«Шуубия» ба сифати як истилоҳи таърихӣ-фарҳангӣ дар аввали аҳди ислом ба вуҷуд омад. Барои равшан шудани решаҳои таърихӣ, ғоявӣ, миллӣ ва фарҳангии шуубия зарур аст, ки решаҳои ин ҳаракатро дар марҳалаҳои таърихии пеш аз исломӣ ҷустуҷӯ ва баррасӣ намоем. Сарфи назар кардани ин заминаи таърихӣ, мавзӯи асосии мавриди баҳси моро печида ва мураккаб хоҳад кард.
Баҳси ин боб шомили методологияи таърихӣ-муқоисавӣ буда, вазифае, ки дар назди хеш гузоштем, пайгирии худшиносии миллӣ аз қадимтарин замон то охири давраи Сомониён дар асоси навтарин таҳқиқоти донишмандони муосири шарқу ғарб мебошад. Зимни баёни ҳамин матлаб маълумоти таърихӣ дар муқоиса бо фарҳанги дигари ҷаҳон мавриди муқоиса қарор хоҳад гирифт, зеро миллат ва ғояи миллӣ яке аз рукнҳои асосии ҷаҳонбинии таърихии ин ё он қавмро ташкил медиҳад.
Дар воқеъ, баъзе идеологияҳои сиёсии асри ХХ ба мисли фашизму натсизм ғояи миллиро ба ҳадди ифрот мерасониданд, баъзеи дигарашон монанди идеологияи коммунистӣ дар кишварҳои сотсиалистӣ ба миллат ва ғояи миллӣ ба чашми камбинӣ менигаристанд. Мо кӯшиш дорем, ки ба ифроткориҳои идеологӣ фирефта нашуда, масъалаи ҳассоси иҷтимоию фарҳангиро бо диди воқеъбинона ва аз назари таърихӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор диҳем.
Фарҳанги халқи тоҷик аз қадим то имрӯз ду рукни асосӣ доштааст: яке ғояи худшиносии миллӣ, ки асосгузораш Ҷамшед писари Вивангаҳон буд ва дигаре ғояи худшиносии динӣ, ки асосгузораш Зардушт писари Спитамон аст.
Ин ду ғоя дар тӯли таърих бо ҳам дар рақобати гоҳ пинҳону гоҳ ошкор будаанд ва ҳоло ҳам дар ин рақобат қарор доранд. Барои нишон додани ҳамин масъала ба таври хеле мухтасар фаъолияти миллӣ ва динии Ҷамшед ва Зардуштро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.
Чаро баъди ислом байрақи равшанфикрӣ ва озодандешӣ маҳз дар дасти мардуми форс-тоҷик буд? Барои шинохти воқеӣ ва илмии ин масъала бояд ба заминаҳои пешинаи ин андеша муроҷиат кунем.
Аз куҳантарин замонҳои таърихӣ, дар Эрон фалсафа ба маънии диде дар бораи ҷаҳони ҳастӣ ва оғозу анҷоми мавҷудот вуҷуд доштааст[9,c.21-23]. Маълум аст, ки дар аҳди бостон назарияҳои фалсафӣ аз тафаккуроти динӣ ҷудо набуд. Аз назаргоҳи таълимоти зардуштӣ, ҷаҳони маҳсус (воқеӣ) таҳти султаи ҷаҳони нуронӣ ва малакутӣ қарор гирифта ва барои ҳар навъе аз вуҷуд дар ин олам ҳомӣ ва нигаҳбон ё худ раббуннавъе дар олами фаришта (олами мисол ё фраваҳар) мавҷуд аст. Асоси тафаккури зардуштиро набарди байни ду неруи некӣ ва бадӣ ва пирӯзии ниҳоии қувваи некӣ - Аҳуромаздо бар неруи аҳриманӣ ташкил медиҳад. Ин набард то ба итмом расидани як сикли кайҳонӣ, ки баробар ба 12 ҳазор сол аст, идома пайдо хоҳад кард. Дар ин давра он чи дорои аҳамият аст, ҳамон таҳлили воқеъияти ин олам ба ду асли нуру зулмат ва идораи умури ин ҷаҳони гетӣ ба василаи фариштагони олами миноӣ мебошад. Ин ду асл аст, ки ҳакимони ишроқии давраи исломӣ онро асоси назариёти ҳукамои паҳлавӣ ё хусравонӣ шумурда, нуру зулматро ба вуҷуду моҳият таъбир кардаанд ва олами фариштагонро ҳамон силсилаи тӯлию арзии анвори муҷаррад донистанд. Гарчи аз лиҳози таърихӣ исботи ҳувияти дақиқи ҳакимони бостонии Эрон, ки номи баъзе аз онҳо монанди Каюмарс, Фаридун, Кайхусрав ва Ҷомосп [15,c.335-365] дар афсонаҳои миллӣ боқӣ мондааст, мақдури исбот намебошад, лекин шакке нест, ки дар Осиёи миёна ва Эрони бостон мактаби бисёр қадимӣ дар ҳикмат вуҷуд дошта ва ҳатто дар баъзе мавридҳо дар афкори халқу миллатҳои ҳамҷавор (монанди анҷумани махфии Орфей дар Юнон, ки сарчашмаи пайдоиши тафаккури фалсафӣ ва ирфонии пифагориён аст), асаре аз худ ба ҷо гузоштааст. Ақидаи Форобӣ мубтанӣ бар ин ки фалсафа дар ибтидо аз Эрону Бобул ба Юнон рафт ва ба назари Сӯҳравардӣ, роҷеъ ба он ки фалсафа дар асл мактабе воҳиде буда, баъдан ба ду шӯъба тақсим ёфт, яке дар Юнон қарор гирифт ва дигаре дар Эрон нашъунамо кард, чандон аз ҳақиқат дур нест [14,c.14-27].
