МАҚОМИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР МУАРРИФӢ ВА ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Саидов Нуралӣ

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви қомилҳуқуқи Созмони Милалӣ Муттаҳид дар солҳои дуҳазорум таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эъломи сиёсати «дарҳои кушода» ҳамчун меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равобити байналмилалиро дар сатҳи дуҷониба, бисёрҷониба ва чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон оғоз намуд, ки дар раванди амалигардонии он нақш ва ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳким ёфта, пойдор гардид ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза, на танҳо дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъол дорад, инчунин ба ҳайси як кишвари пешбарандаи ташаббусҳои аҳамияти глобалӣ дошта эътироф гардидааст.

Бо ибтикори Пешвои миллат ва бо дастгирии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрванди кишвар 11 марти соли 1996 «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ба имзо расид. Мақсади асосии Аҳднома –ташаккули ҷомеаи одилонаи шаҳрвандии озод дар Тоҷикистон ва мусоидат ба таҳкими истиқлолият, рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мебошад [3, c.129].

Барои амалӣ намудани ҳадафҳои “Аҳднома” Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ва Низомномаи он қабул гардид. Дар даврони фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ аввалин маротиба соли 2009 ва сипас, соли 2018 ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста бо тағйиротҳое, ки дар раванди сиёсӣ-иҷтимоии кишвар рух доданд ва инчунин, бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои хориҷӣ тағйироту иловаҳо ворид гардида мақоми он мушаххас гардид. Шӯрои ҷамъиятӣ шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.[2]

Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба ҳайси Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон” қайд гардидааст, ки яке аз вазифаҳои он “Муваффақ шудан ба таҳкими сулҳ ва дӯстӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷомеаи ҷаҳонӣ“ ба шумор меравад [3, c. 130].

Бо назардошти ин, дар Низомномаи нави Шӯрои ҷамъиятӣ омадааст: “Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, ки намояндагони худро ҷиҳати иштирок дар форумҳои гуногуни байналмилалӣ, гуфтушунидҳо, аксияҳои гуманитарӣ ва ғайра тавсия намояд ва бо Шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии онҳо, ки фаъолияташон барои дастгирӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст, санадҳои ҳамкорӣ бандад”.[4]

Вобаста ба ин рисолат, аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҳамчун шарики боэътимоди давлат дар амалӣ гардидани сиёсати хориҷии бомуффақонаи Пешвои миллат дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми сазовори хешро гузошта истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар кишварҳои Ғарб иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалигардонии сиёсати хориҷии давлат ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби коршиносон ин соҳаи фаъолият дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия "самти дуюми дипломатия" (Track Two Diplomacy) - “дипломатияи коршиносӣ» экспертӣ номгузорӣ шудааст, ки он маҷмӯи каналҳои ғайрирасмии ҳамкории фаъолони раванди муносибатҳои байналмилалӣ мебошад, ки ба онҳо, одатан, коршиносони соҳаҳои гуногун аз қабили: сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, иқтисоддонҳо, рӯзноманигорон, созмонҳои ғайридавлатӣ, марказҳои таҳлилӣ, собиқ сиёсатмадорон ва низомиён, ходимони намоёни ҷамъиятӣ, намояндагони доираҳои динӣ ва фарҳангӣ дохил мешаванд. [2, c.14-25]

Ҷиҳати амалӣ гардидани ин ҳадаф дар сохтори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ созмон гардида Низомномаи он тасдиқ гардид.

Самтҳои асосии фаъолияти Комиссияи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ иборат аз:

- Ба роҳ мондани ҳамкории мунтазам миёни ташкилотҳои ҷамъиятии узви Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ;

-Муҳокима, арзёбӣ ва баррасии ташаббусҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ;

-Арзёбӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба вокуниш ба амалҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ нисбат ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Таҳияи пешниҳодҳо барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо ва лоиҳаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки барои баланд гардидани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд;

-Огоҳ кардани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи афзалиятҳо ва ташаббусҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии фаъолияти онҳо дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ;

