Кумаки Қатар ба Тоҷикистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Кумакҳои башардӯстонаи Давлати Қатар бо шумули дастгоҳҳои вокуниши занҷиравии полимеразӣ, ки бо мақсади мубориза бар зидди бемории COVID-19 равона гардидааст, рӯзи 3 сентябр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон супорида шудааст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар маросими қабули кумакҳо аз таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Қатар ёдоварӣ карда, изҳор доштааст, ки муносибатҳои ду давлат аз сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 ба ин давлат ибтидо мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расида, барои мустаҳқам намудани муносибатҳои мутақобилан судманди ду давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овардаанд:
“Давлати Қатар дар расонидани кумак ба муҳтоҷону ниёзмандон ва зарардидагони офатҳои табиӣ дар ҷаҳон нақши фаъол дошта, соҳаи тандурустӣ ва амнияти ҷомеаи шаҳрвандиро дар мадди аввал қарор додааст. Ин аст, ки аз ибтидои пайдоиши COVID-19 захира ва имкониятҳои хешро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин вабо равона менамояд. Ин ҷо бо боварӣ метавон гуфт, ки кумакҳои башардӯстонаи мазкур тибқи риояи муқаррароти беҳдоштӣ қабул ва ба муассисаҳои тиббии мамлакат, ки дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегиранду ба ин гуна таҷҳизот ниёз доранд, расонида мешаванд”,- гуфтааст вазир.
Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ зимни ишора ба ҳамкории ду давлати бо ҳам дӯст гуфтааст, кумакҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Амири Давлати Қатар баҳри пешгирии бемории COVID-19 ва дастгирии Ҳукумат ва мардум ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тақдим мегарданд:
“Имрӯз бемории COVID-19 дар тамоми давлатҳо паҳн гардидааст ва давлати мо низ аз таъсири он дар амон нест. Аз ин рӯ бо азму ирода ва талошҳои нек кумаки Давлати Қатарро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, то аз ин вазъият берун ояд. Мо бо тамоми кишварҳо танҳо орзуи онро дорем, ки дар як саф паҳлӯи ҳам истода, бар зидди ин беморӣ мубориза барем”,- афзудааст Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти вазорат ҷиҳати расонидани кумак баҳри мубориза бар зидди бемории COVID-19 ба Давлати Қатар изҳори миннатдорӣ намудааст.
Ҳамзамон ба ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамон рӯз тавассути як парвози махсус марҳилаи дуюми ёрии тиббии Эрон ҷиҳати мубориза бо бемории ҳамагири Cоvid-19 ба Тоҷикистон расонида шуд.
 
http://www.imruz.tj/tj/tajikistan/11838/

БОЗГАШТ