Албатта, агар мақсуд аз фалсафа як дастгоҳи сирфан истидлолӣ ва комилан ҷудо аз дину ирфон бошад, бояд Юнонро ихтироъкунандаи он донист. Лекин фалсафа ё ҳикмат бо маънии куллӣ иборат аз маърифати ҳақоиқи ашёст ва назари муайян дар бораи мабдаъ ва маъод ва аслу сарнавишти мавҷудотро дар бар мегирад. Ба ин маънӣ, он дар Эрони бостон вуҷуд дошта, дар заминаи маърифати олами малакут ва эътиқод ба ин ки ин олами маҳсус (воқеӣ)-ро мавҷудоти муҷарраду нуронӣ аз ҷаҳони боло идора мекунад, назарияи бисёр муҳиме матраҳ шудааст, ки нуфузи он ҳамвора дар мазоҳиб ва фирқаҳои динӣ ва фалсафии баъдӣ баръало ҳувайдост.
Дар наҳзатҳои баъдии динӣ дар Осиёи миёнаву Эрони бостон, ки муҳимтарини онҳо меҳрпарастӣ ва монавият мебошад, як ҷаҳонбинии куллӣ нуҳуфта аст, ки аз лиҳози фалсафӣ дорои аҳамияти фаровон мебошад. Дар меҳрпарастӣ омезише аз афкори оини маздопарастӣ ва ситорапарастии бобулӣ ва фалсафию оини юнонӣ мушоҳида мешавад, ки заминаро барои нуфузи афкори шарқӣ дар Мағрибзамин ва баракс, нуфузи бархе ақоиди юнонӣ дар Машриқзаминро омода сохт ва низ мардумшиносӣ ва ҷаҳоншиносии диниеро ба вуҷуд овард, ки дар афкори бисёре аз мактабҳои динӣ ва фалсафии баъдӣ дар Шарқу Ғарб таъсири босазо дошт. Ин таъсирро махсусан дар оини меҳрпарастӣ дидан мумкин аст, ки бо суръати фаровоне дар сарзамини императории Рум густариш ёфт ва ба василаи сарбозони Румӣ бо дуртарин билоди Мағрибзамин сафар кард.
Монавият низ як ҷаҳоншиносии ирфониро дар бар дошт ва оламро ба сурати зиндоне медид, ки зарраҳои нур, ки аз олами боло сарчашма гирифта аст, дар он маҳбус шуда ва инсон фақат ба василаи тарбия ва такомули рӯҳ, аз ин олам наҷот меёбад [5,c.234]. Назари монавиён дар бораи ин ҷаҳон, ки онро аҳриманӣ медонистанд, боби навине дар мактабҳои динӣ ва фалсафии баъдӣ кушод ва чӣ басо наҳзатҳое, ки аз ғарби Чин то ҷануби Франсия густариш ёфтанд ва маъмулан мухолиф бо адёни расмӣ, монанди масеҳият ва кеши будоӣ буданд ва афкори онон аз таълимоти монавӣ сарчашма гирифта буд. Монавия дар айни ҳол ки баъзе афкори ирфониро дар ҷаҳонбинии худ ғунҷонида буд, дар саҳнаи таърих бештар ба сурати муқобилу мухолифи фалсафаҳои динӣ ҷилвагар шуд ва бо вуҷуди баъзе мутаффакирон (аз қабили Августини қадис дар Мағрибзамин ва бархе аз мутаффакирони исмоилия дар ҷаҳони исломӣ)-ро таҳти нуфуз қарор доданаш, бо мухолифати онон низ рӯ ба рӯ шуд ва дар асрҳои миёна фалсафаи монавӣ ба сурати фалсафаи аҳриманӣ ҷилва ёфт.
Дар домони мазҳаби зардуштӣ низ, наҳзати навине ба вуҷуд омад, ки ба номи наҳзати Зарвонӣ шӯҳрат ёфт. Аз як сӯ, афкори юнонӣ монанди табиати чаҳоргонаи Эмпедокл ва бархе аз усули мактаби Ҳермесӣ (Гермесӣ) дар ин аср дар Эрон ривоҷ ёфт ва аз сӯи дигар, ақоиди ҳиндию будоӣ низ дар асари тамоси наздик бо Ҳиндустон, вориди ҷаҳони фикрии Эрон шуд. Чунон ки аз тарҷумаи матнҳои санскрит ба паҳлавӣ бармеояд, пайдоиши фирқаҳои масеҳӣ монанди настуриён ва табаъиён, ки аз калисои марказӣ ҷудо шуда ва баъзе аз онҳо ба императории Эрон паноҳ оварда буданд, боиси истиқрори мадориси расмӣ дар хоки Эрон шуд, ки дар он фалсафа ва улуми юнонӣ ба забони сириёнӣ тадрис ва тарвиҷ мешуд.
Дар Донишгоҳи Гундишопур низ, ки Шопури аввал (ҳукмр. 241-271 мелодӣ) ба манзури рақобат бо императори Рум ва Донишгоҳи Антиохия таъсис карда буд, батадриҷ донишмандони настурӣ тамаркуз ёфтанд. Дар ин марказ, ки ҷанбаи байналмилалӣ дошт, фалсафа ва улуми тамаддунҳои (минтақаи) баҳри Миёназамин бо маъорифи эронӣ ва ҳиндӣ бо ҳам омехта ва бо ин сурат ҷиҳати пайдоиши мактабҳои давраи исломӣ, бавижа дар тиббу улуми табиӣ, замина ба вуҷуд омад. Дар воқеъ наҳзати илмии аҳди Анушервон, ки машҳуртарин воқеаҳои он фиристодани Бурзавайҳ ба Ҳиндустон ба қасди омӯхтани улуми ҳиндӣ ва паноҳ овардани ҳакимони мактаби Афина ба диёри Эрон аст, дунболаи ҷараёноте буд, ки аз оғози давраи Сосонӣ ба вуҷуд омада ва оқибат ба густариши тадриҷии маъорифи юнонӣ ва ҳиндӣ дар Эрон ва омехтани он бо афкори эрониён шуд [18,c.69].