-Бо тартиби муқаррар намудаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногун (конфронсҳо, семинарҳо, конфронсҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо) бахшида ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад;

- Пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷӣ барои ворид намудан ба нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамояд.[4]

Бори аввал дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз таърихи 9-уми апрели соли 2013 мавзӯи “Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо: вазифаҳо ва пешомадҳо» аз нигоҳи ҷомеаи шарвандӣ мавриди баррасӣ карор гирифт. Дар муҳокимаи масъала аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, иттиҳодияву иттифоқҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, сохторҳои марбута, коршиносони мустақил суханронӣ карданд. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар муҳокимаи масъала фаъолона ширкат варзида пешниҳодҳои мушаххасро баён намуданд. Аз чумла қайд гардид, ки ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дохил гардидани Тоҷикистон дар ҳалли баъзе мушкилоти дохилию хориҷии мо, аз ҷумла рафъи душвориҳои коммуникатсионӣ ва умуман иқтисодӣ мусоидат хоҳад намуд. Бинобар ин, мо бояд аз чунин имконияти мусоид ба таври самарабахш истифода барем.

28-уми марти соли 2018 дар чаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ мавзуи “Арзёбии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ҷаласа намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ваколатдори раисони Маҷлиси Миллӣ ва Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуда ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд.

Сипас, узви Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ташаббуси нави Тоҷикистон дар масъалаи об ва иклим, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, раванди татбиқи барномаҳои дар доираи Даҳсолаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода барои пайдо намудани роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба об ва иқлим назару андешаҳояшонро иброз карда, пешниҳодҳодҳои мушаххасро иброз намуданд:

-Дар Тоҷикистон Маркази минтақавии дипломатияи обу энергетика бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шавад. Маркази мазкур имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз давлати дорои захираҳои энергетикӣ ба давлати пешсафи истеҳсолкунанда ва содиркунандаи гидроэнергетика дар минтақаю ҷаҳон табдил дода шавад. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, лоиҳаи Консепсия ва Низомномаи Маркази дипломатияи обию энергетикиро таҳия ва пешниҳод намояд;

- Дар доираи конфернсияҳое, ки ҳар ду сол гузаронида мешаванд ва дар кори он ва натиҷаҳои татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мавриди баррасӣ қарор мегирад, панели илмӣ созмон дода шавад. Дар баррасии маъалаҳои муҳим олимони Тоҷикистон, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шарикони байналмилалӣ ҷалб карда шавад. Маърузаҳо, гузоришҳои илмӣ дар конференсия баён гардида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли маҷаллаи алоҳида нашр карда шавад;

-«Харитаи роҳ»-и ҳалли масъалаҳои марбут ба амалишавии ташаббуси глобалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандии кишвар таҳия гардад ;

-Ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ тариқи омода намудани маводи интишорӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, фотоалбомҳо ва филмҳои кӯтоҳмуддат бо забонҳои гуногун оид ба масъалаҳои об, сиёсат ва таҷрибаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои об ба нақшаҳои кори худ ворид намуда, обҳои Тоҷикистон ва имкониятҳои истифодаи онро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд;

-Бахшида ба ин ташаббуси нави Тоҷикистон, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ маъракаи калони иттилоотӣ, ки дар доираи он овезаҳои калонҳаҷм, электронӣ дар бораи фарҳанги истифодаи об мунтазам намоиш дода шаванд, оид ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон озмуни филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ ташкил карда шавад ва викторинаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барои васеъ гардонидани савияи дониши ҷавонон дар бораи об гузаронида шаванд;

-Дар шароити замони муосир экспедитсияи нави илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби олимон ва мутахассисони варзида ташкил карда шавад, ки тариқи истифодаи технологияҳои навтарин потенсиали захираҳои табиии Тоҷикистон аз нав тадқиқ карда шавад;

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20-уми августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе, ки дар шакли конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронда шуд, мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф”, бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай солҳои 2020-2021” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори конференсияи илмӣ-амалӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ваколатдорони раисони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, намояндаи ваколатдори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи илмӣ-амалии Шӯрои ҷамъиятӣ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки имрӯз Созмони Ҳамкории Шанхай – иштирокчии бонуфуз ва масъули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад ва дар таъмини сулҳ ва амният, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши босазо дорад.        

