Консепсияи иродаи қудрат дар фалсафаи зиндагӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Таърихи фалсафаи зиндагӣ аслан бо Нича оғоз мешавад. Руҷўи Нича ба мафҳуми зиндагӣ дар ин таърих аҳаммияти муҳим дорад. Бояд дар назар дошт, ки таҷдиди назар ба зиндагӣ ба ҷои самтгирӣ ба мафҳумҳои муҷаррад, тарҳҳо, системаҳои фалсафӣ дар охири асри 19-аввали асри 20 мўҷиби пайдоиши ҷараёнҳову мактабҳои нави фалсафӣ гардид.

Мутафаккири олмонӣ Фридрих Нича (Нитше), ки тайи солҳои 1844-1900 зистааст, дар Урупо ва баъдтар дар тамоми ҷаҳон фарҳангу фалсафаро ба самти ноошно кашида, барҳақ ҷаҳонбинии навро оғоз бахшидааст.

  Характери   буҳронии охири асри 19 ва авали асри  20, давраи аз миён рафтани имон  ба худо, нобоварӣ ба ақл, маъюсиву ноумедӣ ба зинагии шахсӣ дар эҷодиёти ў он чунон нақши худро гузошт, ки барҳақ, худро фарзанди замони худ меномад[1].

  Пажўҳишҳо дар фалсафа, дини масеҳӣ ва ахлоқи парҳезгорӣ Ничаро ба ин хулоса мерасонад, ки инҳо инсонро аз сарчашмаҳои зиндагии ростин ҷудо мекунанд. Ў парда аз рўи ояндаи Урупо бардошта,  ба муосирони худ паёмбарона башорат медиҳад, ки   роҳе, ки инсони урупоӣ бо ин ҷаҳонбиниҳо паймудааст,  ўро бо чӣ паёмадҳои мудҳиш  рўбарў хоҳад кард: фурўпошии маънавияти урупоиён, пуч шудани арзишҳо, «қиёми тўдаҳо», тоталитаризм ва ҳукмронии «маъбаъди оянда»-ву кўчак шудани инсонҳо зери парчами баробарӣ, яъне нигилизм. «Тамоми фарҳанги урупоии мо- менависад ў, ба самти садама мешитобад»[2]. Маҳз аз ҳамин раванди мудҳиш  Нича ба тамоми равандҳои фалсафаи асри 20 ва худи фалсафаи зиндагӣ самти нав мебахшад. Бо башорати паёмбаронааш дар мавриди «Ғуруби Урупо»  файласйфоне чун Шпенглер, Э. Гуссерл, М. Хайдеггер, К. Ясперс ва монанди инҳо асари тақдирсоз гузошта, ба  навъи нави фалсафидан ва ахлоқи ғайримеёрии маънавияти урупоӣ роҳ мекушояд. Бо ин парадигмаҳои асили методологӣ ва забонӣ асос гузошта мешавад, ки баъдтар дар пажўҳишҳои падидоршиносӣ, ҳерменевтӣ ва пасоструктуралистии асри 20 корбурди азим меёбад. Дар ин росто, метавон дар мавриди таъсири азими идеологемҳои фарҳангӣ ва услуби забони ў ба  худогоҳии Ғарб дар аҳди мудерн ва пасомудерн сухан ба миён овард. Нуқтаи ниҳоӣ ва дар айни замон пояи метафизикаи  ничагарӣ консепсияи иродагароӣ буд, ки усули асосии ҳастӣ ва таърифи «иродаи қудрат» мебошад. Зиддисистематизм ва зиддиметафизикгароӣ ҳамчун вежагиҳои шахсии ҷаҳонбинии Нича, албатта, ба ин маъно нест, ки куллият ва тамомияти  шинохти назарии воқеиятро рад кунанд. Бал ки онҳо ташаккули як навъ метафизикаи махсусеро пешбинӣ мекунанд, ки хусусияти ғайрисуннатӣ ва табиӣ дорад[3]. Инро метавон чунин маънӣ кард, ки, аввалан, ба ҷои мафҳуми хрестоматии «ҳастӣ» ҳамчун асос ва моҳияти ҳастанда, Нича истилоҳи «зиндагӣ»-ро бо ҳаракти абадӣ ва шудани он, ки орӣ аз унсури суннатии ҳастӣ мебошад, пешниҳод мекунад. Баъдан, дар заминаи раванди созмони ин метафизика ҳамон интенсияи азим барои тасдиқи зиндагӣ ва ташнагии «инсонҳои қудратманд» қарор дорад, ки он дар ҳамаи қисматҳои эҷодиёти ў ҳузур дорад ва ба эҷодидиёти ахлоқӣ табдил шудани қисмати онтологӣ-гносеологии фалсафаи ўро фароҳам мекунад. Ба ин хотир, ки ормони инсони қудратманд ва комили ўро заминаи асоснок бахшад.