Дар ҳавзаи фикрии ойини зарвонӣ низ чанд китоби фалсафӣ ва илмие, ки дорои аҳамият аст, дар ин давра таълиф ёфт, монанди Шиканд гумоник вичор, Динкарт, Додистони диник, Зотспарам, Бомакиҳои Манучеҳрик, ки дар бораи шӯъбаҳои гуногуни дину фалсафа, бахшҳои зиёдеро дарбар дорад [13,c.203-204]. Дар ин аср китоби «Бундаҳишн» («Офариниши оғозин»), ки мӯътабартарин китоби паҳлавӣ ва яке аз маъхазҳои муҳими афкори ҷаҳоншиносии ин давра ба шумор меравад, нигошта шуд. Ин китобҳо ҳамагӣ нишондиҳандае аз таҳаввулотест, ки дар афкори давраи мутааххири зардуштӣ ба вуҷуд омада буд. Дар ин аср санавияти (дуализми) бостонӣ ба як навъи тавҳид табдил ёфт ва Зарвон ё Даҳр сароғоз ва мабдаи ҳастӣ шинохта шуд. Бо вуҷуди ин, ҷаҳоншиносии ин давра каму беш идомаи тафаккуроти пешиниён аст. Замин монанди давраи қаблӣ ба ҳафт кишвар тақсим шуда, ки дарёи азиме бар он муҳит аст ва низ бар мавҷудоти ҳар кишвар мудаббире (ҳомию нигаҳбоне) малакутӣ, ки ҳамон ҳақиқати раббуннавъ аст, ҳукумат мекунад, рӯҳи инсон, ҷовидон ва аз олами минучеҳрӣ ё малакутӣ сарчашма гирифта ва билохира бо фраваҳарҳои осмонии худ муттаҳид мешавад. Бо ин ҳол асари бархе афкори фалсафии юнонӣ ва ҳиндӣ дар ин матнҳои паҳлавӣ намоён аст ва гувоҳ аз нуфузи маъорифи ҳиндӣ ва юнонӣ аст, ки дар ин давра дар Эрон густариш ёфта буд [12,c.141].
Дар китоби «Таърихи фалсафа дар ҷаҳони исломӣ» таълифи Ҳанно ал-Фохурӣ, Халил ал-Ҷур дар бораи тафаккури фалсафаи эрониён дар давраи бостон чунин омада аст: аз миёни миллатҳои қадим, эрониён пеш аз миллатҳои дигар дар тамаддуни ғарбӣ таъсир доштаанд. Эрониён доманаи ҳокимияти худро то Миср низ густариш доданд. Империяи Мақдунӣ, ки дар муқобили Эрон ҳамла кард, пас аз ғалаба, Искандар натавонист тамаддун ва фарҳанги юнониро чунон ки мехост, бар эрониён таҳмил кунад.
Адёни қадим, ки ҳар якеро сарчашмаи пайдоиши дигаре буд, дар ойини маздоӣ, ки дар сартосари Эрон интишор ёфт, таҷассум ёфтааст [1,c.71]. Маздо ба маънии доност. Маздо худои ҳаким ва оқил аз дигар худоён мумтоз шуд ва бар онҳо ғалаба кард. Ҳамчунин он ба номи Аҳуро қудрат ёфт. Аҳуро мазҳари неру буд ва ин неру ба доноӣ дар пайваст ва ҳарду якҷоя худои тавоноеро мавсум ба Аҳуромаздо ё Ҳурмузд ташкил доданд.
Форсиён дар сарзамини Эрон Ҳурмуздро ба унвони худои бузурги худ баргузиданд, вале дар муқобили ӯ худои дигаре низ сохтанд, ки мазҳари шар дар олам буд. Зеро Ҳурмузд худои оқилу ҳаким танҳо сарчашмаи хайр буд ва бадин тариқ аз рӯзгори куҳан ғояи «санавият» (дугонапарастӣ-дуализм) падид омад.
Дар нимаи дуюми қарни ҳафтуми қабл аз мелод «ойини зардуштӣ» зоҳир шуд ва мардумро ба некӣ ва салоҳ хонд [21]. Зардушт агар чи фикри муборизаи хайру шарро пазируфт, вале дар он таъдиле (ислоҳе) падид оварда, бар зидди қурбонӣ кардан ва хун рехтан бархост ва мардумро ба покии гуфтору пиндор ва кирдор фаро хонд. Кеши Зардушт мусалламан ҷанбаи тавҳид дошт [7,c.65]. Бо парастиши Аҳуромаздо даъват мекард ва дар айни ҳол, ба мубориза бо мабдаи шар ва аз миён бурдани он, мусоидат ва ёрӣ ба мабдаи хайр менамуд. Зардушт мегуфт, барои тавфиқ дар ин кор бояд ба аъмоле пардохт, ки натиҷаи он ростгорӣ, пирӯзӣ ва сафои ботин бошад, то сабаби расидан ба сарманзили саодат гардад.