Шӯрои ҷамъиятӣ хамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бо назардошти созгор будани фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай ба усулҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз ба роҳ монад. Вобаста ба ин ҷаласа чунин қарор қабул кард:

-Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки бо шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки фаъолияташон барои дастгирӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст, ҳамкориҳоро ба роҳ монад;

-Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай”, ки дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, бояд ба узвияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад ва минбари Шӯрои чамъиятиро барои тарғибу ташвиқи ҳадафҳои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ васеъ истифода намояд;

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13 апрели соли 2023 доир гардид, мавзуи «Мақом ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ ва пешниҳод гардид:

-Роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон намудани соли 2025 дар ҷаласаҳои ташкилоти хеш мавриди баррасӣ қарор дода, барои пайдо намуданаи роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба пиряхҳо ва иқлим ва ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар ин соҳа пешниҳодҳои илман асоснокро манзур намоянд;

-Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки тамоми маводҳои конференсияи СММ оид ба об- 2023 дар шакли китоби алоҳида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расонда, дастраси умум гардонад;

-Дар сохтори гурӯҳи кории ҳукуматие, ки ба омода ва гузарондани конфронси “Соли 2025 –Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” машғул аст, платформаи алоҳидае барои Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шавад, ки дар он Шӯрои ҷамъиятӣ имкони муттаҳид кардани ташаббусҳои ҳамкасбони кишварҳои гуногунро барои оммавӣ гардонии масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо пайдо кунад.

-Бо нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2024 баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи” “Соли 2025 –Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ворид карда шавад. Ҳадафи асосии баррасии ин мавзуъ пайдо намудани роҳҳу усулҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳим марбут ба пиряхҳо ва проблемаҳои мавҷуда аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Барои иштирок дар кори конференсия Дафтари СММ дар шаҳри Душанбе, намояндагони ташкилотҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон барои омода намудани ин чорабинии муҳим фаъолият карда истодаанд, коршиносон, намояндагони ВАО ва дигарон даъват карда шаванд;

-Соли 2029 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» ҷамъбаст мегардад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёна муҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иброз доштанд:

“...пешниҳод менамоям, ки конфронси навбатии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амалӣ об соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор карда шавад”. [5]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ бевосита ва хоҳ бавосита ҳамеша дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо, масъалагузориҳо ва дархостҳои аъзои Шӯро мебошад. Бинобар ин, аксари идеяҳои созанда, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод мегарданд, дар вақти тартиб додани барномаю консепсияҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.

Бидуни шубҳа, чунин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар миқёси ҷомеаи башар ҷои назаррасро ишғол намояд ва дар байни мамолики ҷаҳон бо имиҷи нав — кишвари куҳанбунёду мутамаддин, башардӯст, меҳмоннавоз ва дорои захираҳои бузурги сарватҳои табиӣ мавқеъ пайдо кард.

Ҳамин тариқ, бо назардошти таҳқиқ ва баррасии мавзуи мазкур метавон зикр намуд, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хориҷии кишвар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шарики боэътимоди давлат ҳамаҷониба саҳмгузор буда, ҳамзамон фаъолиятро дар ин самт идома медиҳад.

 

АДАБИЁТ:

1. Аз архиви шахсии муаллиф апрел 2021

2. Генюш С. В. Экспертная дипломатия: гражданское общество на службе внешней политики // Контуры глобальных трансформаций: политика, экономика, право. 2012. Вып. 5. С. 14-25.05.04.2023

3. Нерӯи муттаҳидкунандаи миллат. – Душанбе: Шарқи озод, 2011. – Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. саҳ-129-130.

4. Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Нашриёти “Шарқи озод,  2018. –  саҳ -3-7

5. Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал“Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” 22.03.2023 21:06, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ш.Ню-Йорк. Манбаи электронӣ http://prezident.tj/node/30273. Санаи муроҷиат 21/09/2023

 

Н. САИДОВ

номзади илмҳои фалсафа,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