Муаллиф: Юсуфӣ Фарзона
Мақомоти расмии Олмон изҳори нигаронӣ карданд, ки Маҷористон дар соли 2024 раҳбари шоистаи Шӯрои Аврупо буда наметавонад. Рӯзномаи «Политико» қайд мекунад, ки ин яке аз сахттарин изҳорот дар бораи муносибатҳои ҳозираи Маҷористон бо Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Интизор меравад, ки Маҷористон дар нимаи дувуми соли 2024 раёсати Шӯрои Аврупоро бар дӯш мегирад ва ин ба вай имкон медиҳад, ки муҳтавои рӯзномаи сиёсии Иттиҳоди Аврупоро ташаккул диҳад. Рӯзномаи «Политико» менависад, ки як қатор нерӯҳои сиёсии Аврупо рӯирост чунин дурнаморо ба далели он ки ҳукумати нахуствазир Виктор Орбан мунтазам дар сиёсати беруна бар хилофи ақидаҳои аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо амал мекунад ва дар дохили мамлакат "аз принсипҳои демократия" сарфи назар менамояд, ғайри қобили қабул медонанд.
Вазири корҳои Аврупои Олмон Анна Лурман баъд аз нишасти вазирони намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба ҳамин муносибат ба хабарнигорон чунин гуфт: "Шубҳаҳо вуҷуд доранд, ки Маҷористон то чӣ андоза муваффақона раёсати ин Шӯроро пеш хоҳад бурд." Дар баробари ин Лурман дар бобати хилофи назар бо ҳукумати Маҷористон дар бораи беэътиноӣ ба волоияти қонун ва мавқеи номуайян доштанаш дар мавриди ҳимоят аз Украина дар муборизаи зидди истилои Русия ёдовар шуд.
Нашрия қайд мекунад, ки мавзӯи монеъ шудан ба раёсати Маҷористон дар Шӯрои Аврупо асосан "мулоҳизаҳои назариявӣ" будааст, аммо дар баробари пайдо шудани чунин изҳорот метавонад ба рӯзномаи воқеӣ ворид шавад.
Порлумони Иттиҳоди Аврупо қатъномаероро баррасӣ хоҳад кард, ки дар он (ҳарчанд бидуни мушаххасот) аз қонунгузорон даъват мекунад, ки алайҳи Маҷористон "чораҳои дахлдор" андешанд. Дар баробари ин Ҳизби Халкии Европа, ки калонтарин дар парламент мебошад, ба амалиёти конкретӣ исрор мекунад.
Ба гуфтаи Петри Сарвамаа, намояндаи Ҳизби Халкии Аврупо оид ба назорати буҷет ва волоияти қонун, “дар ин замонҳои бесобиқа муҳим аст, ки Шӯроро кишваре роҳбарӣ кунад, ки метавонад ҳамкории байни давлатҳои аъзоро дар қабули қарорҳо, бахусус дар мавриди масъалаҳое мисли таҳримҳо алайҳи Русия ё ҳимоят аз Украина" дастгирӣ намояд.
Роҳбарии Шӯрои Аврупо дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳар шаш моҳ як бор табдил мешавад ва ба давлати раисикунанда имкон медиҳад, ки рӯзнома ва афзалиятҳои давраи дахлдорро муқаррар кунад, ҷаласаҳоро раҳбарӣ кунад ва кори ИА-ро дар соҳаи сиёсат ҳамоҳанг созад.
15 майи соли 2023 Маҷористон як траншро ба маблағи 500 миллион евро барои хариди силоҳ барои Украина боз дошт.
Рӯзи 17 май вазири корҳои хориҷии Маҷористон изҳор намуд, ки Украина то замоне, ки таҳримҳо аз Бонки OTP Маҷористон гирифта нашаванд, кӯмаки Иттиҳоди Аврупоро нахоҳад гирифт.
Борис Писториус, вазири мудофиаи Олмон рӯзи 23 май изҳор намуд, ки вай аз қарори Маҷористон дар бораи монеъ шудан ба афзоиши хазинаи махсус, ки тавассути он хароҷоти кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати интиқоли кӯмакҳои низомӣ ба Украина ҷуброн мегардад, "ноумед" шудааст.
Тарҷума ва таҳияи
Юсуфӣ Ф.Ш.
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
https://news.liga.net/world/news/vengriya-budet-liderom-soveta-evropy-v-2024-v-germanii-ne-schitayut-chto-u-nee-poluchitsya