Муаллиф: Соҳиби Баҳруло
Кишварҳои ҷаҳон барои рушди масоили иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоии худ сармояи хориҷиро ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ яке аз вазифаи муҳимтарини рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар доираи заминаи ҳуқуқии ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ба 97 кафолату имтиёз оид ба сармояи хориҷӣ ва ватаниро пешниҳод намудааст. Ҷараёни сармоягузориҳо ба навсозии саноат, диверсификатсияи сиёсати иқтисодии хориҷӣ мусоидат намуда, ба тавозуни пардохт ва ҳаҷми содирот таъсири мусбат мерасонад. Бо назардошти муҳимияти масъала ва зарурати зиёд намудани воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ зарур аст.
Имрӯз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар мисоли Япония ва Сингапур барои ҳавасгардонии сармояи хориҷӣ имтиёзҳо дар доираи заминаи ҳуқуқии худ ва дигар омилҳо ба дастовардҳо ноил шуда, таҳлили муқоисавии давлатҳои Япония ва Сингапур муқоиса карда мешавад.
Сиёсати муосири сармоягузории Япония ва Сингапур ба либерализатсия ва пешбурди сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки ба далели тафовути байни кишварҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ кишварҳо бо мавҷудияти тафовути зиёд дар афзалиятҳо ва сиёсати сармоягузории онҳо хос аст. Хусусиятҳои асосии сиёсати сармоягузории кишварҳои мазкур дар поён нишон шудаанд.
Хусусиятҳои асосии сиёсати сармоягузории Япония ва Сингапур:
- рақобатпазирии хароҷот,
-муҳити муносибу мусоид барои тиҷорат,
-технологияи пешрафта
-қувваи корӣ ва кадрҳои баландихтисос.[2]
Сармоягузорони хориҷӣ дар кишварҳо аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» фаъолият мекунанд, ки он бо мақсади барқарор намудани робита бо мақомоти давлатӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ сохта шудаанд. Инчунин омбудсмени сармоягузорӣ дар кишварҳо мавҷуд буда, мақсади асосии он хифзи ҳуқуқи манфиатҳои сармоягузорон ва баррасии масъалаҳои мушкилоти фаъолияти сармоягузорӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, хусусиятҳои асосии маваффақияти Япония ва Сингапур дар сиёсати сармоягузорӣ ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Давлатҳои Япония ва Сингапур тавассути сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.
Соҳиби Баҳрулло
докторанти курси 3 ва
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва
Назриев Ҷаҳонгир
докторанти курси 1 ва
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
[1] Contact Singapore [Манбаи электронӣ] URL https://en.wikipedia.org/wiki/Contact_Singapore#cite_note-1 санаи муроҷиат 1.04.2022
[2] Invest Japan[Манбаи электронӣ] URL https://japan.kantei.go.jp/investjapan/index.html санаи муроҷиат 1.04.2022