Лайлак ҳеҷ гоҳ ба анклав табдил намеёбад, - сардори КДАМ-и Қирғизистон Тошиев сирри “суратҷаласаҳои махфиро” ифшо менамояд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Раиси КДАМ арз намуд, ки блогерон ва баъзе сиёсатмадорон оид ба суратҷаласаи қаблан имзо шуда, иттилооти носаҳеҳро паҳн менамоянд.
  Ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҳеҷ гоҳ ба анклав табдил намеёбад, иброз намуд ба рӯзноманигорон муовини раиси кабинети вазирон, раиси КДАМ Қамчибек Тошиев. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, баъзе шахсон дар мавзӯи ба имзорасии суратҷаласаи №39, баҳори соли 2021 ба имзо расидаро ба таври худ шарҳу эзоҳ медиҳанд. Тошиев мегӯяд, ки баъзе сиёсатмадорон, инчунин депутатҳои Жогорку Кенеш  ва блогерон иттилооти нодурустро оид ба ин ҳуҷҷат паҳн мекунанд, ки боиси изтироб мегардад. ”Лайлак ҳеҷ гоҳ ба анклав табдил намеёбад ин иттилоотҳо бардурӯғ мебошанд. Ҳангоми қабули суратҷаласа мо тамоми механизмҳоро ба инобат гирифтем. Дар суратҷаласа омадааст: барои он, ки роҳи Ворухро (анклави Тоҷикистон) кушоем, бояд мавқеи онро муайян созем. Ҳатман навишта шавад, ки роҳ ба кӣ тааллуқ дорад, аз тарафи кӣ сохта мешавад ва ба кӣ иҷозаи аз он истифодабарӣ дода мешавад. Бояд аввал  чунин созишнома тартиб дода шавад, баъдан роҳҳои ҳалли масъала”, - зикр намуд раиси КДАМ. Ӯ иброз намуд, ки ба Лайлак ду роҳ вуҷуд дорад: Оқ-Сой-Равот ва роҳ тариқи маҳаллаи Торт-Кочо.
  Дар хати сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон санаи 28 январ вохӯрии кории ҳайати вакилони ҷонибҳо баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуотии КДАМ  хабар дод.
  Ҳайати вакилони Ҷумҳурии Қирғизистонро муовини раиси кабинети вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон - раиси КДАМ генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуд. Дар ҳайати вакилон намояндаи ваколатдори президент дар вилояти     Бодканд Абдикарим Алимбаев, директори хадамоти сарҳадии КДАМ ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ ҳузур доштанд.
  Ҷониби Тоҷикистонро муовини аввали раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ ва муовини раиси КДАМ ва инчунин дигар шахсони расмӣ намояндагӣ карданд.
  Дар ҳайати вакилони ҷонибҳо инчунин роҳбарони сохторҳои дахлдорӣ вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғд шомил буданд.
  Дар натиҷаи вохурӣ ва гуфтушунидҳо ҷонибҳо қарор қабул карданд, ки:
  1. Ба комиссияи муштарак супориш дода шавад, ки сабабҳои муноқишаҳоро бо иштироки мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура ба таври муфассалу дақиқ  таҳқиқ намоянд.
  2. Баргардонидани тамоми сокинони маҳалиеро, ки аз оғози муноқиша тарки манзилҳои истиқоматии худ намуданд, таъмин намоянд.
  3. Аз хати дахлдори сарҳадӣ тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ гирифта шаванд.
  4. Кушодани тамоми роҳҳо, барқарор намудани инфрасохтори харобшуда ва хати интиқоли барқ ба инобат гирифта шавад.
  5. Ҳукуматҳои ҷонибҳо бо мақсади таъмини пешгирӣ ва минбаъд рух надодани муноқишаҳои наздимарзӣ, масоили тақсимоти обу замин назорати лозимиро таъмин намоянд.
 
Сарчашма:
 
  1. https://centrasia.org/newsA.php?st=1643695320
 
Мутарҷим:   Давлиёрова С.Т.
Ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