  Худи зиндагӣ дар тафсири Нича маънии як навъ ҷузъи раванди ҷаҳон, навъи махсуси энержии дунёст ва аз ин рў, танҳо яке аз зуҳури иродаи қудрат мебошад. Дар муқобили Дарвин, ки муҳаррики асосии зиндагиро мубориза барои ҳаёт медонад, Нича ин шиори навро пеш мегузорад: «Зиндагӣ иродаи қудрат аст». Ин тамоюлро Нича дар ҳамаи зинаҳои зиндагӣ мушоҳида мекунад, он ба тадриҷ  характери ҳаётии талоши ахлоқӣ-иҷтимоӣ касб мекунад. Бо такя бар ин асл Нича бунёни маърифатшиносии ҷадидро ба унвони як омўзаи умедворкунанда, ки ба сурати зотӣ аз ҳастишиносии ў берун меояд, матраҳ мекунад. Ба унвони танҳо бахше аз неруи зиндагии ҷаҳонӣ ва бунёни як асли воҳиди зиндагӣ як мард монанди ҳар механизми печида нишондиҳандаи бисёре аз «иродаҳои қудрат» ва бисёре аз равишҳо ва шаклҳои баён аст, ки дар он нахустин ва табиитарин ҷузъи кулл маҷмўаи таъсироти ўст. Маҳз зери таъсири ин талошҳо, ки қавитарини онҳо талош барои хушбахтист, иснон, ба гуфти  Нича, муҳити худро маънӣ мекунад ва мекўшад пешрафти худро   меъёри ҳама андозаҳо қарор диҳад.

  Мафҳуми марказии фалсафаи Нича зиндагист. Асоси зиндагӣ, ба ақидаи Нича, ирода аст. Зиндагӣ тазоҳури ирода аст, аммо на иродаи муҷарради ҷаҳонӣ, чунон ки Шопенгауер таълим медиҳад, бал ки иродаи мушаххасу муайян аст. «Зиндагӣ, мегўяд ў, иродаи қудрат аст», ки умдатан як оғози ғайримантиқии табиӣ мебошад, ки афкор, аъмол ва эҳсоси шахс ба он тобеъ мебошад. «Иродаи қудратро Нича аз фаросўи зиндагӣ медонад, онро чун як оғози кайҳонӣ, бунён ва неруи муҳаррикаи раванди ҷаҳон меҳисобад[4]». Бар хилофи назари моддигароӣ, тамоми ҷаҳонро як дарёи маввоҷи энержӣ, чун як «шудан» медонад, ки муҳтавояшро муборизаи «маркази қувваҳо» ё «нуқтаҳои ирода»-и ҳамеша афзоянда ё коҳандаи қудрат ташкил медиҳад. Ҷаҳон шудани абадист бе оғозу анҷом. Он ба ҳеҷ қонун метеъ намешавад, бе самт ва бе ҳадаф ҷараён дорад. Ин ҳарҷу марҷи бемаънӣ, бозии неруҳо, ки аз адам арзи ҳастӣ мекунанд ва фурўрафтан дар он аст, «фарояндест ба ҳеҷ куҷо».

  Моҳияти консепсияи асили «иродаи қудрат» аз «бозсозии ҳамаи арзишҳо» бар меояд. Аз бозшиносии арзишҳои «дурўғин»-и ҷаҳони муосири худ Нича ба таҳлилии асосҳои он мегузарад ва ба диди ў, танҳо зиндагӣ метавонад ҳадафи охирини тамоми талошҳои инсонӣ бошад. онро «мақсади ягонаи иродаи ман» меномад. Ин зиндагиро ў ба сурати ҷараён, шудани абадӣ ва мутлақ мефаҳмад, ки дар он на ҳадафи ниҳоӣ ҳасту на мантиқ, танҳо пайдарҳамии бемаънии омехтагиҳои мураккаб ва бозии неруҳои тасодуфӣ вуҷуд дорад.