Ойини зарвонӣ аз ойинҳои бас куҳан аст. Зарвониён мегӯянд: «замони мутлақ» ё ғайри маҳдуд ду фарзанд ба дунё овард: Яке «Ҳурмузд» дигаре «Аҳриман». Ба ибороти дигар мабдаи хайр ва мабдаи шар. Ҳурмузд ва Аҳриман як ваҳдати мусовӣ (баробар) дар қудрат ҳастанд ва ҳамвора дар ҷидолу низоъ. Ва ду қувваи мутаодиланд, ки яке бидуни дигаре бар пой набошад ва ин худ намунаи кӯшише аст, ки зарвониён баробари ваҳдат бахшидани он ду мабдаъ дар як мабдаи воҳид ба кор бурданд. Ин ваҳдат бахшидан амри нисбӣ аст. Яъне дар айни ҷавҳарият, ба сурати муздавиҷ (дугона) нест. Дар ақоиди зарвонӣ, ки аз ақидаи килдониён дар мавриди осмон ва замон моя гирифта, асоси назарияи замон «Хрунус»-ро ки баъдҳо дар андешаи юнониён мақоми арҷманде ёфт мебинем, порае аз мутафаккирони Юнон аз зарвониён иқтибос карданд. Ҳамчунин ки порае аз фирқаҳои исломӣ низ ақидаи аволими мутаоқиба – яъне ақида ба риҷъат (бозгашт)-ро аз онҳо фаро гирифтанд [11,c.291].
Аз ақоиде ки дар Эрон ривоҷ ёфт, эътиқод ба вуҷуди наҷотдиҳанда ё Сраоша (маҳдӣ) аст. Ба ин маънӣ, ки Сраоша рӯзгоре боз хоҳад гашт, то бадиро аз рӯи замин барандозад ва адлро ҷонишини ситам созад ва башарро наҷот бахшад. Андешаи маҳдавият дар аксари динҳои қадим вуҷуд дошт, ба таври мисол яҳудиён мӯътақид ба бозгашти наҷотдиҳанда буданд. Ба ақидаи эрониён «Митра» низомдиҳандаи коинот ва наҷотдиҳандаи он, ки таҳти фармони «Замон» аст, чизе ҷуз худои «Авестои»-и Эрони бостон нест, ки ранги зарвонӣ ба худ гирифтааст. Митра рӯзе хоҳад омад ва оташе ки ҳамаи ҷаҳонро фурӯ мебарад, фурӯғу фарраш ба рӯи ҳафт кишвар мунташир мешавад [19,c.77]. Ба монанди худои ҳиндӣ «Шиво», ки низ чунин хоҳад кард. Митра низ ҷаҳонро аз олудагиҳою касофат пок кунад ва торикии Аҳриманро аз миён барандозад.
Ин баҳси мухтасарро бидуни он ки сухане аз монавия, ки яке аз муҳимтарин мазоҳири андешаҳои Эрон аст, бигӯем, наметавон ба поён бурд. Ҳарчанд монавия баъдҳо зуҳур карда, бисёре аз афкори яҳудият ва насроният ва низ ойини гносиро пазируфтааст. Бо он ки монавия худро аз кеши митроӣ дур медорад, вале аз он матолибизиёде ба худ касб кардааст. Монавиядар нашри афкори Эрон дар Ғарб ва Шарқи дур саҳми босазо доштааст.
Монӣ дар соли 215 мелодӣ дар Бобул таваллуд шуд. Монӣ эронинажод буд. Умри худро дар тарвиҷи дини ҷадиде, ки оварда буд, сипарӣсохт. Бо Маҷусон ба мубориза бархост, то он гоҳ ки мағлуби онон шуд. Ва ӯро бар дор карданд, вале натавонистанд аз ривоҷи андешаҳои ӯ ҷилавгирӣ кунанд. Падари Монӣ аз «муғтасила» буд. Муғтасила аз фирқаҳои гумроҳи масеҳӣбуданд, ки ба таҳорати ҷисм ва пӯшидани ҷомаи сафед, ки рамзи таҳорат аст, даъват мекарданд. Монӣ бар ин даъво буд, ки Масеҳи сонӣ – яъне ҳамон Форақлит аст, ки Масеҳ ба зуҳури ӯ ваъда дода аст. Ва ӯ «диёнати наҷотбахш»-ро ба ҷаҳон оварда аст. Монӣ санавияти Эрон – яъне ақидаи ба ду мубдаи хайру шар ё нуру зулматро асоси диёнати худ қарор дод. Ва ононро басе густариш дод, то ҷое ки аносири табииро ҳам ба ин сифот тавсиф кард. Монӣ аносири хайрро аз Худо ва аносири шарро қувваи азалие, ки бо Худо мубориза мекунад, пайдошуда донист. Монӣ башорат медод, ки раҳоӣ аз шар ба василаи татҳир (худро пок кардан) имконпазир аст ва ин татҳир аз тариқи маърифат муяссар аст. Ба ин тарим, маърифат ба сурати василаи саодат ва раҳоӣ худнамоӣ мекунад. Ва Будою Суқрот низ чунин ақидае доштанд. Баъдҳо сӯфиён ва орифон, ҳамчунин Форобӣ ва дигар файласуфони давраи ислом низ ба чунин назарияе расиданд. Монӣ дар мавриди ҳамоҳанг сохтани адён ва ақоиди мухталиф дар заминаи динӣ, кӯшиш кард. Баъдҳо Ихвон-ус-сафо [4,c.487-497] ва Форобӣ низ дар масоили динӣ ин кӯшишро анҷом доданд. Монӣ миёни ишроқи афлотуниёни ҷадид, оташи оқилаи равоқиён ва назарияи чиниён дар мавриди осмон ва анворе, ки рӯҳи мо аз онҳо фурӯғ мегирад, ягонагӣ бахшид. Набояд фаромӯш кунем, ки Масеҳ дар Инҷил нури олам аст. Ҳамчунин бояд истилоҳи нуронии (логоси эпифенекии) Арастуро дар назар дошт. Хулласи калом, дине, ки Монӣ овард, кӯшише буд, ки миёни миллатҳои гуногун ваҳдати мафкуравӣ эҷод кунад [8,c.19-20].
