ба сабки ҳиндӣ, Бедил ва бедилшиносӣ, Булғория, 2011).
Асарҳои адиб ба забонҳои англисӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Ба забони тоҷикӣ низ намунаи ашъори ин адиб манзури хонандагон гаштааст. Умед ҳаст, ки ин кор идомаи худро боз бештар дар ҷумҳурии мо меёбад. Ёди ин адиби ширинсухани Афғонистон дар қалби дӯстдорони каломи бадеъ монда, солҳо аз хотир нахоҳад рафт.
Ваҳобова Н.С.
ходими пешбари илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик