Маҳатма Гандӣ ва фалсафаи "мубориза бидуни зуроварӣ"

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба муносибати зодрӯзи Маҳатма Гандӣ ва равобити дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон

   Ҷаҳони имрӯзаро метавон бо кишварҳо гуногун тақсимбандӣ кард, ки ҳар яке аз ин манотиқ дорои таъриху маданият ва шахсияту сарватҳои худ мебошад. Аммо баъзе аз онҳо бо доштани афроде шӯҳрат ёфтаанд, ки таъриху фарҳанги миллати худро таҳким дода, онро муҳофизат намудаанд. Намунаи яке аз ин кишварҳо сарзамини Ҳиндустон аст, ки дорои тамаддуну таърихи ғанӣ буда, байни олам чун кишвари адабӣ ва афсонавӣ шинохта шудааст. Вақте ба санадҳои таърихи назар меандозем, мебинем, ки барои таҳкиму чунин тамаддун касоне будаанд, ки миллат ва  таърихи ниёгони худро аз нобудшавӣ ҳифз намудаанд.

    Гуфтан ба маврид аст, ки миллатсозӣ  ва қадршиносии он  корест, хело душвор. Лиҳозо таърих гувоҳ аст, ки ин шахсиятҳо ва роҳбарон барои бунёд ва ҳифзи миллатҳояшон талош ва муборизаҳои пайдардай кардаанд, ки халқ номи ононро дар таърих сабт кардааст ва то ҳол хадамоту заҳамоти онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Яке аз номварони таърих дар сарзамин Ҳиндустон, Маҳатама Гандӣ мебошад, ки дар ҷаҳони имрӯза шиор ва назарияи фалсафонаи ӯ зери унвони "Мубориза бидуни зуроварӣ" хело бамавриду арзишманд аст ва то имрӯз ин афкор амалӣ мегардад.

   Донистани таърих ва саргузашти чунин миллатсозони таъриху фалсафа барои ибратомӯзӣ ва рушди иҷтимоӣ кумак мерасонад. Тоҷикистон чун миллати саршор аз меросу фарҳанги ғанӣ, омӯзиш ва маърифати саргузашту осори ин афроди таърихсозро мавриди баррасӣ қарор дода, корнамоиҳои ононро ҳамчун намуна дар рушду такомул муносиб медонад.

   2 - юми октябри соли 1869 дар маҳаллаи Порбандар шаҳраки соҳилии Ҳиндустон тифле ба дунё омад, ки он дар оянда миллатеро роҳбарӣ намуд. Дар синни 9 солагӣ ба мактаб рафта, асосҳои арифметика, таърих, забони гуҷротӣ ва географияро аз худ намуд. Дар 11 солагӣ ба мактаби маҳаллаи Раҷкут дохил шуда, бо нишон додани натиҷаи хуби саводомузӣ, соҳиби ҷоиза мегардад. Падари ин дӯструяк Карамчанд Утамчанд Гандӣ мутаваллиди солҳои 1822-1885 буда, ҳамчун вазири калон дар минтақаи Порбандар кору фаъолият кардааст.

   Дар даврони мактабхониаш бо машварати хонавода бо хонуми Кастурбай Маханҷӣ оиладор мешавад. Дар синни  16 солагӣ соҳиби аввалин фарзанд мегардад ва ҳамзамон соли 1885 падараш вафот мекунад.

   Дар моҳи ноябри соли 1887 ин навниҳоли боғи дониш мактабро хатм намуда, соли 1888 ба ягона коллеҷи Самалдаси минтақаи Бавнагар, ки ба донишҷуён диплом медод, сабти ном мекунад. Аммо дертар ин коллеҷро тарк карда, бо машварати хонавода барои хондан дар риштаи ҳуқуқ ба Лондон сафар мекунад. Дар онҷо таҷрибаҳои ҳуқуқӣ ва заковатро омӯхта, дар моҳи июни соли 1891 ба Ҳиндустон баргашт. Дертар тавассути як тоҷир чун ҳуқуқшинос ба Африқои Ҷанубӣ даъват мешавад ва дар онҷо 21 солро сипарӣ карда, фалсафа, сиёсат ва нақшаи ҳаётро эҷод ва таҳия намуда, онро такомул медиҳад. Маҳатма Гандӣ чун муборизи роҳи озодӣ аз соли 1893 то соли 1914 дар ҷазираҳои гарми африқо таҳаммалпазириро дарс гирифта, барои истиқлолият ҷидду ҷаҳдро оғоз кард.

   Ҳамин тавр соли 1915 хишти аввали "Мубориза бидуни зуроварӣ" тавассути ин мард оғоз мегардад. Аз соли 1920 то 1930 роҳбарии  Конгресси Миллии Ҳиндро ба дӯш гирифта, барои озодихоҳии сарзамини худ мубориза мебарад. Аммо тибқи сарчашмаҳо Британия ин талошу муборизаҳоро қадрдонӣ намекунад. Вале ин озодихоҳиҳо тезу тунд мешавад ва дар натиҷа, соли 1947 кишвари Ҳиндустон чун сарзамини мустақил эътироф мешавад.

   Дар моҳи феврали 1944 ҳамсари Гандӣ  вафот мекунад ва он муддате зиндонӣ шуда, аз бемории сил ранҷ мебарад. Моҳи январи соли 1948 ин абармарди таърих аз ҷониби афроди нохалаф мавриди ҳамла қарор гирифта, номардона ба қатл мерасад. Собиқ сарвазири Ҳиндустон  Ҷавоҳарлал Неҳру ҳангоми ба аҳолӣ расонидани хабари қатли ў чунин гуфта буд: "Дӯстон ва рафиқони азиз, рӯшноии зиндагии мо рафт ва торики ҳамаҷоро фаро гирифтааст ва ман намедонам ба шумо чӣ бигӯям ва чӣ тавр. Падари меҳрубони мо "Бапу" падари миллат дигар дар байни мо нест”.

   Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон аз 28 августи соли 1992  барқарор шуд ва соли 1993 аввалин сафири он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Дертар соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Ҳоло сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шри Сомнатҳ Гҳош мебошад.

   Аввалин маротиба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро дар Деҳлӣ соли 2003 ифтитоҳ намуд ва то имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон чандин маротиба сафари расмӣ анҷом додааст. Зимни ин сафарҳо якчанд созишномаву санадҳо дар бахшҳои гуногуни хамкорӣ, аз ҷумла иктисод ва тиҷорат, дорусозӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба имзо расидаанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минбаъда манфиатбахш мебошанд. Айни замон муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро 50 ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим медарорад. Ҳамасола мутахассисони тоҷик аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон  барои баланд бардоштани савияи дониш ба курсҳои мухталиф дар чаҳорчӯбаи барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар он кишвар гузаронида мешаванд, даъват мегарданд. Дар таҳкими равобити дустии Тоҷикистон  саҳми  Академияи Илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо назаррас буда, барномаҳои махсусеро дар ин замина роҳандозӣ намуда истодааст.

   Дар хулоса метавон қайд кард, ки фалсафа ва афкори озодихоҳии ӯ то ҳол мавриди писанд аст ва хусусан шиори ягонааш "Мубориза бидуни зӯроварӣ" хело муҳим буда, метавон онро барои муколима ва дипломатияи мардумӣ истифода кард, то тавассути он мардумро аз хатар ва зулмовариҳо ҷилавгирӣ намуд.

Мирсаид Рахмонов,

ходими илмии Институт

 

БОЗГАШТ