Аммо саҳми Зардушт чи буд? Зардушт мӯътақид аст ва бар пайравони худ чунин тавсия мекунад: замин бояд василае бошад, ки монеи нуфузи шайтонҳо ба осмон гардад, ҳар як аз афроди мардум бояд дар муборизае саҳим гарданд, ки натиҷаи он пирузии некӣ дар ҷаҳон аст; вуҷуди ҳар инсоне пурмаънӣ ва бениҳоят арҷманд аст. Бинобар ин ахлоқе падидор мегардад, ки сарчашмаи мазҳабӣ дорад ва таколифи (масъулиятҳои) инсонро арзиши бисёр мебахшад; ҳар кас ки дар тариқи Аҳуромаздо қадам бардорад, некӯкор аст ва ҳар касе монеаҳое эҷод кунад ва ё комёбии роҳи ҳақро ба таъхир андозад, бадкор аст [10,c.71].
Аввалин вазифаи одамӣ парҳезкорист ва он иборат аст аз пазируфтани ойини дуруст ва итоъат аз дастуроти Зардушт, тарғиби мардум ба имон ба Аҳуромаздост. Вазифаи баъдии ӯ ихлос ва пайравӣ аз ростӣ ва дурустӣ аст. Ҷорҷ Лингер менависад»: Малакути Аҳуромаздо, малакути нур аст. Қаламрави Ангра-Майню торикӣ аст, ҳар коре ки дар торикӣ ба осонӣ густариш ёбад, аз малакути Аҳуромаздо хориҷ аст, ҳеҷ қавме монанди порсиён аз дурӯғ нафрат надоранд. Ин аст ки тӯҳмат ва бӯҳтон ба сабаби эҷоди фасод ва дуздӣ, ки ҷуз дар пинҳонӣ анҷомпазир нест, ҳатто дарёфти қарзро, ки барои фарор ва гурез аз пардохт маҷбур ба дурӯғ мешаванд, маҳкум мекунад, бояд ба сари паймон устувор буд. Ҳатто нисбат ба бадон, ки дар ин ҷо ба хотири риоят ва дурустӣ аст, на шафқат ва кӯмак. Дар дини Маздо дилсӯзӣ ва тараҳҳум чун далели заъф дар муқобили ҳаводорони Аҳриман аст, ҷоиз нест. Зеро Ангра-Майню бадиро дар ҷаҳон рӯзафзун сохтааст ва ба вайрон кардан пардохтааст» [22,c.57-58]. Инсон бояд бо Аҳуромаздо ҳамкорӣ кунад. Ҷаҳонро дубора аз нав бисозад ва заминро ҳосилхез ва саодатбахш гардонад.
Дини Зардушт дар ҳоле ки дорои арзиши ахлоқии бисёр аст, ба ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ таваҷҷӯҳ дорад, бо чодарнишинӣ мубориза мекунад ва тарафдори сокиншавии мардум ва соҳилнишинӣ аст. Аҳлӣ (ром) намудани чаҳорпоён ва муроқибат аз онон дар чарогоҳҳо, зиндагии хонанишинӣ, доштани хона ё маҳалли сукунати муносиб, рафтори нек доштан бо гови нар аз дастуроти дини бузурги Эрон аст, бо қурбонӣ кардан аз тариқи рехтани хуни ҳайвонот мухолиф аст, мӯъмини (диндори) ҳақиқӣ деҳқон аст. Хидматгузори воқеӣ ва мураббии чаҳорпоёни муфид сарпарасти хона ва бузурги деҳ дурусткор аст, бинобар ин шуғли аслии Зардушти кишоварзӣ ва муроқибат аз чаҳорпоён аст, ки дар (Готҳо) намудор аст. Инсон бояд ҷисми худро қавӣ созад ва теъдоди офаридагони Аҳуромаздоро афзоиш диҳад, бо зане накунажод ва диндор издивоҷ кунад ва кӯдаконе бор оварад, ки аз дини Зардушт пайравӣ намоянд [17,c.77].
Риёзат ва маҳрумият аз зиндагии заношӯӣ амри беҳуда аст. Ҳақиқати зиндагӣ кори кишоварзӣ ва иттиҳоди хонаводагӣ аст. Танҳо хушнудии Аҳуромаздо дар ин аст, ки оташгоҳе сохта шавад, ки дар он одами додгустар тарбият гардад ва чаҳорпоёни аҳлӣ ва чарогоҳҳои пок фароҳам созад, ҳамсар баргузинад ва дорои фарзандон шавад, ҷисму руҳи хешро ҳастӣ бахшад. Оташ ва замину обро набояд олуда гардонад, зеро онҳо офаридагони муқаддаси Аҳуромаздо ҳастанд. Бо ҳамин ҷиҳат ҷасади мурдаро набояд дар хок ниҳод, пас аз марг ҷасадро бояд дар устадонҳо гузорид то хӯроки лошахӯрҳо гардад, вале рӯҳи инсон дар адолатхонаи илоҳӣ муҳокима мешавад, некукор ба подош мерасад ва ба осмон боло меравад, назди Аҳуромаздо барои ёрии Худо то пирӯзии ниҳоӣ ба мубориза машғул мешавад, бадкор ба ҷазои хеш мерасад ва дар қаъри ҷаҳаннам макон хоҳад дошт.
Оташ, нишони вуҷуди нуронии Худованди мутаъол аст. Оташ асли одоби динӣ аст, ҳар оташгоҳ ҷойгоҳи махсус дорад, ки дар он ҷо шӯълаи оташи ҷовидон забона мезанад, бо даст задан ва нафас кашидан, набояд оташро олуда сохт, мӯъбад (рӯҳонӣ) бояд дасткаш дар даст дошта бошад ва пӯшише дар даҳон қарор диҳад [16,c.78]. Чунин омӯзаҳои ахлоқӣ, ҳифзи муҳити зист, тарғиби ҳаёти муқимӣ дар Авесто, махсусан дар Готҳо, ки ба қалами худи Зардушт мансуб аст, бо таври фаровон ба мушоҳида мерасанд.
