Мақому манзалати зан дар Паёми навбатии Пешвои миллат

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

  Пӯшида нест, ки пешрафту пирӯзиҳои то ба имрӯз бадастомадаи кишвари азизамон бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ва баномус мебошад.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриву баромадҳояшон доимо таъкид месозанд, ки «Мо Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем».

  Ба ҳамагон маълум аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз муносибат ба зан, ба модар муайян карда шуда, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасб ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

  Сарвари давлат пайваста қайд менамоянд, ки: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

  Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар таърихи 23-юми декабри соли 2022 ироа гашт, бори дигар собит месозад, ки проблемаи беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дода шудааст ва барои боз ҳам баланд бардоштани манзалат ва мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

  Сарвари давлат аз минбари баланд бо як эҳтироми хосса, ки нисбати занону бонувони кишвар доранд, бори дигар қайд намуданд: «Мо тасмим гирифтем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш диҳем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба нерӯву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

  Мо, ҳамчунин ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муққаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

  Ин гуфтаҳои Сарвари давлат ба хотири таҳким бахшидан ба мақому манзалати зан ва бонуи тоҷик дар замони муосир буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занони кишварамон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст.

  Имрӯз занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, илму фарҳанг кору фаъолият намуда, борҳо собит намудаанд, ки онҳо ба чӣ гуна пешравиҳо ва муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Чи хеле ки аз Паёми навбатӣ бармеояд, ҳоло аз шумораи хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил дода, шумораи онҳо дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, инчунин дар соҳаи бонкдорӣ 39 фоиз, алоқа 25 фоиз ва хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳад.

  Қайд кардан бамаврид аст, ки сафи олимаҳои тоҷик ва бонувони фарзона сол то сол афзуда, обрӯ ва эътибори занҳои донишманд дар ҷомеа пайваста боло меравад. Айни замон дар тамоми самту ҷанбаҳои илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони тоҷик баробари мардон фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду нумӯи илми академию донишгоҳӣ, инчунин дар пешбурди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд масъулияти баланд нишон медиҳанд. Дар маҷмӯъ онҳо дар тамоми чорабиниҳо ва барномаҳое, ки амалӣ шуда истодаанд, фаъолона ширкат намуда, дар рушди илму маърифат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳиссаи муносиб мегузоранд.

  Сарвари давлат дар паёмҳои ҳарсолаи худ нақши зан-модар дар рушди маънавиёти ҷомеа, дар пешбурди сиёсати муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълиму тарбияти фарзандон ёдовар мешаванд ва барои боло бурдани қадру манзалати зан-модар ташаббусҳои созандаро меандешанд, ки ин аз эҳтирому арҷгузории Пешвои миллат нисбати зан-модар гувоҳӣ медиҳад.


Холиқова Шоира,

ходими пешбари илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