  Дар контексти деконструктивӣ низ идеяи Нича дар бораи бисёрмаъноии креативии ирода, ки раванди онро Нича «бозии бадеӣ меномад,   ирода дар камоли шодии абадӣ худ бо худ бозӣ мекунад»[5].

  Нича иддио дорад, ки ҷаҳони шаванда қобили шинохт нест. Дастгоҳи маърифатии мо, ки дар раванди таҳаввулот такомул ёфтааст, на барои донистан, бал ки барои соҳиб шудан ба чизҳост ба мақсади бақои биологӣ ва тақвияти иродаи қудрат. Танҳо дар ғариза, ба ақидаи Нича, асли ҳамаи мавҷудот – иродаи қудрат нуҳуфта аст. Нича муътақид буд, ки асли ҷисмонӣ дар инсон болотар аз маънавист, дуввумӣ танҳо қабати болоист рўи таҳкурсии ҳақиқӣ, яъне тан, ки таҷассуми иродаи табиӣ мебошад. Нича ғаризаро чун баёнгари тамоми ниёзҳои тани одам ситоиш мекунад. Бисёре аз андешаҳои ў дар бораи ноқис будани бадани инсон, дар бораи ҳамчун як ҳайвони нокомил, ҳамчун як мавҷуди   биологии маъюб ва ғайра нуқтаи оғози моделҳои консептуалӣ дар ҳастишиносии фалсафӣ, махсусан дар шохаи биологии он гардиданд, ки таълимоти Плеснер (Plessner) Ҳельмут (1892-1985), Гелен   (Gehlen) Арнольд (1904-1976) ва дигарон аз он ҷумла аст.

  Дар ин росто боз як сухани Нича муҳим аст: «зистан, яъне доим аз худ дур афкандани чизе, ки мурданист; зистан, яъне хунсард будан ва бераҳмӣ нисбат ба ҳар чӣ дар мо сусту куҳна аст[6]». Инсон ва умуман инсоният дар маҷмўъ дар ин система ба координати марказҳои неруҳои табиӣ табдил меёбад, ки доим байни худ барои афзоиши «эҳсоси қудрат» мубориза мекунанд. Ҳамчун ҷузъи неруи универсалии зиндагӣ ифодакунандаи усули зиндагӣ, инсон, чуни ҳар гунна механизми мураккаб, бо гуонгунии ҳувайдо шудани он фарқ мекунад, он ҷо ки ҳар як аз «иродаи қудрат»-и бешумор тарзи ифодаи худро дорад.

«Дар зиндагӣ, мегўяд Нича, танҳо хоҳиш ва қонеъ кардан он вуҷуддорад, вале он чӣ дар байни онҳо вуҷуд дорад – ҳақиқат ё гумроҳӣ – аҳаммият надорад»[7].

  Бояд таъкид кард, ки «иродаи қудрат», чунон ки Делеза мегўяд, дар фалсафаи Нича маҳз ба маънии эҷод кардан ва додан бо собит кардан аст, на ба маънии гирфтанбо нафй кардан. Аз ҳамин ҷост, ки калимаи олмонии Macht-ро нахустин мутарҷимони рус «иродаи иқтидор» тарҷима кардаанд, на «иродаи қудрат».

  Хулоса, дунё ҳамеша он аст, ки мо худ сохтаем, он дигар сохторе надорад ва ҳеҷ маъние ҷуз он, ки мо худ ба он додаем, наметавонад дошта бошад. Аз ин рў, иродаи қудрат иродаи эҷодкардан аст, иродаи сохтани арзишҳои нав, муайян кардани «ба куҷо?» ва «чаро?» мебошад.

 Кайхусрави Субҳонзод

[1] Краткий очерк истории философии,. Под  ред. М. Т. Иовчука, Т. И. Ойзермана, И.Я. Щипанова. М., изд-во «Мысл», 1971 г., стр. 25.

[2] Нича Иродаи қудрат

[3] Новейшый фил стр. 251

[4]  Т. Г. Румянцева, Воля к власт, Новейший философский словарь, М. ,  20000000, стр. 249.

[5] И. П. Ильин, Постструктурализм, Деконструктивизм. Постмодернизм, М., стр. 161.

[6] Нича иродаи  қудрат

[7] Ҳамон ҷо, саҳ. 

БОЗГАШТ