Дар аҳди Анушервон Сосониён ба авҷи қудрат ва тасаллути худ расиданд ва Эрон низ дар авҷи қудрат ва тамаддун қарор гирифт. Хусрави Анушервон ҷангҳои доимӣ ва тӯлоние (аз 542 то 567) бар зидди императори Рим (Юстиниан) анҷом дод. Дар ҳамаи онҳо пирӯз гардид ва императори Руми Шарқиро маҷбур ба пардохти боҷу хироҷ кард[2,c.160]. Дар дохили Эрон ба тарафдорони Маздак гӯшмоли сахте дода шуд ва ислоҳоти иҷтимоӣ, ки ба амал бароварда шуд, ҳаёти нисбатан ором таъмин гардид.
Дар ин вақт Эрон маркази фарҳанг ва тамаддуни дунёи қадим буд, зеро, аз як тараф, дар соли 529 мелодӣ ҳангоме ки император (Юстиниан) мадрасаи фалсафии Афинаро баст ва охирин паноҳгоҳи афлотуниёни ҷадидро аз байн бурд, устодон ва муаллимони фалсафа, ки дар он ҷо ба тадрис иштиғол доштанд, ба Эрон фирор карданд ва ба таълим пардохтанд [23,c.1-4]. Аз тарафи дигар, Ҳиндустон захираҳои адабӣ ва фалсафии худро ба Эрон фиристод. Ҳазору як шаб, Калима ва Димна, Марзбоннома ва ғайра дар ин давр эҷод шуданд ва ба ин тариқ Эрон маркази тамаддунҳои мухталифе гардид, ки дар ин ҷо бо ҳам омезиш ёфтанд.
Ба ин тартиб дар аҳди Хусрави Анушервон омезиши ақидаҳои фалсафӣ ва эҷоди ҳамбастагии байни онҳо ба мунтаҳои дараҷаи нерӯи худ расида буд. Аз як тараф (дини Зардушт, ойини Монӣ ва ақидаи Маздак) ва аз тарафи дигар (фалсафаи афлотуниёни ҷадид, фалсафаи Будо ва тасаввуфи ҳиндӣ) дар ҳам омехт. Ба ҳамин иллат ин давра танҳо ба хотири таърихи афкори маънавии Осиёи Миёнаву Эрон муҳим нест, балки таърихи афкори башар низ дар аҳамияти ин давра саҳмгир аст. Бо ин ки ҳаргиз рӯёи (хобу хаёли) ширини Искандар ба ҳақиқат намепайваст ва нуфузи ахлоқии Шарқу Ғарб комил намешуд, бо вуҷуди ин Эрон маркази аслӣ ва муҳиме буд, ки ҳама чиз дар ин ҷо бо ҳам бархӯрд ва мулоқот мекард ва ҳама чиз аз ин ҷо ба хориҷ мерафт [3,c.10-55]. Аз як тараф, Эрон дини Мониро ба хориҷ мефиристод, то бар рӯи масеҳияти Ғарб таъсир кунад ва аз тарафи дигар худ аз Византия ё бо настуриёне, ки табъид шуда буданд ва ё ин ки бо охирин фалсафаи Афлотунӣ, ки императори Рум онҳоро ронда буд, нутфаи аслии фалсафа ва дониши юнониро истиқбол мекард ва ба худ меовард, донишу фалсафае, ки дар аҳди Искандар бесамар буд, дар аҳди охирини подшоҳони сосонӣ борвар гардида, билохира дар фалсафаи ислом дар аҳди арабҳо шукуфта мегардид ва дар ҳамин аср аст, ки Эрон ба тарафи кишварҳои дигари Машриқ нуфуз мекард. Чин ки дар ин замон марзу ҳудуди худро аз ҳар тараф баст дода буд, дар афкори маънавӣ ҳаммаслаки Эрон мешуд ва намояндагони сиёсӣ аз дарбори шоҳаншоҳи Эрон ба дарбори шоҳони Чин ташриф мебурданд.
Ҳиндустон, ки ҳатто дар чандин қарн фалсафа ва тарафдорони Будоро ба ҳамаи нуқоти ҷаҳон фиристода буд ва ҳатто ҷонишинони Искандар низ ба он гаравида буданд, барои бузургтарин подшоҳи сосонӣ ҳадяи гаронбаҳо (достонҳои милли)-ро пешкаш мекарданд, ки ба дастури ӯ онҳо ба форсӣ тарҷума мешуданд ва аз тариқи Эрон ба ҳамаи миллатҳо интишор ёфта, ба ҳама забонҳои Мағриб дармеомаданд ва барои наққолон ва достоннависони асрҳои миёнаи Урупо марҷаи хубе мешавад, ки ҳанӯз ҳам ин ганҷинаи гаронбаҳо аз ин кишвар ба дигар кишварҳо сайри маънавӣ дорад. Ва бадин тариқ нақши эрониён дар интиқоли тамаддун ҳарчанд аз нақши румиён ва юнониён машҳуртар ва бошукӯҳтар нест, вале сад бор аз нақши онҳо муҳимтар ва қобили мулоҳизатар аст [20,c.23].
Бидуни тардид дар таърихи умумибашарӣ, Эрон омили бисёр муҳиме аст, зеро дар айни ин ки тавонистааст кӯмаки бузурге барои омезишу ихтилоти миллатҳои мухталиф кунад, дар айни ҳол, дар тавсия ва густариши мантиқии афкори башарӣ саҳми гаронбаҳо ва пурарзише гузорад. Нақши эрониён дар таърихи таҳаввулоти фикрии башарӣ фақат аз ин ҷиҳат набуд, ки ақоид ва мазоҳиби ибтикории худро ба чаҳониён арза доштааст, балки ба иллати ин аст, ки доим дар тамос ва таъсири мутақобила бо миллали мухталиф буда, онҳо ҳатто бо мағлубини худ дар мунтаҳои рафтори ҳасана ва ҷавонмардӣ рафтор мекарданд. Ҳамчунин барои ҳамоҳанг сохтани адён ва ақоид кӯмаки шоёни таваҷҷӯҳе анҷом доданд ва ин худ роҳро барои ҳамагонӣ сохтани адён ва таъсири орои мардум дар онҳо боз кард.
Осиёи Миёнаву Эрони бостон дар эҷоди ҷаҳонбинӣ ва маънавияти ботинӣ саҳми босазое дошта, ки ҳомилони онро ба тавҳиди ишроқӣ расонда, пайваста бо ахлоқи ҳамидаи худ нақши ғайри қобили инкоре дар тамаддуни башарӣ доштааст. Ҳукумати сосонӣ, ки дар тақотӯи се маркази бузурги фарҳангии он аср - Византия, Чин ва Ҳиндустон қарор дошт, муддати чаҳор қарн маркази муҳими табадулоти афкори маънавӣ ва орои башарӣ гардида буд. Бо ҳамин иллат дар таърихи инсоният мақоми мушаххас ва мунҳасир ба фарде барои худ боз кардааст ва дар ин лаҳзаҳои бемонанд байни ин чаҳор тамаддун, ки ҳам аз назари шакл ва ҳам аз назари мазмун (низом) бо ҳам ихтилоф доштанд, эътидоле барқарор карда, ки шояд ин эътидол байни аркони башарият дигар дар таърих дида нахоҳад шуд [6,c.101].
Адабиёт:
- Ал-Фохурӣ, Ҳанно, Ал-Ҷур, Халил «Таърих-ул-фалсафа ал-арабия. Бейрут.Ҷ.1. 1958.
- Бойс, Мэри. Зороастрийцы. Москва, 1987.
- Диоген Лаэртский. О жизни, учениях и изречениях знаменитых философов. Москва, «Мысль», 1998.
- Инсофпур, Ғуломризо. Раванди наҳзатҳои миллӣ дар Эрон. Теҳрон, 1981.
- История таджикской философии с дравнейших времен до ХV в. Том 1. Душанбе, 2010.
- Қадёнӣ, Аббос. Таърихи адён ва мазоҳиб дар Эрон. Интишороти фарҳанги мактуб. Теҳрон, чопи сеюм 1387.
- Муминджанов Х.Х. Философские проблемы зороастризма. Душанбе, 2000.
- Ҳанно ал-Фохурӣ, Халил ал-Ҷур. Таърихи фалсафа дар ҷаҳони исломӣ. Бейрут, Ҷ.1. 1958. Хосроев А. Л. История манихейства. С.-П. 2007.
- Разӣ, Ҳошим. Зардушт паёмбари Эрони бостон. Теҳрон, 2009.
- Разӣ, Ҳошим. Зардушт паёмбари Эрони бостон. Теҳрон, 2009.
- Разӣ, Ҳошим. Ҳикмати хусравонӣ. Теҳрон, 1379.
- Разӣ, Ҳошим. Ойини муғон. Теҳрон, 1382- 2003.
- Разӣ, Ҳошим. Ойини муғон. Теҳрон, 2003.
- Разӣ, Ҳошим. Ойини муғон. Теҳрон, 2003.
- Разӣ, Ҳошим. Ойини муғон. Теҳрон, 2003.
- Рафеъ, Абдурафеъи Ҳақиқат. Таърихи улум ва фалсафаи эронӣ. – Теҳрон. Интишороти Кумиш, 1372-1993.
- Рафеъ, Абдурафеъи Ҳақиқат. Таърихи улум ва фалсафаи эронӣ. Теҳрон. Интишороти Кумиш, 1372-1993.
- Рафеъ, Абдурафеъи Ҳақиқат. Таърихи улум ва фалсафаи эронӣ: Аз Ҷомосби ҳаким то ҳаким Сабзворӣ. Теҳрон. Интишороти Кумиш. Чопи аввал 1372 хуршедӣ=1993 мелодӣ.
- Ризоӣ, Абдулазим. Аслу насаб. Теҳрон, 1372.
- Ричард, Фрай. Асри заррини фарҳанги Эрон. Теҳрон, 1997.
- Струве В.В. Родина зороастризма//Советское востоковедение. 1948. V.
- Фарҳангмеҳр. Фалсафаи Зардушт. Теҳрон, 2003.
- Шарипов А. Взгляд на философские воззрения эпохи Сасанидов//Известия АН РТ. Серия философия и правоведение, 2001.
Худшиносии миллӣ дар фарҳанги пеш аз исломии халқҳои форситабор
Хулосаҳои муаллифи мақола аз ин қароранд:
Таърихи пеш аз исломии мардуми форситабор ба ду марҳалаи бузург тақсим мешавад: 1-Марҳалаи Ҷамшедӣ. 2-Марҳалаи Зардуштӣ. Ҳар дине ва аз ҷумла зардуштия идеологияи фаромиллӣ аст ва ба мушкилоти воқеии миллат камтар таваҷҷӯҳ мекунад. Мо дар ин мақола аз марҳалаи Ҷамшедӣ баҳс мекунем. Ҷамшеди пешдодӣ дар асри XXI пеш аз мелод зиндагӣ карда буд. Сарвари давлати дунявӣ буд. Аз идеологияи дунявият пуштибонӣ мекард. Тарафдори давлати миллӣ, ривоҷдиҳандаи илму дониш буд. Шахсан худаш ба омӯзиши илму дониш ва ҳунар машғул буд. Ба навиштаи ривоёти таърихӣ худи Ҷамшед 17 кашфиёти илмӣ анҷом додааст. Ҳамзамон тарафдори фалсафаи реалистии зарвония буд. Барои сохтани давлати ҳуқуқбунёд талош мекард. Қаҳтиву бемориро аз байн бурд. Адолати иҷтимоиро ҷорӣ намуд. Барои сохтани биҳишти заминӣ талош мекард. Вале аҳли замон ба сабаби бесаводӣ ва хурофотпарастӣ ақидаҳои пешқадамонаи Ҷамшедро қабул накарданд. Бар зидди Ҷамшед шӯриш ва исён карданд. Ҷамшедро аз сари ҳокимият дур карданд ва ба ҷои он як шоҳи бегонаро бо номи Заҳҳок оварданд. Ин Заҳҳок ба давлат ва мардуми форситабор хиёнат кард ва ба ҷои биҳишти заминии Ҷамшед дӯзахи заминии Заҳҳокро ҷорӣ намуд. Мардум аз интихоб ва шуриши худ пушаймон шуданд ва аз роҳҳои гуногун барои аз байн бурдани ҳукумати зиддимиллии Заҳҳокӣ ба муқовимат бархостанд. Ин муқовимат ҳоло ҳам давом дорад.
Вожаҳои калидӣ: Ҷамшеди пешдодӣ, Каюмарс, Фаридун, Кайхусрав, Ҷомосб, монавият, Шиканд гумоник, Динкарт, Додистони диник, Зотспарам, Бундаҳишн (“Офариниши оғозин”), Анушервон, Бурзавайҳ, Зарвон, Даҳр, Оини муғон, Зардушт, Авесто, зардуштия, замони мутлақ, Ҳурмузд, Аҳриман, санавият, Митра, ҳикмати Хусравонӣ, Монӣ, ҷунбишҳои миллӣ, Маздак, маздакиён.
Национальное самопознание в доисламской культуре народов иранского происхождения
Заключения автора статьи следующее:
История народа персидского происхождения до ислама делится на два основных периода: 1. Период Джамшида и 2. Период Заратуштры. Каждая религия, включая зороастризм, является общенародной, однако уделяет меньше внимания на реальные трудности нации. В этой статье мы обсуждаем период Джамшида. Джамшид жил в XXI веке до нашей эры. Он был предводителем светского государства и сторонником светской идеологии. Он поддерживал национальное государства и содействовал развитию знания и науки и сам собственно занимался изучением науки и ремесла. Согласно историчесим писаниям, он сделал 17 научных открытый. В то же время он был сторонником реалистической философии зарвония. Джамшид стремился к созданию равноправного государства. Он искоренял бедность и болезни. Воссоздал социальную справедливость. Он старался создать рай на земле. Тем не менее, из-за неграмотности и предрассудков, современники Джамшида не восприняли его просветительские идеи. Они подняли мятеж против Джамшида. Свергнув Джамшида, вместо него назначили чужого короля Захака. Захак предал персидских народов и вместо земного рая Джамшида воссоздал земной ад Захака. Народ сожалел о своем выборе и мятеже и искал разные способы для уничтожения деспотического правительство Захака и восстал против него. Это сопротивление продолжается до нынешнего времени.
Ключевые слова: Джамшид, Каюмарс, Фаридун, Кайхусрав, Джомосб, манихейство, “Шиканд гумоник вичор”, “Динкарт”, “Додистони диник”, “Зотспарам”, Бундаҳишн (“Начальное творение”), Анушерван, Бурзавайх, Зарвон, Дахр, Оини мугон, Заратуштра, Авеста, зороастризм, абсолютное время, Хурмузд, Ахриман, дуализм, Митра,сасанидская мудрость, Мани, национальные движения, Маздак, маздакийцы.
National self - awareness in the pre-Islamic culture of people of Iranian origin
The author makes the following conclusion:
The pre - Islamic history of the Persian people is divided into two main periods: 1. Period of Jamshed and 2. Period of Zaratustra. Every religion including Zoroastrianism is for mankind but it pays less attention to the real difficulties of the people. In this article, we discuss the Jamshed’s period. Jamshed lived in the 21st century BC. He was the leader of a secular state and supported secular ideology. He supported the national state and contributed to the development of knowledge and science. He devoted himself to the studying of science and crafts. According to historical sources he made 17 scientific discoveries. At the same time, he was a supporter of a realistic philosophy of zarvonia. He tried to create the state with equal rights. He uprooted poverty and diseases. He created social justice. He tried to create paradise on the earth. However, because of illiteracy and prejudice, people did not accept Jamshed's progressive ideas. They rebelled against Jamshed. They overthrown Jamshed and brought to the throne stranger king Zahak. Zahak betrayed the state and Persian people and instead of Jamshed’s paradise on the earth he created the hell of Zahak in the earth. People were disappointed with their choice and rebellion and searched for different ways to destroy the nationalistic government of Zahak and rebelled against him. This resistance continues till now.
Key words: Jamshed, Kayumars, Faridun, Kaikhusraw, Jomosb, Monaviat, “Shikand gumonik vichor”, “Dinkart”, “Dodistoni dinik”, “Zotsparam”, Bundaishn ("Initial creation"), Anushervon, Burzawaikh, Zarvon, Dahr, Oini mughon, Zaratustra, Avesta, zoroastrizm, absolute time, Hurmuzd, Ahriman, dualism, Mitra, Sasanidian wisdom, Mani, national movement, Mazdak, Mazdakians.
Маълумот дар бораи муаллиф: Беков Комилҷон-доктори илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илм дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Тел: 917-26-03-83. Email: didavar@inbox.ru